КИШВАРИ ИСТЕҲСОЛКАРДАИ МОЛ, НОМГӯИ МОЛҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ | 1994
Моддаи 28. Соҳаи истифодаи ҳамин боб
1. Муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи муқаррароти пешбининамудаи ҳамин боб дар ҳамаи ҳолатҳое, ки истифодаи тадбирҳои танзими тарифи гумрукӣ ва мамнӯияту маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба кишвари истеҳсолкардаи мол вобаста бошад, муайян карда мешавад.
2. Қоидаҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол бо мақсади татбиқи тарифҳои имтиёзнок (преференсияҳо) ё беимтиёзи сиёсати тиҷорат муқаррар карда мешаванд.
1. Кишвари истеҳсолкардаи мол кишваре ба ҳисоб меравад, ки дар он мол пурра истеҳсол шудааст (моддаи 30) ё тибқи мизони муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ё тартиби муайяннамудаи ҳамин Кодекс мавриди коркарди ҳамаҷониба қарор гирифтааст (моддаи 31). Ҳамзамон кишвари истеҳсолкардаи мол метавонад гурӯҳи кишварҳо ё иттиҳоди гумрукҳои кишварҳо ё минтақа ё қисми кишвар фаҳмида шавад, агар ин барои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол зарур бошад.
2. Бо дархости декларант ё шахси дигари манфиатдор мақомоти гумрук оид ба муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи моддаҳои 41 - 44 ҳамин Кодекс қарори пешаки қабул менамоянд.
Моли пурра дар ин кишвар истеҳсолкардашуда инҳо ҳисобида мешаванд:
1) канданиҳои фоиданоке, ки аз қаъри замини ҳамин кишвар ва ҳудуди баҳрҳо ва қаъри баҳрҳои он гирифта шудаанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) маҳсулоти растани, ки дар ҳамин кишвар парвариш ва ҷамъовари карда шудаанд;
3) чорвое, ки дар ҳамин кишвар тавлид ва парвариш ёфтааст;
4) маҳсулоти дар ҳамин кишвар аз чорвои дар он ҷо парваришёфта гарифта шудааст;
5) маҳсулоте, ки дар натиҷаи шикор ё моҳидори дар ҳамин кишвар гирифта шудааст;
6) маҳсулоти шикори моҳи аз баҳр ва дигар маҳсулоти моҳи, ки дар киштии баҳрии ҳамин кишвар коркард шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845);
7) маҳсулоте, ки дар киштиҳои коркарди баҳрии ҳамин кишвар пурра аз маҳсулоти дар банди 6 ҳамин модда зикршуда гирифта шудааст;
8) маҳсулоти аз қаъри баҳрҳо ва сарватҳои зерибаҳрӣ берун аз ҳудуди баҳрии ҳамин давлат гирифташуда, ба шарте ки ҳамин давлат барои коркарди қаъри ин баҳр ва сарватҳои зерибаҳрӣ ҳуқуқи истиснои дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, аз 30.05.2017 № 1421);
9) шикастапораҳо ва партовҳо (ашёи дуюмдараҷа), ки дар натиҷаи истеҳсолот ё амалиёти дигар оид ба коркард дар ин ё он кишвар истеҳсол шудаанд, инчунин маҳсулоти қаблан истифодашуда, ки дар ҳамин кишвар ҷамъоварӣ гардида, танҳо барои коркарди он ба сифати ашё ба кор меояд;
10) маҳсулоти технологияҳои олӣ, ки дар объектҳои кайҳоние гирифта шудааст, ки дар фазои кайҳони қарор доранд, агар ҳамин кишвар кишвари бақайдгирии объекти дахлдори кайҳонӣ бошад;
11) моле, ки дар ҳамин кишвар маҳз аз маҳсулоти дар бандҳои 1-10 ҳамин модда зикргардида тайёр шудааст;
12) қувваи барқе, ки дар ҳудуди ҳамин кишвар истеҳсол шудааст.
1. Агар дар истеҳсоли мол ду ё зиёда кишвар иштирок намояд, кишвари истеҳсолкардаи мол кишваре ҳисоб меёбад, ки дар он амалиёти охирини коркард ё истеҳсоли моли тибқи муқаррароти ҳамин модда ҷавобгӯи мизони коркарди дахлдор мебошад, сурат гирифтааст.
