ВАҚТИ ИСТИРОҲАТ | 1994

Моддаи 82. Намудҳои вақти истироҳат
Вақти истироҳат аз намудҳои зерин иборат аст:
- танаффусҳо дар давоми рӯзи корӣ (дамгирӣ, хӯрокхӯрӣ, дохилибастӣ ва махсус);
- танаффусҳо байни рӯзҳои (басти) корӣ;
- рӯзҳои истироҳат (истироҳати бефосилаи ҳарҳафтаина);
- рӯзҳои иди ғайрикорӣ;
- рухсатиҳо.
Моддаи 83. Танаффус барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ
1. Дар давоми рӯзи (басти) корӣ ба кормандон бояд барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ танаффус дода шавад. Давомнокии мушаххаси ин танаффусҳо дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ҷадвали кори бастҳо ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо муқаррар мегардад. Танаффус бояд на дертар аз чор соат баъд аз оғози кор дода шавад.
2. Танаффусҳо барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ ба вақти корӣ дохил намешаванд ва барои онҳо музд дода намешавад ва давомнокиашон набояд аз ду соат зиёд бошад.
3. Дар корҳое, ки аз рӯи шароити истеҳсолот додани танаффусҳо барои истироҳат ва хӯрокхӯрӣ имкон надорад, корфармо уҳдадор аст барои истироҳат ва хӯрокхӯрии корманд дар вақти корӣ шароит муҳайё намояд. Номгӯйи чунин корҳо дар шартномаи коллективӣ (агар шартномаи коллективӣ баста нашуда бошад - аз тарафи корфармо бо машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон) муайян мегардад, ҷойи истироҳат ва хӯрокхӯрӣ аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад.
Моддаи 84. Танаффусҳои дохилибастӣ ва махсус
1. Дар баъзе намуди корҳо ба кормандон дар давоми вақти корӣ додани танаффусҳои дохилибасти пешбинӣ мешавад, ки онро хусусияти технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат тақозо менамоянд. Намуди ин гуна корҳо, давомнокӣ ва тартиби додани чунин танаффусҳо дар шартномаи коллективӣ муайян карда мешаванд (агар шартномаи коллективӣ баста нашуда бошад - бо мувофиқаи намояндагони кормандон аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад).
2. Барои кормандоне, ки дар фаслҳои сард ва ё гарми сол, дар ҳавои кушод ва ё биноҳои пӯшидаи гармнашаванда кор мекунанд, кормандоне, ки ба корҳои борфарорӣ ва боркунӣ машғуланд, инчунин ба дигар гурӯҳи кормандон мувофиқи шароит ва тартибе, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, танаффусҳои махсус барои истироҳат, гармшавӣ, салқиншавӣ, хушк кардани сару либос, варзиши истеҳсолӣ ва маконидани кӯдак дода мешаванд.
3. Танаффусҳои дохилибастӣ ва танаффусҳои махсус ба ҳисоби вақти корӣ дохил гардида, музди онҳо пардохт карда мешаванд. Корфармо уҳдадор аст бо биноҳое, ки барои танаффусҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, таъмин намояд.
Моддаи 85. Давомнокии танаффусҳо байни рӯзҳои (бастҳои) корӣ
Давомнокии танаффусҳо байни рӯзҳои (бастҳои) кории корманд аз 12 соат набояд камтар бошад.
Моддаи 86. Рӯзҳои истироҳат
1. Ба ҳамаи кормандон рӯзҳои истироҳат (истироҳати бефосилаи ҳарҳафтаина) дода мешавад.
2. Дар ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ ба кормандон дар ҳафта ду рӯзи истироҳат ва дар ҳафтаи шашрӯзаи корӣ як рӯзи истироҳат дода мешавад.
3. Рӯзи истироҳати умумӣ - якшанбе мебошад. Рӯзи истироҳати дуюм, дар ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ, тибқи ҷадвали кории ташкилот муқаррар карда мешавад. Ҳар ду рӯзи истироҳат пайи ҳам дода мешавад.
