ИНТИҚОЛИ МОЛ АЗ ҶОНИБИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ | 1994

Моддаи 303. Интиқоли мол аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хоҷагидорӣ ва дигар амалҳое, ки ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нестанд
1. Моли барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хоҷагидорӣ ва дигар эҳтиёҷоти шахси воқеӣ таъингардида, ки ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест (минбаъд - барои истифодаи шахсӣ), аз ҷониби ҳамин шахси воқеӣ аз сарҳади гумрукӣ тибқи муқаррароти ҳамин боб, вале дар қисмате, ки ҳамин боб танзим нанамудааст - тибқи тартиби умумии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс интиқол дода мешавад.
2. Таъиноти молро мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси воқеӣ оид ба моли аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда, вобаста ба хусусият ва теъдоди мол, инчунин мунтазамии интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ муайян менамояд.
3. Тартиби интиқоли моли таъиноти истифодаи шахси аз сарҳади гумрукӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, татбиқи меъёри ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар шакли пардохти маҷмӯии гумрукӣ, инчунин истифода набурдани мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, тасдиқи ҳатмии мутобиқати мол ва тартиби соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукиро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
Моддаи 304. Ворид ва содир намудани молу воситаҳои нақлиёт барои истифодаи шахси ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз чунин молу воситаҳои нақлиёт
1. Нисбати моле, ки шахсони воқеӣ дар доираи меъёрҳои вазнӣ (миқдорӣ) ва арзишии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд, ба истиснои моле, ки воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, озодкунии пурра аз пардохти боҷҳо, андозҳо (тартиби воридоти имтиёзнок) фароҳам оварда мешавад.
Нисбати воситаҳои нақлиёт, инчунин моле, ки арзиши он аз меъёри имтиёзнок зиёдаст, дар қисмати чунин афзоиш меъёри ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз (тартиби воридоти соддагардонидашуда) татбиқ карда мешавад. Арзиши ниҳоии моли воридоти барои шахсони воқеӣ ҳангоми истифодаи тартиби соддагардонидашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Тартиби татбиқи меъёри ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси андозаи миёнаи меъёри муқарраршудаи боҷҳои гумрукӣ ва андозе муайян менамояд, ки нисбати молу воситаҳои нақлиёте, ки ба миқдори нисбатан зиёд аз ҷониби шахсони воқеӣ аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешаванд, истифода мегардад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
Озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё меъёрҳои ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар доираи андозаҳои миқдории муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридоти мол аз ҷониби шахсони воқеӣ бо истифодаи озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё қабули меъёри ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли зераксизӣ, моле, ки нисбати он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои теъдоди муқаррар шудаанд, маҳдудиятҳои (вазни) миқдорӣ ё арзишӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳоеро муайян менамояд, ки нисбати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеии ба синни муайян нарасида, инчунин шахсони сарҳади гумрукиро муттасил убуркунанда воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда намешавад ё озодкунӣ аз пардохт дар доираи нисбатан камтар фароҳам оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳолатҳоеро муайян намояд, ки озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё меъёрҳои ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли аз тарафи шахсони воқеӣ ҳангоми кӯчидан ба ҷойи зисти доими интиқолшаванда, моли аз ҷониби гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбори воридшаванда, инчунин нисбати моликияти меросӣ дар ҳаҷми бештар аз андозаи муайяннамудаи қисми 1 ҳамин модда татбиқ гардад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
5. Нисбати арзишҳои фарҳангии аз ҷониби шахсони воқеӣ воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба шарти декларатсиякунонии электронӣ ё хаттии онҳо, инчунин бақайдгирии махсусе, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи содирот ва воридоти арзишҳои фарҳангӣ пешбинӣ намудааст, фароҳам оварда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Моли тибқи ҳамин модда ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, инчунин аз ин ҳудуд содиршаванда барои мақсадҳои гумрукӣ мутаносибан ҳамчун барои муомилоти озод иҷозатшуда ё таҳти низоми гумрукии содирот содиршуда баррасӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
7. Нисбати моли аз ҷониби шахсони воқеӣ содиршаванда озодкунӣ аз пардохт, баргардонидан ё ҷуброни андозҳои дохилӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
8. Нисбати моле, ки барои онҳо тартиби соддагардонидашуда ё имтиёзноки интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст, тартиби умумии барасмиятдарории гумрукӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, татбиқ карда мешавад.
9. Муқаррароти ҳамин модда нисбати моле, ки шахсони воқеӣ муваққатан ворид (содир) ва бозпас содир (ворид) менамоянд, татбиқ намегардад.
