ВАҚТИ КОРӢ | 1994
Моддаи 66. Вақти корӣ
1. Давомнокии вақти корӣ метавонад муътадил, кӯтоҳкардашуда ва нопурра бошад.
2. Ба вақти корӣ инчунин корҳои тайёрӣ - хотимавӣ (гирифтани супорипш вазифавӣ (мансабӣ), мавод, асбобу анҷом, шиносоӣ бо техника, ҳуҷҷатҳо, омодагӣ ва рӯбучин кардани ҷойи корӣ, супоридани маҳсулоти тайёр ва дигар ҳолатҳо), танаффусҳо, тибқи технологияи ташкили меҳнат пешбинигардида, қоидаҳои меъёрбандӣ ва ҳифзи меҳнат, вақти ҳозир будан ё интизори кор шудан, дар ҷойи кор вақти холигии худро озодона истифода накардани корманд, навбатдорӣ дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ ва истироҳат ва дигар давраҳое, ки шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дохил мешаванд.
1. Давомнокии муътадили вақти корӣ дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад.
2. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст вақти кории давомнокиаш кӯтоҳтар бо пардохти музди меҳнати вақти кории муътадил пешбинӣ гардад.
1. Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти уҳдадории меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартҳои шартномаи меҳнатӣ давомнокии кӯтоҳкардашудаи вақти корӣ бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.
2. Давомнокии вақти кории кӯтоҳкардашуда ба шахсони зерин муқаррар карда мешавад:
- кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд;
- занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд;
- кормандони маъюб;
- кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ зарарнок машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд.
Моддаи 69. Давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ барои кормандоне, ки бо корҳои дорои шароити зарарноки меҳнат машғуланд
1. Давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта барои кормандоне муқаррар карда мешавад, ки дар раванди меҳнат ба таъсири барои саломатӣ зарарноки омилҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигар омилҳои истеҳсолӣ дучор мешаванд.
2. Рӯйхати истеҳсолот, сехҳо, касбҳо ва вазифаҳоеро, ки кор дар онҳо барои давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ ҳуқуқ медиҳад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
1. Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон (духтурон, омӯзгорон ва дигарон), ки кори онҳо бо шиддати баланди эҳсосотӣ, зеҳнӣ, асабӣ алоқаманд аст (хусусияти махсус дорад), давомнокии вақти корӣ дар як ҳафта на зиёда аз 35 соат муқаррар карда мешавад.
2. Номгӯйи чунин кормандон ва давомнокии мушаххаси вақти кории онҳоро Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
1. Бо созиши байни корманд ва корфармо ҳангоми қабул ба кор ва дар давоми кор рӯзи нопурра ва ё ҳафтаи нопурраи корӣ бо пардохти музди меҳнат вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ё мутаносибан ба вақти корӣ муқаррар карда мешавад.
2. Корфармо уҳдадор аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти нопурраи кориро муқаррар намояд.
3. Ҳангоми ҷорӣ намудани низоми вақти нопурраи корӣ давомнокии вақти корӣ наметавонад аз нисфи меъёри моҳонаи вақти корӣ камтар ва музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар бошанд.
4. Кор дар шароити вақти нопурраи корӣ барои корманд боиси ягон маҳдудияти давомнокии рухсатии ҳарсола, ҳисоби собиқаи корӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатӣ намегардад.
Намудҳои ҳафтаи корӣ (ҳафтаи кории панҷрӯза бо ду рӯзи истироҳат ё ҳафтаи кории шашрӯза бо як рӯзи истироҳат, ҳафтаи кории бо рӯзҳои истироҳати тағйирёбанда) ва низоми вақти корӣ (давомнокии вақти кории ҳамарӯза (баст), вақти оғоз ва анҷоми кор, вақти танаффус, шумораи баст дар як шабонарӯз, иваз намудани рӯзҳои корӣ ва ғайрикорӣ, тартиби гузаронидани кормандон аз як баст ба басти дигар) дар ташкилот тибқи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) ва ҳангоми мавҷуд набудани онҳо, тибқи созиши байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешаванд.
1. Ҳангоми кори баставӣ давомнокии кори ҳаррӯза (баст) тибқи ҷадвали баставӣ, ки аз ҷониби корфармо пас аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон тасдиқ карда мешавад ва дар муддати то як моҳи пеш аз ҷорӣ гардидани он ба маълумоти кормандон расонида мешавад.
