ИНТИҚОЛИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ | 1994

Моддаи 292. Низоми гумрукие, ки нисбати воситаҳои нақлиёт истифода бурда мешавад
Воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ тибқи тартиби пешбининамудаи ҳамин боб, таҳти низомҳои гумрукии воридоти муваққатӣ ва содироти муваққатӣ интиқол дода мешаванд.
Моддаи 293. Воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт
1. Воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт ба сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, бо риояи шартҳои зерин иҷозат дода мешавад:
1) агар воситаи нақлиёт ба номи шахси хориҷӣ ва (ё) дар ҳудуди давлати хориҷӣ ба қайд гирифта шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) агар воситаи нақлиётӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ҷониби шахсони хориҷӣ истифода бурда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки воситаи нақлиёт аз ҷониби шахси ватании ба таври дахлдор аз ҷониби шахси хориҷӣ ваколатдоршуда истифода мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) агар воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамлу нақли дохилӣ истифода бурда нашавад;
4) агар воситаҳои нақлиёт баъди воридот ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора дода нашавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳолатҳои воридоти муваққатии воситаҳои нақлиётро ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо озодкунии пурра аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз муқаррар намояд, агар воситаи нақлиёти муваққатан воридгардида аз ҷониби шахси ватанӣ истифода бурда шавад ё ба номи шахси ватанӣ ба қайд гирифта шуда бошад, инчунин агар дигар шартҳои пешбининамудаи бандҳои 1 - 4 қисми 1 ҳамин модда риоя карда нашуда бошанд, ба шарте, ки дар давоми мӯҳлати воридоти муваққатии воситаи нақлиёт ҳуқуқӣ моликият ба воситаи нақлиёт ба шахси ватанӣ нагузарад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Агар озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда истифода нагардад, инчунин агар шартҳое, ки ҳангоми он озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз риоя карда нашаванд, нисбати воситаҳои нақлиёт тибқи тартиби барои моли муваққатан воридшаванда муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс (моддаи 212) қисман озод кардан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода мегардад.
4. Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ нисбати воситаҳои нақлиёт ҳангоми содиротӣ бозпаси он дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи моддаи 294 ҳамин Кодекс анҷом меёбад. Бо иҷозати мақоми гумрук низоми гумрукии воридоти муваққати нисбати воситаҳои нақлиёти муваққатан воридгардида метавонад инчунин тибқи қоидаҳои барои анҷоми низоми гумрукии воридоти муваққатии мол муайяннамудаи моддаи 214 ҳамин Кодекс анҷом дода шавад.
Моддаи 294. Мӯҳлати воридоти муваққатии воситахои нақлиёт
1. Содироти бозпаси воситаи нақлиёти муваққатан воридгардида бояд бетаъхир, баъди иҷрои амалиёти нақлиётие, ки барои он чунин воситаи нақлиёт ворид гардидааст, анҷом дода шавад.
2. Дар ҳолатҳои истиснои мақоми гумрук бо мақсади татбиқи назорати гумрукӣ метавонад бо назардошти аризаи интиқолдиҳанда, инчунин бо назардошти ҳамаи ҳолатҳои марбут ба амалиёти эҳтимолии нақлиётӣ мӯҳлати воридоти муваққатии воситаҳои нақлиётро муқаррар намояд.
Дар асоси дархости асосноки шахси манфиатдор мақоми гумрук мӯҳлати ибтидоии муқарраргардидаи воридоти муваққатиро тамдид менамояд.
Моддаи 295. Амалиёт бо воситаҳои нақлиёти муваққатан воридгардида
Бо воситаҳои нақлиёти муваққатан воридгардида анҷом додани амалиёти маъмулӣ вобаста ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир, ки ҳангоми ҳаракат ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё истифодаи онҳо дар ин ҳудуд тақозо мегардад, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 296. Содироти муваққатии воситаҳои нақлиёт
1. Содироти муваққатии воситаи нақлиёт ба шарте иҷозат дода мешавад, ки агар ин воситаи нақлиёт дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилоти озод бошад ва ба номи шахси ватанӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбинишудаи қисми 3 ҳамин модда ба қайд гирифта шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳангоми содироти муваққатии воситаҳои нақлиёт боҷҳои гумрукӣ ситонида намешаванд.
