МАСЪУЛИЯТИ ЗАНУ ШАВҲАР АЗ РӮИ ӮҲДАДОРИҲО | 1994
Моддаи 46. Ситонидани маблағ аз молу мулки зану шавҳар
- Аз рӯи ӯҳдадориҳои яке аз ҳамсарон маблағ танҳо аз молу мулки ё зан ё шавҳар ситонида мешавад. Дар сурати нокифоя будани ин молу мулки кредитор ҳақ дорад ҷиҳати ситонидани қарз ҷудо кардани ҳиссаи зан ё шавҳари қарздорро аз молу мулки умумии онҳо талаб кунад.
- Ситонидани маблағ аз молу мулки умумии зану шавҳар аз рӯи ӯҳдадориҳои умумии зану шавҳар, инчунин он аз рӯи ӯҳдадориҳои яке аз онҳо сурат мегирад, агар суд муқаррар намояд, ки ҳамаи чизҳои мувофиқи ӯҳдадорӣ гирифтаи зан ё шавҳар барои эҳтиёҷоти оила масраф шудаанд
- Агар бо ҳукми суд муқаррар гардад, ки молу мулки умумии зану шавҳар аз ҳисоби маблағи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи зан ё шавҳар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблағ мувофиқан аз молу мулки умумии зану шавҳар ё як қисми он ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
- Масъулияти зану шавҳар барои зараре, ки фарзандони ноболиғашон расонидаанд, тавассути қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)
Моддаи 47. Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
- Ҳамсар ўҳдадор аст, ки кредитори (кредиторони) худро дар хусуси бастан, тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ огоҳ созад. Дар сурати иҷро накардани ин ўҳдадорӣ, ҳамсар аз рўи ўҳдадориҳои худ, новобаста ба муҳтавои аҳдномаи никоҳ, масъул мебошад.
- Кредитори (кредиторони) ҳамсари қарздор ҳуқуқ дорад бинобар моҳиятан тағйир ёфтани вазъият бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир додани шартҳо ё бекор кардани аҳдномаи никоҳи байни ҳамсарон басташударо талаб намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)