БРОКЕРИ ГУМРУК (НАМОЯНДА) | 1994

Моддаи 139. Брокери гумрук (намоянда)
1. Брокери гумрук (намоянда) шахси ҳуқуқии ватание буда метавонад, ки ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) ба қайд гирифта шудааст (моддаи 140). Корхонаи давлати наметавонад брокери гумрук (намоянда) бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Брокери гумрук (намоянда) мувофиқи ҳамин Кодекс аз номи декларант ё шахсони манфиатдори дигар тибқи супориши онҳо амалиёти гумрукиро анҷом медиҳад.
3. Брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад доираи фаъолияти худро бо иҷрои амалиёти гумрукӣ нисбати намудҳои муайяни мол, мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ё нисбати моли аз сарҳади гумрукӣ бо воситаҳои навъи муайяни нақлиёт интиқолшаванда, инчунин иҷрои амалиёти алоҳидаи гумрукӣ ё минтақаи фаъолият дар доираи минтақаи фаъолияти як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) маҳдуд созад.
4. Муносибати брокери гумрук (намоянда) бо декларантҳо ва шахсони дигари манфиатдор дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад. Аз ҷониби брокери гумрук (намоянда) рад намудани бастани шартнома ҳангоми мавҷудияти шартҳои қобили қабули бастани он иҷозат дода намешавад.
Моддаи 140. Шартҳои дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Шартҳои дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) мавҷудияти на камтар аз ду мутахассиси барасмиятдарии гумрукии дорои шаҳодатномаи тахассуси дар штати дархосткунанда (моддаи 146);
2) мавҷудияти сармояи ибтидоии оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии дархосткунанда;
3) таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба андозаи 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) мавҷудияти шартномаи суғуртаи хавфи маъсулияти шаҳрвандии худ, ки мумкин аст бар асари расонидани зарар ба молу мулки шахсони муаррифишаванда ё вайрон шудани шартномаҳо бо ин шахсон ба миён ояд. Маблағи суғурта наметавонад аз андозаи 6000 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад (Конун аз 06.10.2008с. № 437).
Моддаи 141. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шахс ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) дар асоси ариза, ки ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 139 ва 140 ҳамин Кодекс мебошад, дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) бояд инҳоро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) муроҷиат ба мақоми гумрук бо хоҳиши дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) маълумот дар бораи номгӯй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, оид ба суратҳисобҳои бонкии кушодаи аризадиҳанда, инчунин маълумот дар бораи номгӯй ва маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои сохторҳои хоси он, ки тавассути он аризадиҳанда ба сифати брокери гумрук (намоянда) дар рӯзи додани ариза мехоҳад фаъолият кунад;
3) маълумот дар бораи андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) супоридашуда ё саҳмҳои аъзоҳаққии аризадиҳанда;
4) маълумот дар бораи нияти маҳдуд кардани соҳаи фаъолияти худ ба амалиёти гумруки нисбати моли алоҳида мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ё нисбати моле, ки тавассути воситаи нақлиёти алоҳида дар ҳудуди гумрукӣ интиқол дода мешаванд, инчунин анҷом додани амалиёти алоҳидаи гумрукӣ ё минтақаи фаъолият дар доираи минтақаи фаъолияти як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) ё иҷрои фаъолияти худ бе чунин маҳдудият (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
5) маълумот дар бораи мавҷуд будани мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ дар штати аризадиҳанда дар рӯзи пешниҳоди ариза;
6) маълумот дар бораи таъмини супурдани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 140 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) маълумот оид ба шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.
3. Ба аризаи дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти зерин пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
2) шаҳодатномаҳои тахассусии мутахассисони барасмиятдарории гумрукие, ки кормандони аризадиҳанда мебошанд;
3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъмини супурдани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 140 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) тасдиқномаи бонкҳо дар бораи дар онҳо кушода шудани суратҳисобҳо;
5) шартномаи (полиси) суғурта (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 142. Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудани ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) номи брокери (намояндаи) гумрук, зикри шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ, воҳидҳои сохтории хоси он, ки вазифаҳои брокери гумрукро анҷом медиҳанд;
2) маълумот дар бораи ҳаҷм ва шакли таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 140 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) маълумот дар бораи маҳдудият гардонидани соҳаи фаъолияти брокерони гумрук (намояндагон), агар онҳо муаяйн шуда бошанд.
2. Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) дар муддати панҷ сол эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 143. Ҳуқуқҳои брокери гумрук (намоянда)
1. Ҳангоми анҷом додани амалиёти гумрукӣ брокери гумрук (намоянда) дорои ҳамон ҳуқуқест, ки шахси брокери гумрук (намоянда)ро ҷиҳати намояндагии манфиатҳои худ дар муносибат бо мақомоти гумрук ваколатдорнамуда доро мебошад.
2. Брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад дар назди мақомоти гумрук барои иҷрои ӯҳдадориҳои супурдани пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби шахсе, ки ӯро намояндагӣ мекунад, ба сифати зомин баромад намояд, агар тибқи ҳамин Кодекс пешниҳоди таъмини пардохти онҳо талаб карда шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
3. Брокери гумрук ҳуқуқ дорад аз номи шахсе, ки ӯро намояндаги мекунад, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро барои мақсади гумрукӣ, аз ҷумла дорои маълумоти сирри тиҷоратӣ, бонкӣ, дигар маълумоти қонунан ҳифзшаванда, дигар маълумоти махфиро талаб намояд ва чунин ҳуҷҷати маълумотро дар мӯҳлате, ки риояи талаботи ҳамин Кодексро таъмин менамояд, дастрас кунад.
