Кафолатҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии мудофиаи гражданӣ | 1994
Моддаи 26. Кафолатҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии мудофиаи гражданӣ
Хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо, мақомоти идора ва муассисаҳои мудофиаи гражданӣ хизмати ҳақиқии ҳарбиро адо мекунанд. Хизматчиёни ҳарбӣ дар масъалаҳои адои хизмати ҳарбӣ, таъминоти пулӣ ва дигар навъҳои таъминот, ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоӣ ва дигар намудҳои ҳимоя аз тамоми ҳуқуқҳо, кафолатҳои давлатӣ ва ҷубронпулиҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, истифода мебаранд.
Ҷалб кардани хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳо, ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбикунонидашуда, мақомоти идора ва муассисаҳои мудофиаи гражданӣ ба иҷрои вазифаҳои ба онҳо мансубнабуда манъ аст.
Ҳуқуқ, кафолатҳои давлатӣ ва ҷубронпулиҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, қӯшунҳо, ҷузъу томҳо, воҳидҳои ҳарбикунонидашуда ва мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ низ татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 27. Суғуртаи шахсоне, ки барои иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешаванд.
Шахсоне, ки бо қарори мақомоти давлатӣ барои кор, ҷиҳати чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешаванд (ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд) дар ҳолати ба ҳалокат расидан (фавтидан) ё расидани осеб ба саломатиашон, бояд пешакӣ бо суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта шаванд.
Тартиби суғуртаи ҳатмии давлатии шахсоне, ки барои иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.