КОФТУКОВ, ЁФТА ГИРИФТАН, ҲАБСИ МУРОСИЛОТИ ПОЧТА, ХАБАРҲОИ ТЕЛЕГРАФӢ ВА ХАБАРҲОИ ДИГАРЕ, КИ ТАВАССУТИ ШАБАКАҲОИ АЛОҚАИ БАРҚӢ ВА АЛОҚАИ ПОЧТА ИНТИҚОЛ МЕШАВАНД, ГӮШ КАРДАН ВА САБТИ ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНӢ | 1994
(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 755)
1. Барои кофтуков мавҷуд будани маълумоти кофӣ дар бораи тахмини он ки дар ягон бино ё ягон ҷой ё дар ягон шахс мумкин аст олоти ҷиноят, ашёҳо, ҳуҷҷатҳо ё чизҳои арзишманди барои парванда аҳамиятнок мавҷуд бошад, асос мегардад.
2. Кофтуков инчунин мумкин аст бо мақсади ошкор намудани шахси ҷустуҷӯшаванда ва ҷасад гузаронида шавад.
Ҳангоми зарурати дарёфти ашёҳо ё ҳуҷҷатҳои муайян, ки барои парванда аҳамият доранд, ба шарте, ки дар куҷо ва дар дасти кӣ будани онҳо маълум бошад, кофтуков ва дарёфти онҳо гузаронида мешавад.
1. Кофтуков ва дарёфт кардан бо қарори асоснок аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор бо иҷозати суд, судя гузаронида мешавад.
2. Кофтуков ва дарёфти ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ ё дигар сирри қонунан ҳифзшуда бояд аз ҷониби суд, судя иҷозат дода шавад.
3. Дар ҳолатҳои истисно, ҳангоми мавҷуд будани хавфи воқеӣ, ки объекти ҷустуҷӯшаванда ва ё дарёфташаванда аз сабаби сари вақт ошкор накардан гум ё вайрон карда мешавад ё ба мақсадҳои ҷиноятӣ истифода мегардад ё шахси ҷустуҷӯшаванда пинҳон мешавад, мумкин аст бе иҷозати суд, судя кофтуков гузаронида дар ин бора дар давоми 24 соат ба суд маълумоти хаттӣ пешниҳод карда мешавад.
4. Пеш аз оғози кофтуков таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор шахсони манфиатдорро бо қарори гузаронидани кофтуков шинос мекунанд.
5. Кофтуков ва ёфта гирифтан бо иштироки шахсони холис ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки мутахассис ва тарҷумон сурат мегирад.
6. То оғози кофтуков ёфта гирифтан таҳқиқбаранда, муфаттиш бояд қарорро ба прокурор дар хусуси аз тарафи прокурор ба суд пешниҳод намудани дархост ирсол намоянд.
7. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ба кофтуков шурӯъ намуда, пешниҳод мекунанд, ки ашё ва ҳуҷҷатҳои барои парванда аҳамиятнок ихтиёран супурда шаванд. Агар онҳо ихтиёран супурда шаванд ва хавфи ниҳон кардани ашё ва ҳуҷҷатҳои гирифташаванда аз байн равад, кофтукови минбаъда қатъ карда мешавад.
8. Ҳангоми кофтуков мумкин аст қулфи бино ва анбори маҳкам, ба шарте, ки соҳиби он аз ихтиёран кушодан саркашӣ кунад, маҷбуран кушода мешавад. Бе зарурат ба вайрон кардани қулфи дар ва дигар ашё иҷозат дода намешавад.
9. Ҳангоми дарёфт кардани ашё ва ҳуҷҷатҳои ҷустуҷӯшаванда таҳқиқбаранда, муфаттиш онҳоро маҷбурӣ меситонанд.
10. Кофтуков ва дарёфт кардан дар манзили истиқоматӣ, бинои корхонаю ташкилот ва муассиса бо иштироки шахсони дар қисмҳои 8 ва 9 моддаи 183 Кодекси мазкур зикргардида анҷом дода мешавад.
11. Кофтуков ва дарёфт кардан дар биное, ки намояндагони дипломатӣ ишғол кардаанд, инчунин дар манзиле, ки онҳо бо оилаашон зиндагӣ доранд, бо риояи талаботи муайяннамудаи қисми 10 моддаи 183 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
12. Таҳқиқбаранда ва муфаттиш вазифадоранд барои фош накардани маълумоти дахлдори ҳаёти шахсии онҳое, ки дар ин бино зиндагӣ мекунанд ва ё шахсони дигари ҳангоми кофтуков ва дарёфт кардан ошкоршуда чораҳо андешад.
13. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳуқуқ доранд ба шахсоне, ки дар бино ё маҳалли кофтуков ё дарёфт карда гирифтан ҳузур доранд, инчунин ба шахсоне, ки ба ин бино ё маҳал меоянд, то охири кофтуков ё дарёфт кардан тарк намудани онро, инчунин байни ҳам ё бо дигар шахсон мусоҳиб шудани онҳоро манъ кунанд.
14. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳангоми кофтуков ё дарёфт кардан бояд қатъиян бо гирифтани ашё ва ҳуҷҷатҳое, ки ба парванда муносибат дорад, маҳдуд шаванд. Ашё ва ҳуҷҷатҳое, ки барои муомилот манъ шудааст, сарфи назар аз алоқамандӣ бо парванда бояд гирифта шаванд.
15. Ҳамаи ашё ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда бояд ба шахсони холис ва дигар иштирокчиён нишон дода, ҳангоми зарурат дар ҷои кофтуков ё ёфта гирифтан бастубанд ва мӯҳр карда, бо имзои муфаттиш ва шахсони холис тасдиқ карда шаванд.
1. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 190 ва бо риояи талаботи қисмҳои 5 ва 7 моддаи 192 Кодекси мазкур прокурор, таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳуқуқ доранд бо мақсади ошкор ва гирифтани ашё ва ҳуҷҷатҳо, ки шояд дар бадан, либос ё асбобу анҷоми шахс мавҷуд аст, кофтукови шахсиро анҷом диҳанд.
2. Ҳангоми дастгир намудани шахс ё ба ҳабс гирифтан, инчунин ҳангоми будани асосҳои кофӣ, бо тахмини он ки шахси дар бино ё дигар ҷой ҳузурдошта, ки дар он ҷо кофтуков сурат мегирад, ҳуҷҷатҳо ё ашёи барои парванда аҳамиятнокро пинҳон намудааст, кофтукови шахсиро бе қарори махсус анҷом додан мумкин аст.
3. Кофтукови шахсӣ танҳо аз ҷониби шахси бо кофтуковшаванда ҳамҷинс ва бо иштироки шахсони холис ва мутахассисони ҳамҷинс анҷом дода мешавад.
1. Шахсе, ки кофтуков ё дарёфт карданро анҷом медиҳад, бо риояи талаботи моддаҳои 172, 173 ва 192 Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳад.
2. Дар протокол бояд зикр гардад, ки дар куҷо, дар кадом ҳолат ашё ва ҳуҷҷатҳо ошкор гардиданд, онҳо ихтиёрӣ дода ё маҷбурӣ гирифта шудаанд. Шумора, андоза, вазн, аломатҳои инфиродӣ ва ҳаддалимкон бо арзиши ҳамаи ашёҳои гирифташуда бояд дар протокол дақиқ нишон дода шавад.
3. Агар ҳангоми кофтуков ё дарёфт кардан барои несту нобуд ё пинҳон кардани ашё ё ҳуҷҷатҳои гирифташаванда кӯшише шуда бошад, ин ҳолат ва чораҳои пешгирии он бояд дар протокол инъикос ёбанд.
4. Нусхаи протоколи кофтуков ва дарёфт кардан бо гирифтани забонхат ба шахсе, ки кофтуков шудааст ё аъзои болиғи оилаи ӯ ва дар сурати ҳозир набудани онҳо ба намояндаи ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ супурда мешавад. Агар кофтуков ё дарёфт кардан дар корхона, муассиса ё ташкилот сурат гирифта бошад, нусхаи протокол бо гирифтани забонхат ба намояндагони онҳо супурда мешавад.
Моддаи 195. Ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузаронӣ ва дарёфт карда гирифтани онҳо
(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 755)
1. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои тахмини он, ки мактуб, телеграмма, радиограмма, баста, фириста ва дигар муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд дорои маълумот, ҳуҷҷат ё ашёи барои парванда аҳамиятнок мебошанд, онҳоро таҳти ҳабс қарор додан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
2. Ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузаронӣ ва дарёфт карда гирифтани онҳо танҳо бо иҷозати суд, судя анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
3. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳангоми зарурати ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузаронӣ ва дарёфт карда гирифтани онҳо қарори асоснок бароварда, инҳоро зикр менамояд (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755):
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигари тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқолшавандаи он бояд ҳабс карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755, 14.03.2014 № 1067);
- суроғаи аниқи ин шахс;
- асосҳо барои ба ҳасбгирӣ ва ёфта гирифтани муросилот;
- навъҳ ои муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигари тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқолшавандае, ки онҳо бояд ба ҳабс гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755);
- мӯҳлате, ки дар ҷараёни он баҳабсгирӣ бояд амал кунад;
- номи муассисаи алоқа, ки ба зиммаи он ӯҳдадории боздошти муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, гузошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
4. Баррасии дархости муфаттиш дар хусуси боздошт кардани муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онро суд, судя, тибқи қоидаҳои моддаҳои 35(2) ва 192 Кодекси мазкур анҷом медиҳад. Дар сурати ба боздошти муросилоти почтаю телеграф иҷозат додани суд, судя муфаттиш қарорро ба муассисаи дахлдори алоқа фиристода, ба он пешниҳод мекунад, ки муросилоти почтаю телеграфро боздорад ва фавран дар ин бора муфаттишро огоҳ намояд (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755, аз 29.01.2021 № 1755).