2. Агар нисбати намуди моли алоҳида ё ягон кишвар хусусиятҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи моле, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, тибқи қисми 4 ҳамин модда махсус зикр нагардад, қоидаи умуми татбиқ карда мешавад. Мол маҳсули ҳамон кишваре ба ҳисоб меравад, ки агар дар натиҷаи амалиёти коркард ё истеҳсоли мол рамзи таснифотии мол нисбати Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар сатҳи ҳама гуна чор аломати аввали он тағйир ёфта бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421, № 1422).
3. Сарфи назар аз муқаррароти пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, ин амалиётҳо ҷавобгӯи мизони дахлдори коркард ҳисобида намешаванд:
1) амалиёти ҳифзи мол ҳангоми нигаҳдошт ва интиқоли он;
2) амалиёти омода намудани мол барои фурӯш ва интиқол (тақсими партияи мол), ташкили ирсолот, навбандӣ, бастабандии нав);
3) амалиёти оддии сарҷамъ кардан ва амалиёти дигаре, ки иҷрои он ҳолати молро мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан тағйир намедиҳад;
4) якҷоякунии моле, ки дар кишварҳои мухталиф истеҳсол шудааст, агар хусусияти маҳсулоти ниҳоӣ аз хусусияти моли якҷояшаванда фарқи калон надошта бошад.
4. Барои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизони коркарди куллии мол низ дар чунин ҳолатҳо истифода бурда мешавад:
1) анҷом додани амалиёти муайяни истеҳсолӣ ё технологӣ барои он, ки кишвари истеҳсолкардаи мол ҳамон кишваре ҳисобида шавад, ки амалиёт дар он сурат гирифтааст;
2) тағйир додани арзиши мол, ҳангоме, ки ҳиссаи фоизии арзиши масолеҳи истифодашуда ё арзиши изофашуда ба ҳиссаи муқарраргардидаи нархи маҳсулоти ниҳоӣ баробар мешавад (қоидаи ҳиссаи адвалорӣ).
5. Ҳангоми муайян намудани тартиби татбиқи мизони коркарди дахлдори моли алоҳидае, ки аз кишварҳои барояшон тарифи имтиёзнок фароҳамовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад. Бо мақсади пешниҳоди тарифи имтиёзнок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад шартҳои истифодаи хариди мустақим ва интиқоли мустақими молро муайян намояд.
1. Моли ба партияҳо ҷудокардашуда ё васл карданашудае, ки бинобар шароити истеҳсолӣ ё нақлиёти имконияти як партия карда фиристоданаш вуҷуд надорад, ҳамчунин моле, ки як партияаш иштибоҳан ба чанд партия тақсим карда шудааст, бо хоҳиши декларант ҳангоми муайян кардани кишвари истеҳсолкардаи мол бояд ҳамчун моли ягона, яклухт дониста шавад.
2. Шартҳои истифодаи қисми 1 ҳамин модда аз инҳо иборатанд:
1) пешаки огоҳонидани мақоми гумрук аз моли ба қисмҳо ҷудо кардашуда ё васл карданашудае, ки ё бо якчанд партия фиристода шудааст, бо зикри сабаби чунин молрасонӣ ва пешниҳоди мушаххасоти ҳар як дастаи мол бо зикри рамзи таснифотии мол мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, арзиш ва кишвари истеҳсолкардаи мол, ки ба ҳар як дастаи мол дахл дорад ё пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иштибоҳан ба чанд даста тақсим карда шудани мол (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422);
2) тамоми дастаи молро аз як давлат фиристодани як боррасон,
3) декларатсия кардани тамоми дастаи мол дар як мақоми гумрук,
4) ворид намудани тамоми дастаи мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлате, ки аз рӯзи декларатсияи гумрукиро қабул кардани мақоми гумрук ё ба анҷом расидани мӯҳлати пешниҳоди декларатсия кардани дастаи аввали мол бештар аз як сол набошад. Бо дархости асосноки декларант ин мӯҳлат аз ҷониби мақоми гумрук ба мӯҳлати барои ворид намудани тамоми дастаи ин мол зарурӣ дароз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва асбобу анҷоме, ки барои истифодаи мошину таҷҳизот ва дастгоҳу воситаҳои нақлиёт заруранд, маҳсули ҳамон кишваре ба ҳисоб мераванд, ки мошину таҷҳизот, дастгоҳу воситаҳои нақлиёт ба онҳо марбутанд, ба шарте ки ин таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ ва асбобу анҷом ҳамроҳи ҳамин мошину таҷҳизот, дастгоҳҳо ё воситаҳои нақлиёт ба миқдоре якҷоя оварда ва истифода бурда шаванд, ки маъмулан онҳоро бо ин таҷҳизот мефиристанд.