4. Дар ташкилотҳое, ки вобаста ба шароити истеҳсолию техникӣ ё бо сабаби зарурати таъминоти бефосилаи аҳолӣ қатъи кор дар онҳо имкон надорад, инчунин дар дигар ташкилотҳои муттасил коркунанда рӯзҳои истироҳат дар рӯзҳои гуногуни ҳафта ба ҳар гурӯҳи кормандон мувофиқи ҷадвали бастҳо, ки корфармо бо машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон тасдиқ кардааст, дода мешавад.
Моддаи 87. Манъи кор дар рӯзҳои истироҳат. Ҳолатҳои истисноии ҷалби корманд ба кор дар рӯзҳои истироҳат
1. Дар рӯзҳои истироҳат кор кардан манъ аст.
2. Дар рӯзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо мувофиқаи намояндагони кормандон дар асосҳо ва ҳолатҳои истисноии зерин иҷозат дода мешавад:
- барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаи истеҳсолӣ ё фавран бартараф намудани оқибатҳои он;
- барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, ҳалокат ва нобудшавии молу мулк;
- барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори муътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад;
- дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии дохили (локалӣ) пешбинӣ намудаанд.
3. Ҷалби кормандон дар рӯзҳои истироҳат бо риояи маҳдудиятҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кормандони маъюб, занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон муқаррар намудааст, сурат мегирад.
Моддаи 88. Ҷуброни кори рӯзҳои истироҳат ва вақти дамгирӣ
Кор дар рӯзҳои истироҳат ва дар вақти дамгирӣ мувофиқи хоҳиши корманд бо додани рӯзи дигари истироҳат ва ё дар шакли пулӣ ба андозаи муқаррарнамудаи моддаи 154 Кодекси мазкур ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 89. Истироҳат дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ
1. Истироҳат дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» муайян карда мешавад.
2. Дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ корҳое иҷозат дода мешаванд, ки боздоштани онҳо бинобар шароити истеҳсолию техникӣ (ташкилотҳои муттасил коркунанда) ғайриимкон аст, корҳое, ки барои хизматрасонии аҳолӣ зарур мебошанд, инчунин корҳои таъхирнопазири таъмир, борфурорӣ ва боркунӣ.
3. Кор дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ тибқи муқаррароти моддаи 154 Кодекси мазкур ҷуброн карда мешавад.
4. Тартиби гузаронидани рӯзи истироҳатро ба дигар рӯзи корӣ бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 90. Намудҳои рухсатӣ
1. Рухсатӣ аз намудҳои зерин иборат аст:
- рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;
- рухсатиҳои иҷтимоӣ;
- рухсатии бемузди меҳнат;
- рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок;
- дигар намуди рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда аз инҳо иборат мебошанд:
- рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин;
- рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда;
- рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола.
3. Рухсатиҳои иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:
- рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;
- рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак;
- рухсатӣ барои таҳсил; - рухсатии эҷодӣ.
4. Рухсатиҳо бо санади корфармо ба расмият дароварда мешаванд.
Моддаи 91. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ
1. Кормандон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
2. Иваз кардани рухсатии меҳнатӣ ба ҷуброни пулӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшаванда рухсатиашро истифода набурда бошад.
Моддаи 92. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда
Кормандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот ва музди меҳнат ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд.
Моддаи 93. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин
1. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин 24 рӯзи тақвимиро ташкил медиҳад.
2. Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин барои ҳамаи кормандон ба таври ҳатмӣ дода мешавад.
3. Корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҳлати давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтаринро бо тартиб ва шартҳое, ки дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, аз 24 рӯзи тақвимӣ зиёд намояд.
4. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ, корношоямии муваққатӣ, инчунин рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дохил намегарданд.
5. Ҳангоми рост омадани рӯзҳои иди ғайрикорӣ дар давраи рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда давомнокии рухсатии корманд ба шумораи рӯзҳои иди ғайрикорӣ дароз карда мешавад.
