ДАСТГИР КАРДАНИ ШАХС | 1994
Моддаи 91. Дастгир кардани шахс
1. Дастгир кардани шахс, яъне ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани ӯ ва ба мӯҳлати кӯтоҳ дар ҷойҳои махсус бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ва Кодекси мазкур нигоҳ доштан аст.
2. Дастгир кардани шахс танҳо татбиқ мегардад:
- нисбат ба гумонбаршуда дар содир намудани ҷинояте, ки барои он ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ пешбинӣ шудааст;
- нисбат ба айбдоршаванда ва судшавандае, ки қоидаҳои чораи пешгирии нисбат ба ӯ татбиқшударо вайрон намудааст;
- нисбат ба маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ӯ пешниҳоди мақомоти ваколатдор дар бораи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо (моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан (моддаи 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), мавқуф гузоштани адои ҷазо (моддаи 78 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷиқистон) мавҷуд аст.
3. Шахс танҳо дар ҳолатҳои зайл дастгир карда мешавад:
- дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят;
- дар асоси қарори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ;
- дар асоси қарори (таъиноти) суд, судя дар бораи дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо, мавқуф гузоштани адои ҷазо ё шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан.
4. Дар китоби бақайдгирии овардани дастгиршуда сана ва вақти овардани дастгиршуда ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва даъват кардани ҳимоятгар нишон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
Моддаи 92. Дастгир кардан дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят
1. Шахсро дар содир намудани ҷиноят ба шарте гумонбаршуда ҳисобидан мумкин аст, ки аз тарафи мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ дар доираи салоҳияти худ ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин дастгир карда шавад, агар:
- дар вақти содир кардани ҷиноят ё бевосита баъди содир кардани он боздошт шуда бошад;
- шоҳидони ҳодиса, аз он ҷумла, шахси аз ҷиноят ҷабрдида бевосита шахси содирнамудаи ҷиноятро нишон диҳанд ё бо тартиби пешбининамудаи моддаи 94 Кодекси мазкур боздошт намоянд;
- дар бадан, либос, ашёи ҳамроҳи шахсбуда, дар чизҳои истифодакарда, манзил, ҷои кор ё воситаи нақлиёти ӯ осори бараълои ҷиноят ошкор карда шуда бошанд, ки аз шарик будани ӯ дар содир намудани ҷиноят дарак медиҳанд;
- агар асосҳои дигари кофии гумонбар шудани шахс дар содир намудани ҷиноят мавҷуд бошанд, ба шарте, ки вай кӯшиши аз ҷои ҳодиса ё аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ пинҳон шуданро карда бошад ё ҷои зисти доимӣ надошта бошад ё дар маҳалли дигар зиндагӣ кунад ё шахсияташ муайян карда нашуда бошад.
2. Шахс мумкин аст бо асосҳои пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда то оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ дастгир карда шавад. Дар айни замон масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ бояд дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгир кардан ҳал карда шавад. Дар сурати рад кардан аз огози парвандаи ҷиноятӣ ё дар мӯҳлати муқарраршуда қабул накардани қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятй дастгиршуда бояд озод карда шавад.
3. Шахсро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат, шахси ноболиғро бошад, зиёда аз 48 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин мӯҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда ё дар ҳаққи ӯ чораи дигари пешгирии дар Кодекси мазкур пешбинишуда татбиқ карда шавад, ба истиснои муқаррароти қисми 5 моддаи 111 Кодекси мазкур. Оғози мӯҳлати дастгиршавии шахс лаҳзаи воқеан дастгир кардани ӯ ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306, аз 23.12.2021 № 1811).
Моддаи 93. Ҳуқуқи шаҳрванд ба дастгир кардани шахси ҷиноятсодиркарда
Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсеро, ки ҷиноят содир кардааст ё баъди содир кардани ҷиноят кӯшиши пинҳон шуданро дорад, дастгир карда, маҷбуран ба мақомоти ҳокимият супорад.
