ИСБОТ | 1994

Моддаи 85. Ҳолатҳое, ки оид ба парвандаи ҷиноятӣ бояд исбот карда шаванд

1. Исбот кардан аз ҷамъ овардан, тафтиш ва баҳодиҳии далелҳо бо мақсади муқаррар кардани ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1777).

2. Ҳангоми пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ ҳолатҳои зерин бояд исбот карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1777):

- ҳодисаи ҷиноят (вақт, ҷой, тарз ва дигар ҳолатҳои содир намудани ҷиноят);

- ҳолатҳое, ки шахсияти айбдоршавандаро муайян мекунанд;

- ҳолатҳое, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунанд;

- ҳолатҳое, ки метавонанд боиси аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод кардани шахс гарданд;

- ҳолатҳое, ки гунаҳгории айбдоршавандаро дар содир кардани ҷиноят ва мусоидат намудан ба он, дараҷаи гуноҳ ва ангезаи онро муайян мекунанд;

- ҳолатҳои ба дараҷа ва хусусияти ҷавобгарии айбдоршаванда таъсиррасонанда, ки дар моддаҳои 61 ва 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, инчунин дигар ҳолатҳое, ки шахсияти айбдоршавандаро арзёбӣ мекунанд;

- ҳолатҳое, ки хусусият ва андозаи зарари аз ҷинояти содиршуда расидаро муайян мекунанд;

- ҳолатҳое, ки боиси содиршавии ҷиноят гардидаанд.

Моддаи 86. Ҷамъ овардани далел

1. Ҷамъ овардани далел дар ҷараёни таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.

2. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, инчунин суд, судя бо дархости тарафҳо ҳуқуқ доранд:

- оид ба парвандаи таҳти пешбурд қарордошта бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳар шахсро барои пурсиш ва пешниҳод кардани хулоса ба сифати коршинос ҷалб намоянд;

- азназаргузаронӣ, кофтуков ва амали дигари тафтишии пешбининамудаи Кодекси мазкурро анҷом диҳанд;

- аз корхона, ташкилот, муассиса, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ва ашёи барои парванда аҳамиятдоштаро талаб намоянд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 692);

- пешбурди тафтиш ва санҷишро (ревизия) аз мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор талаб кунанд.

3. Ҳимоятгаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур барои иштирок дар баррасии парванда роҳ дода шудааст, ҳуқуқ дорад:

- далелҳо пешниҳод кунад;

- маълумотеро, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруранд, ҷамъ оварад;

- маълумотнома, тавсифнома ва дигар ҳуҷҷатҳоро аз муассиса, ташкилот ва корхонаҳои мухталиф, ки бо тартиби муқарраршуда ба додани ин ҳуҷҷатҳо ё нусхаи онҳо ӯҳдадоранд, талаб кунад;

- бо ризои ҳимояшаванда фикри мутахассисонро барои шарҳи масъалаҳое, ки вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба миён меоянд ва онҳо дониши махсусро талаб мекунанд, пурсад.

4. Маълумот ба тариқи шифоҳӣ, хаттӣ, сабти аудиою видео, инчунин ашё ва ҳуҷҷатҳоеро, ки далел шуда метавонанд, гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгар, айбдоркунанда, судшаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, шаҳрвандон, шахсони мансабдори корхона, ташкилоту муассиса ҳуқуқ доранд пешниҳод кунанд.

Моддаи 87. Тафтиши далелҳо

Далелҳои аз рӯи парванда ҷамъовардашуда бояд ҳамаҷониба ва холисона тафтиш карда шаванд. Тафтиш аз таҳлили далелҳои ба даст овардашуда, муқоисаи онҳо бо дигар далелҳо, далелҳои нави ҷамъовардашуда, манбаъҳои ба даст овардашудаи далелҳо иборат аст.

Моддаи 88. Баҳодихии далелҳо

(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306)

1. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя қонун ва дарки ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, далелҳоро бо ақидаи ботинии худ, ки ба баррасии ҳаматарафа, пурра ва холисонаи ҳама ҳолатҳои парванда асос ёфтааст аз нигоҳи мансубият доштан, қобили қабул будан, саҳеҳ будан ва кифоя будани маҷмӯи ҳамаи далелҳои ҷамъовардашуда барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ баҳо медиҳад.

2. Далел ба парванда мансубиятдошта эътироф карда мешавад, агар аз маълумотҳои воқеие иборат бошад, ки онҳо хулосаҳо оид ба мавҷуд будани ҳолатҳои барои парвандаи мазкур аҳамиятдоштаро тасдиқ намоянд, рад кунанд ё таҳти шубҳа гузоранд.

3. Далел қобили қабул эътироф карда мешавад, агар он бо тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шуда бошад.

4. Далел саҳеҳ эътироф карда мешавад, агар дар натиҷаи тафтиш маълум шавад, ки он ба ҳақиқат мувофиқ аст.

5. Маҷмӯи далелҳо барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ кофӣ эътироф карда мешавад, агар далелҳои ба парванда мансубиятдошта ва қобили қабуле ҷамъоварӣ шуда бошанд, ки ҳақиқатро оид ба ҳама ва ҳар як ҳолате, ки бояд бо парвандаи мазкур исбот карда шаванд, бе баҳс муайян намоянд.

