КАФОЛАТ ВА ҶУБРОНПУЛИҲО | 1994

Моддаи 164. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ
Корфармо уҳдадор аст кормандро дар муддати иҷро кардани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор рухсат дода, ҷойи кораш (вазифааш) ва музди миёнаи меҳнаташро нигоҳ дорад.
Моддаи 165. Кафолатҳо ба кормандони аз кор озодшуда вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии муҳлатнок
Кормандон, ки вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии муҳлатнок аз кор озод карда мешаванд (сархати якуми моддаи 48 Кодекси мазкур), баъд аз ба анҷом расидани муҳлати хизмат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кори пештара ё кори баробарарзиш таъмин карда мешаванд.
Моддаи 166. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо ба манфиати кормандони ташкилот
Шарти аз кор озод намудани кормандро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳое, ки ба манфиати ҳамаи кормандони ташкилот мебошад, инчунин андозаи пардохтҳои кафолатнокро дар ин муддат созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё корфармо бо мувофиқаи намояндагони кормандон муқаррар мекунанд.
Моддаи 167. Кафолат ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд
1. Ҳангоми дар ҳамон ташкилот ба кори доимии каммузд гузаронидани корманд музди меҳнати пешинаи ӯ дар муҳлати ду моҳ аз рӯзи гузаронидан нигоҳ дошта мешавад.
2. Ҳангоми гузаронидани корманд мутобиқи хулосаи тиббӣ бинобар осеби меҳнатӣ, бемории касбӣ ё осеби дигари вобаста ба кор, ки аз ин ба саломатии ӯ зарар расидааст, музди меҳнати пешинаи корманд дар тамоми давраи кор ё то муайян кардани маъюбӣ нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 168. Кафолат барои корманде, ки барои ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешавад
1. Дар давраи ташхис дар муассисаи тиббӣ қарор доштани корманд, ки бояд аз чунин ташхис гузарад, музди меҳнати моҳонаи ӯ дар ҷойи кораш нигоҳ дошта мешавад.
2. Ҳангоми ташхиси корманд дар марказҳои бемориҳои касбӣ музди меҳнати моҳонаи ӯ дар тамоми давраи дар марказ буданаш нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 169. Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда
1. Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд:
- кумакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа;
- нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳа дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, агар корманд дар муҳлати даҳ рӯзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба ин мақомот муроҷиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;
- ҳуқуқ барои як сол пеш аз муҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромадани шахсони синни нафақа, ки собиқаи меҳнатӣ доранд ва он барои аз рӯи синну сол ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад.
2. Шахсоне, ки бинобар ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ барои иҷрои кори пештара қобилияташонро гум кардаанд, ба кормандони аз кор озодшуда баробар карда мешаванд.
3. Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд муҳлати дарозтари нигоҳ доштани музди миёнаро ба кормандони аз кор озодшуда дар давраи бо кор таъмин шудани онҳо пешбинӣ намоянд.
Моддаи 170. Кафолат барои роҳбарони ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро ба ҷо меоранд
Ҳангоми қатъ намудани шартнома бо роҳбари ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро иҷро мекунанд, молики нав вобаста ба иваз шудани молик уҳдадор аст ба ҳар кадоми онҳо на камтар аз музди меҳнати шашмоҳа ҷубронпулӣ диҳад.
Моддаи 171. Кафолатҳо барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон
Кафолатҳо ба гурӯҳи алоҳидаи кормандон: донорҳо, ихтироъкорон, навоварон, кормандоне, ки барои такмили ихтисос фиристода мешаванд ва кормандони дигар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Моддаи 172. Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат
Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати кормандро дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар, дар ҳолати ҷуброни зарар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 173. Ҷуброни хароҷоти иҷрои кор
Хароҷоти иловагии кормандро, ки бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста аст, бояд корфармо тибқи шарту тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи меҳнатӣ ҷуброн намояд.
Моддаи 174. Сафари хизматӣ
1. Бо супориши корфармо корманд барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ берун аз ҷойи кори доимӣ ба маҳалли дигар ба муҳлати муайян ба сафари хизматӣ фиристонида мешавад.