Моддаи 94. Тартиби дастгир намудани гумонбаршуда
(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306)
1. Ҳангоми дастгир намудани шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда корманди ваколатдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё дигар шахси босалоҳият вазифадор аст дар ҷои дастгиркунии воқеӣ ба таври шифоҳӣ ба шахс эълон намояд, ки барои содир намудани кадом ҷиноят ӯ дастгир карда шудааст, ҳуқуқи ӯро ба занги телефонӣ, ё хабар додан ба адвокат ё хешованди наздик, доштани ҳимоятгар ва даст кашидан аз додани нишондод фаҳмонида, огоҳ намояд, ки нишондодҳои ӯ метавонанд ба сифати далел дар парвандаи ҷиноятӣ муқобили ӯ истифода шаванд.
2. Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда шахси мансабдори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш дар давоми се соат протоколи дастгиркунӣ тартиб медиҳанд. Ҳангоми тартиб додани протоколи мазкур ба гумонбаршуда ҳуқуқҳои ӯ, ки бо моддаи 46 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, фаҳмонида шуда, дар ин бора дар протоколи дастгиркунӣ сабт карда мешавад. Дар протоколи дастгиркунӣ маълумотҳои зерин дарҷ карда мешаванд:
- сана, ҷой ва вақти тартиб додани протокол, рақами тартибии он;
- насаб, ном ва номи падар, вазифа ва рутбаи кормандони мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, шахсони мансабдор ва шахсони дигар, ки дар анҷом додани амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд;
- дар сурати иштирок кардани шахсони холис, тарҷумон ва дигар шахсон дар амалиёти дастгиркунӣ насаб, ном, номи падар, суроға ва дигар маълумотҳое, ки шахсияти онҳоро муайян мекунанд;
- асос ва ваҷҳҳои дастгир намудан, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ, ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани шахс (бо зикри сана, соату дақиқа);
- маълумот дар бораи фаҳмонидани ҳуқуқҳои гумонбаршуда, холисон ва шахсони дигар, ки дар амалиёт иштирок мекунанд;
- натиҷаҳои кофтукови шахсии дастгиршуда;
- сана ва вақти дастгиркунии шахс ва аз ҷои нигоҳдории ӯ хабардор кардани аъзои болиғи оила ё хешованди наздики шахси дастгиршуда, тарзи хабардоркунӣ (аз ҷониби кӣ ва ба кадом восита хабар расонида шудааст, агар хабари телефонӣ бошад, рақами телефон нишон дода мешавад, насаб, ном ва номи падари шахсе, ки аз дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳдории дастгиршуда хабардор карда шудааст.
3. Протоколи дастгиркунӣ ба дастгиршуда эълон карда шуда, аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода, дастгиршуда, ҳимоятгари ӯ (агар ӯ иштирок дошта бошад) ва дигар шахсон, ки дар амалиёти мазкур иштирок кардаанд, имзо карда мешавад.
4. Ҳангоми ҷойгир кардани гумонбаршуда дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ барои муайян намудани вазъи умумии саломатӣ ва ё мавҷуд будани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ аз ҷониби корманди тиб муоинаи тиббии ӯ гузаронида мешавад. Гумонбаршуда ё ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки муоинаи тиббиро табиби мустақил ё коршиноси судӣ-тиббӣ гузаронад. Хулосаи муоинаи тиббӣ ба протоколи дастгиркунӣ ҳамроҳ карда мешавад.
5. Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда, фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ, тартаб додани протоколи дастгиркунӣ ва гузаронидани муоинаи тиббӣ шахси дастгиршуда бетаъхир дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешавад.
6. Дар бораи дастгир намудани гумонбаршуда мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда ё муфаттиш ӯҳдадоранд дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеии шахс ба прокурори дахлдор ба таври хаттӣ хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306).
Моддаи 95. Дастгир кардани айбдоршаванда барои эълон кардани айб
1. Агар айбдоршаванда дар дигар маҳал бошад ё ҷои будубоши ӯ маълум набошад, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад дар бораи дастгир кардани ин шахс қарор барорад. Қарор бояд аз тарафи мақомоти таҳқиқ иҷро карда шавад.
2. Аз иҷро шудани қарори дастгиркунӣ мақомоти таъқиби ҷинояте, ки қарор баровардааст, фавран хабардор карда мешавад.
