Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ | 1994
Моддаи 6. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян месозад;
- Нақшаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
- Нақшаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қаламрави ҷумҳурӣ ё дар маҳалҳои алоҳидаи он ба таври пурра ё қисман ҷорӣ менамояд;
- сохтор, ҳайати қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, воҳидҳои штатӣ ва маҳалҳои ҷойгиршавии онҳо, Низомномаи қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
- ба ҳайати олии афсарӣ рутбаҳои ҳарбӣ медиҳад ё рутбаҳои онҳоро паст менамояд, маҳрум месозад ё барқарор менамояд;
- дигар ваколатҳоро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амалӣ мегардонад.
Моддаи 7. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ таъмин менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ қабул менамояд;
- ба ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ менамояд;
- тартиби банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мудофиаи гражданиро муайян намуда, иҷрои онро назорат менамояд;
- ба Нақшаи рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мудофиаи гражданиро дохил намуда, ҷудо намудани маблағҳои заруриро барои татбиқи онҳо таъмин месозад;
- тартиб ва меъёрҳои ба гурӯҳҳои мудофиаи гражданӣ мансуб донистани шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, инчунин иншоотҳои махсусан муҳимро, ки дар иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим мебозанд ё ба бехатарии аҳолӣ таъсир мерасонанд, муайян месозад;
- Нақшаи муайян намудани маҳалҳои ҷойгиркунӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ, инчунин арзишҳои моддии мамлакатро дар ҳолатҳои ба миён омадани хавф ва оғоз ёфтани амалиётҳои ҷангӣ тасдиқ менамояд;
- чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти иқтисодиёти мамлакат дар замони ҷанг амалӣ мегардонад;
- номгӯи техникаи махсус ва молу мулкеро, ки мақомоти идора, қисмҳо ва ҷузъу томҳои мудофиаи гражданӣ бо онҳо муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
- номгӯй, сохтор, ҳайат, пуррагардонӣ ва муҷаҳҳазгардонии мақомоти идора ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ва заминаи таъсисёбии онҳоро муайян ва тасдиқ менамояд;
- ба вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифаҳоро оид ба тайёр намудан ва ба мақомот ва қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ додани техника, воситаҳои алоқа ва дигар воситаҳои моддию техникӣ ҳангоми эълони сафарбарсозӣ ва иҷро намудани дигар вазифаҳои сафарбарсозӣ муқаррар менамояд;
- тартиби ташкили фонди иншоотҳои муҳофизатӣ ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ, инчунин тартиби захиранамоӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии захираҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро бо мақсадҳои мудофиаи гражданӣ муайян месозад;
- тартиб ва мӯҳлатҳои гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ ва махсуси ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданиро муайян месозад;
- шартномаҳои байниҳукуматиро ҷиҳати ҳамкориҳо дар риштаи мудофиаи гражданӣ ба имзо расонда, барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ чораҳо меандешад;
- дигар ваколатҳоро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Моддаи 8. Ваколатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ амалӣ месозад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ:
- роҳбарии ҳамарӯзаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ сохта, барои ба роҳ мондан, тараққию ташаккул, тайёрӣ ва омодагии доимии он ҷавобгӯ мебошад;
-лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба таъсис, сохтор ва ҳайати мақомоти идора, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, огоҳонидан ва алоқа, ҳифзи аҳолӣ ва иқтисодиёт ҳангоми рӯй додани амалиётҳои ҷангӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таҳия ва ба баррасию тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-дар доираи салоҳиятҳои худ қарорҳоро оид ба ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ки иҷрои онҳо ба роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, тамоми шахсони мансабдор ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист, қабул менамояд;
-Нақшаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд;
-самтҳои асосии фаъолияти мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян месозад;