4. Бастабанде, ки дар он мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, низ маҳсули ҳамон кишваре дониста мешавад, ки дар он мол истеҳсол шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки бастабанди мол бояд алоҳида декларатсия карда шавад. Дар ин ҳолат кишвари истеҳсоли бастабанд алоҳида аз кишвари истеҳсолкардаи мол муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Барои тасдиқи кишвари истеҳсолкардаи мол мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз ин кишвар мувофиқи ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 36 ҳамин Кодекс пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи молро талаб намояд.
2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол аз ин ё он кишвар декларатсияи истеҳсоли мол (моддаи 34) ё дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати истеҳсоли мол мебошад (моддаи 35).
1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи ҳамин Кодекс метавонад декларатсияи истеҳсоли мол бошад, ки дар шакли озод таҳия шудааст, ба шарте, ки дар он маълумот оид ба муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол зикр шуда бошад. Ба сифати чунин декларатсия метавонанд ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои мансуб ба мол истифода гарданд, ки дорои маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол буда, аз ҷониби тайёркунанда, фурӯшанда ё содиркунанда вобаста ба содир намудани мол таҳия шудаанд.
2. Агар дар декларатсияи истеҳсоли мол маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол ба мизоне асос ёфта бошад, ки аз мизони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 30 ва 31) истифодашаванда фарқ мекунад, кишвари истеҳсолкардаи мол мувофиқи мизоне муайян карда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.
1. Сертификати истеҳсоли мол ҳуҷҷатест, ки кишвари истеҳсолкардаи молро бе чунучаро тасдиқ менамояд ва аз ҷониби мақоми ваколатдор ё ташкилотҳои ҳамин кишвар ё кишварҳои содиркунанда дода шудааст, агар дар кишвари содиркунанда сертификат дар асоси маълумоти кишвари истеҳсолкардаи мол дода шавад.
Агар дар Сертификати истеҳсоли мол маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол ба мизоне асос ёфта бошад, ки аз мизони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 30 ва 31) истифодашаванда фарқ дорад, кишвари истеҳсолкардаи мол мувофиқи мизоне муайян карда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.
2. Ҳангоми содир намудани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати истеҳсоли мол, агар сертификати мазкур мувофиқи шартҳои қарордод, мувофиқи қоидаҳои миллии кишвари воридкунандаи мол зарур бошад ё агар мавҷуд будани сертификати мазкур тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад, аз ҷониби мақомот ё ташкилоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Мақомот ва ташкилотҳое, ки сертификати истеҳсоли молро додаанд, вазифадоранд нусхаи он ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар асоси онҳо кишвари истеҳсолкардаи мол тасдиқ шудааст, дар давоми чор сол нигаҳ доранд.
3. Сертификати истеҳсоли мол ҳамзамон бо декларатсияи гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукии моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми гум кардани сертификат нусхаи расман тасдиқшудаи он қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Агар сертификати истеҳсоли мол ба таври зарурӣ ба расмият дароварда нашуда бошад (тасҳеҳшуда, ифлос, тасҳеҳоти тасдиқнашуда, имзо ва мӯҳрҳои дахлдор надорад, маълумоти дар сертификат зикршуда имконият намедиҳад муносибати он бо моли декларатсияшаванда муқаррар карда шавад, дар сертификат кишвари истеҳсолкардаи мол ё меъёрҳои, он ки дар асоси онҳо дар бораи кишвари истеҳсолкардаи мол хулоса бароварда шудааст, аниқ муайян карда нашудааст, ба шарте ки зикри ин мизон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бошад) ё агар муайян гардад, ки сертификат дорои маълумоти носаҳеҳ мебошад, мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдор ё ташкилотҳои давлатӣ, ки сертификати кишвари истеҳсолкардаи молро додаанд, бо хоҳиши пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё дақиқсозандаи маълумот муроҷиат намояд.
5. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдор ё ташкилотҳои кишваре, ки сертификати истеҳсоли молро додаанд, бо хоҳиши пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё дақиқсозандаи маълумот, инчунин бо мақсади гузаронидани санҷиши ҷузъи муроҷиат намояд. Гузаронидани чунин санҷиш барои ба муомилот иҷозат додани мол дар асоси маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи он, ки ҳангоми барасмиятдарории гумрукии он истифода шудааст, монеа шуда наметавонад.
1. Ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол дар сурате нишон дода мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати истеҳсолкардаи чунин мол тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои тарифӣ фароҳам оварад. Дар ин ҳолат ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол ҳамзамон бо пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ба мақомоти гумрук манзур мегардад. Дар айни замон имтиёзҳои тарифии фароҳамоварда метавонанд бо зарурати пешниҳоди сертификати кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи намунаи муайяни пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи молро, дар ҳолатҳои алоҳида танҳо ҳангоми муайян намудани носаҳеҳии маълумоти зикргардида оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол, ки барои татбиқи меъёри боҷи гумрукӣ ва андоз ва (ё) мамнӯият ва маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъсир мерасонанд, талаб намоянд.
2. Сарфи назар аз муқаррароти пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол дар ҳолатҳои зайл талаб карда намешавад:
1) агар моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба расмиёти гумрукии транзити байналмилалии гумрукӣ ё низоми гумрукии воридоти муваққатӣ бо пешниҳоди пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз манзур шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти гумрук нишонаҳоеро ошкор намудаанд, ки кишвари истеҳсолкардаи мол давлате мебошад, ки воридоти молаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё транзити он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421, аз 01.10.2025 №2186);
2) агар арзиши умумии моли аз сарҳади гумруки интиқолшаванда, ки дар як вақт ва бо як усул, аз тарафи як интиқолдиҳанда ба номи як қабулкунанда, дар як воситаи нақлиёт, бо як борхати молу нақлиёт фиристодашуда, то 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар бошад (Конун аз 06.10.2008с. № 437);
3) агар мол аз сарҳади гумрукӣ аз ҷониби шахси воқеӣ тибқи боби 37 ҳамин Кодекс интиқол дода шавад;
4) дар ҳолатҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
1. Дар ҳолатҳои мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол ё ҳангоми ошкор шудани нишонаҳои он ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дуруст ба расмият дароварда нашудаанд ва (ё) дорои маълумоти носаҳеҳ мебошанд, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол ё дақиқкунандаи маълумот:
1) агар мақомоти гумрук нишонаҳоеро ошкор намуда бошанд, ки кишвари истеҳсолкардаи мол кишварест, ки муносибати тиҷоратию сиёсӣ бо он низоми мусоидаткунандаи миллиро пешбинӣ наменамояд ё пардохти боҷҳои гумрукӣ аз рӯи меъёрҳои зикргардида пешниҳод карда мешавад боҷҳои гумрукии мол бояд аз рӯи меъёрҳое пардохта шаванд, ки онҳо нисбати моли кишваре истифода мешаванд, ки муносибатҳои тиҷоратию сиёсӣ бо онҳо низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллиро пешбинӣ накардаанд;
2) агар мақоми гумрук нишонаҳои онро ошкор намояд, ки кишвари истеҳсолкардаи мол давлатест, ки нисбати воридоти моли он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият муқаррар карда шудааст, барои муомилоти мол ба шарти аз ҷониби декларант пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳое иҷозат дода мешавад, ки риоя гардидани маҳдудиятҳои муқарраршуда ё таъмини пардохти боҷҳои зиддидемпингӣ ё ҷуброниро тасдиқ намояд;
3) агар мақоми гумрук нишонаҳоеро ошкор кунад, ки кишвари истеҳсолкардаи мол кишваре буда метавонад, ки воридоти моли он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, дар ин ҳолат барои муомилоти мол иҷозат дода намешавад.