3. Содироти муваққатии воситаҳои нақлиёте, ки қаблан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қисман озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муваққатан ворид гардидаанд, иҷозат дода мешавад, агар содироти муваққатиро шахси ватание анҷом диҳад, ки воситаи нақлиёт тибқи ҳуқуқи моликият ба ӯ таалуқ надорад, сарфи назар аз он, ки ин воситаи нақлиёт ба номи шахси ватанӣ ба қайд гирифта шудааст ё на. Ҳамзамон низоми гумрукии воридоти муваққатӣ нисбати ин воситаҳои нақлиёт дар қисми пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз то анҷоми амали ин низом тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи 214 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Содироти муваққатии воситаи нақлиёт, сарфи назар аз он, ки кадом шахс ва бо кадом мақсад онро берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 297. Мӯҳлати содироти муваққатии воситаҳои нақлиёт
Бо мақсади татбиқи назорати гумрукӣ мақоми гумрук метавонад мӯҳлати содироти муваққатии воситаҳои нақлиётро тибқи аризаи интиқолдиҳанда, бо назардошти ҳамаи ҳолатҳои вобаста ба анҷом додани амалиёти эҳтимолии нақлиёти муқаррар намояд.
Мутобиқи дархости асосноки шахси манфиатдор мақоми гумрук мӯҳлати ибтидоии муқарраршудаи содироти муваққатиро тамдид менамояд.
Моддаи 298. Воридоти бозпаси воситаҳои нақлиёти муваққатан содиргардида
1. Ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас ворид намудани воситаи нақлиёти муваққатан содиргардида боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд, агар воситаи нақлиёт берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти амалиёти коркард қарор нагирифта бошад, ба истисноӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) амалиёти таъмир, хизматрасонии техникм ва амалиёти шабеҳе, ки барои таъмини нигаҳдорӣ ва истифодаи он заруранд, инчунин нигаҳдории он дар ҳолате, ки дар рӯзи таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ ҷойгир намудан қарор дошт;
2) амалиёти вобаста ба таъмир, ки мувофиқи талаботи қонун ё шартнома ройгон анҷом дода мешавад;
3) амалиёти таъмир, аз ҷумла таъмири асоси барои барқарорсозии воситаи нақлиёт баъди осеб дидани он аз сабаби садама ё таъсири қувваи рафънопазир, ки берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Агар воситаи нақлиёте, ки нисбати он берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таъмир ва (ё) амалиёти дигар сурат гирифтааст, мувофиқи талаботи қисми 1 ҳамин модда аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод карда нашавад, нисбати ин воситаи нақлиёт тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 207 ҳамин Кодекс оид ба ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми воридоти маҳсули коркардашуда мувофиқи низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бо қисман озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Ҳангоми муайян намудани арзиши амалиёти коркард хароҷоти интиқоли воситаи нақлиёт ба маҳали коркард ва баръакс ба инобат гирифта намешавад, агар чунин интиқол ба ҳамлу нақли байналмилалии мол ё мусофирон алоқаманд бошад.
Моддаи 299. Тағйир додани низоми гумрукии содироти муваққатӣ
1. Нисбати воситаҳои нақлиёти муваққатан содиршуда бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс тағйир додани низоми гумрукии содироти муваққатӣ ба низоми гумрукии содирот ё низоми дигари гумрукӣ иҷозат дода мешавад.
2. Ҳангоми ба шахси хориҷӣ додани ҳуқуқи моликият ба нақлиёти муваққатан содиргардида шахсе, ки воситаи нақлиётро таҳти низоми гумрукии содироти муваққати қарор додааст, вазифадор аст низоми гумрукии содироти муваққатиро ба низоми гумрукии содирот иваз намояд.
3. Тағйир додани низоми гумрукии содироти муваққатӣ бе пешниҳоди воқеии воситаи нақлиёт ба мақоми гумрук иҷозат дода мешавад.
Моддаи 300. Воридоти муваққатӣ ва содироти муваққатии таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ
1. Таҷҳизоти махсуси якҷоя бо воситаи нақлиёт муваққатан воридгардида, ки барои борбардорӣ, борфарорӣ, коркард ва муҳофизати мол пешбинӣ шудааст, сарфи назар аз он, ки алоҳида аз воситаи нақлиёт истифода мегардад ё на, бояд таҳти шартан пурра озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз қарор гирад.
2. Қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти муваққатан воридшаванда, ки барои таъмир, хизматрасонии техникӣ ё истифодаи воситаи нақлиёт таъин гардидаанд шартан пурра аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод карда мешаванд.
3. Қисмҳои эҳтиётии муваққатан содиршуда, ки барои таъмир ва хизматрасонии техникии воситаи нақлиёти муваққатан содиршуда, бо мақсади иваз намудани қисмҳо ва таҷҳизоте, ки ҳангоми содироти муваққатии воситаи нақлиёт дар он насб шуда буданд, ҳангоми содироти муваққатии онҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз шартан пурра озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти истифодашуда ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо озодкунии пурра аз боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, ки нисбати онҳо низоми гумрукии реимпорт истифода мегардад, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 301. Барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт, қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизот
1. Барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт, қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизот бо тартиби соддагардонидашуда дар маҳали расидани онҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳали баромади он аз ин ҳудуд анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт дар маҳалҳои ҷойгиршавии мақомоти гумрук ҳангоми вақти кории онҳо сурат мегирад.
2. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт мақомоти гумрук мутаносибан ба сифати декларатсияи вуруд ва хуруҷ ҳуҷҷатҳои стандартии интиқолдиҳандаро, ки тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт пешбинӣ шудааст, истифода мебаранд, агар онҳо дар бораи воситаи нақлиёт, хати сайр, бор, захираҳо, дар бораи экипаж ва мусофирон, мақсадҳои воридотӣ (содиротӣ) воситаи нақлиёт ва (ё) номгӯи қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизоти бо мақсади таъмир ва истифодаи воситаи нақлиёт интиқолшаванда маълумотро дар бар гиранд.
Агар дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи стандартии интиқолдиҳанда ҳамаи маълумоти дахлдор мавҷуд набошад, маълумоти нокифоя ба мақомоти гумрук мутаносибан тавассути декларатсияи вуруд ва хуруҷ дар намунаи муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ пешниҳод карда мешавад. Дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои стандартии пешниҳодшаванда мутаносибан ҳамчун қисми таркибии декларатсияи вуруд ва хуруҷ баррасӣ карда мешаванд.
Мақоми гумрук ҳуқуқ надорад пешниҳоди маълумоти дигарро талаб намояд.
Декларатсияи вуруд ва хуруҷ аз ҷониби интиқолдиҳанда ҳангоми ворид шудани воситаи нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷ шудан аз ин ҳудуд пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Ҷойгир намудани воситаҳои нақлиёт таҳти низомҳои гумрукии воридоти муваққатӣ ва содироти муваққатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 293, моддаи 296 ва қисми 1 моддаи 298 ҳамин Кодекс бо пешниҳоди декларатсияи вуруд ва хуруҷ анҷом дода мешавад.
Дар ҳолатҳои дигар декларатсияи воситаҳои нақлиёт тибқи қоидаҳои барои декларатсияи мол муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад (боби 14).
Агар қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизот мувофиқи моддаи 300 ҳамин Кодекс аз сарҳади гумруки ҳамзамон бо воситаи нақлиёт гузаронида шаванд, арзи маълумот дар бораи онҳо дар декларатсияи вуруд ва хуруҷ ки барои ин воситаи нақлиёт пешниҳод шудааст, иҷозат дода мешавад.
4. Агар талабот нисбати ҳуҷҷатҳои ба мақоми гумрук ҳангоми вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёт пешниҳодшаванда мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт муайян гардида бошад, барои мақсадҳои гумрукӣ ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи ин санадҳо истифода бурда мешаванд.
5. Агар воситаи нақлиёт ба ин ё он низоми гумрукӣ барои мақсадҳои гумрукӣ ҳамчун мол арз нашуда бошад, аз лаҳзаи барасмиятдарории гумрукии воситаи нақлиёт он мутаносибан таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ё содироти муваққатӣ қарордошта ҳисобида мешавад, ки ин боиси ӯҳдадории шахс ҷиҳати риояи шартҳои низомҳои мазкури гумрукӣ мегардад.
6. Барасмиятдарории гумрукии қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти ивазшуда, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, тибқи қоидаҳои барасмиятдарории гумрукии моле сурат мегирад, ки мувофиқи низоми гумрукии реимпорт ворид гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
7. Қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти истифодашуда, вале бозпас содирнагардида бояд ба муомилоти озод иҷозат дода шаванд ё бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс таҳти низоми дигари гумрукӣ қарор дода шаванд.
Моддаи 302. Интиқоли киштиҳои дарёӣ ва ҳавопаймоёне, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии мол ва мусофирон истифода намешаванд
1. Киштиҳои дарёие, ки муваққатан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои истифодаи зайл содир карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) барои амалиёти ҷустуҷӯӣ, наҷотдиҳӣ ва ядакӣ (буксир);
2) барои корҳои гидротехникӣ, зериобию техникӣ ва корҳои дигари шабеҳ;
3) барои назорати санитарӣ, карантинӣ ва назорати дигар;
4) бо мақсадҳои таълимӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ, инчунин барои дигар мақсадҳо аз ҳудуди гумрукӣ ҳангоми содироти муваққатӣ ва воридоти бозпаси онҳо тибқи қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб интиқол дода мешаванд, ба истиснои воситаҳои нақлиёте, ки шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хоҷагидорӣ ва дигар ҳолатҳои ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд набуда интиқол медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳавопаймои гражданӣ, давлатӣ ва таҷрибавӣ, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии мол ва мусофирон истифода намешавад, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми содироти муваққатӣ ва воридоти бозпаси он тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб интиқол дода мешавад.