БЕХАТАРӢ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ | 1994

Моддаи 331. Талаботи ҳифзи меҳнат
1. Корфармо уҳдадор аст, ки дар тамоми ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ шароити меҳнатии ба талаботи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ ҷавобгӯро муҳайё намояд.
2. Талаботи ҳифзи меҳнат бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Корфармо барои риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ҷавобгар аст.
Моддаи 332. Ҳуқуҳи корманд ба гирифтани маълумот дар бораи ҳифзи меҳнат
1. Дар вақти бастани шартномаи меҳнатӣ корфармо бояд ба корманд дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси имтиёзу ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани имтиёзҳо ҳуқуқ дорад ва аз воситаҳои муҳофизати инфиродӣ маълумот диҳад.
2. Корфармо уҳдадор аст, соле на камтар аз як маротиба кормандон ва ё намояндагони онҳоро аз ҳолати шароити меҳнати дар истеҳсолот ва ҷойҳои кор, оид ба натиҷаи тафтиши шароити меҳнат аз тарафи мақомоти назоратӣ, андешидани тадбирҳо дар мавриди таъмини шароити солим ва бехатари меҳнат хабардор созад, чунин маълумотро бо хоҳиши корманд дар ихтиёри ӯ гузорад.
Моддаи 333. Муоинаи тиббии баъзе гурӯҳҳои кормандон
1. Корфармо уҳдадор аст, пешакӣ ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ ва дар раванди кор давра ба давра кормандонеро, ки шароити корашон вазнин, зарарнок ва ё хатарнок аст, аз ҷумла дар корҳои зеризаминӣ ва шабона, ҳамчунин бо воситаҳои нақлиёт кор мекунанд, ба мақсади муайян кардани мутобиқати кори иҷрошаванда ба саломатии онҳо ва пешгирии бемориҳои касбӣ ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронад.
2. Кормандоне, ки дар саноати хӯрокворӣ, соҳаи хӯроки умумӣ, савдо ва дигар соҳаҳое, ки бевосита бо хизматрасонии аҳолӣ машғуланд, бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемориҳо аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
3. Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок кормандон пеш аз оғози кор аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.
4. Агар корманд чунин шуморад, ки бад шудани вазъи саломатиаш ба шароити меҳнат вобаста аст, ӯ ҳуқуқ дорад ғайринавбатӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштанашро талаб намояд.
5. Рӯйхати омилҳои зарарноки истеҳсолӣ ва корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо кормандон аз муоинаи тиббии пешакӣ ва даврӣ мегузаранд, тартиб ва муҳлати гузаронидани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
6. Ҳангоми аз муоинаи тиббӣ саркашӣ кардани корманд ё тавсияҳои дар натиҷаи муоинаи тиббӣ додашударо риоя накардани ӯ, корфармо ҳуқуқ дорад кормандро ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатиаш роҳ надиҳад.
7. Аз муоинаи тиббӣ гузаштани корманд аз ҳисоби маблағҳои корфармо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 334. Имтиёзҳо ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст
1. Дар корҳои шароиташон зарарнок ба кормандон мувофиқи меъёрҳо ва тартиби муқарраргардида шир ё дигар маҳсулоти зарурӣ ройгон дода мешавад.
2. Меъёрҳои додани шир ё дигар маҳсулоти зарурӣ, тартиби додани онҳо, номгӯйи моддаҳои кимиёвие, ки ҳангоми кор кардан бо онҳо ба мақсадҳои пешгирӣ истеъмоли шир ё дигар маҳсулоти зарурӣ тавсия мешавад, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.
3. Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда хӯроки табобатию пешгирикунанда ройгон дода мешавад.
4. Руйхати истеҳсолот, ихтисосу вазифаҳое, ки машғул шудан бо онҳо ба гирифтани хӯроки табобатию пешгирикунанда ҳуқуқ медиҳад, номгӯй ва меъёри чунин хӯрок, тартиби додани он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
5. Корфармо уҳдадор аст ба корманд ба ғайр аз ин имтиёзу ҷубронҳо, дигар имтиёзу ҷубронҳои пешбиникардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро диҳад.
Моддаи 335. Таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиенӣ
1. Корфармо уҳдадор аст ба кормандоне, ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ё бо ифлосӣ вобаста машғуланд, мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиениро ройгон диҳад.
2. Либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродии ба кормандон додашуда аз тарафи корфармо нигоҳдорӣ, шустушӯй, таъмиз, безарар ва таъмир карда мешаванд.
3. Агар либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ба корманд дода нашуда бошанд ё муҳлати додани ин воситаҳо гузашта бошад ва ё корманд ноилоҷ онҳоро бо маблағи худ харида гирад, корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд хароҷоти харидории воситаҳои мазкурро ҷуброн намояд. Дар сурати бе гуноҳи корманд пеш аз муҳлат фарсуда шудани либосу пойафзоли махсус, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ корфармо уҳдадор аст, ки онҳоро иваз намояд.
4. Агар ба сабаби кормандро бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиенӣ таъмин накардан ба ҳаёту саломатии ӯ хатар таҳдид намояд, корманд метавонад корро қатъ кунад. Барои муҳлати қатъи кор ҳамчун барои бекористӣ бе гуноҳи корманд музд дода мешавад.