2. Нисбати моли дар банди 1) қисми 1 моддаи мазкур зикршуда низоми имтиёзнок ё низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллӣ ба шарте татбиқ (барқарор) карда мешавад, ки агар кишвари истеҳсолкардаи моли мазкур дар муддати то як сол аз рӯзи аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани декларатсияи гумрукӣ тасдиқ шавад. Дар ин ҳолат маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои пардохтшуда мувофиқи моддаи 397 ҳамин Кодекс баргардонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
1. Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти амалияи байналмилалии системаи таснифоти қабулгардидаи мол тасдиқ карда мешавад.
2. Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои андешидани тадбири танзими гумрукию тарифӣ ва ғайритарифӣ, инчунин намудҳои дигари фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, пешбурди омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро пеш мебарад.
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ:
1) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар созмонҳои байналмилалӣ дар бобати таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир ва татбиқи асосҳои байналмилалии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ намояндагӣ мекунад;
2) ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба асосҳои байналмилалии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тавзеҳи байналмилалии онҳо ва қарорҳо оид ба тафсири ин асосҳо назорат менамояд;
3) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқгардонии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи ба асосҳои байналмилалии он пешниҳод манзур медорад;
4) бо мақомоти давлатии манфиатдор ҷиҳати таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешниҳодот тартиб медиҳад;
5) нусхаи назоратии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро таҳия намуда, ҳамзамон ба талабот нигоҳ медорад;
6) нашри Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавзеҳи байналмилалӣ ва қарорҳо оид ба тафсири асосҳои байналмилалиро таъмин менамояд, аз ҷумла дар сомонаи расмии интернетии худ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
7) қарорҳои иҷрояшон ҳатмиро оид ба таснифоти моли алоҳида таҳия, тасдиқ ва нашр менамояд, аз ҷумла дар сомонаи расмии интернетии худ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
8) вазифаҳои дигареро, ки барои пешбурди Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ заруранд, ба ҷо меоварад.
1. Мол ҳангоми декларатсиякунонӣ дар мақомоти гумрук (боби 14) бояд мавриди таснифот қарор гирад, яъне нисбати мол тибқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ рамзи таснифотӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422).
2. Мувофиқи дархости декларант мақомоти гумрук оид ба таснифи мол мувофиқи моддаҳои 41-44 ҳамин Кодекс пешакӣ қарор қабул менамоянд.
3. Дар ҳолатҳои муайян намудани вайронкунии қоидаҳои таснифи мол ҳангоми декларатсиякунони мақоми гумрук ҳуқуқ дорад молро мустақилона тасниф намояд.
4. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар хусуси таснифи намудҳои алоҳидаи мол қарорҳ қабул карда, нашри онҳоро таъмин менамояд, аз ҷумла дар сомонаи расмии интернетии худ(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
5. Қарорҳои мақомоти гумрук дар хусуси таснифи мол ҳатмӣ мебошанд. Декларант ҳуқуқ дорад нисбати чунин қарорҳо мувофиқи боби 7 ҳамин Кодекс шикоят намояд.
6. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ташаккули махзани маълумотро оид ба қарорҳо дар бораи таснифоти мол таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақомоти гумрукӣ, ки аз ҷониби он муайян карда мешаванд, тибқи дархости шахси манфиатдор мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар бораи таснифоти мол нисбати моли мушаххас, дар бораи истеҳсоли мол аз кишвари мушаххас (кишвари истеҳсолкардаи мол) қарори пешакӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ қабул менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, аз 01.10.2025 №2186)).
2. Шакл ва тартиби қабули қарори пешакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.
3. Қарорҳои пешакӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, инчунин маълумоти дигари махфӣ (конфиденсиалӣ), ки ба шахси манфиатдор дахл дорад, дар сомонаи расмии интернетии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дарҷ карда мешаванд(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
1. Шахсе, ки ба қабули қарори пешакӣ манфиатдор аст, ба мақоми дахлдори гумрук нисбати қабули қарори пешакӣ дархостнома ирсол менамояд.
