ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ГУМРУК ДАР СОҲАИ НАЗОРАТИ АСЪОР | 1994

Моддаи 445. Вазифаҳои мақомоти гумрук дар соҳаи назорати асъор
Мақомоти гумрук дар доираи ваколатҳои худ назорати риояи қонунгузории асъори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 446. Ваколати мақомоти гумрук дар соҳаи назорати асъор
Бо мақсади таъмини риояи қонунгузории асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти гумрук:
1) назоратро барои аз тарафи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ риоя гардидани қонунгузории асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
2) ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳаракати молу воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мувофиқаи Бонки милии Тоҷикистон муайян намудааст, ахбор пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои сатҳи дуюмро дар бораи вайрон кардани қонунгузории асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мақомоти гумрук ошкор карда шудаанд, огоҳ менамояд.