БОРКАШОНИ ГУМРУКӢ | 1994
Моддаи 93. Боркашони гумрукӣ
1. Боркашони гумрукӣ шахси ҳуқуқии ватание буда метавонад, ки ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ дохил карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Боркашони гумрукӣ интиқоли моли таҳти назорати гумрукӣ бударо тибқи ҳолат ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс , аз ҷумла бо пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ (боби 46), анҷом медиҳад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Боркашони гумрукӣ ҳуқуқ дорад минтақаи фаъолияти худро бо минтақаи як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) маҳдуд созад.
4. Муносибати боркашони гумрукии мол бо ирсолкунандагони мол ё экспедиторҳо дар асоси шартнома муқаррар мегардад. Аз ҷониби боркашони гумрукӣ набастани шартнома оид ба интиқоли мол ҳангоми мавҷудияти имконияти бастани чунин шартнома иҷозат дода намешавад.
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Шартҳои ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ дохил намудан аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) фаъолият ҷиҳати интиқоли бор дар мӯҳлати на камтар аз ду сол;
2) мавҷуд будани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият дар соҳаи интиқоли бор, агар ба чунин намуди фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) дар ихтиёр доштани (таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ, идоракунии оперативӣ ё таҳти иҷора) воситаҳои нақлиётӣ барои интиқоли мол истифодашаванда, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти барои интиқоли мол бо тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ муносиб (моддаи 84) (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) мавҷудияти шартнома дар бораи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии худ, ки мумкин аст дар натиҷаи зарар ба моли тибқи шартномаи интиқол ба интиқолдиҳанда супурдашуда ё аз сабаби вайрон кардани ӯҳдадориҳое, ки аз қарордод бармеояд, расад. Маблағи суғурта наметавонад аз андозаи 6000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад (Конун аз 06.10.2008с. № 437 , аз 01.10.2025 №2186).
Эзоҳ: Бо мақсади истифодаи ҳамин боб таҳти воситаҳои нақлиёт инчунин воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бор мекашонанд, дар назар дошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шахс ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ дар асоси аризаи ӯ, мувофиқи муқаррароти моддаҳои 93 ва 94 ҳамин Кодекс дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Ариза дар бораи дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ бояд инҳоро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) муроҷиат ба мақоми гумрук бо хоҳиши дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) маълумот дар бораи номгӯй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, оид ба кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин маълумот дар бораи миқдори сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;
3) маълумот дар бораи мӯҳлати иҷрои фаъолият дар соҳаи интиқоли бор ;
4) маълумот дар бораи нияти маҳдуд кардани минтақаи фаъолияти худ дар ҳудуди минтақаи як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) ё маҳдуд накардани минтақаи фаъолияти худ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
5) маълумот дар бораи воситаҳои нақлиётӣ таҳти соҳибии худ қарордошта (миқдори умумӣ, тавсифи техникӣ), ки барои истифода ҳангоми иҷрои фаъолият ҳамчун боркашони гумрукӣ пешбинӣ мегардад, аз ҷумла оид ба воситаҳои нақлиёти барои интиқоли мол бо тамға (пломба) ва мӯҳрҳои гумрукӣ муносиб (моддаи 84);
6) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғурта кардани хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Ба ариза барои дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ иҷозатнома оид ба иҷрои фаъолият дар соҳаи интиқоли бор, агар чунин намуди фаъолият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, инчунин ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегарданд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтиёрдории воситаҳои нақлиёте, ки барои истифода ҷиҳати иҷрои фаъолият ба сифати боркашони гумрукӣ ба инобат гирифта шудаанд;
3) маълумот дар бораи иҷозат доштани воситаҳои нақлиёт барои интиқоли мол бо тамға (пломба) ва мӯҳрҳои гумрукӣ;
4) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи дар онҳо кушода шудани суратҳисобҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) шартномаи (полиси) суғурта (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, аз 01.10.2025 №2186)).
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи боркашони гумрукӣ инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) номи боркаши гумрукӣ, зикри шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ;
2) нишон додани минтақаи фаъолияти боркаши гумрукӣ, ҳангоме, ки он фаъолияти худро дар ҳудуди минтақаи фаъолияти як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) маҳдуд карда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421, аз 01.10.2025 №2186).
2. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ дар давоми се сол эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Боркаши гумрукӣ вазифадор аст:
1) шарт ва талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро ҳангоми интиқоли моле, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, риоя кунад;
2) баҳисобгирии моли таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаро ба роҳ монад ва ба мақомоти гумрук дар бораи интиқоли чунин мол ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405).
3) боҷу андозҳои гумрукиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 90 ҳамин Кодекс пардозад;
4) махфияти маълумотӣ аз ирсолкунанда, қабулкунандаи мол ё экспедитор гирифтаро нигоҳ дорад.
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи боркашони гумруки дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби мақоми гумрук бозхонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) аз ҷониби боркашони гумрукӣ риоя нашудани ҳатто яке аз шартҳои дохил намудан ба Феҳристи боркашони гумрукӣ, ки моддаи 94 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) аз ҷониби боркашони гумрукӣ риоя нашудани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи банди 3 моддаи 97 ҳамин Кодекс;
3) аз сабаби иҷро накардани ӯҳдадориҳо ҷалби чандинкаратаи боркаши гумрукӣ ба ҷавобгарии маъмури барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.