ИҶОЗАТ БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД | 1994

Моддаи 163. Мазмуни низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод
Иҷозат барои муомилоти озод низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ бе маҳдудият барои истифода ва истеъмол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 164. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод
1. Иҷозати мол барои муомилоти озод бо шартҳои зайл анҷом дода мешавад:
1) пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз;
2) риояи маҳдудиятҳое, ки хусусияти иқтисоди надоранд ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд;
3) иҷрои талаботи дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) анҷоми барасмиятдарории гумрукӣ.
2. Дар сурати риоя накардани шартҳои зикргардида мол мувофиқи моддаи 151 ҳамин Кодекс шартан иҷозат дода мешавад.