Эзоҳ. Барои мақсадҳои татбиқи ҳамин боб таҳти мафҳуми воситаҳои нақлиёт воситаи нақлиёти автомобилӣ ва ядакҳо, киштиҳои дарёӣ ва ҳавопаймо ҳамзамон бо қисмҳои эҳтиётии онҳо ва дигар қисму таҷҳизоти маъмулии онҳо, ки шахсони воқеӣ танҳо барои истифодаи шахси ворид ё содир менамоянд, дар назар дошта шудааст.
Моддаи 305. Воридоти муваққатии мол аз ҷониби шахсони воқеӣ
1. Нисбати моли муваққатан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони воқеии хориҷи воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоме фароҳам оварда мешавад, ки агар ин мол танҳо барои истифодаи шахси дар давраи буду боши муваққатии онҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Озодкуни аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда нисбати воситаҳои нақлиёти ба шахсони воқеии хориҷӣ таалуқдошта ё аз ҷониби онҳо иҷорашуда ё барои истифодаи муваққатӣ гирифташуда ё ба тариқи дигар истифодашаванда, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо вуруди шахси хориҷӣ ё то вуруд ё баъди вуруди вай оварда шудаанд, татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Воситаҳои нақлиёте, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои интиқоли пулакии шахсон ё барои ҳамлу нақли моли саноатӣ ё тиҷоратӣ оварда мешаванд, аз сарҳади гумрукӣ тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби 36 ҳамин Кодекс интиқол дода мешаванд.
3. Дар ҳолате, ки агар моли муваққатан воридшуда бояд мувофиқи қисми 2 моддаи 308 ҳамин Кодекс ба таври электронӣ ё хаттии декларатсия шавад, мӯҳлати воридоти муваққатиро мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси воқеии хориҷӣ, бо назардошти давомнокии буду боши вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи мӯҳлати муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қисми 4 ҳамин модда муқаррар менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Бо дархости асосноки шахси воқеии хориҷӣ мӯҳлати воридоти муваққатии муқаррарнамудаи мақоми гумрук метавонад дар доираи мӯҳлати муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми 4 ҳамин модда тамдид карда шавад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати ниҳоии воридоти муваққатиро нисбати намуди алоҳидаи мол, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти муваққатан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеии хориҷӣ воридшаванда муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
5. Моли муваққатан воридгардида, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт метавонанд аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи ҳама гуна мақоми гумрук бозпас содир карда шаванд. Ҳангоми содироти моли муваққатан воридгардида боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд, мамнӯияту маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
6. Содироти бозпаси моли муваққатан воридшуда, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт метавонад анҷом дода нашавад, агар ба ин мол, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир зарари ҷиддӣ расонида шуда бошад.
7. Шахсони воқеии ватанӣ метавонанд муваққатан воситаҳои нақлиётро ворид намоянд, ба шарте агар ин воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди давлати хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, дар маҷмӯъ мӯҳлати воридоти муваққати дар тӯли як соли тақвими вобаста ба ҳар як воситаи нақлиёти муваққатан воридшаванда аз се моҳи тақвими зиёд набошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 306. Содироти муваққатии мол аз ҷониби шахсони воқеӣ
1. Шахсони воқеии ватанӣ ҳуқуқ доранд аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон молро барои истифодаи шахси ба мӯҳлати буду боши муваққатии худ дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо пурра озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муваққатан содир ва бозпас ворид намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Дар асоси аризаи шахси воқеӣ мақоми гумрук ҳаммонандсозии (моддаи 434) моли муваққатан содиршавандаро анҷом медиҳад, агар чунин ҳаммонандсозӣ ба воридоти бозпас, бо пурра озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мусоидат намояд. Дар бораи ҳаммонандсозии моли дар декларатсияи гумрукӣ дарҷкардашуда, як нусхаи он ба шахси воқеии содирнамудаи мол баргардонида мешавад. Мавҷуд набудани чунин ҳаммонандсози барои бозпас ворид намудани ин мол аз ҷониби шахсони воқеӣ, бо озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз монеъ намегардад.
Моддаи 307. Барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз ҷониби шахси воқеӣ барои истифодаи шахси интиқол дода мешавад
1. Барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахси интиқол дода мешавад, мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тибқи ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.
2. Шахсони воқеӣ, ки бо воситаҳои нақлиёти худ, инчунин воситаҳои нақлиёти таъиноти тиҷоратӣ ё қатора сарҳади гумрукиро убур мекунанд, чун қоида метавонанд воситаи нақлиётро тарк накарда, амалиёти гумрукиро анҷом диҳанд.