2. Кормандон якдигарро дар баст баробар иваз мекунанд. Аз як баст ба дигар баст гузаштан мутобиқи ҷадвали кори баставӣ сурат мегирад.
3. Пайи ҳам ба кор ҷалб намудани корманд дар давоми ду баст манъ аст.
1. Дар сурати ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ давомнокии кори ҳаррӯза (баст)-ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали баст, ки онро корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи кории муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамояд.
2. Давомнокии вақти кории ҳаррӯза (баст) зиёд буда наметавонад:
- барои кормандони аз 15 то 16 сола - 5 соат ва аз 16 то 18 сола - 7 соат;
- барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд - аз 14 то 16 сола - 2,5 соат ва аз 16 то 18 сола - 3,5 соат;
- барои шароити муътадили кор - 8 соат;
- барои маъюбон - 6 соат;
- ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд - нисфи давомнокии муътадили вақти корие, ки дар моддаҳои 66 - 73 ва моддаи мазкури Кодекси мазкур муайян шудаанд.
3. Ҳангоми ҳафтаи шашрӯзаи корӣ, агар меъёри якҳафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори ҳаррӯза аз 7 соат, агар меъёри якҳафтаина 35 соат бошад, аз 6 соат, агар меъёри ҳафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.
1. Дар корҳои дорои хусусияти махсуси меҳнат ҳангоми зарурат рӯзи корӣ бо розигии корманд метавонад ба қисмҳо тақсим карда шавад, агар давомнокии умумии вақти корӣ аз давомнокии муқарраргардидаи вақти кории ҳаррӯза зиёд набошад.
2. Намуди корҳое, ки дар онҳо рӯзи корӣ ба қисмҳо тақсим карда мешавад, миқдор ва давомнокии танаффус дар кор, инчунин намудҳо ва ҳаҷми ҷубронро ба кормандон барои кор дар чунин шароит созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон муайян менамояд.
3. Барои кормандони эҷодии ташкилотҳои касбии санъат ва соҳаи фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, варзишгарон, мураббиён мумкин аст давомнокии дигари вақти корӣ тибқи Кодекси мазкур, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо муқаррар карда шаванд.
1. Давомнокии вақти кории ҳаррӯза (баст) дар арафаи рӯзҳои иди ғайрикорӣ (моддаи 89 Кодекси мазкур) барои ҳамаи кормандон на камтар аз як соат кӯтоҳ карда мешавад.
2. Давомнокии вақти кории ҳаррӯза (баст) пеш аз рӯзи иди ғайрикорӣ дар ҳолатҳое, ки пеш аз рӯзи ид рӯзи истироҳат бошад, инчунин агар барои кормандон давомнокии кӯтоҳи ҳафтаи корӣ муқаррар шуда бошад, кам карда намешавад.
3. Дар истеҳсолоти муттасил амалкунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки тибқи шароити истеҳсолот (кор) кӯтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррӯза дар рӯзҳои пеш аз иди ғайрикорӣ имконнопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёда аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон муайян намудааст, ҷуброн карда мешавад ё бо розигии корманд ҳамчун кори зиёда аз вақти муқаррарӣ пардохт карда мешавад.
1. Аз соати 22 то соати 6 саҳар вақти шабона ҳисоб мешавад, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.
2. Давомнокии вақти кории шабона бо мутаносибан кӯтоҳ кардани давомнокии ҳафтаи корӣ як соат кӯтоҳ карда мешавад, агар на камтар аз нисфи давомнокии кори ҳаррӯзаи (баст) барои корманд муқарраргардида ба вақти шабона рост ояд.
3. Дар истеҳсолоти муттасил амалкунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки мувофиқи шароити истеҳсолот кӯтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррӯза (баст) дар вақти шабона имконнопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёда аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон муайян намудааст, ҷуброн карда мешавад.
4. Ба кори шабона ҷалб намудани кормандони маъюб, занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон тибқи риояи маҳдудиятҳое, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад.
1. Дар ташкилотҳое, ки мувофиқи шароити истеҳсолот (кор) давомнокии муқарраргардидаи ҳарҳафтаинаи вақти кориро риоя кардан мумкин нест, баҳисобгирии якҷояи вақти корӣ метавонад ҷорӣ карда шавад, агар давомнокии вақти корӣ дар доираи баҳисобгирӣ аз шумораи муътадили соатҳои корӣ зиёд набошад. Дар ин маврид давраи баҳисобгирӣ набояд аз як сол ва давомнокии вақти кории ҳаррӯза (смена) аз 12 соат зиёд бошад.