Моддаи 94. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда
1. Ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти уҳдадориҳои меҳнатӣ, синну сол, собиқаи корӣ, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо мумкин аст рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
2. Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда муқаррар карда мешавад:
- ба кормандони ташкилотҳои илмӣ - аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони китобхонаҳои ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар китобхонаҳо - аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандон - омӯзгорони шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла доир ба тайёрӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ - аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ - аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ аз 28 то 42 рӯзи тақвимӣ;
- ба ҳамшираҳои тиббӣ, ки ба тарбияи кӯдакони то сесола машғуланд, мураббияҳои гурӯҳҳои ширхораи муассисаҳои таълимии томактабӣ ва хонаи кӯдакон - 42 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони доимии хоҷагии ҷангал - 28 рӯзи тақвимӣ;
- ба варзишгарон - на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ;
- ба рӯзноманигорон - на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони синни то ҳаждаҳ, аз ҷумла онҳое, ки барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ (таълими истеҳсолӣ) қабул шудаанд - 30 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони маъюби гурӯҳҳои I ва II- 42, гурӯҳи III- 35 рӯзи тақвимӣ;
ба кормандоне, ки кӯдаки маъюби то синни ҳаждаҳро танҳо тарбия мекунанд - 35 рӯзи тақвимӣ; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.06.2024, №2054)
- ба кормандоне, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд - на камтар аз 28 рӯзи тақвимӣ;
- ба дигар гурӯҳҳои кормандон тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Номгӯйи ташкилотҳо, касб ва вазифаҳо, ки дар сархатҳои аз якум то панҷуми қисми 2 моддаи мазкур номбар шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 95. Рухсатиҳои иловагии ҳарсола
Корфармо уҳдадор аст ба шахсони зерин рухсатиҳои иловагии ҳарсола диҳад:
- ба кормандоне, ки дар корҳои шароити зарарнок ва вазнин кор мекунанд;
- ба кормандоне, ки корашон хусусияти махсус дорад;
- ба кормандоне, ки дар шароити номусоиди табиию иқлимӣ кор мекунанд;
- ба кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда;
- дар мавридҳои дигаре, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 96. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат
1. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат бо давомнокии на камтар аз 7 рӯзи тақвимӣ ба кормандоне дода мешавад, ки дар корҳои кӯҳии зеризаминӣ, дар конҳои кушоди кӯҳӣ, буриш ва карерҳо, дар минтақаҳои аз ҷиҳати радиоактивӣ олуда, дар дигар корҳои ба саломатии инсон зарарнок кор мекунанд, ки дорои омилҳои номусоиди физикию кимиёвӣ, биологӣ ва дигар омилҳо мебошанд.
2. Номгӯйи истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳое (мансабҳое), ки кор дар онҳо ба рухсатии иловагии ҳарсола барои шароити меҳнати ба саломатӣ зарарнок ва вазнин ҳуқуқ медиҳад, инчунин давомнокии рухсатӣ, тартиб ва шароити додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Рухсатии иловагии ҳарсола танҳо тибқи яке аз асосҳои дар номгӯй пешбинигардида дода мешавад.
Моддаи 97. Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор
1. Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор бо давомнокии на камтар аз 3 рӯзи тақвимӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон, ки меҳнати онҳо ба шиддати зиёди асаб ва эҳсосот вобаста мебошад ё дорои хусусияти махсуси иҷрои кор аст, дода мешавад.
2. Номгӯйи касбу вазифаи (мансаби) кормандонро, ки барояшон рухсатии иловагӣ барои хусусияти махсуси кор дода мешавад, инчунин давомнокии мушаххас ва шарту шароити додани чунин рухсатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 98. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ
1. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ бо давомнокии на камтар аз 8 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
2. Давомнокии мушаххаси рухсатии иловагии ҳарсола ва шарти додани онро санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян мекунанд.
Моддаи 99. Рухсатии иловагии бо рӯзи корӣ ба меъёр гирифтанашуда
1. Ба кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии вақти кории муътадили муқарраргардида иҷро намудани кор рухсатии иловагӣ на камтар аз 10 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
2. Давомнокии мушаххаси чунин рухсатӣ барои кормандони тащкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои кормандони дигар ташкилотҳо дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо тибқи созиши тарафҳои шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешавад.