5. Муфаттиш азназаргузаронӣ, ёфта гирифтан ва нусхабардории муросилоти боздошташудаи почтаю телеграфро дар муассисаи алоқа бо иштироки холисон аз ҳисоби кормандони ин муассиса мегузаронад. Муфаттиш дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани муросилоти почтаю телеграф ҳуқуқ дорад мутахассиси дахлдор, инчунин тарҷумонро даъват намояд. Барои ҳар як азназаргузаронии муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, протокол тартиб диҳад ва зикр намояд, ки муросилоти почтаю телеграф аз ҷониби кӣ ва чӣ гуна аз назар гузаронида, нусхабардорӣ шудааст ва ба унвони кӣ равона карда ё боздошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
6. Ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, ҳангоми аз байн рафтани зарурат, вале дар ҳар ҳолат на дертар аз қатъи парванда ё ба суд фиристодани он бекор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
1. Оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба шарти мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои тахмини он ки гуфтугӯи телефонии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва дигар шахсон ё гуфтугӯ бо дигар воситаҳои алоқа, ки дорои маълумот дар бораи ҷиноят шуда метавонанд ё дорои маълумоти барои парванда аҳамиятнок мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 35(2) ва 192 Кодекси мазкур ва иҷозати суд, судя гӯш ва сабт кардани ин гуфтугӯро анҷом додан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755, аз 29.01.2021 № 1755)
2. Ҳангоми мавҷуд будани таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, тамаъкорӣ ва дигар амали ҷиноятӣ нисбат ба ҷабрдида, шоҳид ё аъзои оилаи онҳо, тибқи аризаи хаттии онҳо ё ҳангоми мавҷуд набудани чунин ариза тибқи дархости муфаттиш бо иҷозати суд, судя мумкин аст гуфтугӯе, ки тавассути телефони онҳо ё ба воситаҳои дигари алоқа сурат мегирад ва сабти он анҷом дода шавад.
3. Дар бораи зарурати гӯш ва сабт кардани гуфтугӯ муфаттиш қарори асоснок мебарорад, ки дар он инҳо зикр мегарданд (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755):
- парвандаи ҷиноятӣ ва асосҳое, ки тибқи онҳо ин амали тафтишӣ сурат мегирад;
- ному насаби шахсе, ки гуфтугӯи онҳо гӯш карда мешавад;
- дар тӯли кадом мӯҳлат гӯш ва сабт кардани гуфтугӯ гузаронида мешавад;
- муассисае, ки ба зиммааш воситаҳои техникии гӯшкунӣ ва сабти гуфтугӯ вогузошта шудааст.
4. Муфаттиш қарорро ба суд, судя ирсол намуда, дар сурати иҷозат додани суд, судя онро барои иҷро ба муассисаи дахлдор равон мекунад.
5. Гӯш ва сабт кардани гуфтугӯ ба мӯҳлати на бештар аз шаш моҳ муайян мешавад. Ҳангоми дар оянда зарур набудани ин чора, вале дар ҳама ҳолат на дертар аз қатъи парванда ва ё ба суд равон кардани он ин амал бекор карда мешавад.
6. Муфаттиш дар тӯли тамоми мӯҳлати муқарраршуда ҳуқуқ дорад, дар ҳар вақту замон фонограммаро барои азназаргузаронӣ ва шунидани он талаб карда гирад. Фонограмма ба муфаттиш дар шакли мӯҳршуда бо мактуб равон карда мешавад, ки дар он бояд вақти оғоз ва хатми сабти гуфтугӯ ва таснифи зарурии техникии воситаҳои татбиқшуда инъикос гардад.
7. Азназаргузаронӣ ва шунидани фонограмма аз ҷониби муфаттиш бо иштироки шахсони холис ва ҳангоми зарурат мутахассис, сурат гирифта, дар ин бора протокол тартиб дода, дар он ҳамон қисми фонограмма, ки ба парванда дахл дорад, айнан оварда мешавад. Фонограмма ба парванда замима мегардад ва дар айни замон қисмате, ки ба парванда алоқаманд нест, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ё қатъи парванда нобуд карда мешавад