ИНТИҚОЛИ МОЛ ТАВАССУТИ ҚУБУР ВА БО ХАТҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ | 1994
Моддаи 331. Соҳаи истифодаи ҳамин боб
Интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ тавассути қубур ва бо хатҳои интиқоли барқ тибқи муқаррароти ҳамин боб, аммо дар қисмате, ки ҳамин боб танзим нанамудааст, бо тартиби умумии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.
1. Воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти мол аз ин ҳудуд тавассути қубур баъди қабули декларатсияи гумрукӣ ва иҷозати мақоми гумрук тибқи шартҳои дар он арзшудаи низоми гумрукӣ иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ пешниҳоди воқеии мол талаб карда намешавад.
3. Ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти мол аз ин ҳудуд тавассути қубур ба омезиши мол ва инчунин тағйири миқдору ҳолати сифатии мол дар натиҷаи таъсири хусусиятҳои технологии интиқол ва хусусиятҳои хоси мол тибқи меъёрҳои техникӣ ва стандартҳои миллии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда роҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Расмиёти гумрукии нигоҳдории муваққатӣ ва транзити дохилии гумрукӣ нисбати моле, ки тавассути қубур интиқол дода мешавад, истифода карда намешавад.
Моддаи 333. Тартиби декларатсия кардани моле, ки тавассути қубур интиқол дода мешавад
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
Тартиби декларатсия кардани моле, ки тавассути қубур аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад, мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 334. Татбиқи меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва тартиби супоридани онҳо ҳангоми интиқоли мол тавассути қубур
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347)
1. Боҷҳои гумруки барои моли аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда барои ҳар моҳи тақвимии таҳвили мол тибқи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содиротие, ки дар таърихи 15 - уми моҳи молрасони амал мекунанд, супорида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347, аз 30.05.2017 № 1421).
На камтар аз 50 фоизи маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ, ки дар асоси маълумоти дар декларатсияи гумрукии муваққати дарҷгардида ҳисоб карда шудаанд, дар мӯҳлати то таърихи 20 - уми моҳе, ки пеш аз моҳи тақвимии таҳвил фаро мерасад, супорида мешаванд. Ҳамзамон маблағи боҷи гумрукии содиротӣ дар асоси миқдори моле ҳисоб карда мешавад, ки мутаносибан ба як моҳи молрасонӣ баробар аст, ба шарте, агар дар декларатсияи гумрукии муваққатӣ давраи молрасонии зиёдтар аз як моҳи тақвими дарҷ шуда бошад.
Дар ҳолати пешниҳоди декларатсияи гумрукии муваққатӣ мувофиқи сархати дуюми қисми 2 моддаи 333 ҳамин Кодекс боҷҳои гумрукии содиротӣ дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи қабули чунин декларатсия пурра супорида мешаванд.
Қисмати боқимондаи маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ, ки дар асоси маълумоти аниқ дар бораи моли содиршуда ва меъёрҳои боҷҳои гумрукии содиротии дар таърихи 15 - уми моҳи гузаштаи молрасонӣ амалкунанда дар мӯҳлати то таърихи 20 - уми моҳи ояндаи тақвимии таҳвил супорида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
2. Ҳангоми воридоти мол тавассути қубур боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо то таърихи 20 - уми моҳи пеш аз фарорасии ҳар як моҳи тақвимии молрасонӣ дар асоси маълумоти дар декларатсияи муваққатии гумрукӣ дарҷгардида пардохта мешаванд. Барои мақсадҳои ҳисоб кардан ва супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андози то таърихи 15 - уми моҳи пеш аз фарорасии моҳи таҳвил амалкунанда татбиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
Маълумоти аниқшуда оид ба воридоти мол барои ҳар як моҳи тақвимии таҳвил ба мақомоти гумрук то таърихи 20 - уми моҳи ояндае, ки баъд аз моҳи тақвимии таҳвил фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад. Агар маблағи пардохтшавандаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар натиҷаи маълумоти аниқшуда зиёд шавад, маблағ бояд ҳамзамон бо пешниҳоди маълумоти аниқшуда пардохта шавад. Дар ин ҳолат фоизҳо ҳисоб карда намешаванд.
Маблағҳои барзиёд супоридашуда мутобиқи моддаи 396 ҳамин Кодекс баргардонида мешаванд.
Моддаи 335. Татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд
Ҳангоми интиқоли мол тавассути қубур мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукии муваққатӣ татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 336. Хусусиятҳои воридот, содирот ва декларатсия кардани моле, ки тавассути хати барқ интиқол дода мешавад
1. Ба воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти он аз ин ҳудуд, ки бо хати барқ интиқол дода мешавад, бе иҷозати пешакии мақомоти гумрук, бо шарти декларатсиякунонии минбаъда ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Расмиёти гумрукии нигаҳдории муваққатӣ ва транзити дохилии гумрукӣ нисбати моле, ки бо хати барқ интиқол дода мешавад, татбиқ карда намешаванд.
3. Тартиби декларатсия кардани молеро, ки тавассути хатти барқ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад, мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи пешниҳоди декларатсияи гумрукии моле, ки аз сарҳади гумрукӣ дар давоми як моҳи тақвими интиқол меёбанд, супорида мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукиро талаб намояд, аз ҷумла дар ҳолате, ки агар декларант фаъолияти иқтисодии хориҷии худро камтар аз як сол ба роҳ монда бошад. Андозаи супоридани таъмини пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 383 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
Моддаи 338. Истифода набурдани талабот оид ба ҳаммонандсозии моле, ки тавассути қубур ва хатҳои барқ интиқол дода мешавад
Моли тавассути қубур ва хати барқ интиқолшаванда ҳаммонанд карда намешавад, ки ин ба мақомоти гумрук барои ба мақсади гумрукӣ муқаррар намудани теъдод, сифат ва дигар хусусиятҳои мол бо истифодаи маълумоти ҳуҷҷатҳо, нишондоди ченкунакҳо ва дигар асбобҳои ченкуни монеъ намешавад.
Моддаи 339. Интиқоли моли ватани байни ду нуқтаи гумрукии дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда тавассути ҳудуди давлати хориҷӣ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
Интиқоли моли ватанӣ тавассути қубур ва хатҳои интиқоли барқ байни ду нуқтаи гумрукии дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда тавассути ҳудуди давлати хориҷӣ, тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби 35 ҳамин Кодекс нисбати низоми махсуси Интиқоли моли ватани байни мақомоти гумрукӣ тавассути ҳудуди давлати хориҷӣ интиқол дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).