ИТТИЛОЪДИҲӢ ВА МУШОВАРА | 1994

Моддаи 22. Гирифтани иттилоот оид ба сабабҳои қабули қарор, амалӣ (беамалии) содиршуда
1. Шахсе, ки нисбати вай аз ҷониби мақоми гумрук ё шахси мансабдор қарор қабул гардидааст ё амале анҷом дода шудааст, инчунин шахсе, ки то гузашти мӯҳлати муайян нисбати вай қарор қабул нашудааст ё ки бояд иҷро гардад, вале иҷро нашудааст, ҳуқуқ дорад ба ин мақоми гумрук оид ба сабаб ва асосҳои қабул шудани қарор ё амали иҷрошуда ё сабабҳои қабул нашудани қарор ё анҷом надодани амали дахлдор муроҷиат намояд, агар ин мустақиман ё ба таври инфироди ба ҳуқуқ ва манфиатҳои шахси номбаршуда дахл дошта бошад.
2. Дархост бояд дар давоми шаш моҳи қабули қарор, иҷрои амал (беамали) ё ба анҷом расидани мӯҳлати қабули онҳо ё иҷрои амал ё аз рӯзе, ки ин шахс оид ба қабули қарор ё анҷом додани амал (беамали) огоҳ гардидааст, пешниҳод карда шавад.
3. Шахси манфиатдор барои пешниҳоди маълумоти зарурӣ метавонад ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ бо дархост муроҷиат намояд. Дархости шифоҳӣ бояд аз ҷониби мақоми гумрук дар рӯзи қабули дархост баррасӣ карда шавад. Ҳангоми додани дархости хатти ба он бояд дар давоми 10 рӯзи гирифтани дархостнома хаттӣ ҷавоб дода шавад.
Моддаи 23. Иттилоот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ
1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва дигар мақомоти гумрук дастрасии ройгони иттилоотро вобаста ба санади меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ,  тахтаҳои иттилоотӣ, гӯшаи иттилоотӣ, варақаҳои маълумот ва маводи дигари нашрӣ, инчунин воситаҳои техникии видеоӣ, аудиоӣ ва воситаҳои дигари техникии барои пахши иттилоот истифодашаванда таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678, аз 19.07.2022 № 1906)
2. Мақомоти гумрук дар хусуси санади меъёрии ҳуқуқии таҳияшаванда, инчунин оид ба тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқии эътибори қонуни пайдонакарда дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дастрасии иттилоотро таъмин менамоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки огоҳсозии қаблӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузаронидани назорати гумрукӣ монеа мешавад ё ба паст гардидани самаранокии онҳо мусоидат менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
3. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумруки дар нашрияҳои расмии худ чопи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки ҳамин мақомот қабул кардаанд, инчунин санадҳои қонунгузории гумрукӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 24. Машварат оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва дигар масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти мақомоти гумрук қарор доранд
1. Ҳангоми машварат бояд на танҳо иттилоотӣ дархостшуда, балки ҳама гуна иттилоотӣ ба кор иртиботдоштае, ки мақомоти гумрук ба маълумоти шахси манфиатдор расонидани онро мувофиқи мақсад медонанд, пешниҳод гардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Мақомоти гумрук ба шахсони манфиатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки таҳти салоҳияти ин мақомот қарор доранд, машварат медиҳанд. Сардори мақоми гумрук (шахси ивазкунандаи вай) шахсони мансабдори мақомоти гумрукро, ки ба гузаронидани машварат ваколатдоранд, муайян менамояд. Иттилоот оид ба дархости шахси манфиатдор дар мӯҳлати кӯтоҳтарин, вале на дертар аз як моҳи гирифтани чунин дархост пешниҳод карда мешавад.
2. Машварат аз ҷониби мақомоти гумрук ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ ройгон дода мешавад. Бо талаби шахси манфиатдор мақоми гумрук вазифадор аст иттилоотро дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд, ки он барои қабули қарор ё иҷрои амал (беамали) аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми анҷом додани амалиёти гумрукӣ нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт асос шуда наметавонад.
3. Мақомоти гумрук барои зараре, ки дар натиҷаи таҳрифи матни санади ҳуқуқии бе огоҳонӣ ва назорати онҳо интишоршуда расонида шудааст, инчунин барои зараре, ки дар натиҷаи машварати ғайритахассусии шахсони барои гузаронидани чунин машварат салоҳиятнадошта расонида шудааст, масъул намебошанд.