ДАСТ КАШИДАН БА МАНФИАТИ ДАВЛАТ | 1994
Моддаи 248. Мазмуни низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат
Даст кашидан ба манфиати давлат низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он мол ройгон, бидуни ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бидуни истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлат гузаронида мешавад.
1. Даст кашидан аз мол ба манфиати давлат набояд боиси хароҷоти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад, ки ҷуброни он аз ҳисоби маблағи аз фурӯши мол бадастомада имконнопазир аст.
2. Таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат моле, ки муомилоти он мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, қарор дода намешавад.
Моле, ки муомилоташон мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, дар асоси қарори суд, бо истифодаи мусодира тибқи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба моликияти давлат гузаронида мешаванд.
3. Номгӯи мушаххаси молеро, ки наметавонад таҳти низоми гумрукии даст кашидан аз мол ба манфиати давлат қарор дода шавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
1. Молҳое, ки таҳти низоми гумрукии даст кашидан аз мол ба манфиати давлат қарор гирифтаанд, тибқи ҳамин Кодекс ба моликияти давлат гузаронида мешаванд.
2. Аз лаҳзаи ба мақомоти гумрук додани моле, ки шахс аз он ба манфиати давлат даст кашидааст, ин мол бо мақсади гумрукӣ дорои статуси иҷозат барои муомилоти озод дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Масъулият барои ҳуқуқи ихтиёрдории мол бо роҳи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат ба зиммаи декларант гузошта мешавад. Мақомоти гумрук ҳеҷ гуна даъвои амволии шахсони нисбати мол ваколатдорро, ки аз он декларант ба манфиати давлат даст кашидааст, ҷуброн намекунанд.