3. Номгӯйи кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар ташкилотҳо бо шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё дигар санади меъёрии дохилии (локалии) ташкилот муқаррар карда мешавад.
Моддаи 100. Рухсатии иловагӣ барои собиқаи кории давомнок
1. Ба кормандоне, ки дар як соҳа ё дар як ташкилот муддати дароз кор карда, дорои собиқаи кории давомнок мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
2. Номгӯйи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо (мансабҳо), шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатиро барои собиқаи кории давомнок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 101. Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола
1. Давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола бо рӯзҳои тақвимӣ, сарфи назар аз низом ва ҷадвали корӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
2. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд, мувофиқи моддаи 89 Кодекси мазкур ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.
3. Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии умумии рухсатии меҳнатии ҳарсола рухсатии иловагӣ, ки муҳлати онро Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ба рухсатии асосии ҳарсола (аз ҷумла дарозкардашуда) зам карда мешавад.
4. Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола мутаносибан ба вақти кори анҷомдодашуда давомнокии онҳо бо роҳи тақсими андозаи ҳар як рухсатӣ ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моҳҳои пурраи корӣ муайян карда мешавад.
5. Зимнан вақти изофа, ки ба 15 рӯзи тақвимӣ баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як моҳ баробар ҳисоб карда шуда, вале камтар аз 15 рӯз ба инобат гирифта намешавад.
Моддаи 102. Баҳисобгирии собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад
1. Ба собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил мешаванд:
- вақти кори воқеӣ дар давоми соли корӣ;
- вақте, ки корманд воқеан кор накардааст, вале ҷойи кораш (мансабаш) барои ӯ нигоҳ дошта шудааст;
- вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ҳангоми ғайриқонунӣ аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барқарор намудан ба кори пештара;
- дигар вақтҳое, ки шартномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилот, шартҳои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд.
2. Агар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил карда намешаванд:
- вақти бе сабабҳои узрнок дар кор ҳозир набудани корманд;
- вақти рухсатиҳои барои нигоҳубини кӯдак то ба синни муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани ӯ;
- вақти рухсатиҳои бемузд, ки бо хоҳиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рӯзи тақвимӣ дода шудааст.
3. Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд қоидаҳои махсуси баҳисобгирии собиқаи кориро, ки барои гирифтани рухсатиҳои меҳнатии иловагӣ ҳуқуқ медиҳанд, пешбинӣ намоянд.
Моддаи 103. Ҳуқуқи корфармо оид ба тағйир додани соли кории корманд
Агар маҷмӯи давраҳое, ки тибқи моддаи 102 Кодекси мазкур ба соли корӣ дохил мешавад, аз 12 моҳи пурраи тақвимӣ кам бошанд, соли кории корманд ба вақти нарасидаи он тағйир дода мешавад.
Моддаи 104. Шартҳои пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ барои соли аввали корӣ
1. Рухсатии меҳнатӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои соли аввали корӣ на барвақттар аз 11 моҳи корӣ аз ҷониби корфармо дода мешавад.
2. То ба итмом расидани 11 моҳи корӣ корфармо уҳдадор аст бо хоҳиши корманд ба ӯ дар ҳолати зерин рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд:
- ба занон пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъд аз он;
- ба кормандони синни то ҳаждаҳ;
- ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор қабул карда шудаанд;
- ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобати санаторӣ-курортӣ роҳхат доранд;
- ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, агар рухсатии меҳнатиашон дар ҷойи кори асосӣ дар давраи то 11 моҳи корӣ аз рӯи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд;
- ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ;
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ба занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ ду ва ё зиёда кӯдаки синни то чордаҳ ё кӯдаки маъюби синни то ҳаждаҳ доранд;
- ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ (шуъбаҳои шабона), муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва аспирантураҳо (шуъбаҳои шабона ва ғоибона) таълим мегиранд;
- дар дигар ҳолатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайяншуда.
3. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба эҳтиёт ҷавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии меҳнатӣ баъд аз гузаштани се моҳ дода мешавад.
4. Ба зани (шавҳари) хизматчии ҳарбӣ бо хоҳиши онҳо рухсатии меҳнатӣ дар як вақт бо рухсатии шавҳари (зани) ӯ дода мешавад.
5. Ба ғайр аз ҳолатҳои дар сархатҳои аз якум то нуҳуми қисми 2, қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур нишондодашуда рухсатӣ мутаносибан ба рӯзҳои дар давоми сол кор кардашуда, аммо на камтар аз 14 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
Моддаи 105. Шартҳои додани рухсатии меҳнатӣ барои солҳои дуюм ва минбаъдаи корӣ
Рухсатии меҳнатӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои солҳои дуюм ва минбаъдаи корӣ ҳар вақти соли корӣ мувофиқи навбати додани рухсатиҳои меҳнатӣ дода мешавад, агар дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд.
Моддаи 106. Додани рухсатии ҳарсола ба шахсоне, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд
Ба шахсоне, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд, рухсатиҳои ҳарсола барои муддати кори воқеӣ дар ҷойи кори охирин дода мешавад.
Моддаи 107. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ
1. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ бо тартиби пешбининамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ҷадвали рухсатиҳо, ки бо намояндагони кормандон мувофиқа карда шудаанд ва ё бо мувофиқаи байни корфармо ва кормандон муайян карда мешаванд.
2. Ҷадвали дода шудани рухсатиҳои меҳнатӣ барои соли тақвимӣ тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиб дода мешавад, ки он бо корфармо ва иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ба мувофиқа расида, ба маълумоти ҳамаи кормандон пешниҳод карда мешавад.
3. Ҳангоми муайян намудани вақт ва навбати пешниҳоди рухсатӣ, ҳуқуқҳои кормандони зерине, ки барои гирифтани рухсатӣ имтиёз доранд, бояд таъмин карда шаванд:
1) Дар давраи тобистон ва дигар вақти мувофиқ:
- ба кормандони синни то ҳаждаҳ;
- ба омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муаллимони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус ва ҳайати профессорию омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ба занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки ду ва ё зиёда кӯдаки синни то чордаҳ ё кӯдаки маъюби то синни ҳаждаҳ доранд;
- ба кормандоне, ки ба бемории шуоъӣ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳои бо паҳншавии нури радиатсионӣ вобастабуда;
- ба кормандоне, ки дар бартарафкунии оқибати садамаи Чернобил ва дигар минтақаҳои заҳролудшуда ё рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ иштирок кардаанд;
- дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ.
2) Дар давраи муайян:
- ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ (шуъбаҳои шабона), муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва аспирантураҳо - пеш аз гузаронидан ё дар ҳолати гузаронидани машғулиятҳои муқарраргардида, иҷрои корҳои лабораторӣ ё таълимӣ, супоридани имтиҳонҳо ё санҷишҳо ба омӯзиш машғуланд;
- ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд - дар як вақт бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асосӣ.
4. Ба корманд бояд 15 рӯз пеш аз саршавии рухсатӣ оид ба вақти пешниҳоди рухсатӣ хабар дода шавад.
5. Ба мардон мувофиқи хоҳишашон ҳангоми рухсатӣ барои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуди ҳамсарашон рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 108. Рухсатии меҳнатии ҳарсола ва ҳолатҳои истисноии ба соли дигар гузаронидани он
1. Корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд дар давоми ҳар як соли корӣ (ҳар сол) рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ки пешниҳоди рухсатии пурраи меҳнатӣ ба корманд дар соли ҷорӣ ба раванди муътадили кори ташкилот, соҳибкори инфиродӣ таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд рухсатии ӯро пурра ё қисман ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.