3. Мол, аз ҷумла воситаҳои нақлиёте, ки шахсони воқеӣ барои истифодаи шахси интиқол медиҳанд, дар ҳолатҳои зерин дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешаванд:
1) бо хоҳиши шахсони мазкур;
2) агар барасмиятдарории фаврии гумрукии мол ва (ё) пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо сабабҳои аз мақомоти гумрук вобастанабуда имконнопазир бошад.
4. Нигаҳдории муваққатии мол тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 12 ҳамин Кодекс аз ҳисоби шахсоне, ки моли онҳо дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд, сурат мегирад.
5. Бо мақсади соддагардонии барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан интиқол дода мешаванд, мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад бо хадамоти гумруки давлати ҳаммарз дар хусуси барасмиятдарории муштараки гумрукӣ ва назорати гумрукии моли мазкур созишнома бандад.
Моддаи 308. Декларатсия кардани моли шахсони воқеӣ
1. Моли шахсони воқеӣ, ки дар борҷомаи дасти ва бағоҷ интиқол дода мешавад, ҳангоми убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон декларатсия карда мешавад.
2. Дар шакли электронӣ ё хаттӣ моли зайл, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт декларатсия карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) моле, ки шахсони воқеӣ дар шакли бағоҷи ҳамроҳинашаванда интиқол медиҳанд;
2) моле, ки ба суроғаи шахсони воқеӣ барои истифодаи шахси фиристода мешавад, ба истиснои моле, ки тавассути почтаи байналмилалӣ ирсол мегардад;
3) моле, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоташ маҳдуд карда шудааст ё арзиш ва (ё) теъдодаш аз маҳдудияти муайянгардидаи интиқоли мол бо озодкуни аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар мебошад (моддаи 304);
4) моле, ки содироташ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст;
5) моле, ки ҳангоми содироти он санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон декларатсияи ҳатмиро дар шакли хатти пешбинӣ кардаанд;
6) воситаҳои нақлиёт.
3. Дар ҳолатҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр нашудаанд, мол ба таври шифоҳи декларатсия карда мешавад.
Шахси воқеи ҳуқуқ дорад бо хоҳиши худ молеро, ки тавассути сарҳади гумрукӣ интиқол медиҳад ва декларатсияи электронӣ ё хаттӣ он ҳатмӣ намебошад, дар шакли электронӣ ё хаттӣ декларатсия кунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Тибқи ҳолатҳо ва тартибе, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян мекунад, моли дар шакли шифоҳӣ декларатсияшаванда бо риояи анҷом додани амалҳое декларатсия карда мешавад, ки дар борҷомаи дастӣ ва бағоҷи ҳамроҳишавандаи шахси воқеӣ мавҷуд набудани молеро тасдиқ менамоянд, ки бояд дар шакли электронӣ ё хаттӣ декларатсия карда шавад (декларатсия дар шакли конклюдентӣ), мавҷуд нест. Бо ин мақсад дар нуқтаҳои гузаргоҳ барои убури шахсони воқеӣ ҷойҳои махсус ишорашудае таъин мегарданд, ки шахс метавонад шакли декларатсия кардани молро интихоб намояд. Агар шахси воқеӣ аз тариқи ҷойи махсуси муайяншуда гузарад, ки барои убури шахсоне таъин гардидааст, ки дар борҷомаи дасти ва бағоҷ моли барои декларатсияи хаттӣ зарурӣ надоранд, он ҳамчун арз ба мақомоти гумрук дар хусуси дар ихтиёри ин шахс мавҷуд набудани моли дар шакли хаттӣ декларатсияшаванда баррасӣ мегардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Моли шахсони ноболиғи то синни 16 - сола аз ҷониби падар ё модар, фарзандхонда, васӣ, парастор ё ҳамроҳикунанда ва ҳангоми хуруҷӣ (вурудӣ) муташаккилона ва вурудӣ (хуруҷӣ) муташаккилонаи гурӯҳи шахсони ноболиғ бе ҳамроҳи кардани падар ё модар, фарзандхонда, васӣ ё парастор - аз ҷониби роҳбари ин гурӯҳ декларатсия карда мешавад.