6. Ягон далел барои таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя қувваи пешакӣ муқарраршударо доро нест (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306).

Моддаи 88(1). Далелҳои ғайри қобили қабул

(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306)

1. Далелҳо ғайри қобили қабул ҳисобида мешаванд, агар онҳо бо вайрон кардани талаботи Кодекси мазкур бо роҳи маҳрум кардан ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, ки бо қонун кафолат дода шудаанд, вайрон кардани тартиби ҷамъоварии далелҳо ё дигар қоидаҳои мурофиаи ҷиноятӣ ҳангоми пешбурди тосудӣ ё муҳокимаи судии парванда ба даст оварда шуда, ба саҳеҳияти маълумотҳои воқеии бадастовардашуда таъсир расонида бошанд ё имкони таъсиррасонӣ дошта бошанд, аз ҷумла бо:

- истифодаи шиканҷа, муносибати бераҳмона, зӯроварӣ, таҳдид, фиреб ё дигар кирдори ғайриқонунӣ;

- истифодаи гумроҳшавӣ, ки дар натиҷаи нафаҳмонидан, нопурра ё нодуруст фаҳмонидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ ба миён омадааст;

- гузаронидани амали мурофиавӣ аз ҷониби шахсе, ки ҳуқуқи анҷом додани пешбурдро бо парвандаи ҷиноятии мазкур надошт;

- гузаронидани амали мурофиавӣ бо иштироки шахсе, ки бояд рад карда мешуд;

- ба таври ҷиддӣ вайрон кардани тартиби гузаронидани амали мурофиавӣ;

- ба даст овардани маълумот аз сарчашмаи номаълум ё сарчашмаи дигаре, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ муайян кардани он ғайриимкон аст;

- истифода бурдани усулҳои хилофи донишҳои муосири илмӣ ҳангоми исботкунӣ.

2. Қобили қабул набудани далелҳо, инчунин маҳдуд кардани истифодаи онҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ, аз тарафи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя бо ташаббуси худи онҳо ё бо дархости тарафҳо муайян карда мешаванд. Маълумоти воқеӣ дар бораи истифода шудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона нисбати гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда, новобаста ба ворид шудани аризаи онҳо ё дархости ҳимоятгар аз нигоҳи қобили қабул будани нишондодҳои онҳо ҳамчун далел, мавриди тафтиш ва баҳодиҳӣ қарор дода мешаванд.

3. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳангоми ҳал кардани масъалаи ғайри қобили қабул будани далелҳо вазифадоранд дар ҳар як ҳолат маҳз дар чӣ зоҳир шудани қонунвайронкуниро муайян карда, қарори асоснок қабул намоянд. Ҳангоми ғайри қобили қабул ҳисобидани далел бо сабаби истифода намудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя дар доираи салоҳияти худ оид ба ҷавобгарии дахлдори шахсони ба ин амалҳо роҳдода, чораҳо меандешанд.

4. Далелҳое, ки ғайри қобили қабул ҳисобида шудаанд, беэътибор дониста шуда, ба асоси айбдоркунӣ гузошта намешаванд ва барои исботи ягон ҳолати дар моддаи 85 Кодекси мазкур зикрёфта истифода шуда наметавонанд.

5. Маълумотҳои воқеие, ки бо қонунвайронкуниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида ба даст оварда шудаанд, ба сифати исботи ҳолати ҷой доштани қонунвайронкуниҳои дахлдор ва айбдоркунии шахсоне, ки ба онҳо дар рафти таъқиби ҷиноятӣ роҳ додаанд, истифода шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306).

Моддаи 89. Преюдитсия

1. Ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда оид ба парвандаи ҷиноятӣ барои суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ҳолатҳои муқарраркардашуда ва ҳам баҳодиҳии ҳуқуқии онҳо ҳатмӣ мебошад.

2. Ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва қарори суд оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои суд, судя, прокурор, муфаттиш таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ танҳо оид ба масъалаи ҷой доштани худи ҳодиса ё кирдор ҳатмӣ буда, набояд пешакӣ гунаҳгорӣ ё бегуноҳии судшавандаро ҳал намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1134).

Моддаи 90. Ҳолатҳое, ки доир ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон бояд муқаррар карда шаванд

1. Ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ доир ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон ба муайян кардани ҳолатҳои зайл диққати махсус додан лозим аст:

- синну соли ноболиғ (рӯз, моҳ, соли таваллуд);

- шароити зиндагӣ ва таълиму тарбия (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755);

- сабаб ва шароитҳое, ки ба ҷиноят содир кардани ноболиғ мусоидат намудаанд;

- мавҷудияти таҳриккунандагон ва шарикони дигар.

2. Ҳангоми мавҷуд будани маълумот дар бораи камақлии ноболиғ, ки бо бемории рӯҳӣ алоқаманд нест, инчунин бояд моҳияти кирдори худро пурра дарк карда тавонистани ӯ ошкор карда шавад.

Барои муқаррар кардани ин ҳолат бояд падару модари ноболиғ, муаллимон, мураббиёни ӯ ва шахсони дигаре, ки маълумоти зарурӣ дода метавонанд, пурсида, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои лозима талаб карда, амалҳои дигари тафтишӣ ва судӣ анҷом дода шаванд.

ФАСЛИ IV. ЧОРАҲОИ МАҶБУРКУНИИ МУРОФИАВӢ