Ин дархостнома бояд барои қабули қарори пешакӣ дорои ҳамаи маълумоти зарури бошад. Ба дархостнома бояд чошнӣ ва (ё) намунаи молҳо, номгӯйи тиҷоратӣ, номгӯйи истеҳсолкунандаи мол, тафсиру сурат, тасвир, нақша, ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо замима карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
Дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" баррасӣ мегардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Агар маълумоти дар дархостномаи қабули қарори пешакӣ зикрнамудаи муроҷиаткунанда барои қабули қарори пешакӣ нокифоя бошад, мақоми гумрук дар давоми 30 рӯз аз санаи гирифтани чунин дархостнома муроҷиаткунандаро оид ба зарурати пешниҳоди маълумоти иловагӣ огоҳ менамояд ва мӯҳлати пешниҳоди онро муқаррар мекунад, ки ин мӯҳлат набояд аз 30 рӯз зиёд бошад. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани маълумоти иловагӣ, дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ рад карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ дар он сурат рад карда мешавад, агар дар ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида ва маълумоти иловагие, ки бо дархости мақоми гумрукии баррасикунандаи дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ пешниҳод шудааст, маълумоти бо ҳам мухолиф ҷой дошта бошад.
Рад намудани дархостномаи қабули қарори пешакӣ ба муроҷиати такрории муроҷиаткунанда, ки қабули қарори пешакиро дархост кардааст, монеа намегардад, ба шарти бартараф кардани омилҳое, ки боиси раддияи дархостномаи мазкур гардида буданд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678, аз 19.07.2022 № 1906).
Қарори пешакӣ барои ҳамаи мақомоти гумрук ҳатмӣ мебошад. Қарори пешакӣ аз рӯзи қабул гардиданаш ба мӯҳлати 3 сол амал мекунад, ба шарте, ки он тағйир наёфта ё бозхонд нашуда ё амалӣ он тибқи моддаи 44 ҳамин Кодекс қатъ нашуда бошад.
1. Мақомоти гумрук метавонанд дар бораи қатъи амали қарори пешакӣ, тағйир додан ё бозхондани қарори пешакии қабулнамудаи худ ё мақомоти поёнии гумрук (тағйир додан ё бозхондани қарори пешакӣ, ки худашон ё мақомоти поёнии гумрук қабул кардаанд) танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда қарор қабул кунанд.
Қарор дар бораи қатъи амал, тағйир додан ва бозхондани қарори пешакӣ ба шахсе, ки барояш қарори пешакӣ дода шудааст, дар шакли хаттӣ, дар рӯзи дигари қабул гардидани қарор дар бораи қатъи амал, тағйир додан ё бозхондани қарори пешакӣ фиристода мешавад.
2. Агар қарор дар бораи амали қарори пешакӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакии пешниҳоднамудаи муроҷиаткунанда қабул шуда бошад, он бекор карда мешавад. Қарор дар бораи қатъи амали қарори пешакӣ аз рӯзи қабули қарори пешакӣ эътибори қонуни пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
3. Қарори пешакӣ дар сурати тағйир ёфтани Номгӯйи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ё ошкор гаштани хатоҳое, ки зимни қабули қарори пешакӣ роҳ дода шудаанд, тағйир дода мешавад.
Тағйирот дар мӯҳлати дар қарори тағйир додани қарори пешакӣ зикршуда, аммо на камтар аз 3 моҳи баъди рӯзи қабули қарор дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори пешакӣ эътибор пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
4. Қабули қарори пешакӣ метавонад дар ҳолатҳои зайл бозхонда шавад:
1) ҳангоми тағйирёбии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии гумрукӣ қабул шудани қарорҳои таснифотие, ки барои татбиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) агар тибқи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол тартиб ва шартҳои дигари муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол муқаррар карда шуда бошанд.
Қарор дар бораи бозхонди қарори пешакӣ бояд дар давоми 3 рӯзи баъди интишори расмии санадҳои номбаршуда қабул гардад ва ҳамзамон бо он эътибори қонуни пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
5. Қарор дар бораи тағйир додан ё бекор кардани қарори пешакӣ оид ба муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол метавонад аз ҷониби суд аз нав баррасӣ гардад.