3. Рухсатии меҳнатие, ки бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи корӣ ҳамроҳ карда мешавад ё ба таври алоҳида, на дертар аз як соли пайдо кардани ҳуқуқ ба рухсатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
4. Ба кормандони синнашон ба ҳаждаҳ нарасида ва кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғул мебошанд ва дар шароити вазнин ё зарарноки меҳнатӣ кор мекунанд, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнатӣ иҷозат дода намешавад.
5. Дар давоми ду соли пай дар пай надодани рухсатии меҳнатӣ манъ аст.
Моддаи 109. Ҳуқуқи корманд дар хусуси ба дигар вақт гузаронидан ва дароз намудани муҳлати рухсатии меҳнатӣ дар давоми соли корӣ
1. Корманд метавонад дар ҳолатҳои зерин рухсатии меҳнатиашро ба дигар вақт гузаронад ё дароз намояд:
- ҳангоми корношоямии муваққатӣ;
- ҳангоми фаро расидани муҳлати рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;
- ҳангоми рост омадани рухсатии солонаи меҳнатӣ бо рухсатӣ барои таҳсил бе ҷудо шудан аз истеҳсолот (агар корманд чунин рухсатиро пеш аз рухсатии меҳнатӣ ва ё дар вақти рухсатии меҳнатӣ ва баъд аз даъвати муассисаи таълимӣ ба расмият дароварда бошад);
- ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои чунин вазифаҳо аз кор озод намудани кормандро пешбинӣ карда бошанд;
- ҳангоми пардохт накардани музди меҳнати корманд дар муҳлати муқаррарнамуда барои рухсатӣ;
- бо мувофиқаи тарафҳо, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд.
2. Агар сабабҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар давраи рухсатӣ ба миён омада бошанд, рухсатӣ ба муддати он рӯзҳо дароз ё бо мувофиқаи корманд ва корфармо қисми рухсатии истифоданашуда бо розигии корфармо ба муҳлати дигари соли равони корӣ гузаронида мешавад.
3. Агар сабабҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда то оғози рухсатии меҳнатӣ ба вуҷуд омада бошанд, рухсатӣ бо хоҳиши корманд ва розигии корфармо ба вақти дигари соли корӣ гузаронида мешавад.
4. Корманд уҳдадор аст корфарморо оид ба сабабҳое, ки ба истифодабарии рухсатӣ дар муҳлати муайяншуда ва вақти дароз намудани рухсатӣ монеъ мешаванд, огоҳ намояд.
Моддаи 110. Оқибати бе асоси қонунӣ ва ризоияти корфармо рад намудани истифодаи рухсатии меҳнатӣ аз ҷониби корманд
Агар рухсатии меҳнатӣ бо риояи талаботи муқарраргашта пешниҳод карда шавад, аммо корманд истифодаи онро дар муҳлати муайяншудаи он то охири соли корӣ бе асоси қонунӣ рад кунад, корфармо ҳуқуқ дорад рухсатии кормандро ба вақти дигар нагузаронад ва истифода нашудани рухсатиро бо маблағи пулӣ ҷуброн накунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 118 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 111. Ба қисмҳо ҷудо кардани рухсатии меҳнатӣ. Бозхонд аз рухсатии меҳнатӣ
1. Рухсатии меҳнатиро бо мувофиқаи корманд ва корфармо ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст, ки яке аз қисмҳои он набояд аз 14 рӯзи тақвимӣ камтар бошад.
2. Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
3. Ҳангоми бозхондан аз рухсатии меҳнатӣ қисми истифоданашудаи рухсатӣ бояд ба корманд дар давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 108 Кодекси мазкур илова гардад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дигар ҳолатҳо пешбинӣ нашуда бошанд.
4. Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатӣ зарарнок, хавфнок ва вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон хусусияти махсус дорад, инчунин дигар шахсон дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мумкин нест.
Моддаи 112. Пардохти рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола
1. Дар давраи рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат пардохт кафолат дода мешавад.
2. Пардохти рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ, вале на дертар аз як ҳафта пеш аз оғози он сурат мегирад.
3. Корфармо ҳуқуқ дорад ҳангоми пешниҳоди рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола тибқи санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) ва шартномаи коллективӣ ба корманд иловапулӣ (кӯмакпулӣ) пардохт намояд.
Моддаи 113. Маблағҳо барои пардохти рухсатиҳо
1. Рухсатиҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии пардохтшаванда (ба ғайр аз рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд (моддаи 223 Кодекси мазкур) ва барои нигоҳубини кӯдак (моддаҳои 224 ва 225 Кодекси мазкур) аз ҳисоби маблағҳои корфармо ва дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз ҳисоби маблағҳое, ки дар сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳо ва музди меҳнат пешбинӣ гардидаанд, пардохт карда мешаванд.
2. Рухсатиҳо барои ҳомиладорӣ ва тавваллуд, рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешаванд.
Моддаи 114. Рухсатии иҷтимоӣ
1. Рухсатии иҷтимоӣ ба кормандон барои фаъолияти эҷодӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кӯдак ва таҳсил бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот дода мешавад.
2. Ҳуқуқи кормандон ба рухсатии иҷтимоӣ ба давомнокӣ, ҷой ва намуди кор, номгӯй ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот вобаста нест.
3. Дар вақти рухсатии иҷтимоӣ ҷойи кори пештара нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳолатҳои дар Кодекси мазкур, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.
4. Рухсатии иҷтимоӣ илова ба рухсатии меҳнатӣ дода мешавад.
5. Рухсатии иҷтимоӣ барои ҳамон соли тақвимие дода мешавад, ки корманд ба он ҳуқуқ дорад.
6. Дар ҳолати истифода набурдани рухсатии иҷтимоӣ дар соли ҷории тақвимӣ он ба соли дигари корӣ гузаронида намешавад ва бо маблағи пулӣ ҷуброн карда намешавад, аз ҷумла, дар сурати аз кор озод шудан.
Моддаи 115. Рухсатии эҷодӣ
1. Рухсатии эҷодӣ бо нигоҳдории музди меҳнат ба кормандон барои иҷрои корҳои рисолавӣ, навиштани китобҳои дарсӣ ва дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дода мешавад.
2. Тартиб ва шартҳои пешниҳод кардан ва давомнокии рухсатии эҷодиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
Моддаи 116. Рухсатии бемузди меҳнат
1. Ба корманд, бинобар вазъи оилавӣ ва дигар сабабҳои узрнок, мутобиқи аризааш рухсатии бемузди меҳнат дода мешавад, ки давомнокии он бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад. Узрнок будани сабабҳои дода шудани чунин рухсатиро корфармо баҳо медиҳад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
2. Рухсатии бемузди меҳнат мувофиқи аризаи корманд ба таври ҳатмӣ ба инҳо дода мешавад:
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахӯроне, ки кор мекунанд - ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ;
- ба падару модарон ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи Ватан ва иҷрои вазифаи (мансаби) хизматӣ ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар ҷанг ва муқовиматҳои сиёсӣ фавтидаанд - ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ;
- ба маъюбоне, ки кор мекунанд - то 2 моҳ дар як сол;
- ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кӯдак, маросими бастани ақди никоҳ, вафоти хешовандон - то 7 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо мувофиқи хулосаи тиббӣ нигоҳубин мекунанд (бе додани варақаи корношоямии меҳнатӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он) - то 14 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобат роҳхати санаторӣ-курортӣ доранд, ки муҳлати он аз давомнокии рухсатии меҳнатӣ зиёд аст - ба муҳлати вақти нарасида (бо иловаи вақти рафтуомад), агар ҳамаи муҳлати рухсатии меҳнатӣ истифода шуда бошад, бо муҳлати пурраи роҳхат (бо иловаи вақти рафтуомад);
- ба кормандоне, ки барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ иҷозат дода шудаанд 10 рӯзи тақвимӣ, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус - 15 рӯзи тақвимӣ, ғайр аз вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;
- ба шахсони ба аспирантура ва докторантура дохилшаванда ва бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот таҳсилкунанда - барои вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур дар давраи супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва кори рисолавӣ;
- дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд.
3. Рухсатиҳои дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда дар вақте дода мешаванд, ки корманд бо корфармо мувофиқа кардааст.
Моддаи 117. Рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок
1. Ҳангоми зарурати муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) ё кам шудани ҳаҷми кор ба муддати на зиёда аз як моҳ корфармо бо мақсади пешгирӣ намудани озодкунии кормандон аз рӯи ихтисори шумора ё воҳиди корӣ ҳуқуқ дорад, бо розигии корманд (кормандон) ба ӯ (онҳо) рухсатии бе нигоҳдорӣ ё қисман бо нигоҳдории музди меҳнат диҳад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Дар ҳолати мазкур андозаи музди меҳнати пардохтшаванда бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, он аз андозаи музди меҳнати моҳонаи корманд кам буда наметавонад.
Моддаи 118. Амалӣ кардани ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳангоми аз кор озод намудан
1. Ҳангоми аз кор озод намудан, новобаста аз асосҳои мавҷуда ба корманде, ки рухсатии меҳнатии худро қисман ё пурра истифода набурдааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.
2. Ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо хоҳиши корманд рухсатии меҳнатии ҳарсолаи истифоданашуда ба ӯ бо шарти аз кор озод кардан пас аз ба итмом расидани рухсатӣ дода мешавад. Дар ин ҳолат санаи аз кор озод шудан рӯзи охирини рухсатӣ ҳисоб карда мешавад.
3. Ҳангоми аз кор озод шудан бинобар ба охир расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ рухсатӣ бо шарти баъд аз рухсатӣ аз кор озод гардидан вақте дода шуда метавонад, агар муҳлати рухсатӣ пурра ё қисман аз муҳлати шартномаи меҳнатӣ бештар бошад. Дар ин ҳолат амали шартномаи меҳнатӣ то ба охир расидани рухсатӣ дарозкардашуда ба ҳисоб меравад.
4. Ҷубронпулӣ барои рухсатии пурраи меҳнатӣ дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар корманд то рӯзи аз кор озод шудан дар тамоми соли корӣ кор карда бошад. Агар то рӯзи аз кор озод шудан корманд як қисми соли корӣ меҳнат карда бошад, ҷубронпулӣ мутаносибан ба вақти кори кардашуда пардохт карда мешавад.
5. Ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда ҳангоми аз кор озод кардан дар рӯзи озодкунӣ пардохт карда мешавад.
Моддаи 119. Ҳуқуқи корфармо ҳангоми додани рухсатӣ
1. Корфармо тибқи машварати пешакӣ бо коллективи меҳнатӣ метавонад ба шумораи зиёди кормандон дар фасли тобистон, ба кормандоне, ки дар ин давра ба корҳои таъмир, барқароркунӣ ва навкунии истеҳсолот машғуланд, дар дигар вақти барои онҳо мувофиқ рухсатӣ диҳад.
2. Аз ҳисоби маблағи сарфакарда (даромад), мутобиқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, корфармо ҳуқуқ дорад:
- барои кор аз рӯи ҷадвали ҳафтаи кори муттасил (дар ҳолати низоми кори бисёрбастӣ) ба муддати на камтар аз 7 рӯзи тақвимӣ рухсатии иловагӣ муқаррар намояд;
- барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ, иҷрои корҳои махсусан мураккаб ва махсусан муҳим ба муддати на камтар аз 10 рӯзи тақвимӣ рухсатии иловагӣ муқаррар намояд;
- андозаи баланди музди ҳамаи намудҳои рухсатиҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла рухсатиҳои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кӯдак, фаъолияти эҷодӣ ва ба таҳсил алоқамандро муқаррар намояд;
- кормандонеро, ки рухсатии худро дар истироҳатгоҳҳо ва дигар муассисаҳои солимгардонӣ гузаронида, қобилияти кории худро баланд ва тандурустиашонро беҳтар мекунанд, бо роҳи пурра ё қисман пардохтани арзиши хароҷоти роҳхат ва роҳкиро то ҷойи истироҳату табобат ҳавасманд гардонад.