3. Дастгиркунӣ бо асосҳои пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда аз 72 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ зиёд идома ёфта наметавонад.
4. Ба дастгиршуда мумкин аст дар мӯҳлати мазкур айб эълон карда шавад, ба шарте, ки то ба охир расидани 72 соат аз лаҳзаи дастгиркунӣ вай аз ҳабс бо татбиқи чораи пешгирӣ, ки бо дар ҳабс нигоҳ доштан вобаста нест ё бе татбиқи чораи пешгирӣ дар ҳаққи ӯ озод карда шавад.
Моддаи 96. Дастгир кардани айбдоршаванда то ба ҳабс гирифтани ӯ дар асоси қарори мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ
1. Агар айбдоршаванда қоидаҳои чораи пешгирии дар ҳаққи ӯ татбиқшударо, ки ба нигоҳ доштан дар ҳабс вобаста нест ё ӯҳдадории хаттиашро дар бобати ҳозир шудан бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ё хабар додан, дар бораи ивази ҷои истиқомат риоя накунад, мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад дар бораи дастгир кардани ин шахс дар як вақт бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур ҳал намудани масъалаи татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан қарор (таъинот) барорад.
2. Дастгир кардани айбдоршаванда бо тартиби пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда аз 72 соат аз лаҳзаи дастгир кардани воқеӣ зиёд буда наметавонад.
Моддаи 97. Дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо ё шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё мавқуф гузоштани адои ҷазо
1. Суд, судя дар бораи дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо ё шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё мавқуф гузоштани адои ҷазо қарор (таъинот) мебарорад, ба шарте, ки аз мақомоти ваколатдор пешниҳод бо маводе ворид шуда бошад, ки дар онҳо асосҳои аз ҷониби маҳкумшуда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои барои ӯ аз ҷониби суд муқарраршуда ё дигар шартҳои дар моддаҳои 71, 76 ва 78 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда шаҳодат диҳанд.
2. Суд, судя дар давоми ҳафт шабонарӯз аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ пешниҳоди мақомоти ваколатдорро баррасӣ мекунад.
3. Суд, судя қарор (таъинот)-ро дар бораи дастгиркунии маҳкумшуда барои иҷро ба мақомоти таҳқиқ равон мекунад. Доир ба иҷрои қарор (таъинот) дар бораи дастгиркунӣ мақомоти онро иҷрокарда фавран судро хабардор мекунад.
Моддаи 98. Тартиби дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда
Тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 99. Озод кардани дастгиршуда
1. Дастгиршуда дар асоси қарори (таъиноти) мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ дар ҳолатҳои зайл бояд озод карда шавад, агар:
- гумони аз тарафи шахс содир шудани ҷиноят тасдиқ нагардида бошад;
- асосҳои минбаъд дар ҳабс нигоҳ доштан аз байн рафта бошанд;
- муқаррар карда шуда бошад, ки дастгиркунӣ бо риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ шудааст;
- мӯҳлати дастгиркунӣ гузашта бошад.
2. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи сархати чоруми қисми 1 ҳамин модда сардори муассисаи нигоҳдории муваққатӣ дастгиршударо пас аз огоҳ намудани мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ, ки айбдорро дастгир кардааст, озод менамояд.
3. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ, ки дар бораи озод кардани дастгиршуда қарор қабул кардааст, ба ӯ маълумотномае медиҳад, ки дар он аз тарафи кӣ дастгир шудан, асос, ҷой ва вақти дастгиркунӣ, асос, сабаб ва вақти озодшавӣ нишон дода мешавад.
Моддаи 100. Хабар додан дар бораи дастгиркунӣ
1. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки шахсро дастгир кардааст, вазифадор аст бетаъхир аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳ доштани дастгиршуда ё ивазкунии ҷои нигоҳдории дастгиршуда ягон аъзои болиғи оила ё хешовандони наздикро хабардор кунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро диҳад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306).
2. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки шаҳрванди давлати хориҷиро дастгир кардааст, дар мӯҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда дар бораи дастгиркунӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои огоҳ намудани сафоратхона ё консулгарии ин давлат хабар медиҳад.