КОЛЛЕКТИВИ МЕҲНАТӢ ВА ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ | 1994
Моддаи 289. Коллективи меҳнатӣ
1. Тамоми кормандони ташкилот коллективи меҳнатиро ташкил медиҳанд.
2. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои коллективи меҳнатӣ, тартиб ва шакли татбиқи онҳоро санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, оинномаи (низомномаи) ташкилот муайян мекунанд.
1. Намояндагони кормандон дар ташкилот бо мақсади ҳимояи манфиатҳои кормандон дар муносибатҳои меҳнатӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешаванд.
2. Иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон манфиатҳои кормандонро дар муносибатҳои меҳнатӣ намояндагӣ мекунанд.
3. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандонро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, корфармоён қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд.
4. Кормандон худашон он мақомеро, ки ба он намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳояшонро бовар мекунанд, муайян менамоянд.
5. Ҳамаи мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар доираи ваколати ба онҳо додашуда амал карда, ҳангоми ҳимояи манфиати кормандон аз ҳуқуқҳои баробар истифода , мебаранд. Ҳамкории мақомоти гуногуни намояндагии кормандони ташкилот ҳавасманд карда мешавад.
6. Мавҷудияти мақомоти гуногуни намояндагӣ дар ташкилот набояд дар фаъолияташон ба амалӣ гардонидани вазифаҳо халал расонанд.
7. Манфиатҳои кормандон ва корфармоёнро наметавонад ҳамон як мақоми намояндагии кормандони ташкилот намояндагӣ ва ҳимоя намояд.
1. Намояндагони кормандон дар ташкилот ҳуқуқ доранд:
- гуфтушунидҳои коллективона гузаронанд, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба имзо расонанд, дар таҳияи санадҳои дигари меъёрӣ оид ба меҳнат дар ташкилот ширкат варзанд ва ба корфармо лоиҳаи чунин санадҳоро пешниҳод кунанд;
- дар баррасии масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ташкилот иштирок намоянд;
- риояи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективиро назорат кунанд;
- дар мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ манфиати кормандро ҳимоя кунанд;
- дар бораи қарори корфармо ва шахсони ваколатдори ӯ, агар қарор хилофи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат бошад ё бо роҳи дигар ҳуқуқҳои кормандонро поймол созад, ба суд шикоят кунанд;
- тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корпартоӣ эълон кунанд;
- ҳангоми фаъолияти намояндагӣ дигар амали қонуниро анҷом диҳанд.
2. Ҳамаи намояндагони ваколатдоршудаи кормандон ҳуқуқҳои баробар доранд.
1. Дахолат ба фаъолияти қонунии намояндагони кормандон дар кадом шакле, ки бошад, манъ аст.
2. Қатъ намудани фаъолияти намояндагони кормандон бо ташаббуси корфармо ва ё шахсони ваколатдори ӯ манъ аст.
Корфармо ва шахсони ваколатдори ӯ нисбат ба намояндагони кормандон уҳдадоранд:
- ба фаъолияти намояндагони кормандон мусоидат намуда, ҳуқуқҳои онҳоро риоя кунанд;
- қабл аз қабули қарорҳое, ки ба манфиати кормандон дахл доранд, бо намояндагони онҳо машварат кунанд;
- пешниҳоди намояндагони кормандонро сари вақт баррасӣ намуда, дар бораи қарорҳои қабулнамудаи худ иттилои асоснок диҳанд;
- ба намояндагони кормандон барои бемамоният рафтан ба ҷойи кори кормандоне, ки манфиати онҳоро ифода менамоянд, иҷозат диҳанд;
- ба намояндагони кормандон оид ба масъалаҳои меҳнат ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ ройгон маълумоти зарурӣ диҳанд;
- барои иҷрои уҳдадориҳояшон ба намояндагони кормандон шароити мусоид фароҳам оранд;
- барои фаъолияти намояндагони кормандон бино, воситаҳои нақлиёт, алоқа, дигар шароитҳоро, ки тартиби вогузории онҳо дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян гардидааст, диҳанд;
- дар муносибат бо намояндагони кормандон дигар уҳдадориҳоро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, иҷро намоянд.
1. Ба намояндагони кормандон вобаста ба амалӣ гардонидани фаъолияти намояндагӣ ҳимоя аз ҳар гуна таъқиби корфармо кафолат дода мешавад.
2. Ба кормандоне, ки бинобар намояндаи кормандон интихоб шуданашон аз фаъолияти истеҳсолӣ озод гардидаанд, пас аз хатми ваколатҳои интихобиашон ҷойи кори (вазифаи) пештараашон пешниҳод карда мешавад, агар чунин ҷойи кор мавҷуд набошад, ҷойи кори (вазифаи) ба он баробар дар ҳамон ташкилот пешниҳод мегардад.
