ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲОИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. АСОСИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ | 1994

Моддаи 1. Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин Кодекс иборат аст. Қонунҳои наве, ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд, ба Кодекси ҷиноятӣ бояд дохил карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асос меёбад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 2.01.2018 № 1472).

Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Вазифаҳои ҳамин Кодекс аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷиноятҳо иборат аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Барои татбиқи ин вазифаҳо ҳамин Кодекс асосу принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намуда, муайян мекунад, ки кадом кирдорҳои барои шахсият, ҷамъият ё давлат хавфнок ҷиноят эътироф мегарданд ва намудҳои ҷазою чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро барои содир кардани онҳо муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661).

Моддаи 3. Принсипҳои Қонуни ҷиноятӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)

Қонуни ҷиноятӣ ба принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузир будани ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ, гунаҳгорӣ, адолат, инсондустӣ ва демократизм асос меёбад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661).

Моддаи 4. Принсипи қонуният

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)

1) Ҷиноят будани кирдор, сазовори ҷазо ва оқибатҳои дигари ҳуқуқии ҷиноятӣ будани онро танҳо ҳамин Кодекс муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 2.01.2018 № 1472).

2) Ҳеҷ кас дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун.

3) Татбиқи қонуни ҷиноятӣ аз рӯи қиёс манъ аст.

4) Мазмуни Кодекси ҷиноятӣ бояд дақиқан мутобиқи матни он фаҳмида шавад.

Моддаи 5. Принсипи баробарӣ дар назди қонун

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)

Шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қатьи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молу мулкиӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 6. Принсипи ногузирии ҷавобгарӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)

Ҳар шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, бояд таҳти ҷазо қарор гирад ё нисбати ӯ чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятии дар ҳамин Кодекс пешбинишуда татбиқ гардад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 2.01.2018 № 1472).

Моддаи 7. Принсипи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳгорӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)

1) Ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта наметавонад ба ҷуз аз кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) шахсии худ.

2) Шахс танҳо барои он кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати хавфнокии ҷамъиятии ба вуқӯъ пайвастани он, ки гуноҳи ӯ нисбати он муайян шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Гунаҳгоркунии объективӣ, яъне барои зарари бегуноҳона расонидашуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.

Моддаи 8. Принсипи адолат

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)

1) Ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда татбиқ мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳгор мувофиқ бошанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472).

2) Ҳеҷ касро барои як ҷиноят ду маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.

Моддаи 9. Принсипи инсондӯстӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)

1) Ба шахси ҷиноят содирнамуда бояд ҷазое таъин гардад ё чунин чораи дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ раво дида шавад, ки барои ислоҳи ӯ ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав зарур ва кофӣ бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472).

2) Ҷазо ё чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқи ҷиноятӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда истифода мешавад, мақсади озори ҷисмонӣ, таҳқири шаъну эътибори инсонро надорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472).

Моддаи 10. Принсипи демократизм

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои ислоҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандон ё коллективҳо бо дархосту ризоияти онҳо ҷалб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 11. Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ

Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудани кирдоре мебошад, ки дорои тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 11(1). Қоидаҳои тафсири қонуни ҷиноятӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Агар меъёри ҳуқуқи ҷиноятӣ духӯра ифода ёфта бошад, ё худ онро ду хел маънидод намоянд, дар ин сурат он ба манфиати айбдоршаванда (судшаванда, маҳкумшуда) тафсир (маънидод) карда мешавад.

2) Ибораҳо ва (ё) мафҳумҳое, ки дар ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд, ҳамон маъноеро дороянд, ки дар қонунҳои дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси ҷиноятӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

3) Дар доираи Кодекси мазкур ба маъноҳои гуногун тафсир кардани мафҳумҳои якхела манъ аст, ба шарте, ки дар худи ҳамин Кодекс оид ба он нишондоди махсус мавҷуд набошад