БЕЭЪТИБОРИИ АҚДИ НИКОҲ | 1994

Моддаи 28. Беэътибор донистани ақди никоҳ

 

  1. Дар сурати вайрон кардани шартҳои дар моддаҳои 12 ва 14 ҳамин Кодекс, инчунин дар мавриди бастани ақди никоҳи қалбакӣ, яъне агар зану шавҳар ё яке аз онҳо ақди никоҳро бе нияти бунёди оила сабт карда бошанд, ақди никоҳ беэътибор дониста мешавад. Ақди никоҳе, ки маҷбурӣ ё бо роҳи фиреб баста шудааст, тибқи аризаи ҷабрдида ё прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290).
  2. Ақди никоҳ аз ҷониби суд беэътибор дониста мешавад.
  3. Суд вазифадор аст, ки дар мӯҳлати се рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи беэътибор донистани ақди никоҳ иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали бақайдгирии давлатии ақди никоҳ  фиристад.
  4. Ақди никоҳи хилофи талаботи қисми 1 моддаи мазкур басташуда аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор аст. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 29. Шахсоне, ки барои талаби беэътибор  донистани  ақди никоҳ ҳуқуқ доранд

 

  1. Шахсони зерин барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд:

– зан ё шавҳари ноболиғ, падару модари ӯ (шахсони онҳоро ивазкунанда), мақоми васоят ва парасторӣ ё прокурор - агар ақди никоҳ бо шахси ба синни ақди никоҳӣ нарасида ҳангоми мавҷуд набудани иҷозати ақди никоҳ то ба синни ақди никоҳӣ расиданаш (моддаи 13 ҳамин Кодекс) баста шуда бошад. Баъди ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани зан ё шавҳари ноболиғ барои талаби беэътибор донистани н ақди икоҳ танҳо ин зан ё шавҳар ҳуқуқ дорад;

– зан ё шавҳаре, ки ҳуқуқи  ӯ ҳангоми ақди никоҳ поймол гардидааст, инчунин прокурор - агар ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар; дар натиҷаи маҷбуркунӣ, фиреб, ба иштибоҳ андохтан ё вобаста ба  вазъи ҳолати худ дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дарк карда натавонистани моҳияти амали худ ё идора накардани он ҳолат баста шуда бошад;

– зан ё шавҳаре, ки дар хусуси мавҷуд будани ҳолатҳои монеаи ақди никоҳ огоҳӣ надошт, васии зан ё шавҳаре, ки ғайри қобили амал  эътироф шудааст, зан ё шавҳари аз ақди никоҳи қабли бекоркарданашуда, шахсони дигаре, ки дар асари ақди никоҳ бо вайрон кардани муқаррароти моддаи 14 ҳамин Кодекс басташуда ҳуқуқашон поймол гардидааст, инчунин мақоми васояту сарпарастӣ ва прокурор;

– прокурор, инчунин зан ё шавҳаре, ки ҳангоми бастани ақди никоҳи қалбакӣ дар хусуси қалбакӣ будани он огоҳӣ надошт (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290).

  1. Ҳангоми баррасии парванда дар хусуси беэътибор донистани ақди никоҳи бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида, инчунин бо шахси аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида басташуда, барои иштирок дар парванда мақоми васояту парасторӣ ҷалб карда мешавад.

 

Моддаи 30.  Эътиборнок донистани  ақди никоҳ  (санатсияи ақди никоҳ)

 

  1. Суд метавонад ақди никоҳро эътиборнок ҳисоб кунад, агар дар лаҳзаи баррасии парванда дар бораи беэътибор донистани  ақди никоҳ ҳолатҳое, ки барои ақди никоҳ монеъ мешуданд, аз байн рафта бошанд.
  2. Суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани ақди никоҳе, ки бо шахси ба синни ақди никоҳӣ нарасида баста шудааст, рад кунад, агар инро манфиатҳои зан ё шавҳари ноболиғ талаб  намояд.
  3. Суд метавонад ақди никоҳи қалбакиро ҳақиқӣ эътироф намояд, агар то лаҳзаи баррасии парванда байни шахсоне, ки ақди никоҳ бастаанд, муносибатҳои заношӯӣ ба вуҷуд омада, онҳо барои идомаи ҳаёти оилавӣ розӣ бошанд, ба шарте, ки ҳақиқӣ донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқҳои шахсони сеюм зарар нарасонад.
  4. Ақди никоҳ пас аз бекор кардани он ғайриҳақиқӣ дониста шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои вуҷуд доштани дараҷаи хешии байни зану шавҳар, ки қонун манъ кардааст, ё ҳолате, ки зан ё шавҳар  дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дар ақди никоҳи дигари бекорнашуда (моддаи 14 ҳамин Кодекс) қарор дошта бошанд.

 

Моддаи 31. Оқибати ақди никоҳи беэътибор  донисташуда

 

  1. Ақди никоҳе, ки суд беэътибор донистааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда муқарраргардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардидаи зану шавҳарро ба миён намеоварад.
  2. Нисбати молу мулки якҷоя бадастовардаи шахсоне, ки ақди никоҳашон беэътибор дониста шудааст, меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моликияти умумии саҳмӣ истифода мешавад. Аҳдномаи ақди никоҳе, ки зану шавҳар бастаанд (моддаҳои 41-43 Кодекси мазкур), беэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Беэътибор донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқи кӯдаконе, ки аз ин ақди никоҳ таваллуд ёфтаанд ё дар давоми сесад рӯзи баъди беэътибор донистани ақди никоҳ ба дуньё омадаанд, таъсир намекунад (қисми 2 моддаи 49 ҳамин Кодекс).
  4. Ҳангоми баровардани ҳалномаи дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ суд метавонад ҳуқуқи зан ё шавҳарро, ки баъди бастани чунин ақди никоҳ ҳуқуқаш поймол гардидааст, барои мутобиқи моддаҳои 90, 91 ҳамин Кодекс аз зан ё шавҳари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд, нисбати тақсими молу мулки то рӯзи беэътибор донистани ақди никоҳ бадастомада бошад, метавонад муқаррароти дар моддаҳои 34, 38-39 ҳамин Кодекс муайянгардидаро татбиқ кунад, инчунин шартномаи ақди никоҳро пурра ё қисман беэътибор донад. 

Зан ё шавҳаре, ки дар натиҷаи бастани ақди никоҳи аз ҷониби суд беэътибор донисташуда ҳуқуқаш поймол гардидааст, ҳуқуқ дорад мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)

  1. Зан ё шавҳари софдил ҳангоми беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад насаберо, ки ҳангоми сабти ақди никоҳ интихоб намудааст, нигоҳ дорад. (ҚҶТ аз 26.11.15г., №1239)