КОРКАРД ДАР ҲУДУДИ ГУМРУКӢ | 1994
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
Моддаи 173. Мазмуни низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ
1. Коркард дар ҳудуди гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда барои мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мӯҳлати муайяншуда (мӯҳлати коркарди мол), бо озодкунии шартии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва минбаъд содир намудани маҳсули коркардашуда берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муайян истифода мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Нисбати моли воридотӣ, ки таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ ҷойгир карда шудааст, ҳамаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Коркард дар ҳудуди гумрукӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозати мақоми гумрук анҷом дода мешавад (моддаи 179) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад, агар мақомоти гумрук моли барои коркард воридшударо ба маҳсули коркард ҳаммонанд карда тавонанд (моддаи 175), ба истиснои ҳолатҳое, ки агар низоми гумруки бо содироти маҳсули коркард, ки дар натиҷаи коркарди мол ҳосил шудааст ва мувофиқи моддаи 186 ҳамин Кодекс эквиваленти моли воридшуда мебошад, анҷом ёбад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ, бо риояи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, метавонад моли хориҷие ҷойгир карда шавад, ки пештар таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳоеро муайян менамояд, ки нисбати намудҳои муайяни моли воридшуда коркард дар ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода намешавад, инчунин ҷиҳати иҷозат додани мол барои иҷрои амалиёти коркард тибқи низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ, бо назардошти ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳдудиятҳои миқдорӣ ё арзиширо муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Барои ҳаммонандсозии маҳсули моли воридотии коркардшуда метавонанд усулҳои зайле истифода шаванд, ки агар ин усулҳо вобаста ба хусусияти мол ва амалиёт оид ба коркарди мол қобили истифода бошанд:
1) аз ҷониби аризадиҳанда, коркардкунанда ё шахси мансабдори мақоми гумрук гузоштани мӯҳр, штамп, маркировкаи рақами ва ғайра ба моли воридшуда;
2) тавсифи пурраи моли воридшуда, суратгирӣ ва тасвири он дар масштаб;
3) муқоисаи натиҷаи таҳқиқи чошнӣ ва намунаҳои моли воридшуда ва маҳсули коркарди он;
4) коркарди моле, ки барои истеҳсоли маҳсули моли коркардашуда мусоидат менамояд ё онро осон мекунад, ҳатто агар ин мол қисман ё пурра дар ҷараёни коркард мавриди истеъмол қарор гирад.
Амалиёт доир ба коркарди мол таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ амалҳои зайлро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) коркард ё такмили худи мол;
2) истеҳсоли моли нав, аз ҷумла насб, васл ё ба қисмҳо ҷудо кардани мол;
3) таъмири мол, аз ҷумла барқарорсозӣ, ивази қисмҳои асосӣ ва барқарор кардани хусусиятҳои истеъмолӣ;
4) коркарди моле, ки барои истеҳсоли маҳсули моли коркардашуда мусоидат менамояд ё онро осон мекунад, ҳатто агар ин мол қисман ё пурра дар ҷараёни коркард мавриди истеъмол қарор гирад.
1. Мӯҳлати коркарди мол аз ҷониби аризадиҳанда бо розигии мақоми гумрук муқаррар карда мешавад ва наметавонад аз ду сол зиёд бошад.
2. Муқаррар намудани мӯҳлати коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди мол ва мӯҳлате, ки барои ихтиёрдории маҳсули коркарди он зарур аст, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Агар шахси барои коркард иҷозатгирифта дар мӯҳлати муайян, бе вайрон кардани талабот ва шартҳои дар ҳамин боб зикргардида, бо сабабҳои ба ӯ новобаста низоми гумрукиро ба охир расонида натавонад, бо пешниҳоди асосноки шахси барои коркард иҷозатгирифта мӯҳлати аввалаи коркард дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда тамдид карда мешавад.
4. Ҷараёни вақти коркарди мол аз рӯзи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ва дар сурати бо партияи алоҳида ворид намудани мол аз рӯзи воридоти партияи аввали он оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Меъёри баромади маҳсули коркард (миқдор ё таркиби фоизии маҳсули коркард, ки дар натиҷаи коркарди миқдори муайяни моли овардашуда ҳосил шудааст) аз ҷониби аризадиҳанда бо розигии мақоми гумрук бо назардошти шароити воқеие, ки мол мавриди коркард қарор мегирад ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 3 ҳамин модда пешбиншуда муайян карда мешавад.
2. Ҳангоми мувофиқаи миқдори баромади маҳсули коркардшуда мақоми гумрук хулосаи ташкилотҳои экспертиро (аз ҷумла лабораторияҳои гумрукиро), ки ба ҷараёни мушаххаси технологӣ асос ёфтааст, ба инобат мегирад.