-сари вақт огоҳонидани ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва аҳолии мамлакатро аз хавфи рӯй додани амалиётҳои ҷангӣ ва хатарҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба амал меоянд, таъмин менамояд;
-тайёрӣ ва омодагии сафарбарсозии мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ ва таъмин месозад;
-идораи қувваҳои мудофиаи гражданиро дар ҷараёни анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои амалиётҳои ҷангӣ амалӣ месозад;
-роҳбарии қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;
-бонгҳои огоҳкунии мудофиаи гражданиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ҷорӣ намуда, амалҳои аҳолиро дар асоси онҳо ташкил ва идора менамояд;
-созмон, муҷаҳҳаз гардондан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданиро таъмин менамояд;
-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардорони мудофиаи гражданӣ, инчунин омӯзиши аҳолии мамлакатро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамояд;
-гурӯҳҳои қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро созмон дода, идоракунии онҳоро дар рафти бурдани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир ташкил менамояд;
-таҳияи воситаҳои таълимию методӣ, барномаҳои тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ-сардорон ва ҳайати шахсии мақомоти идора, қӯшунҳо ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ва омӯзиши аҳолиро оид ба мудофиаи гражданӣ ҳамоҳанг месозад ва тасдиқ менамояд;
-бо тартиби муқарраргардида дархостҳоро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтироъ, истеҳсол ва таъмини аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, молу мулки махсус, инчунин таъмири техника ва дигар амволи мудофиаи гражданӣ пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
-ташкил ва назорати таъмини ҳаёт ва фаъолияти аҳолии дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ зарардидаро амалӣ месозад;
-пешниҳодотро оид ба ташкили фондҳои эҳтиётии сафарбарсозии молу мулкимахсуси мудофиаи гражданӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд, назорати доимиро ҷиҳати пуррагардонӣ, ҷойгиркунӣ, шароити нигоҳдорӣ ва сари вақт ивазкунии онҳо вобаста ба мӯҳлатҳои нигоҳдориашон ба роҳ мемонад; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
-гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-техникӣ ва таҷрибавию ихтироотиро оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави мамлакат аз воситаҳои ҳозиразамони зарбазананда ва хатарҳое, ки ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд, ташкил менамояд;
-назорати иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таъмин менамояд;
-ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ анҷом медиҳад;
-дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян намудааст, анҷом медиҳад.
Моддаи 9. Ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-мақомоти идораи мудофиаи гражданиро аз хавфи сар задани амалиётҳои ҷангӣ ва хатарҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд, инчунин аз эълони сафарбарсозӣ огоҳ месозад;
-ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумотро оид ба иншоотҳои зарбаҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳавоии душман, инчунин иншоотҳо ва маҳалҳои эҳтимолии амалиётҳои диверсионӣ-ҷосусии душман пешниҳод менамояд;
-оид ба ҳайат, шумора ва таҷҳизоти қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир дар замони ҷанг ҷудо карда шудаанд, мақомоти идораи мудофиаи гражданиро огоҳ месозад;
-мақомоти идораи мудофиаи гражданиро аз ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҷойгир намудани аҳолии эвакуатсияшуда ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ истифодаашон имконнопазир аст, огоҳ месозад;
-ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумотро оид ба нуқтаҳои ҷамъшавии даъватшавандагон ва эҳтиёҷоти нуқтаҳои мазкур ба иншоотҳои муҳофизатӣ ва воситаҳои ҳифзи инфиродӣ пешниҳод менамояд;
-ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумотро оид ба ҳайати даъватшавандагони эҳтиётӣ ва манбаъҳои техникии иншоотҳои иқтисодӣ, ки дар замони ҷанг барои эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ истифода бурда мешаванд, пешниҳод менамояд;
-нақшаҳои ҳамкориҳоро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таҳия менамояд.