Корфармоён ҳуқуқ доранд, дар иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шаванд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии корфармоён ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунанд ва мақсади асосиашон мусоидат ба рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт ва ташаббуси соҳибкорӣ, инчунин бо роҳи ифода намудани манфиатҳои ташкилотҳо ва моликони молу мулк, ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар соҳаи муносибатҳои хоҷагӣ ва меҳнатӣ дар мақомоти давлатӣ, дар муносибатҳои ҳамдигарӣ бо намояндагони кормандон ба амал баровардани шарикии иҷтимоӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
1. Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бо мақсади илова ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ баста мешаванд.
2. Тартиби таҳия, бастан, амали созишнома ва шартномаҳои коллективиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Мақсади шарикии иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:
- татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи кафолатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба танзими масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ, бо фарогирии масъалаи муқаррар намудани андозаи музди меҳнат;
- зиёд намудани даромади кормандон дар асоси афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот;
- таъсиси механизми самараноки танзими муносибатҳои иҷтимоӣмеҳнатӣ;
- гузаронидани музокироти коллективӣ, машваратҳои мутақобила, таҳия ва бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешгирии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва мусоидат ба ҳалли ихтилофотҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;
- таҳким ва инкшлофи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар асоси принсипҳои демократӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкшнофи бозори меҳнат.
Принсипҳои асосии шарикии иҷтимоӣ инҳоянд:
- ҳатман бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар сурати манфиатдор будани кормандон ва ё корфармо дар шахси намояндагони ваколатдор бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баробарҳуқуқии тарафҳо;
- ваколатдории намояндагони тарафҳо;
- эҳтироми манфиати тарафҳо;
- интихоби озод дар баррасии масъалаҳое, ки мазмуни созишнома ва шартномаҳои коллективиро ташкил медиҳанд;
- ихтиёрӣ аз ҷониби тарафҳо қабул намудани уҳдадориҳо;
- иҷрои ҳатмии муқаррароти созишнома ва шартномаҳои коллективии аз ҷониби тарафҳо қабулгардида;
- ҷавобгарии тарафҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳо, қарорҳо, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;
- назорати мутақобила ва самимият (ошкоро) дар назди шарикон;
- дурустӣ ва мунтазамии иттилоот оид ба масъалаҳои фаъолияти тарафҳо.
Шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ инҳоянд:
- музокирот ва машваратҳо;
- таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳои муштарак;
- бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;
- иттилоотонии мутақобилаи тарафҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои қабулгардида.
1. Мақомоти асосии низоми шарикии иҷтимоӣ дар тамоми сатҳҳо комиссияҳои сетарафа (дутарафа) ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби комиссияҳо музокироти коллективӣ гузаронида, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таҳия ва баста мешаванд, ҳамчунин рафти иҷрои онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
2. Комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ мувофиқи Низомнома дар бораи комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи иттиҳодияҳои намояндагони кормандон ва иттиҳодияи корфармоён тасдиқ мегардад, фаъолият мекунанд.
3. Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, мақомот оид ба таъмини мутобиқгардонии манфиатҳои давлат ва тарафҳои муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо карда мешаванд. Комиссияҳои сетарафа (дутарафа) аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд.
4. Дар сатҳи соҳавӣ комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ таъсис дода мешаванд. Ҳайати комиссияҳои соҳавӣ, ки ба он намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони кормандон ва корфармоён шомиланд, аз ҷониби тарафҳо ташкил карда мешавад.
5. Дар сатҳи минтақавӣ комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корфармоён ва кормандон ташкил карда мешаванд.
6. Дар сатҳи ташкилотҳо оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, таҳия ва бастани шартномаҳои коллективӣ комиссияҳои дутарафа таъсис дода мешаванд. Ба ҳайати комиссия намояндагони корфармоён ва кормандон шомил мешаванд.
7. Дар сатҳи гурӯҳҳои молиявӣ - саноатӣ ва корпоратсияҳои трансмиллӣ комиссияҳои дутарафа (сетарафа) оид ба гузаронидани музокироти (машваратҳои) коллективӣ, таҳия ва бастани созишнома дар иттиҳодияҳои ташкилотҳои мазкур, аз ҷумла ташкилотҳои берун аз ҳудуди давлат ҷойгирбуда ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати комиссияҳо намояндагони корфармо ва кормандон дохил мешаванд.