Моддаи 336. Додани дастур ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор
1. Корфармо уҳдадор аст ба кормандоне, ки ба кор қабул мешаванд ва ё ба кори дигар гузаронида мешаванд, оид ба ҳифзи меҳнат ва омӯзиши усулҳои бехатари кор дастур диҳад.
2. Барои кормандони дар истеҳсолоти шароити корашон махсусан хатарнок бояд таълими ҳифзи меҳнат ба роҳ монда, онҳо баъд аз хатми таълим имтиҳон супурда, минбаъд давра ба давра аз нав имтиҳон карда шаванд.
3. Дастурдиҳӣ, таълим ва санҷиши давра ба давраи дониши кормандон, аз ҷумла мутахассисон ва роҳбароне, ки барои ҳолати ҳифзи меҳнат масъуланд, бо тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи санади меъёрии дахлдор ба роҳ монда мешаванд.
4. Шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари кор дастур ва таълим нагирифтаанд, ба кор роҳ дода намешаванд.
5. Донистани қоидаю меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат қисми таркибии талаботи ихтисосие мебошад, ки аз кормандон тақозо мешавад.
Моддаи 337. Корро қатъ кардани корманд дар ҳолати ба ҳаёт ва саломатии ӯ таҳдид намудани хатар
1. Агар корманд дар раванди кор ба ҳаёт ва саломатиаш таҳдид кардани хатарро пай барад ва онро бо воситаҳои дар ихтиёрдоштааш бартараф карда натавонад, ҳуқуқ дорад корро қатъ намояд.
2. Корманд уҳдадор аст, ки аз вазъияти хатарноки раванди кор роҳбари бевосита (сардори бригада, усто, сардори қитъа) ё мақомоти ҳифзи меҳнати ташкилотро хабардор созад. Дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 338. Бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори сабуктар гузаронидан
1. Корфармо уҳдадор аст кормандонеро, ки бо сабаби вазъи саломатӣ, аз ҷумла маъюбӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ба кори нисбатан сабуктар эҳтиёҷ доранд, бо мувофиқаи онҳо ва мутобиқи хулосаи тиббӣ онҳоро муваққатан ё бе маҳдудияти муҳлат ба чунин кор гузаронида, аз рӯи имконият ҷойҳои нави корӣ ташкил намояд.
2. Музди меҳнати кормандоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори дигар мегузаранд ё кумакпулии онҳо аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
3. Дар ҳолатҳое, ки бо сабаби маъюбии меҳнатӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ зарурати тағйири ихтисос пеш меояд, корфармо уҳдадор аст барои ба кор таъмин намудани корманди муҳтоҷи такмили ихтисос азнавтайёркунии ӯро бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнати ӯ дар давраи мазкур, вале на зиёда аз дувоздаҳ моҳ ташкил намояд.
4. Агар шароити истеҳсолот ба ташкили бо кор таъмин намудани корманди дар раванди кор маъюбшуда, бемории касбӣ ё дигар сабаби осеби ба саломатӣ бинобар иҷрои уҳдадории меҳнатӣ расида имкон надиҳад, шартномаи меҳнатӣ бо ӯ қатъ карда, барои аз кор рафтан кумакпулӣ пардохт карда мешавад.
5. Андозаи кумакпулӣ барои аз кор рафтан бо ризогии тарафҳо муайян карда мешавад ва андозаи он набояд аз музди миёнаи меҳнати шашмоҳаи корманд камтар бошад.
Моддаи 339. Чораҳои иловагии ҳифзи меҳнати маъюбон
1. Корфармо уҳдадор аст аз ҳисоби квотаи муқарраршуда маъюбонеро, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади ба кор таъмин кардани онҳо фиристодааст, ба кор қабул намояд.
2. Иҷрои тавсияҳои мақомоти ваколатдори давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ оид ба низоми вақти нопурраи корӣ, сабуктар кардани кор ва дигар шароити меҳнати маъюбон барои корфармо ҳатмӣ мебошад.
3. Нисбати маъюбон чораҳои дигари иловагии ҳифзи меҳнат бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 340. Хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии корманд
1. Корфармо вобаста ба намуди фаъолияти ташкилот ва бо назардошти талаботи кормандон уҳдадор аст:
- онҳоро бо оби нӯшокӣ таъмин намояд;
- хӯроки онҳоро ташкил кунад;
- дар ташкилот утоқҳои санитарию маишӣ, ҷойи либоскашӣ, оббозӣ, утоқҳои махсус (ҷойҳои махсус барои рафъи хастагии зиёди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ), утоқи гигиенаи шахсӣ барои занон, нуқтаҳои расониданӣ ёрии аввалияи тиббӣ дар мавриди фалокат ва ё бемор шудани корманд дар ҷойи корро муҷаҳҳаз созад.
2. Корфармо уҳдадор аст, ки мақомот ва муассисаҳои дахлдори тандурустӣ (нуқтаи тиббӣ, қисми тиббию санитарӣ, шифохона) ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд.