ИХТИЁРДОРИИ МОЛУ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТӢ БА МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ ГУЗАРОНИДАШУДА | 1994
Моддаи 453. Тартиби ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёти ба моликияти давлатӣ гузаронидашуда
Ихтиёрдории молу воситаҳои нақлиёти ба моликияти давлатӣ гузаронидашуда мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 454. Ихтиёрдории моле, ки мӯҳлати нигоҳдории муваққатии он ё мӯҳлати нигаҳдориаш дар анбори гумрукӣ гузаштааст
Моле, ки мӯҳлати нигаҳдории муваққатӣ ё мӯҳлати нигаҳдориаш дар анбори гумрукӣ гузаштааст, дар асоси санади тибқи намунаи муайянкардаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ таҳиянамудаи мақомоти гумрук, ки гузаштани мӯҳлати нигаҳдории муваққатӣ ё мӯҳлати нигаҳдорӣ дар анбори гумрукиро ба қайд мегирад, ихтиёрдори карда мешавад. Нусхаи дуюми ин санад бояд ба соҳиби қонунии мол супорида шавад, ба шарте, ки ин шахс аз тарафи мақоми гумрук муайян карда шуда бошад. Нусхаи санад ба соҳиби анбори нигоҳдории муваққатӣ ё соҳиби анбори гумрукӣ супорида мешавад.
Моддаи 455. Ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёте, ки далели шайъии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурианд
1. Мақомоти гумрук метавонанд молу воситаҳои нақлиётро, ки далели шайъии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурианд, ҳангоми мавҷуд набудани шароитҳои нигаҳдории онҳо ва ҳангоми аз арзиши мол зиёд будани хароҷоти воқеии нигаҳдории онҳо, инчунин дар ҳолатҳои дигари муайянкардаи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ намоянд.
2. Агар ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи мусодираи молу воситаҳои нақлиёти дар қисми 1 ҳамин модда зикрёфта қарор қабул карда шавад, маблағи аз фурӯши ин молу воситаи нақлиёт бадастомада ба ҳисоби буҷети давлати гузаронида мешавад.
3. Молу воситаҳои нақлиёте, ки далели шайъии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, нисбати онҳо ҷиҳати баргардонидан ба соҳиби қонуниашон қарор қабул карда шудааст, вале соҳибашон дар давоми як моҳи эътибори қонуни пайдо кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ онҳоро талаб карда нагирифтааст, мувофиқи ҳамин боб ихтиёрдори карда мешавад, ба шарте, ки агар нигаҳдории ин молу воситаҳои нақлиёт аз тарафи мақомоти гумрук ё таҳти назорати онҳо анҷом дода шуда бошад.
Молу воситаҳои нақлиёт дар асоси санади мақомоти гумрук, ки гузаштани мӯҳлати дархости онҳоро сабт менамояд ва тибқи намунаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ таҳия гардидааст, ихтиёрдорӣ карда мешавад.
1. Молу воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ташкилоте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор намудааст, бо роҳи фурӯш, нобуд сохтан ё партов гардонидан тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Мақоми гумрук пештар, вале дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯз соҳиби қонунӣ ё шахсӣ дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикршударо (ба шарте, ки ин шахсон аз тарафи мақоми гумрук муайян карда шуда бошанд) дар бораи ба ихтиёри ташкилоти ваколатдор додани молу воситаҳои нақлиёт хабардор менамояд.
3. Молу воситаҳои нақлиёт тибқи нархи муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешавад.
4. Молу воситаҳои нақлиёти ба фурӯш гузошташударо шахсони мансабдори мақомоти гумрук, кормандони мақомоти ваколатдор, ҳамчунин аъзои оилаи онҳо харидорӣ карда наметавонанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186, аз 01.10.2025 №2186).
5. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, молу воситаҳои нақдиёте, ки муомилоташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, инчунин моле, ки нархи нигоҳдорӣ ва фурӯши он аз арзишаш зиёд аст ё мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд несту нобуд карда ва ё партов гардонида шаванд.
6. Молу воситаҳои нақлиёт аз ҳисоби шахси дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикршуда ва агар ин шахс муайян карда нашуда бошад, аз ҳисоби соҳиби қонунӣ ва агар соҳиби қонуни ҳузур надошта бошад аз ҳисоби буҷети давлатӣ несту нобуд карда мешавад, ба шарте агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати намудҳои алоҳидаи мол тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
1. Маблағи аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомадае, ки ба моликияти давлатӣ гузаронида нашуданд, ба соҳибони қонунӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 3 сол аз фурӯши онҳо пардохта мешавад. Аз ин маблағ боҷҳои гумрукии воридотӣ, андоз нисбати моли хориҷӣ, ба мисли оне, ки ҳангоми иҷозат ба муомилоти озод супорида мешуд, инчунин хароҷоти ҳамлу нақл (интиқол), нигоҳдорӣ ва фурӯши он, аз ҷумла, хароҷоти экспертиза ва нархгузорӣ, ки мақомоти гумрук ва шахсони дигар масраф намудаанд, ситонида мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Агар маблағи аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомада барои пардохти боҷҳои гумрукӣ, андоз ва ҷуброни тамоми хароҷоти мақомоти гумрук ва шахсони дигаре, ки мувофиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи аз ҳисоби ин маблағ ҷуброн шудани хароҷоти худро доранд, кофӣ набошад, он тибқи навбати зайл тақсим карда мешавад:
1) дар навбати аввал ба буҷети давлатӣ маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз гузаронида мешавад;
2) дар навбати дуввум хароҷоти ҳамлу нақл (интиқол), нигоҳдорӣ ва фурӯши мол ҷуброн карда мешавад.
3. Хароҷот, инчунин ҳисоби чунин хароҷот тибқи тартиби навбати тақвимии ворид гардидани ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи ҷуброни хароҷотро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, анҷом дода мешавад.
4. Баъди гузаштани мӯҳлати дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, маблағи аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомада ба буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.
5. Маблағҳои аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомадае, ки ба моликияти давлатӣ гузаронида шудаанд, ба истиснои хароҷоти ҳамлу нақл (интиқол), нигаҳдорӣ ва фурӯш, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, ба буҷети давлатӣ гузаронида мешаванд.
Моддаи 458. Тартиби супоридани моле, ки ба моликияти давлат гузаронида шудааст
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
Моле, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории гумрук ё объекти бевоситаи он буда, ба моликияти давлат гузаронида шудааст, аз ҷониби мақомоти гумрук бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор супорида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 459. Хусусияти ихтиёрдории намудҳои алоҳидаи мол
Металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо, арзишҳои фарҳангӣ, моли тамғагузоришаванда ва дигар моле, ки муомилоти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдори карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).