2. Тартиби татбиқи баҳисобгирии якҷояи вақти кориро шартномаи коллективӣ ва агар он баста нашуда бошад, корфармо баъд аз маслиҳат бо намояндагони кормандон муқаррар менамояд.
1. Изофакорӣ дар ҳолатҳои истисноӣ, ки моддаи 80 Кодекси мазкур муқаррар намудааст, бо розигии корманд дар асос ва бо тартибе, ки корфармо бо мувофиқаи намояндагони кормандон муқаррар намудааст, истифода бурда мешавад.
2. Корфармо уҳдадор аст ҳангоми изофакорӣ бехатарии меҳнат ва шароити муътадили истеҳсолӣ ва иҷтимоию маиширо таъмин намояд.
3. Ҷалби кормандон ба изофакорӣ бо риояи маҳдудиятҳое, ки Кодекси мазкур нисбати кормандони маъюб, занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон муқаррар намудааст, сурат мегирад.
4. Ҳангоми 12 соат будани давомнокии баст, инчунин дар корҳое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошанд, изофакорӣ манъ аст.
5. Изофакорӣ набояд дар давоми ду рӯз пай дар пай беш аз ин бошад:
- ду соат дар корҳое, ки шароити меҳнат вазнин ва ё зарарнок бошад;
- чор соат дар дигар корҳо.
6. Барои ҳар як корманд изофакорӣ дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.
Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ инҳоянд:
- иҷрои корҳое, ки барои мудофиаи кишвар, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва хатари умум зарур мебошанд;
- иҷрои корҳо барои рафъи ҳолатҳои тасодуфӣ ва ғайричашмдошт, ки фаъолияти муътадили истеҳсолотро халалдор месозанд;
- зарурати ба охир расонидани корҳои шурӯъгардида, ки ба иҷро расонидани онҳо бинобар сабабҳои техникӣ, ғайричашмдошт, тасодуфан ба таъхир афтодани истеҳсолот дар давоми вақти муқаррарии корӣ ғайриимкон аст (агар қатъи кори шурӯъгардида боиси харобии маводу таҷҳизот гардад);
- иҷрои корҳои муваққатӣ оид ба таъмир ва барқарорсозии таҷҳизоту иншооте, ки вайрон будани онҳо боиси қатъ шудани кори аксарияти кормандон мегардад;
- давом додани кор дар истеҳсолоти муттасил амалкунанда дар сурати ба кор ҳозир нашудани корманди ивазкунанда, дар ин ҳолат корфармо уҳдадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз намудани корманди навбатдор чораҳои фаврӣ андешад;
- иҷрои корҳои боркунӣ ва борфарорӣ ва корҳои ба он вобаста дар нақлиёт дар сурати зарурати холӣ кардани анборҳои ташкилоти нақлиёт, инчунин барои бор кардан ва фаровардани борҳои воситаи нақлиёт ба мақсади пешгирии ҷамъшавии бор дар нуқтаҳои интиқолу қабули бор ва бекористии воситаҳои нақлиёт.
1. Корфамо уҳдадор аст вақти кориро, ки ҳар як корманд иҷро намудааст, аз ҷумла соатҳои изофакориро сари вақт дақиқ ҳисоб кунад.
2. Ҳисобкунии вақти корӣ вақти кории иҷрошуда ва иҷронашудаи кормандро дар бар мегирад.
3. Ба таркиби вақти кори иҷрошуда ҳисобкунии дигар давраи вақте, ки ба вақти корӣ тааллуқ дорад, дохил мешавад. Ҳисобкунии соатҳои изофакорӣ, кор дар бастҳои шабона, рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид, рӯзҳои сафари хизматӣ алоҳида бурда мешавад.
4. Ба таркиби вақти кори иҷронашуда ҳисобкунии вақти кори пардохтшаванда ва пардохтнашаванда бо айби корманд ва ё корфармо дохил карда мешавад.
5. Ҳисобкунии вақти корӣ дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки корфармо дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ муайян кардааст, пеш бурда мешавад.
6. Дар ҳолатҳое, ки ба вақти кори корманд давраҳои иҷрои кор берун аз ҷойи корӣ сурат мегирад ё вақти иҷрои онро корфармо дақиқ муайян карда натавонад, ин давраҳо дар ҳуҷҷатҳо ҳамчун иҷрои ҳаҷми кор тибқи муқаррароти шартномаи меҳнатӣ ба қайд гирифта мешаванд.