2. Сафари корманде, ки кораш ба таври доимӣ дар роҳ мегузарад ё хусусияти ҳаракаткунандаю сайёр дорад, инчунин дар ҳудуди маҳалли аҳолинишине, ки корфармо дар он ҷойгир аст, сафари хизматӣ ҳисобида намешавад.
Моддаи 175. Барасмиятдарорӣ, низоми вақти корӣ ва вақти истироҳат ҳангоми сафари хизматӣ
1. Сафари хизматӣ бо санади корфармо ва додани шаҳодатномаи сафари хизматии шакли муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.
2. Дар вақти сафари хизматӣ низоми вақти корӣ ва истироҳати дар маҳалли сафари хизматӣ муқарраргардида амал мекунад.
Моддаи 176. Муҳлати дар сафари хизматӣ будан
1. Муҳлати воқеии дар сафари хизматӣ будан аз рӯи қайд дар шаҳодатномаи сафари хизматӣ бо рӯзи расидан ба маҳал ва рафтан аз он муайян карда мешавад.
2. Ба муҳлати зиёда аз 30 рузи тақвимӣ ба сафари хизматӣ фиристодан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
3. Рӯзи рафтан ба сафари хизматӣ, рӯзи ба роҳ баромадан аз ҷойи кори доимӣ ва рӯзи бозгашт - рӯзи омадан ба ҷойи кори доимӣ ҳисобида мешавад. Ҳангоми ба роҳ баромадан то соати 24 рӯзи рафтан ба шабонарӯзи ҷорӣ ҳисоб карда шуда, пас аз соати 00 ба шабонарӯзи оянда дохил мешавад.
Моддаи 177. Кафолат ва ҷуброн ҳангоми сафари хизматӣ
1. Ҳангоми сафари хизматӣ ҷуброн карда мешавад:
- хароҷот вобастаба истиқомат берун аз ҷойи истиқомати доимӣ (рӯзмарра);
- хароҷоти роҳкиро;
- хароҷоти кирояи манзили истиқоматӣ;
- хароҷоти дигаре, ки корманд бо розигии корфармо кардааст.
2. Тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
3. Андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳои дигар бо мувофиқаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар буда наметавонад.
4. Ҷойи кор (вазифа) ва музди меҳнати кормандони ба сафари хизматӣ рафта дар тамоми вақти сафари хизматӣ нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 178. Ҷуброн барои корҳои дорои хусусияти ҳаракаткунанда ва сайёр
1. Барои кормандоне, ки ба сохтмон, истеҳсоли барқ, коркард ва истеҳсоли нафту газ, алоқа, хоҷагии ҷангалу об, нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, корҳои кофтуковӣ, иктишофи геологӣ, топографию геодезӣ, экспедитсияҳои илмӣ, инчунин ҳамлу нақли нафту газ, корҳои доимӣ дар роҳ, кор берун аз ҷойи истиқомати доимӣ ва дигар корҳои дорои хусусияти сайёр ва вахтавӣ машғул мебошанд, иловапулӣ дода мешавад.
2. Шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулиро аз рӯи корҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 179. Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан
1. Барои кормандон, шахсоне, ки таҳсилро хатм намуда, ба маҳалли дигар ба кор мегузаранд ё бо роҳхат аз ҷойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташаккилона ё бо мувофиқаи пешакӣ бо бастани шартнома ё дархост ба кор қабул шудаанд, чунин ҷубронҳо муайян мешаванд:
- арзиши роҳкирои корманд, шахсоне, ки таҳсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онҳо (зану шавҳар, кӯдакон ва падару модари зану шавҳар, ки дар нигоҳубини онҳо қарордошта, якҷоя ҳамроҳи онҳо омадаанд), ба ҳамон шароите, ки корманд ба сафари хизматӣ фиристода мешавад;
- хароҷоти кашонидани молу мулк бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан (истифодаи умумӣ) дар ҳаҷми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил ва то 150 килограмм барои ҳар як ҳамсафари аъзои оила (тибқи созишномаи тарафҳо метавонад хароҷоти кашонидани молу мулк дар ҳаҷми зиёдтар пардохт карда шавад) (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897);
- хароҷоти шабонарӯзӣ барои ҳар як рӯзи сафар - ба андозае, ки барои сафари хизматӣ пешбинӣ шудааст;
- кумакпулии яквақта барои худи корманд, шахси хатмкардаи таҳсил - ба андозаи музди моҳонаи тарифӣ дар ҷойи нави кор ва ба ҳар як аъзои оила - ба андозаи чоряки ҳиссаи кумакпулии худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил.
2. Ба корманд ва шахсоне, ки таҳсилро хатм кардаанд, музди меҳнат вобаста ба маоши тарифӣ дар ҷойи нави кор, барои рӯзҳои ба роҳ баромадан ва дар ҷойи нави истиқомат ҷо ба ҷо шудан, инчунин дар ҳолати дар роҳ будан, аммо на зиёда аз шаш рӯз дода мешавад.
3. Агар андозаи муайяни ҷубронеро, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, пеш аз муҳлат муайян кардан имконнопазир бошад, он гоҳ ба ӯ пешпардохт дода мешавад.
4. Арзиши роҳкирои аъзои оила ва овардани молу мулки онҳо, ҳамчунин кумакпулии яквақта ба онҳо дар ҳолате ҳисобӣ карда мешавад, ки агар онҳо ба ҷойи нави истиқомати корманд то гузаштани як сол аз рӯзи ба онҳо воқеан ҷудо кардани манзил омада бошанд.
Моддаи 180. Ҷубронпулӣ барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешакӣ ба маҳалли дигар
1. Ҳангоми рафтани корманд ба кор бо мувофиқаи пешакӣ бо корфармо ба маҳалли дигар ба ӯ тибқи муқаррароти моддаи 179 Кодекси мазкур ҷубронпулӣ дода мешавад, ба истиснои кумакпулии яквақтае, ки фақат бо созиши тарафҳо пардохт карда мешавад.
2. Агар корманд ба муҳлати на зиёда аз як сол ба кор ба маҳалли дигар гузаронида шавад ва аҳли оилааш бо ӯ наояд, он гоҳ бо розигии тарафҳо ба ӯ хароҷоти зисти муваққатӣ дар ҷойи нав метавонад пардохт карда шавад ва ҳаҷми ҷуброни хароҷот дар ин ҳолат бояд аз нисфи андозаи шабонарӯзӣ зиёд набошад.
3. Андозаи мушаххаси ҷубронпулӣ бо розигии тарафҳо муайян карда мешавад, вале он наметавонад аз андозаи муқарраргардидаи кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, кам бошад.
Моддаи 181. Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан
1. Ҷубронҳое, ки пардохти онҳо дар моддаҳои 179 ва 180 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мақсаднок буда, масъулиятро барои онҳо корфармое, ки корманд ба ӯ ба кор гузаронида, равона ё қабул карда мешавад, ба зимма дорад.
2. Ҷубронҳое, ки бо мақсади ба маҳалли дигар ба кор омадан пардохт карда шудаанд, бояд ба корфармо, ки онҳоро маблағгузорӣ кардааст, пурра баргардонида шаванд, агар корманд:
- ба кор наояд ё ба он бе сабаби узрнок шуруъ накунад;
- то тамомшавии муҳлати кор, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд ё шартҳои гузаронидан, равон ё қабул намудан ба кор пешбинӣ кардаанд, ҳангоми мавҷуд набудани муҳлати муайян бошад - то пур шудани як соли кор бо хоҳиши худ бе сабаби узрнок ё барои амалҳои гунаҳгорона озод шуда бошад, ки онҳо мувофиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ асос шудаанд.
3. Ҳангоми ба кор наомадан ё аз кор бо сабабҳои узрнок саркашӣ намудан корманд уҳдадор аст маблағҳои гирифтаашро, ғайр аз хароҷоти роҳкиро баргардонад.
Моддаи 182. Ҷуброни хароҷоти истифодаи молу мулки шахсии корманд
1. Агар молу мулки шахсии корманд бо иҷозати корфармо ба манфиати ташкилот истифода шавад, бояд истифода ва фарсудашавии он ҷуброн карда шаванд.
2. Андозаи ҷуброн бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда мешавад.