ИНТИҚОЛИ МОЛ ДАР МУРОСИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПОЧТА | 1994
Моддаи 313. Муросилоти байналмилалии почта
1. Бо мақсади татбиқи ҳамин боб таҳти мафҳуми муросилоти байналмилалии почта муросилоти почтае фаҳмида мешавад, ки барои ба хориҷи ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодани муросилоти почтаи ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ё худ ба тариқи транзит аз ин ҳудуд интиқолшаванда қабул карда мешавад. Ба муросилоти байналмилалии почта инҳо мансубанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) мактубҳо (оддӣ, фармоишӣ, бо эълони арзиш);
2) кортҳои почтавӣ (оддӣ, фармоишӣ);
3) бандерол ва халтаҳои махсуси "М" (оддӣ, фармоишӣ);
4) секограммаҳо (оддӣ, фармоишӣ);
5) лифофаҳои хурд (фармоишӣ);
6) муросилот (муқаррарӣ, бо эълони арзиш);
7) муросилоти байналмилалии экспресс - почта.
2. Муассисаҳои алоқаи почта ҳуқуқ надоранд муросилоти байналмилалии почтаро бе иҷозати мақоми гумрук ба гирандаи онҳо супоранд ё берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 314. Мамнӯият ва маҳдудиятҳои воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ин ҳудуди ҳангоми ирсол дар муросилоти байналмилалии почта
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Дар муросилоти байналмилалии почта ба ирсоли моли зерин иҷозат дода намешавад:
1) моле, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ин ҳудуд манъ шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) моле, ки ирсоли он мувофиқи санадҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта манъ шудааст;
3) моле, ки нисбаташ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият муқаррар шудааст ва номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Нисбати моле, ки барои воридоти он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти он аз ин ҳудуди мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳо муқаррар карда шудаанд, гиранда ё фиристандаи моли мазкур ё шахсони аз номи онҳо амалкунанда вазифадоранд ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи ин гуна маҳдудиятҳоро пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906, аз 30.05.2017 № 1421).
3. Нисбати моле, ки дар муросилоти байналмилалии почта фиристода мешаванд, мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин татбиқ карда намешаванд:
1) агар мол ба суроғаи шахсони воқеӣ фиристода шуда, барои истифодаи шахси таъин гардида бошад;
2) дар дигар ҳолатҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Ситонидани моле, ки ирсоли он дар муросилоти байналмилалии почта манъ ва (ё) маҳдуд карда шудааст, ҳамчунин ихтиёрдории он мувофиқи ҳамин Кодекс аз тарафи мақомоти гумрук ва дар қисмати танзимнакардаи ҳамин Кодекс - бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
1. Моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшавандаи дорои ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунанда, ки дар санадҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта пешбинӣ шудаанд, мутобиқи ҳамин Кодекс бо назардошти хусусиятҳои пешбининамудаи ҳамин боб ба расмият дароварда мешавад.
2. Моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда бо тартиби афзалиятнок ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин, ки наметавонад аз 3 рӯз бештар бошад, ба расмият дароварда мешавад. Мӯҳлати аниқи барасмиятдарорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар якҷоягӣ бо мақоми идоракунии фаъолияти соҳаи алоқаи почта муайян карда мешавад.
3. Барасмиятдарории гумрукии моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда дар маҳалҳои мубодилаи байналмилалии почта, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи қисми 6 ҳамин модда ба расмият дароварда мешаванд. Объектҳои алоқаи почта, ки ҷойҳои мубодилаи байналмилалии почта ба ҳисоб мераванд, аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ якҷоя бо мақоми идоракунии фаъолияти соҳаи алоқаи почта муайян карда мешаванд.
4. Агар ҳамаи маълумоте, ки ба мақомоти гумрук барои мақсадҳои гумрукӣ заруранд, дар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи санадҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта ва ҳамроҳикунандаи муросилоти байналмилалии почта мавҷуд бошанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда, пешниҳоди декларатсияи гумрукии алоҳида талаб карда намешавад.
5. Декларатсиякунонии мол бо роҳи пешниҳоди декларатсияи алоҳидаи гумрукӣ дар ҳолатҳои зерин талаб карда мешавад, агар:
1) арзиши моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз андозаи муқаррарнамудаи қисми якуми моддаи 317 ҳамин Кодекс, ки барои интиқоли мол дар муросилоти байналмилалии почта бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муқаррар шудааст, зиёд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мол барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хонаводагӣ ва дигар мақсадҳои новобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ, ба унвони шахсони воқеӣ фиристонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи фиристонандаи мол ба мақоми гумрук тасдиқ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда барои қарор додан таҳти низоми гумрукие таъин гардида бошад, ки он ба муомилоти озод баровардани молро пешбинӣ намекунад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
6. Барасмиятдарории моле, ки мувофиқи қисми 5 ҳамин модда нисбати онҳо бояд декларатсияи алоҳидаи гумрукӣ пешниҳод карда шавад, аз ҷониби мақомоти гумрукие, ки дар минтақаи фаъолияти онҳо гирандаҳо ё фиристонандаҳои мол ҷойгиранд, тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мувофиқаи мақоми идоракунии фаъолияти соҳаи алоқаи почта амалӣ мегардад.
