ИНТИҚОЛИ ЗАХИРАҲО | 1994
Моддаи 286. Мазмуни низоми гумрукии интиқоли захираҳо
1. Интиқоли захираҳо низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли барои истифода дар киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо таъингардида, ки барои интиқоли пулакии байналмилалии мусофирон ё интиқоли пулакӣ ва бепулӣ байналмилалии моли саноатӣ ё тиҷоратӣ истифода мешаванд, инчунин моли барои фурӯш ба ҳайати экипаж ва мусофирони чунин киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо таъингардида аз сарҳади гумрукӣ бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бидуни татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқол дода мешаванд.
2. Ҳангоми содироти моли таҳти низоми гумрукии интиқоли захираҳо ҷойгиршуда озодкуни аз пардохт, баргардонидан ё ҷуброни андозҳои дохилӣ анҷом дода намешавад, агар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
1. Таҳти низоми гумрукии интиқоли захираҳо ҷойгир намудани моли зерин иҷозат дода мешавад (минбаъд дар ҳамин боб - захираҳо), ки:
1) барои таъмини мӯътадили истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо дар хати сайр ё дар нуқтаҳои истгоҳҳои фосилавӣ ё истгоҳ (аз ҷумла сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ) заруранд;
2) барои истифодаи мусофирон ва ҳайати экипажи киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ё мусофирон ва кормандони бригадаҳои қатораҳо пешбинӣ шудаанд, сарфи назар аз он, ки ин захираҳо фурӯхта мешаванд ё не;
3) барои фурӯш ба мусофирон ва ҳайати экипажи киштиҳои дарёӣ ва ҳавопаймо бе мақсади истифодаи онҳо дар саҳни ин нақлиёт пешбинӣ шудаанд.
2. Захираҳо таҳти низоми гумрукии интиқоли захира сарфи назар аз давлати бақайдгирӣ ва мансубияти миллии киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо ҷойгир карда мешаванд.
3. Таҳти низоми гумрукии интиқоли захираҳо ҷойгир намудани қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоте, ки барои таъмини истифодаи мӯътадил ва хизматрасонии техникии киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо дар хати сайр ё дар нуқтаҳои истгоҳҳои фосилавӣ ё истгоҳ таъин гардидаанд, иҷозат дода намешавад.
4. Низоми гумрукии интиқоли захира нисбати захираҳо ҳангоми истифодаи киштиҳои дарёӣ бо мақсади тиҷоратӣ, ҳавопаймои авиатсияи гражданӣ, давлатӣ ва озмоишӣ (эксперименталӣ), ба истиснои ҳолатҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахси (боби 37) татбиқ карда мешавад.
5. Декларатсиякунонии гумрукии захираҳо бе ҷойгир намудани молҳо таҳти расмиёти гумрукӣ ба амал бароварда мешавад.
Ҳангоми декларатсиякунонии захираҳо ба сифати декларатсияи гумрукӣ метавонанд декларатсияи мол, ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ), тиҷоратӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои дигари ҳамроҳикунандаи мол истифода шаванд.
Рӯйхати маълумоте, ки ҳангоми декларатсиякунонии захираҳо дар декларатсияи гумрукӣ дарҷ карда мешавад, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
1. Ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани захираҳое, ки барои таъмини истифодабарии мӯътадил дар саҳни киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо қарор доранд, боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта намешаванд, ба шарте агар ин захираҳо ҳангоми таваққуфи ин киштӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо боқӣ монда бошанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳангоми ворид намудани захираҳое, ки дар қатораҳо қарор доранд ва барои таъмини мӯътадили истифода ва хизматрасонии техникии онҳо, инчунин барои истифодаи мусофирон ва кормандони бригадаҳои қатораҳо таъин гардидаанд, боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд, ба шарте агар ин захираҳо ҳангоми таваққуфи қатораҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо боқӣ монанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Ҳангоми ҷойгир намудани моли хориҷие, ки барои фурӯш ба мусофирон ва ҳайати экипажи киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо бе мақсади истифодаи онҳо дар ин ҳавопаймо ва киштиҳо таъин гардидаанд, таҳти низоми гумрукии интиқоли захираҳо озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози воридоти ҳангоми фурӯши ин мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти қисми 3 моддаи 289 ҳамин Кодекс фароҳам оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Ҳангоми аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани захираҳои дар киштиҳои дарёӣ ё ҳавопаймоҳо қарордошта боҷҳои гумрукии содироти ситонида намешаванд, агар ин захираҳо ба миқдори муайян, вобаста ба теъдоди ҳайати мусофирон, экипаж ва давомнокии сафар барои таъмини мӯътадили истифода ва хизматрасонии техникии ин ҳавопаймо ва киштиҳо, бо назардошти захираҳои дар ин нақлиёт мавҷудбуда бароварда шаванд.
5. Ҳангоми аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани захираҳои барои истифодаи мӯътадил ва хизматрасонии техникии қатораҳо зарурӣ, инчунин захираҳои барои истеъмоли мусофирон ва кормандони бригадаҳои қатораҳо таъингардида боҷҳои гумрукии содироти ситонида намешаванд, агар ин захираҳо ба миқдори барои таъмини истифодаи мӯътадил ва хизматрасонии техникии қатораҳо, инчунин барои истеъмоли мусофирон ва кормандони бригадаҳои қатора дар хати сайр, бо назардошти захираи дар қатора мавҷудбуда бароварда шаванд.
6. Захираҳо метавонанд бо иҷозати мақоми гумрук муваққатан фароварда шаванд, мутаносибан ба дигар ҳавопаймо, киштиҳо ва қатораҳо, ки интиқоли байналмилалии мол ва мусофиронро анҷом медиҳанд, бор карда шаванд, агар шартҳои пешбининамудаи ҳамин боб риоя гардад.
1. Захираҳои барои истеъмоли мусофирон ва ҳайати экипажи киштиҳои дарёӣ таъингардида ва захираҳо барои таъмини истифодан мӯътадил ва хизматрасонии техникии киштиҳои зарурӣ метавонанд дар ин киштиҳо ҳангоми таваққуф дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори муайян, вобаста ба теъдоди ҳайати мусофирон, экипаж, давомнокии таваққуф, аз ҷумла вақти таъмири киштиҳои дарёӣ дар маҳали таъмир (док, верф) ё заводҳои таъмир истеъмол ва истифода бурда шаванд, агар экипаж дар ин ҳолатҳо киштиро тарк накунад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳангоми фуруди ба нақша гирифташудаи ҳавопаймо дар як ё якчанд фурудгоҳҳое, ки дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ мебошанд, захираҳои барои таъмини истифодабарии мӯътадил ва хизматрасонии техникии ин ҳавопаймо ва барои истеъмоли ҳайати экипаж ҳангоми дар нуқтаҳои фурудгоҳ ва ҳангоми парвоз байни ин нуқтаҳо қарор доштани ҳавопаймо таъингардида метавонанд дар нуқтаҳои фуруд ва ҳангоми парвоз байни ин нуқтаҳо истифода бурда шаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Захираҳое, ки барои фурӯш ба мусофирон ва ҳайати экипажи ҳавопаймо бидуни мақсади истеъмоли онҳо дар ҳавопаймо таъин гардидаанд, метавонанд ҳангоми дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани ин ҳавопаймо фурӯхта шаванд, ба шарте ки онҳо дар ин ҳавопаймоҳо фурӯхта шаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Захираҳои барои истеъмоли мусофирони қатораҳо ва кормандони бригадаҳои қатора ва захираҳои барои таъмини мӯътадили истифода ва хизматрасонии техникии ин қатораҳо зарурӣ метавонанд дар қатораҳо ҳангоми ҳаракат ё таваққуф дар истгоҳҳои фосилавӣ ё истгоҳҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори муайян, вобаста ба теъдоди мусофирон ва кормандони бригадаҳои қатора, инчунин давомнокии таваққуф ва вақти ҳаракат дар хати сайр истеъмол ва истифода бурда шаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
5. Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд интиқолдиҳандаро вазифадор намоянд, ки барои таъмини риояи истифодаи захираҳои пешбининамудаи ҳамин боб ҳангоми дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ё қатораҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бо қарори мақоми гумрук ба ҷойҳое, ки захираҳо нигоҳ дошта мешаванд, метавонад тамға ва мӯҳри гумрукӣ гузошта шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).