3. Агар амалиёт оид ба коркарди моли дорои хусусияти доими маъмулан мувофиқи шартҳои муайяни техникӣ иҷро шуда, боиси истеҳсоли маҳсули коркарди сифатан бетағйир гардад, мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда барои мақсади гумрукӣ меъёри стандартии баромади маҳсули коркардро муқаррар мекунад.
4. Тавсиф, сифат ва миқдори маҳсули коркард баъди мувофиқаи баромади ниҳоии маҳсули коркардшуда пурра муайян карда мешавад.
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Барои коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҳар як шахси манфиатдори ватанӣ, аз ҷумла шахсе, ки мустақиман амалиёти коркарди маҳсулотро анҷом намедиҳад, метавонад рухсатнома гирад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Рухсатномаи коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси манфиатдор ибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Дар рухсатномаи коркарди мол инҳо зикр карда мешаванд:
1) тавсиф, сифат ва миқдори маҳсулоте, ки барои коркард таъин гардидааст ва маҳсули коркардшудаи он;
2) амалиёти вобаста ба коркарди мол ва тарзи иҷрои он;
3) меъёри баромади маҳсули коркард;
4) усулҳои ҳаммонандсозии моли воридшуда бо маҳсули коркард;
5) мӯҳлати коркарди мол;
6) дигар маълумоте, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад ва барои мақсадҳои гумрукӣ зарур аст.
Намунаи рухсатномаро барои коркарди мол мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
4. Рухсатнома барои коркарди мол дар мӯҳлати муайяншудаи коркарди мол амал мекунад.
5. Шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, дар мӯҳлати амали он ҳуқуқ дорад онро бо иҷозати электронӣ ё хаттии мақоми гумрук (моддаи 61) ба шахси дигари ватанӣ супорад, ба шарте ки ин шахс ӯҳдадор шавад, ки минбаъд низ талабот ва шартҳои дар моддаҳои 173 -180 ҳамин Кодекс муқарраршударо риоя менамояд. Ҳамзамон шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, бояд ба мақоми гумрук оид ба иҷрои талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда барои даврае, ки мол мутобиқи низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ истифода шудааст, ҳисобот диҳад, инчунин агар мутобиқи ҳамин Кодекс дар ин давра ҳолатҳое ба миён оянд, ки пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро тақозо мекунанд, боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардозад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421 аз 01.10.2025 №2186).
Шахсе, ки ба ӯ барои коркарди мол рухсатнома дода шудааст, бояд ӯҳдадор шавад, ки талабот ва шартҳои мувофиқи ҳамин боб муқарраргардидаро риоя менамояд, инчунин агар риояи низоми гумрукӣ бо кафолат таъмин бошад (моддаи 160), ҳуҷҷатҳои заруриро ба номи худ ба расмият дарорад. Шахси мазкур аз рӯзи аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарор дар бораи додани рухсатнома барои коркарди мол дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое мебошад, ки ҳамин Кодекс нисбати шахси барои коркарди мол рухсатнома гирифта муқаррар намудааст.
6. Бо шарти аз ҷониби аризадиҳанда риоя гардидани талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб рухсатнома барои коркарди мол метавонад то овардани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди он дода шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
7. Шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, мутобиқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад.
1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба мақоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот пешниҳод мешавад:
1) дар бораи аризадиҳанда;
2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд;
3) дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, маҳсули коркард, инчунин партову пасмондаҳо;
4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, тарз ва мӯҳлати иҷрои он;
5) дар бораи ҷойгиршавии иқтидорҳои истеҳсолие, ки тавассути онҳо амалиёти коркарди мол иҷро карда мешавад;
6) дар бораи меъёри маҳсули коркард;
7) дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии моли воридшуда бо маҳсули коркард;
8) дар бораи ивази моли воридшуда бо моли эквивалентӣ;
9) дар бораи мӯҳлати коркарди мол.
2. Намунаи ариза ва тарзи пешниҳоди дорои маълумоте, ки дар он мебошад, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
Ба ариза ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти арзшуда замима мегардад.
3. Мақоми гумрук ариза ва ҳуҷҷатҳои замимагардидаро дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули он баррасӣ менамояд. Дар ин муддат мақоми гумрук риояи талабот ва шартҳои муқарраргардидаро тафтиш намуда, оид ба мувофиқаи меъёри арзшудаи маҳсули коркард ва мӯҳлати коркарди мол қарор қабул мекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро дархост намояд. Шахсони зикргардида дар давоми 10 рӯзи гирифтани дархост вазифадоранд ҳуҷҷатҳои талабшударо пешниҳод намоянд. Ҳамзамон мақоми гумрук ҳуқуқ дорад мӯҳлати баррасии аризаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ тамдид намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Рухсатнома барои коркарди мол ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми риоя накардани талабот ва шартҳои муқарраршуда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад рухсатномаи коркарди молро надиҳад.
4. Ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ оид ба ҷойгиронии мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ истифода бурда мешавад, ба шарте ки ҳангоми воридоти мол ва содироти минбаъдаи маҳсули коркардшуда он ҳамзамон ба ҳамон як мақоми гумрук пешниҳод гардида, ба расмият дароварда шавад, агар (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) мақсади таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор додани он аз таъмир, аз ҷумла таъмири ройгон иборат бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) арзиши гумрукии моле, ки таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор дорад, набояд аз ҳаҷми 600 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Конун аз 06.10.2008с. № 437, аз 30.05.2017 № 1421);
3) пасмондаи моли қаблан овардашуда мутобиқи қисми 1 моддаи 184 ҳамин Кодекс таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҷой дода шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
5. Агар ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ истифода шавад, мӯҳлати баррасии он набояд аз мӯҳлати тафтиши декларатсияи гумрукӣ, ки қисми 1 моддаи 400 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, зиёд бошад.
6. Мақоми гумрук танҳо дар ҳолате, ки агар аризадиҳанда ҳангоми пешниҳоди он талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 173 - 180 ҳамин Кодексро иҷро накунад, инчунин ҳангоми аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарори мувофиқа накардани меъёри арзшудаи маҳсули коркард ва мӯҳлати коркарди мол додани рухсатномаро рад менамояд.
Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук бояд асоснок карда шуда, сабаби он зикр гардад. Оиди надодани рухсатнома аризадиҳанда дар шакли электронӣ ё хаттӣ огоҳ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
1. Рухсатномаи барои коркарди мол додашуда аз ҷониби мақоми гумрук тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ бозхонда мешавад, агар ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ дар асоси қисми 4 моддаи 174 ҳамин Кодекс мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421, аз 01.10.2025 №2186).
2. Қарор дар бораи бозхондани рухсатнома аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
3. Ҳангоми бозхондани рухсатномаи барои коркарди мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ додашуда тибқи рухсатномаи бозхондашуда коркарди мол рухсат дода намешавад ва нисбати моле, ки то бозхондани рухсатнома таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор дорад, мувофиқи ҳамин боб ба охир расонидани низоми гумрукии мазкур иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Намунаи бозхондани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 182. Озод намудани маҳсули коркард аз боҷи гумрукии содиротӣ ва ҷори намудани мамнӯият ва маҳдудиятҳо нисбати маҳсули коркард
1. Ҳангоми содироти маҳсули коркард аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукии содиротӣ пардохта намешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Нисбати содироти маҳсули коркард ҳамаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
1. Нисбати партовҳое, ки дар натиҷаи коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ба вуҷуд меоянд, боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта мешаванд, чуноне, ки агар ин партовҳо дар ҳамон ҳолат ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин партовҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудаанд ё дар шакле коркард шудаанд, ки барои истифодаи тиҷоратии минбаъда дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон корношоям мебошанд ва наметавонанд бо усули аз нигоҳи иқтисоди судманд ба ҳолати аввалаашон баргардонида шаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Партовҳое, ки аз онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.
2. Бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз партовҳо чун моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ҳисоб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Арзиши гумрукии партовҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти мушаххасоти муқарраркардаи қисми 3 ҳамин модда муайян карда мешавад.
3. Ҳангоми муайян карда натавонистани арзиши гумрукии партовҳо бо усули нархи аҳдномавии моли овардашуда, усули арзиши аҳдномавӣ ба моли шабеҳ ё усули арзиши моли ҳамҷинс мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши гумрукии партовҳо бо яке аз арзишҳои зерин муайян карда мешавад:
1) нархи фурӯши партовҳо ҳангоми фурӯши ибтидоии онҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба харидоре, ки бо ягон аъзои муомилот оид ба коркарди мол алоқаманд нест (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) нархи фурӯши моли шабеҳ ё ҳамҷинси партовҳо, агар ин мол дар натиҷаи коркарди шабеҳ бо истифодаи низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ истеҳсол шуда бошад ва агар нархи фурӯш ҳангоми фурӯши ибтидоии он дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба харидоре, ки бо ягон аъзои муомилот оид ба коркарди мол алоқаманд нест (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) нархи аҳдномавии моле, ки ба нархи партовҳо шабеҳ ё ҳамҷинс мебошад, агар ин мол ҳамчун моли содиротӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта шуда бошад ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон вақт ё тақрибан дар ҳамон вақте, ки декларатсияи партовҳо сурат гирифтааст, ворид карда шуда бошад;
4) нархи фурӯши моли ба партовҳо шабеҳ ё ҳамҷинси дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни фурӯшандаю харидорӣ ба ҳамдигар вобастагӣ надошта, бо тарҳи андозҳое, ки ҳангоми фурӯши мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
1. Пасмондаи моли таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҷойгир шударо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пардохти боҷҳои гумрукии содиротӣ баровардан ё таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Аз пасмондаи бароварданашуда маблағи боҷу андозҳои воридотии гумрукӣ ситонида мешавад, чуноне, ки агар ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шакл ворид шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Пасмондаҳое, ки барои онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.
Маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо назардошти ҳаҷми миқдор ё арзиши пасмондаҳо мутаносибан ба маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз муайян карда мешавад, чуноне, ки агар моли дар натиҷаи коркарди он чунин пасмондаҳо ҳосилшуда дар рӯзи таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ба муомилоти озод бароварда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи анҷоми мӯҳлати коркард (моддаи 177) низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ бояд бо содироти маҳсули коркард аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёбад ё моли воридшуда ва маҳсули коркарди он таҳти низоми дигари гумрукӣ ҷойгир карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Агар маҳсули коркард аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд партия бароварда шавад, муқоисаи ниҳоии миқдори маҳсули коркарди дар рухсатномаи коркарди мол (моддаи 179) зикршуда метавонад давра ба давра, баъди баровардани маҳсули коркард, ақаллан дар се моҳ як маротиба ва дар давоми 30 рӯзи баровардани партияи охирини маҳсули коркард гузаронида шавад. Агар дар натиҷаи чунин муқоиса шахсе, ки рухсатномаи коркардро дар ҳудуди гумруки гирифтааст, боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорад, аз чунин маблағи пардохтҳои гумрукӣ фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рӯзи ба таври электронӣ ё хаттӣ қабул шудани қарори мақоми гумрук оид ба зарурияти пардохти зикршуда анҷом дода шавад. Мақоми гумрук дар рӯзи дигари қабули қарор ба шахсе, ки рухсатномаи коркарди молро гирифтааст, оид ба зарурияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз огоҳинома мефиристад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421, аз 01.10.2025 №2186).
3. Низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудудигумрукӣ метавонад бо иҷозат додани моли барои коркард овардашуда ва (ё) маҳсули коркарди онҳо барои муомилоти озод ё ҷойгир намудани онҳо таҳти дигар низоми гумрукӣ, бо риояи шарту талаботи муқарраркардаи ҳамин Кодекс анҷом ёбад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Бо иҷозат додани моли барои коркард овардашуда ва (ё) маҳсули коркарди онҳо барои муомилоти озод маблағҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз тарзе пардохта мешаванд, ки агар моли овардашуда дар рӯзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор гирифта бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421, аз 01.10.2025 №2186).
5. Бо талаби шахси манфиатдор амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ мумкин аст дар чунин ҳолатҳо боздошта шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) ҳангоми ҷойгир намудани маҳсули коркард дар анбори гумрукӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 217 ҳамин Кодекс;
2) ҳангоми ҷойгир намудани маҳсули коркард таҳти дигар низомҳои гумрукие, ки иҷозат барои муомилоти озодро пешбинӣ наменамоянд.
6. Боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ боиси боздоштани мӯҳлати коркарди мол мегардад (моддаи 177). Фоиз ва боҷу андозҳое, ки мутобиқи ҳамин модда дар назар дошта шудааст, дар давраи боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумруки ҳисобӣ ва пардохт карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Дар давраи боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ иҷрои амалиёт оид ба коркарди мол (моддаи 176) иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
7. Низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ метавонад ҳангоми бе тағйир баровардани моли овардашуда низ хотима ёбад (бо усули реэкспорт) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Бо иҷозати мақоми гумрук моли овардашудае, ки таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҷойгир шудааст, метавонад бо дигар мол, аз ҷумла бо моли ватанӣ иваз карда шавад, агар он тибқи намуд, сифат ва хусусияти техникӣ ба моли овардашуда монанд бошад (ҷуброни баробарарзиш) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Маҳсулоте, ки дар натиҷаи коркарди моли баробарарзиш ҳосил шудааст, мутобиқи муқаррароти ҳамин боб, ҳамчун маҳсули коркарди моли овардашуда баррасӣ мегардад.
3. Моли баробарарзиш бо мақсадҳои гумрукӣ дорои статуси моли овардашуда буда, моли овардашуда бошад - статуси моли баробарарзишро дорад.
4. Агар ҷуброни баробарарзиш иҷозат дода шавад, содироти моли коркардшуда бо шарти будани рухсатномаи коркард то овардани мол барои коркард ба ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад. Барои воридоти чунин мол мақомоти гумрук мӯҳлат муқаррар менамоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).