7. Барасмиятдарории моли аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муросилоти байналмилалии почта содиршаванда, ки нисбати он мувофиқи қисми 5 ҳамин модда пешниҳоди декларатсияи алоҳидаи гумрукӣ пешбинӣ шудааст, то супоридани ин мол ба муассисоти алоқаи почта барои ирсол анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Муассисоти алоқаи почта бо талаби мақомоти гумрук муросилоти байналмилалии почтаро барои азназаргузаронии гумрукӣ ва муоинаи гумрукӣ пешниҳод менамоянд. Усулҳои чунин пешниҳодро мақомоти гумрук муайян менамоянд.
2. Мақомоти гумрук пешниҳоди намудҳои зерини муросилоти воридшавандаи почтаро талаб наменамоянд:
1) кортҳои почта ва мактуб;
2) адабиёт барои нобиноён.
Ҳангоми мавҷуд будани асоси кофи дар бораи он ки дар байни чунин муросилоти почта моли воридоташ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдудкардашуда ҳаст, инчунин ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ ва муоинаи гумрукӣ дар асоси санҷиши интихобӣ ё тасодуфи мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд пешниҳоди ин муросилоти почтаро талаб намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд аз муассисаҳои алоқаи почта талаб намоянд, ки муросилоти байналмилалии почтаи содиротиро, ки мақомоти гумрук дар асоси санҷиши интихоби ё тасодуфи онро аз назар мегузаронанд ё муоина мекунанд, нишон диҳанд.
4. Ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ ё муоинаи гумрукӣ аз воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ҳаддалимкон бештар истифода бурда мешаванд.
1. Агар арзиши моле, ки дар муросилоти байналмилалии почта фиристонида мешавад, дар мӯҳлати як ҳафта ба унвони як гиранда аз миқдори 150 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад, аз он боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд (Конун аз 06.10.2008с. № 437).
2. Нисбати моле, ки ба унвони шахсони воқеӣ барои истифодаи шахси ирсол шудаанд, қисман ё пурра озод кардан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 304 ҳамин Кодекс нисбати моле, ки арзиши он аз арзиши моли бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ирсолшаванда зиёдтар мебошад, нисбати чунин афзоиш меъёрҳои ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
3. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моле, ки барояш декларатсияи алоҳидаи гумрукӣ тақозо намегардад, аз тарафи мақомоти гумрукие, ки дар ҷойҳои мубодилаи байналмилалии почта молро ба расмият медароранд бо истифодаи супоришномаи пардохт (қисми 1 моддаи 309 ҳамин Кодекс) ҳисоб карда мешаванд. Маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар асоси маълумот доир ба арзиши моле, ки дар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи санадҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта зикр шудаанд ва барои мақсадҳои гумрукӣ истифода мегарданд, ҳисоб карда мешавад. Нисбати муросилоти байналмилалии почта, ки арзишаш эълон карда шудааст, маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар асоси ҳамин арзиши эълонгардида танҳо дар сурате ҳисоб карда мешавад, ки агар он аз арзиши дар ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои гумрукӣ баёншуда зиёдтар бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Муросилоти байналмилалии почтаи дорои моле, ки мақоми гумрук пардохтҳои гумрукии онро ҳисоб кардааст, ба гирандаи мол дар ҷойҳои мубодилаи байналмилалии почта танҳо баъди пардохтҳои гумрукиро пурра гирифтани муассисаи алоқаи почта супурда мешавад. Боҷи гумрукӣ дар асоси варақаи ҳаволаи почтавии маблағе, ки аз тарафи шахси мансабдори мақомоти гумрук пур карда шудааст, ситонида мешавад. Пардохти ҳаволаи почтавӣ аз ҳисоби шахсе сурат мегирад, ки боҷи гумрукиро пардохтааст ва он набояд аз 1 фоизи мабалағи пардохти ситонидашаванда зиёд бошад. Варақаҳои ҳаволаи почтавии маблағҳо ба мақомоти гумрук ройгон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
5. Ҳангоми гум кардани муросилоти байналмилалии почта, бе иҷозати мақомоти гумрук ба гиранда додани он ҷавобгарии супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба зиммаи муассисаи алоқаи почтае мебошад, ки муросилоти почтаро гум кардааст ё супурдааст.
6. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли дар қисми 5 моддаи 315 ҳамин Кодекс зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи фасли III ҳамин Кодекс ҳисоб карда, пардохта мешавад.
Расмиёти транзити гумрукии дохилӣ (боби 10) дар муросилоти байналмилалии почта бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар мувофиқа бо мақоми идоракунандаи фаъолият дар соҳаи алоқаи почта дар асоси талабот ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс истифода карда мешавад.
Муросилоти байналмилалии почта, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи транзит интиқол мегардад, мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).