ГУНОҲ | 1994

Моддаи 27. Шаклҳои гуноҳ

1) Танҳо шахсе дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор эътироф мешавад, ки ӯ ин кирдорро қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда бошад.

2) Кирдори танҳо аз беэҳтиётӣ содиршуда дар ҳолате ҷиноят эътироф мешавад, ки агар он дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 28. Ҷинояти қасдан содиршуда

1) Ҷинояти қасдан содиршуда кирдоре эътироф мешавад, ки бо қасди бевосита ё бавосита содир шудааст.

2) Ҷиноят бо қасди бевосита содиршуда эътироф мешавад, агар шахс ба ҷамъият хавфнок будани ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк карда, имконияте ё ногузирии фаро расидани оқибати барои ҷамъият хавфноки онро пешбинӣ намуда, хоҳони фаро расидани он бошад.

3) Ҷиноят бо қасди бавосита содиршуда эътироф мешавад, агар шахс ба ҷамъият хавфнок будани ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк карда, имконияти фаро расидани оқибати барои ҷамъият хавфнокии онро пешбинӣ намуда, фаро расидани оқибатро нахоста, вале дидаву дониста ба ин оқибатҳо роҳ дода бошад, ё ба онҳо беэътиноёна муносибат карда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 29. Ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда

1) Ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда кирдори барои ҷамъият хавфноке эътироф мешавад, ки аз худбоварӣ ё бепарвоӣ содир шудааст.

2) Ҷиноят ҳангоме аз худбоварӣ содиршуда эътироф мешавад, ки агар шахс имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфноки ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбинӣ карда, вале бе асосҳои ба он кофӣ, худбоварона ҳисоб карда бошад, ки он оқибатҳоро бартараф мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Ҷиноят ҳангоме аз бепарвоӣ содиршуда эътироф мешавад, ки агар шахс имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнокии ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбинӣ накарда бошад, ҳол он, ки дар сурати бодиққатӣ ва дурандешии зарурӣ мебоист ва метавонист он оқибатҳоро пешбинӣ кунад.

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои ҷинояте, ки бо ду шакли гуноҳ содир шудааст

Агар шахс дар натиҷаи қасдан содир намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ дигар оқибатҳои ба ҷамъият хавфнокро расонад, ки мувофиқи ҳамин Кодекс боиси таъини ҷазои сахттар мегардад, чунин ҷиноят қасдан содиршуда эътироф мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 31. Бегуноҳ расонидани зарар (тасодуф)

1) Кирдор бегуноҳ содиршуда эътироф мешавад, агар шахси содирнамудаи он хавфнокии ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк накарда бошад, ва вобаста ба ҳолатҳои кор намебоист ё наметавонист онро дарк кунад ё имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнокро пешбинӣ накарда бошад ва вобаста ба ҳолатҳои кор намебоист ва наметавонист онро пешбинӣ кунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Кирдор инчунин бегуноҳ содиршуда эътироф мешавад, агар шахси содирнамудаи он, гарчанд имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфноки ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбинӣ карда бошад ҳам, аммо ин оқибатҳоро бо сабаби номувофиқии сифатҳои психофизиологии худ ба талаботи шароити фавқулодда ё аз ҳад зиёд мондашавии асабу рӯҳ пешгирӣ карда натавониста бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).