6. Нисбати моли аз сарҳади гумрукӣ ҳамчун бағоҷи ҳамроҳинашаванда интиқолшаванда декларатсияи гумрукӣ бояд ҳангоми воридоти чунин мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 129 ҳамин Кодекс ва ҳангоми содироти онҳо - ҳамзамон бо пешниҳоди мол ба мақоми гумрук манзур мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моли аз сарҳади гумрукӣ чун бағоҷи ҳамроҳинашаванда интиқолшаванда метавонад аз ҷониби шахси интиқолдиҳанда ё шахси дигаре, ки тибқи бовариномаи шахси интиқолдиҳандаи мол амал мекунад, декларатсия карда шавад.
Моли бағоҷи ҳамроҳинашавандаи шахси ноболиғи то синни 16 - сола аз ҷониби падар ё модар, фарзандхонда, васӣ, парастор ё шахсоне, ки тибқи бовариномаи шахсони мазкур амал мекунанд, декларатсия карда мешавад.
Моддаи 309. Пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз ҷониби шахсони воқеӣ
1. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз ҷониби шахсони воқеӣ ҳангоми эъломиякунонии мол дар шакли электронӣ ё хаттӣ тариқи ғайринақдӣ пардохта мешаванд. Ба шахсе, ки боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардохт намудааст, нусхаи супоришномаи пардохт, ки шакли онро мақомоти гумрук дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, тариқи электронӣ ирсол карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001аз 01.10.2025 №2186).
2. Боҷҳои гумрукӣ, андозҳо нисбати моле, ки аз сарҳади гумрукӣ барои истифодаи шахси интиқол дода мешавад, аз ҷониби шахсони воқеӣ дар шакли пардохти маҷмӯии гумрукӣ (пардохт дар шакли маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, бе тақсими қисмии онҳо ба қисми таркибии боҷҳо, андозҳо) ё тибқи меъёри ягонаи боҷи гумрукӣ супорида мешаванд (моддаи 304) (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
Моддаи 310. Арзиши гумрукии моле, ки шахсони воқеӣ интиқол медиҳанд
1. Арзиши гумрукии мол аз ҷониби шахсе, ки молро интиқол медиҳад, ҳангоми декларатсия кардани онҳо арз карда мешавад. Барои тасдиқи арзиши гумрукии арзшуда шахси воқеӣ метавонад чекҳо, ҳисобномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дастрас намудани моли декларатсияшаванда ва арзиши онҳоро пешниҳод намояд.
2. Ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахси ворид намудани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзиши гумрукии мол хароҷоти боррасони то фурудгоҳҳо, бандарҳои дарёӣ ва маҳали дигари расонидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳуритт Тоҷикистон дохил карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Ҳангоми мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи дурустии муайян кардани арзиши гумрукии моли арзнамудаи шахси воқеӣ, мақоми гумрук метавонад арзиши гумрукии молро мустақилона дар асоси маълумоте, ки дар феҳрастҳои (каталогҳои) ташкилотҳои хориҷии машғули фурӯши маҳсулот мавҷуд буда ё дар асоси маълумоти дигари нархие, ки нисбати моли шабеҳ дар ихтиёри мақоми гумрук қарор доранд, муайян намояд.
Ҳангоми истифодаи маълумоти нархи мазкур мақоми гумрук тасҳеҳи арзиши гумрукии молро вобаста ба сифати мол, талабот нисбати он дар бозор, кишвари истеҳсолкардаи мол, вақти истеҳсол ва дигар омилҳои ба нарх таъсиркунанда анҷом медиҳад.
Моддаи 311. Қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиётӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқолшаванда
1. Қисмҳои эҳтиётие, ки барои таъмири воситаҳои нақлиёти муваққатан аз ҷониби шахсони воқеӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда заруранд, метавонанд муваққатан бо пурра озодкуни аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба мӯҳлати на зиёда аз мӯҳлати воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт ворид карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Сӯзишвории воситаҳои нақлиёт, ки дар бакҳои мувофиқи конструксияи воситаи нақлиёт насбшуда мавҷуданд ва ин воситаҳои нақлиётро аз сарҳади гумруки шахсони воқеӣ интиқол медиҳанд, метавонад бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ё мутаносибан аз ҳудуди он хориҷ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 312. Маълумот дар бораи қоидаҳои интиқоли мол аз ҷониби шахсони воқеӣ аз сарҳади гумрукӣ
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақомоти дигари гумрук дастрасии маълумотро дар бораи қоидаҳои интиқоли мол аз ҷониби шахсони воқеӣ, аз ҷумла тавассути пахши варақаҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои нақлиётӣ ва сайёҳӣ бо забони давлатӣ, забони муоширати байни миллатҳо ва забонҳои хориҷӣ, инчунин тавассути таҳияи лавҳаҳои иттилоотӣ дар маҳалҳои барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқол карда мешаванд, таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).