4. Ҳангоми бастани шартнома бо шахсе, ки ӯро намояндаги мекунад, брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад:
1) барои гурӯҳҳои алоҳидаи шахсоне, ки ӯро намояндаги мекунанд, нисбати нархҳои муқарраршуда таҳфиф (скидка) ва дигар имтиёзҳо пешниҳод намояд;
2) ба сифати шартҳои имзои шартнома бо шахсе, ки ӯро намояндаги мекунад, талаби таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои ин шахсро тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд.
Моддан 144. Вазифаҳо ва масъулияти брокери гумрук (намоянда)
1. Вазифаҳои брокери гумрук (намоянда) ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ тибқи талабот ва шартҳои нисбати амалҳои гумрукии барои ҷой додани мол таҳти низоми гумрукии зарурӣ ё расмиёти дигари гумрукӣ муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс муайян шудааст. Далели анҷом додани чунин амалҳо ба зиммаи брокери гумрук ӯҳдадории иҷрои амалҳои марбут ба анҷоми амали низоми гумрукӣ, инчунин дигар ӯҳдадориҳоеро, ки тибқи ҳамин Кодекс танҳо ба зиммаи шахси дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикршуда, интиқолдиҳанда ё шахси дигар гузошта шудааст, намегузорад.
2. Брокери гумрук (намоянда) боҷҳои гумрукӣ ва андозро мепардозад, агар мазмуни низоми гумрукии барои декларатсияи мол муайян гардида пардохти онҳоро пешбинӣ карда бошад. Барои супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки бояд тибқи ҳамин Кодекс ҳангоми декларатсияи мол пардохта шавад, брокери гумрук (намоянда) дорои ҳамон масъулияте мебошад, ки декларант ба зимма дорад.
3. Маълумоти аз шахсони намояндагишаванда дастрасшуда, ки дорои сирри бонкӣ, тиҷоратӣ ва дигар сирри қонунан ҳифзшаванда ё дигар маълумоти махфӣ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ифшо карда нашаванд ё аз ҷониби брокери гумрук (намоянда) ва кормандони он барои мақсадҳои шахсӣ, додан ба шахси дигар истифода бурда нашаванд.
4. Брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст баҳисобгирии молҳоеро, ки нисбати онҳо амалиёти гумрукӣ мегузаронад, анҷом диҳад ва ба мақомоти гумрук дар бораи амалиёти гумрукии гузаронидашуда ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405).
5. Брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст бо талаби мақоми гумрук нусхаи электронии декларатсияи гумрукиро пешниҳод намояд.
6. ӯҳдадори ва масъулияти брокери гумрук (намоянда) дар назди мақомоти гумрук наметавонад дар асоси шартномаи брокери гумрук (намоянда) бо шахси намояндагишаванда маҳдуд гардад.
Моддаи 145. Бозхондани шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) дар ҳолатҳои зерин аз тарафи мақоми гумрук бозхонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) аз ҷониби брокерони гумрук (намояндагон) риоя нашудани ҳатто яке аз талаботи дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намоянда), ки моддаи 140 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) аз сабаби иҷро накардани вазифаҳо ҷалби чандинкаратаи брокери гумрук (намоянда) ба ҷавобгарии маъмури барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.
Моддаи 146. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ
1. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ шахси воқеие мебошад, ки ҷавобгӯи талаботи тахассуси муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ буда, дорои шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ мебошад.
2. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ фаъолияти худро ба сифати корманди брокери гумрук (намоянда) анҷом медиҳад.
Моддаи 147. Аттестатсияи мувофиқат ба талаботи тахассусӣ (квалификатсионӣ)
1. Аттестатсияи мувофиқат ба талаботи тахассуси (минбаъд-аттестатсия) - санҷиши тахассусии шахси воқеӣ мебошад, ки барои гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ довталаб аст. Аттестатсия дар шакли имтиҳони тахассуси гузаронида мешавад. Ба шахсоне, ки бомувафакқият имтиҳони тахассусиро месупоранд, шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ дода мешавад. Шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ бо мӯҳлати амал маҳдуд карда намешавад.
2. Талабот нисбат ба довталабон барои гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ, тартиби гузаронидани аттестатсия, номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ҳамзамон бо ариза дар бораи иҷозати гузаштан аз аттестатсия супорида мешаванд, барномаҳои таълими тахассусӣ ва тартиби супоридани имтиҳони тахассусиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд. Барои супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ ҳамаи шахсоне, ки ҷавобгӯи талаботи барои довталабон муқарраргардида мебошанд, сарфи назар аз тайёрии тахассусии онҳо барои супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ иҷозат дода мешаванд. Имтиҳони тахассусиро мақомоти гумруке қабул мекунанд, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
3. Ҳар як мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ вазифадор аст дар ҳар ду соли баъди соли гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ, тибқи барномаи такмили дараҷаи тахассусӣ, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар ҳаҷми 40 соати академи тасдиқ кардааст, бо таълим фаро гирифта шавад. Таълим оид ба барномаҳои баланд бардоштани тахассус аз ҷониби шахсоне анҷом дода мешавад, ки барои пешбурди фаъолияти таълими дорои иҷозатнома мебошанд (Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906).
Моддаи 148. Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298)
Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298).