Дигар ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 10. Ваколатҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ
Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-роҳбарии мудофиаи граждании соҳаро анҷом медиҳанд;
-санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ қабул намуда, талаботи онҳоро ба маълумоти сохторҳои таркибии худ расонида, иҷрои онҳоро назорат мекунанд;
-чорабиниҳои мудофиаи гражданиро ба нақша гирифта, онҳоро дар сохторҳои таркибии худ доир менамоянд;
-мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро таъсис дода, дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ медоранд, инчунин пуррагардонӣ ва бо молу мулки зарурӣ таъмин намудани онҳоро амалӣ месозанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзиши коргарону хизматчиёни соҳа ва ташкилотҳои тобеъро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;
-чорабиниҳои ташкилӣ ва муҳандисию техникии мудофиаи гражданиро, ки баҳри нигоҳ доштани ташкилотҳо ва устувории фаъолияти онҳо дар давраи ҷанг равона карда шудаанд, таҳия ва амалӣ месозанд;
-чорабиниҳоро оид ба ҷойгиркунонӣ ва эвакуатсияи ташкилотҳои тобеъ ва коргарону хизматчиёни онҳо ба маҳалҳои бехатар, ки мувофиқи нақшаи мудофиаи гражданӣ муқаррар карда шудааст, ба нақша гирифта, дар таъмини омодагии саривақтии ин маҳалҳо барои қабули эвакуатсияшавандагон иштирок менамоянд;
-оид ба ҷалби қувваҳои мудофиаи граждании тобеъ барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир дар дигар ташкилотҳо қарор қабул менамоянд;
-бо тартиби муқарраршуда таъминоти молиявӣ ва моддӣ-техникии чорабиниҳои мудофиаи гражданиро, ки дар ташкилотҳои тобеъ ва умуман дар соҳа гузаронида мешаванд, таъмин менамоянд;
-ҳангоми ба лоиҳагирии сохтмон ва баистифодадиҳии ташкилотҳои тобеъ риоя гардидани меъёрҳои муқарраршудаи муҳандисию техникии мудофиаи гражданиро таъмин менамоянд;
-вобаста ба эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ захираҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро ташкил ва нигоҳ медоранд;
-дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян намудааст, анҷом медиҳанд.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
-роҳбарии мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ анҷом медиҳанд;
-таъсис додани мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ анҷом медиҳанд;
-дар доираи салоҳияти худ вобаста ба масъалаҳои ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар қаламрави худ қарорҳо қабул менамоянд;
-гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданиро ташкил намуда, нақшаҳои мудофиаи гражданиро таҳия ва амалӣ месозанд;
-баҳри дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомоти идора, системаи огоҳкунӣ ва алоқа, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ чораҳо меандешанд;
-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардорон, ҳайати шахсии нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданиро амалӣ месозанд;
-омӯзиши аҳолиро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;
-сари вақт огоҳонидани аҳолиро оид ба сар задани амалиётҳои ҷангӣ ва хатарҳое, ки дар натиҷаи бурдани амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд, таъмин менамоянд;
-маҳалҳои бехатар ва муассисаҳои табобатиро барои ҷойгир намудани аҳолии эвакуатсияшаванда тайёр менамоянд;
-чорабиниҳоро ҷиҳати эвакуатсия намудани аҳолӣ ва арзишҳои моддӣ ва фарҳангӣ ба маҳалҳои бехатар ҷойгир намудани онҳо, кушодани муассисаҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳое, ки барои таъминоти аввалиндараҷаи аҳолии зарардида заруранд, анҷом медиҳанд;
-ҷалб ва истифода бурдани қувва ва воситаҳои дар ихтиёрашон бударо барои амалӣ намудани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ таъмин менамоянд;
-фонди зарурии иншоотҳои муҳофизатии (паноҳгоҳҳои) мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ ташкил медиҳанд;
-барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи захираҳои сафарбарсозии молу мулки махсуси мудофиаи гражданӣ шароит муҳайё намуда, инчунин захираи амволи ҳамарӯза истифодашавандаи мудофиаи гражданиро ташкил ва нигоҳдории онҳоро таъмин менамоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
-чорабиниҳои баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳоро дар замони ҷанг амалӣ месозанд;
-вобаста ба эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ захираҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро ташкил ва нигоҳ медоранд;
-назорати ҳолати мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ анҷом медиҳад;
-дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд