БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ АНДОЗӢ | 1994

 Моддаи 89. Тартибдиҳӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ
1. Баҳисобгирии андозӣ - ҷараёни пешбурди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ аз ҷониби андозсупоранда тибқи талаботи Кодекси мазкур бо мақсади мураттаб намудани маълумот дар бораи объектҳои андозбандӣ, ҳисоб кардани андозҳо ва тартиб додани ҳисоботи андозӣ мебошад.
2. Ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ аз ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва ҳисоботи андозӣ иборат мебошанд.
3. Андозсупоранда уҳдадор аст пешбурди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи андозиро ба забони давлатӣ анҷом диҳад.
4. Андозсупорандагон уҳдадоранд пешбурди ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро мутобиқи қонунгузории муҳосибӣ, санадҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия, мақоми ваколатдори давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
5. Дар ҷараёни санҷиши андоз бо дархости мақомоти андоз андозсупоранда уҳдадор аст нусхаи коғазии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии дар шакли электронӣ таҳияшударо пешниҳод намояд.
6. Андозсупорандагон уҳдадоранд ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми муҳлати даъво нигоҳ доранд. Агар санҷиши андоз ё шикоят аз болои уҳдадории андозӣ то ба охир расидани муҳлати даъво оғоз шавад, андозсупорандагон бояд ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро то анҷом ёфтани санҷиш ва расмиёти мурофиаи шикоятӣ нигоҳ доранд.
7. Ғайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал ё намояндагӣ амалӣ менамояд, уҳдадор аст ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро дар маҳалли ҷойгиршавии дафтари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар ҳолати надоштани дафтари корӣ - дар дафтари кории агенти андози ҳамин ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад.
8. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ уҳдадорӣ оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба вориси ҳуқуқии он вогузор карда мешавад.
9. Ҳангоми барҳамдиҳӣ ва ё шакли дигари қатъи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ҳамаи идоракунандагон, шарикон ва саҳмдорони назораткунандаи ин шахси ҳуқуқӣ бояд нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро дар давоми муҳлати мувофиқ ба муҳлати даъво бо назардошти талаботи қисми 5 ҳамин модда таъмин намоянд. Ҳангоми барҳамдиҳӣ ва ё шакли дигари қатъи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба бойгонии давлатӣ супорида мешаванд.
  Моддаи 90. Қоидаҳои умумии баҳисобгирии андозӣ
1. Андозсупоранда уҳдадор аст баҳисобгирии даромаду хароҷоти худро дар асоси маълумоти бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда барои давраҳои ҳисоботии дахлдор бо истифода аз усули баҳисобгирии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба роҳ монад.
2. Андозсупоранда баҳисобгирии андозиро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бо усули хазинавӣ ё усули ҳисобу замкунӣ амалӣ менамояд.
3. Андозсупоранда уҳдадор аст баҳисобгирии ҳамаи амалиётҳои марбут ба фаъолияташро, ки барои муайян кардани оғоз, ҷараён ва анҷоми он имконият медиҳад, таъмин намояд.
4. Андозсупорандагоне, ки дар як вақт намудҳои гуногуни фаъолиятро амалӣ менамоянд ва барои онҳо дар Кодекси мазкур шартҳо ва низомҳои гуногуни андозбандӣ муқаррар гардидааст, уҳдадоранд баҳисобгирии ҷудогонаи объектҳои андозбандиро дар асоси нишондиҳандаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, аз рӯи чунин шартҳо ва низомҳо анҷом диҳанд.
5. Амалиётҳои мубодила, пардохт тавассути додани мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) ва ба гаравгир додани ашёи гарав дар ҳолати иҷро накардани уҳдадории бо гарав таъминшуда барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) эътироф мешаванд.
6. Барои мақсадҳои андозбандӣ ҳама гуна амалиёт бо асъор дар рӯзи анҷом додани амалиёт бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад. Бо иҷозати пешакии хаттии мақомоти андоз андозсупоранда ҳуқуқ дорад даромади андозбандишаванда ва хароҷоти марбут ба онро бо пули миллӣ аз рӯи қурби миёнаи Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи андоз ҳисоб намояд.
7. Қурби асъорие, ки нисбат ба он қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар нашудааст, дар асоси қурби асъори марбута нисбат ба доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка (минбаъд - ИМА) муайян ва ҳисоб карда мешавад.
8. Шахсе, ки бо асъори функсионалӣ даромад ба даст меорад ва хароҷот анҷом медиҳад, метавонад дар бораи ҳисобкунии ин маблағҳо бо асъори функсионалӣ қарор қабул намояд. Шахс метавонад истифодаи асъори функсионалиро танҳо дар сурати риоя шудани ҳар ду шарти зерин интихоб кунад, агар:
- асъори функсионалӣ - асъори функсионалии тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- шахс ҳисоботи молиявии худро бо асъори функсионалӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ тартиб диҳад.
9. Мутобиқи қисми 8 ҳамин модда шахс уҳдадор аст, ки ба мақомоти андоз то санаи пешниҳоди эъломияи андози давраи ҳисоботӣ барои қабули қарор дар бораи истифодаи асъори функсионалӣ дар давраи ҳисоботӣ ариза пешниҳод намояд. Қарори дар бораи истифодаи асъори функсионалӣ қабулшуда то лаҳзае амал мекунад, ки шахс шартҳои қисми 8 ҳамин моддаро иҷро накунад ё истифодаи асъори функсионалиро бо иҷозати мақомоти андоз қатъ накунад.
10. Шахсе, ки асъори функсионалиро интихоб кардааст, ҳангоми гирифтани даромад ё анҷом додани хароҷоте, ки бо асъори функсионалӣ ифода карда нашудааст (аз ҷумла даромад ва хароҷот бо сомонӣ нишон дода шудааст), бояд дар асоси меъёри қурби дар ҳисоботи молиявии андозсупоранда истифодашаванда ба асъори функсионалӣ гузаронад.
11. Шахсе, ки истифодаи асъори функсионалиро барои давраи ҳисоботӣ интихоб мекунад, бояд даромади андозбандишаванда ва андози пардохтшавандаи ин давраро бо асъори функсионалии худ ҳисоб кунад ва ё:
- маблағи андозро бо асъори функсионалӣ аз рӯи қурби миёнаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ба пули миллӣ гузаронад; ё
- бо иҷозати хаттии мақомоти андоз андозро бо асъори функсионалӣ пардохт намояд.
12. Шахси ҳуқуқие, ки дар бораи истифодаи асъори функсионалӣ қарори асоснокшуда қабул мекунад ё истифодаи асъори функсионалиро қатъ менамояд, бояд ҳамаи қоидаҳои гузаришро, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, риоя намояд.
  Моддаи 91. Тартиби баҳисобгирии даромад ва хароҷот
1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, даромади (фоидаи) андозбандишаванда бояд тибқи ҳамон усули баҳисобгирие ҳисоб карда шавад, ки андозсупоранда дар ҳисоботи муҳосибавӣ истифода мебарад.
2. Агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, барои мақсадҳои андозбандӣ:
- шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи боби 52 Кодекси мазкур андозбандӣ карда мешаванд, ба истиснои шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродии тибқи муқаррароти қисми 4 моддаи 375 Кодекси мазкур фаъолияткунанда, уҳдадоранд баҳисобгириро бо усули хазинавӣ пеш баранд;
- шахсони дигаре, ки дар сархати якуми ҳамин қисм зикр нашудаанд, уҳдадоранд баҳисобгириро бо усули ҳисобу замкунӣ пеш баранд.
3. Дар сурати тағйир ёфтани усули баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда истифода мебарад, тағйирот дар баҳисобгирии даромад, хароҷот ва унсурҳои дигар, ки ба маблағи андоз таъсир мерасонанд, бояд дар соли тағйир додани усули баҳисобгирӣ дохил карда шаванд, то ки ҳеҷ яке аз ин унсурҳо сарфи назар нагардад ё дубора ба ҳисоб гирифта нашавад.
4. Нисбат ба супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо даромаду хароҷот бе андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ҳисоб карда мешавад, ба истиснои хароҷоте, ки нисбат ба он ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода намешавад. Арзиши дороие, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба даст овардааст, маблағи андоз аз арзиши иловашудаи пардохтгардидаро дар бар намегирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ҳисоб гирифтани ин маблағи андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода намешавад.
  Моддаи 92. Тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷот бо усули хазинавӣ
1. Андозсупорандае, ки баҳисобгириро бо усули хазинавӣ пеш мебарад, уҳдадор аст мутобиқи моддаи мазкур даромадро дар санаи гирифтани он ва хароҷотро дар санаи пардохти воқеии он анҷом диҳад.
2. Лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи воридоти маблағҳои пулии нақд ба хазина ва лаҳзаи ворид гардидани маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби бонкии андозсупоранда ё суратҳисоби дигаре ба ҳисоб меравад, ки ӯ ихтиёрдорӣ карда метавонад ё ҳуқуқи аз он гирифтани маблағҳои мазкурро дорад.
3. Агар ҳисоббаробаркунӣ барои моли таҳвилгардида, кори иҷрошуда ё хизматрасонии расонидашуда дар давоми зиёда аз 6 моҳи тақвимӣ бо усули хазинавӣ анҷом дода нашавад, новобаста ба муқаррароти қисми 2 ҳамин модда, барои мақсадҳои андозбандӣ ҳисоббаробаркунӣ дар моҳи пурраи тақвимии охирин анҷомёфта ҳисобида мешавад.
4. Дар сурати иҷро гардидани уҳдадории молиявии андозсупоранда, аз ҷумла дар ҳолати баҳисобгирии байниҳамдигарӣ, лаҳзаи гирифтани даромад ва хароҷот лаҳзаи иҷро шудани уҳдадорӣ ба ҳисоб меравад.
5. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, лаҳзаи хароҷот лаҳзаи аз тарафи андозсупоранда воқеан анҷом додани хароҷот ба ҳисоб меравад.
6. Агар андозсупоранда пардохтро бо пули нақд анҷом диҳад, лаҳзаи хароҷот лаҳзаи воқеии пардохти маблағи пули нақд ва ҳангоми пардохти ғайринақдӣ лаҳзаи аз тарафи ташкилоти қарзии молиявӣ қабул гардидани супоришномаи андозсупоранда дар бораи анҷоми амалиёт оид ба гузаронидани маблағи пулӣ дониста мешавад.
7. Ҳангоми пардохти фоизҳо аз рӯи уҳдадории қарзӣ ё пардохти маблағ барои иҷораи молу мулк, агар муҳлати уҳдадорӣ ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, маблағи фоизҳои пардохтшуда (пардохти иҷора), ки амалан барои давраи андоз тарҳ карда мешавад, маблағи фоизҳое (пардохти иҷорае) мебошад, ки бояд дар ин давра супорида шавад.
  Моддаи 93. Тартиби баҳисобгирии даромад ва хароҷот бо усули ҳисобу замкунӣ
1. Андозсупорандае, ки бо усули ҳисобу замкунӣ баҳисобгириро пеш мебарад, уҳдадор аст даромаду хароҷотро мутобиқи моддаи мазкур мутаносибан аз лаҳзаи гирифтани ҳуқуқ ба даромад ё ба миён омадани уҳдадории пардохт, сарфи назар аз вақти воқеии гирифтани даромад ё иҷрои пардохт, ба ҳисоб гирад.
2. Ҳуқуқи гирифтани даромад лаҳзае ба ҳисоб меравад, ки маблағи дахлдор бояд ба андозсупоранда пардохт карда шавад ё андозсупоранда уҳдадории худро тибқи шартнома пурра иҷро карда бошад. Бо ин мақсад, новобаста ба он ки вақти иҷрои уҳдадорӣ ба таъхир меафтад ё пардохти маблағ ба муҳлатҳо ҷудо карда мешавад, ҳуқуқи гирифтани даромад боқӣ мемонад.
3. Агар андозсупоранда корро иҷро кунад ё хизмат расонад, ҳуқуқи гирифтани даромад дар лаҳзаи иҷрои ниҳоии кор ё хизматрасонии дар шартнома пешбинигардида бадастовардашуда ба ҳисоб меравад.
4. Агар шартнома иҷрои кор ё хизматрасониро марҳила ба марҳила пешбинӣ намояд, ҳуқуқи гирифтани даромад дар лаҳзаи анҷоми кор ё хизматрасонӣ дар ин марҳила бадастоварда ҳисобида мешавад, агар моддаи 96 Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
5. Агар андозсупоранда даромад гирад ё барои гирифтани даромад дар шакли фоиз ё даромад барои ба иҷора додани молу мулк ҳуқуқ дошта бошад, ҳуқуқи гирифтани даромад аз лаҳзаи ба охир расидани муҳлати уҳдадории қарз ё шартномаи иҷора бадастовардашуда ҳисобида мешавад. Агар муҳлати уҳдадории қарз ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, даромад ба ин давраҳои андоз бо тартиби ҳисобу замкунии он тақсим карда мешавад.
6. Лаҳзаи хароҷоти вобаста ба шартнома лаҳзаи иҷрои ҳамаи шартҳои зерин ҳисобида мешавад, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад:
- дар ҳолати аз тарафи андозсупоранда эътироф шудани уҳдадории молиявӣ;
- дар ҳолати арзёбии дақиқи ҳаҷми уҳдадории молиявӣ;
- агар тарафҳо тибқи шартнома ҳамаи уҳдадориҳои худро иҷро намуда бошанд ва маблағҳои дахлдор бояд пардохт карда шаванд.
7. Вобаста ба шартҳои дар қисми 6 ҳамин модда пешбинишуда уҳдадории молиявӣ маънои уҳдадориеро дорад, ки андозсупоранда мутобиқи шартнома қабул кардааст ва тарафи дигари дар шартнома иштирокдошта бо мақсади иҷрои он уҳдадор аст, ки даромади дахлдорро дар шакли пулӣ ё шакли дигар ба андозсупоранда пешниҳод намояд.
8. Ҳангоми пардохти фоизҳо тибқи уҳдадории қарз ё пардохт барои молу мулки ба иҷора гирифташуда лаҳзаи хароҷот лаҳзаи ба охир расидани муҳлати уҳдадории қарзӣ ё шартномаи иҷора ҳисобида мешавад. Агар муҳлати уҳдадории қарз ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозиро дар бар гирад, хароҷот ба ин давраҳои андоз бо тартиби ҳисобу замкунии он тақсим карда мешавад.
  Моддаи 94. Андозбандии соҳибии муштарак
Дар сурати бастани шартномаи хаттӣ дар бораи соҳибии муштараки молу мулк ё якҷоя анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё шартномаи дигари хаттӣ, ки на камтар аз ду соҳибро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунад, онҳо мувофиқи ҳиссаи иштирокашон андозбандӣ карда мешаванд. Агар муайян кардани ҳиссаи иштироки соҳибмулкон дар моликияти муштарак ғайриимкон бошад, чунин ҳисобида мешавад, ки соҳибони моликият дорандагони ҳиссаи баробари молу мулк мебошанд.
  Моддаи 95. Хусусиятҳои муайян кардани даромад ва тарҳ барои шартномаҳои дарозмуҳлат
1. Андозсупорандае, ки шартномаи дарозмуҳлат ба имзо мерасонад, уҳдадор аст, ба даромади умумии ҳар давраи андозии шартнома фоизи даромади умумии эҳтимолии андозбандишавандаи андозсупорандаро тибқи шартнома мутаносибан ба ҳиссаи корҳои анҷомдодашуда, тавре дар қисми 2 ҳамин модда муайян шудааст, мутобиқи стандартҳои ҳисоботи молиявӣ муайян кунад. "Шартномаи дарозмуҳлат" шартномаи сохтмонӣ ё муҳандисӣ мебошад, ки иҷрои он зиёда аз 12 моҳро дар бар мегирад.
2. Фоизи иҷрои шартномаи дарозмуҳлати андозсупоранда дар давраи андоз ба хароҷоти умумии андозсупоранда дар ин давра ҳамчун фоиз аз хароҷоти эҳтимолии шартнома асос меёбад.
3. Маблағи даромади умумии эҳтимолии андозбандишавандаи андозсупоранда, тибқи шартномаи дарозмуҳлат, ин даромади умумии эҳтимолӣ, ки андозсупоранда бояд дар давоми муҳлати шартнома ба даст меовард, бо назардошти хароҷоти умумии эҳтимолии тарҳшавандаи сарфнамудаи андозсупоранда дар давоми муҳлати шартнома, мебошад.
4. Агар андозсупоранда дар давраи охирини андоз тибқи шартномаи дарозмуҳлати сохтмон зарар дида бошад ва андозсупоранда зарарро тибқи моддаи 197 Кодекси мазкур вобаста ба қатъ гардидани фаъолияти тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи дигар гузаронида натавонад, андозсупоранда метавонад зарари худро ба давраи андози қаблӣ баргардонад ва зарар ҳамчун тарҳ дар ин давра иҷозат дода мешавад. Агар андозсупоранда зарари ба давраи бевоситаи қаблии андоз гузаронидашударо пурра тарҳ карда натавонад, чунин маблағи барзиёд метавонад ба давраи минбаъдаи андози пешин гузаронида шавад ва ба тарҳ барои ин давра иҷозат дода шавад, аммо чунин зарар наметавонад дар тӯли зиёда аз ду давраи андоз гузаронида шавад.
5. Барои мақсадҳои қисми 4 ҳамин модда андозсупоранда дар давраи охирини андоз аз рӯи шартномаи дарозмуҳлат зарардида дониста мешавад, агар даромади умумии эҳтимолии андозбандишавандае, ки тибқи шартномаи дар қисми 3 ҳамин модда зикргардида ба даст оварда мешавад, аз даромади воқеии андозбандишаванда тибқи шартнома зиёд бошад ва маблағи барзиёд аз маблағе, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда ба даромади умумӣ дохил карда мешавад, барои давраи андозе, ки шартнома иҷро шудааст, зиёд бошад.
  Моддаи 96. Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ
1. Барои мақсадҳои андозбандӣ баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ мутобиқи қонунгузории баҳисобгирии муҳосибӣ анҷом дода мешавад.
2. Ҳангоми баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ андозсупоранда уҳдадор аст, ки арзиши молҳои истеҳсолнамуда ё харидоришударо, ки мутаносибан дар асоси хароҷоти истеҳсолӣ (арзиши аслӣ, яъне ҳамаи хароҷоти марбут ба истеҳсоли мол) ё нархи хариди онҳо муайян карда мешавад, инчунин хароҷоти нигоҳдорӣ ва интиқоли онҳоро, дар ҳисоботи андозӣ дарҷ намояд.
3. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки арзиши мол ё маҳсулоти нуқсондор ва ё кӯҳнашударо, ки бо ҳамин сабаб ё бо сабабҳои шабеҳ бо нархи зиёдтар аз хароҷоти барои истеҳсоли (нархи харид)-и онҳо сарфшуда фурӯхтан ғайриимкон гардидааст, дар асоси нархе, ки онҳоро фурӯхтан мумкин аст, баҳогузорӣ намуда, ба ҳисоб гирад.
4. Нисбат ба молҳое, ки баҳисобгирии инфиродии онҳо анҷом дода намешавад, андозсупоранда ҳуқуқ дорад барои баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ яке аз ду усули зеринро истифода барад:
- усули баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ (ФИФО), ки мутобиқи он дар давраи аввал молҳои дар оғози давраи ҳисоботӣ ба захираҳои молию моддӣ ва баъдан молҳое, ки дар давоми давраи ҳисоботӣ истеҳсол (харида) шудаанд, мувофиқи навбати истеҳсолашон (харидашон) фурӯхташуда (истифодашуда) ҳисобида мешаванд;
- усули баҳо додан аз рӯи арзиши миёнаи молҳо.
5. Андозсупорандагон уҳдадоранд дар баҳисобгирии муҳосибӣ низоми рамзгузории электронии молҳоро таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
  Моддаи 97. Баҳисобгирӣ ҳангоми иҷораи молиявӣ (лизинг)
1. Дар ҳолатҳое, ки иҷорадеҳ то оғози иҷораи молиявӣ (лизинг) соҳиби молу мулки моддии истеҳлокшаванда мебошад, амалиёт ҳамчун фурӯши молу мулк аз тарафи иҷорадеҳ ва харидани он аз ҷониби иҷорагир баррасӣ карда мешавад.
2. Молу мулки моддии истеҳлокшавандае, ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба иҷора дода мешаванд, дар давраи амали шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) бояд дар тавозуни иҷорагир ба ҳисоб гирифта шаванд, ки ин ба иҷорагир (лизинггиранда) ҳуқуқ медиҳад тарҳҳоро вобаста ба мавзӯи лизинг (аз ҷумла истеҳлок ва хароҷоти таъмир) амалӣ намояд.
3. Нисбат ба молу мулки моддии истеҳлокшаванда, ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба иҷора дода шудаанд, қоидаҳои зерин амалӣ мешаванд:
- иҷорагир соҳиби молу мулки баиҷорагирифташуда эътироф гардида, молу мулк дар тавозуни ӯ дар давоми муҳлати шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба ҳисоб гирифта мешаванд;
- иҷорагир ҳуқуқ дорад хароҷотро вобаста ба объекти баиҷорагирифташуда (хусусан истеҳлок ва хароҷоти таъмир) тарҳ кунад;
- барои иҷорагир дар оғози иҷора арзиши хариди молу мулки баиҷорагирифташуда ба арзиши дар шартномаи иҷора зикргардида баробар аст. Агар иҷорадеҳ ва иҷорагир шахсони бо ҳам алоқаманд бошанд, дар санаи оғози иҷора арзиши молу мулки ба иҷораи молиявӣ (лизинг) гирифташаванда бояд ба арзиши одилонаи бозорӣ баробар бошад;
- аз санаи оғози иҷора иҷорадеҳ нисбат ба иҷорагир ҳамчун қарздиҳанда ва маблағи қарз ба арзиши молу мулки ба иҷора гирифташуда баробар дониста мешавад;
- ҳар пардохти иҷораи молиявӣ ҳамчун қисми пардохти маблағи асосии қарз ва қисман пардохти фоизи қарз дониста мешавад. Фоизи ҳар пардохти иҷораи молиявӣ бо истинод ба меъёри фоизие, ки дар шартномаи иҷора дарҷ шудааст, ҳисоб карда мешавад.
  Моддаи 98. Ҳисоботдиҳии андозӣ
1. Ҳисоботдиҳии андозӣ - раванде, ки пешниҳоди ариза, ҳисобҳо ва эъломияҳо оид ба низомҳои андозбандӣ, ҳар намуди андоз ё оид ба даромадҳои пардохтшуда, инчунин замимаҳо ба ҳисобҳо ва эъломияҳои андозро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур тартиб дода шудаанд, дар бар мегирад.
2. Ҳисоботи андозӣ аз инҳо иборат аст:
- эъломияҳои андоз бо замимаҳо, ҳисобҳо, маълумоте, ки бояд андозсупоранда доир ба ҳар намуди андоз тартиб диҳад;
- аризаҳо дар бораи баҳисобгирии андоз ё гузаштан ба низоми дигари андозбандӣ;
- ариза дар бораи бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;
- аризаҳо дар бораи баргардонидани андозҳои барзиёд ё саҳван пардохтшуда ва ё барои баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда;
- аризаҳо оид ба амалисозии шартномаҳо дар бораи пешгирии андозбандии дукарата ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои андозбандӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
- ҳисоботҳои муҳосибии солона, санадҳои санҷишҳои гузаронидашудаи аудитории андозсупоранда, ки бо стандартҳои аудит пешбинӣ шудаанд;
- маълумот оид ба кушодани суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
- нусхаи қарор оид ба барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ ва ё муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (содирот ва воридот);
- маълумот оид ба гирифтани иҷозат ва иҷозатнома барои анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолият;
- маълумот оид ба гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи замин ва (ё) ҳуҷҷати дигаре, ки барои истифодаи замин ҳуқуқ медиҳад.
  Моддаи 99. Тартиби таҳияи ҳисоботи андозӣ
1. Андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи ӯ, инчунин мақомоти андоз ва (ё) мақомоти ваколатдори дигар, ки дар муносибатҳои андозӣ иштирок менамоянд, ҳисоботи андозиро ба забони давлатӣ тибқи тартиб ва шаклҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар шакли электронӣ ё коғазӣ тартиб медиҳанд.
2. Тартиб, намуд ва шаклҳои пешниҳоди ҳисоботи андозӣ, аз ҷумла шаклҳои электронӣ ва коғазии он, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муайян карда мешаванд.
3. Масъулият барои дурустии маълумоти дар ҳисоботи андозӣ нишондодашуда ба зиммаи андозсупоранда вогузор карда мешавад.
4. Ҳисоботи андозӣ ба мақомоти дахлдори андоз тибқи тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад.
5. Андозсупорандагоне, ки нисбат ба фаъолияти онҳо шартҳои гуногуни андозбандӣ муқаррар шудаанд, инчунин низомҳои гуногуни андозбандиро истифода менамоянд, ҳисоботи андозро барои ҳар намуди фаъолият ва низом таҳия ва дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод менамоянд.
  Моддаи 100. Пешниҳод намудани ҳисоботи андозӣ
1. Ҳисоботи андозӣ аз ҷониби андозсупоранда ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад. Ҳисоботи андозӣ аз рӯи намудҳои алоҳидаи андозҳо низ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҷониби андозсупоранда дар маҳалли баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Шахсони воқеие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул нестанд, эъломияи андозро ба мақомоти андози маҳалли истиқоматашон пешниҳод менамоянд.
3. Ҳисоботи андозӣ ба мақомоти андоз пешниҳодшуда ҳисобида мешавад, агар дар он рақами мушаххаси андозсупоранда, давраи андоз, намуд ва маблағи андоз ва (ё) санаи пешниҳоди ҳисоботи андозӣ дарҷ гардида бошад. Агар мақомоти андоз дар ҳисоботи пешниҳодшудаи андоз камбудӣ ва (ё) дигар номутобиқатиро ошкор кунад, уҳдадор аст фавран андозсупорандаро аз чунин хато ва (ё) номутобиқатӣ огоҳ намояд. Дар ин ҳолат андозсупоранда эъломияи ислоҳшуда ва ё иловагии андозро пешниҳод менамояд ва нисбати ӯ ҷаримаи батаъхиргузории пешниҳоди эъломия татбиқ карда намешавад.
4. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳисоботи андозӣ дар доираи муҳлати даъво бо роҳи пешниҳоди ҳисоботи иловагӣ барои давраи андозе, ки ин тағйиру иловаҳо ба он тааллуқ доранд, иҷозат дода мешавад.
5. Ҳангоми пешниҳод намудани ҳисоботи андозӣ бо тағйиру иловаҳо ба мақомоти андоз то лаҳзае, ки андозсупоранда дар бораи таъин намудани санҷиши сайёри андоз бо тартиби муқарраршуда огоҳинома гирифтааст, андозсупоранда аз ҳисобкунӣ ва пардохти ҷарима барои ҳуқуқвайронкунии содиргардида озод карда мешавад. Дар баробари ин, барои дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт нагардидани андозҳо мутобиқи тартиби муқарраршуда фоизҳо ҳисоб ва пардохт карда мешавад.
6. Андозсупорандагон (агентҳои андоз) ҳуқуқ доранд ҳисоботи андозиро бо интихоби худ ба тариқи зерин ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд:
- дар шакли электронӣ;
- тавассути почта;
- шахсан ё тавассути намоянда.
7. Сарфи назар аз муқаррароти қисми 6 ҳамин модда, ҳар андозсупорандаи андоз аз арзиши иловашуда уҳдадор аст, ки эъломияҳои андозро дар шакли электронӣ пешниҳод намояд.
8. Агар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ барҳам дода нашуда бошад ё соҳибкори инфиродӣ (воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ) фаъолияти соҳибкориро қатъ накарда бошад, дар ин ҳолат шахсони дар боло зикргардида ба мақомоти андоз мутобиқи талаботи Кодекси мазкур, новобаста ба фаъолияти анҷомдодашаванда, эъломияҳои андозро пешниҳод менамоянд.
9. Ҳисоботи андозӣ бе назорати пешакии камералӣ қабул карда мешавад. Моддаи мазкур нисбат ба эъломияи иловагии андозе, ки андозсупоранда мутобиқи моддаи 107 Кодекси мазкур пешниҳод кардааст, татбиқ карда намешавад.
  Моддаи 101. Тамдид намудани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андоз
1. Ба андозсупорандаи бомасъулияте, ки то ба охир расидани муҳлати пешниҳоди эъломия барои тамдид намудани муҳлати пешниҳоди эъломияи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба мақомоти андоз муроҷиат менамояд, дар ҳолате, ки андозсупоранда маблағи андози пешакӣ ҳисобишударо пардохт намуда бошад, муҳлати пешниҳоди эъломия ба муҳлати ду моҳ тамдид карда мешавад.
2. Тамдиди муҳлати пешниҳоди эъломия мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муҳлати пардохти андозро тағйир намедиҳад ва боиси боздоштани ҳисобкунии фоизҳо барои саривақт напардохтани андозҳо намегардад.
3. Муҳлати пешниҳоди эъломия ва пардохти андозҳо дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ) ва ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия) барои ҳамаи андозсупорандагон ё гурӯҳи андозсупорандагон бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда мешавад.
  Моддаи 102. Пешниҳоди иттилоот оид ба пардохтҳо ё амалиётҳои дигар
Шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, муассисаи доимии ғайрирезидент ва соҳибкори инфиродӣ, ки дар давоми соли тақвимӣ ба манфиати шахсони дигар пардохтҳо анҷом додаанд, уҳдадоранд иттилооти дахлдорро оид ба пардохтҳо бо тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.
  Моддаи 103. Пешниҳоди маълумот ба мақомоти андоз
1. Ҳангоми амалӣ гардидани назорати андозӣ мақомоти андоз дар асоси огоҳиномаи хаттӣ аз ҳар шахс ва мақомоти дахлдор дар муҳлати 10 рӯз пешниҳоди маълумотеро, ки дар огоҳинома дарҷ шудааст, аз ҷумла доир ба муносибатҳои мутақобилаи андозсупорандаи мушаххас бо андозсупорандагони дигарро, ба истиснои маълумоте, ки дар махзани маълумоти электронии мақомоти андоз ҷой дорад, талаб менамояд.
2. Бо мақсади андозбандӣ мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ, хадамоти алоқа ва сохторҳои он, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бораи интиқоли маблағ ба шахсони хориҷие, ки хизматрасонии фосилавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, маълумот дархост намояд ва ҷавоби онро дар давоми 5 рӯзи корӣ гирад. Тартиби гирифтани маълумот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
3. Корманди ваколатдори мақомоти андоз дар ҷараёни санҷиши сайёри андоз бо мақсади ҷамъоварии маълумот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари марбут ба андозбандиро нусхабардорӣ намояд;
- бо тартиби муқарраргардида дар асоси санад оид ба гирифтан ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё ҳуҷҷатҳои дигареро, ки ба ҳамин санҷиши сайёри андоз алоқаманд мебошанд, гирад;
- ба ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар муҳр гузошта, истифодаи онҳоро манъ намояд;
- нишондиҳандаҳои дастгоҳҳои рамзгузории электронӣ ва баҳисобгирии истеҳсоли молҳоро гирад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
4. Агар корманди ваколатдори мақомоти андоз нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё ҳуҷҷатҳои дигарро дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда гирад, уҳдадор аст на дертар аз 10 рӯзи корӣ нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои мазкурро ба андозсупоранда баргардонад.
5. Дастрасии кормандони мақомоти андоз ба ҳуҷҷатҳо ва объектҳои махфӣ мутобиқи қонунгузорӣ оид ба сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ анҷом дода мешавад.
  Моддаи 104. Муҳлати нигоҳдории ҳисоботи андозӣ
1. Бо мақсади андозбандӣ ҳисоботи андозиро андозсупорандагон (агентҳои андоз) дар давоми на камтар аз муҳлати даъвои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур нигоҳ медоранд.
2. Ҳангоми азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ уҳдадориҳо оид ба нигоҳдории ҳисоботи андозӣ ба зиммаи вориси ҳуқуқии он вогузор карда мешавад. Дар сурати тақсим шудани шахси ҳуқуқӣ ба якчанд шахси ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин тақсимшавӣ ба вуҷуд омадаанд, нигоҳдории ҳисоботи андоз ба зиммаи ворисе вогузор карда мешавад, ки ҳиссаи зиёдтарро соҳиб шудааст.
  Моддаи 105. Суратҳисобҳои бонкӣ ва пешниҳоди иттилоот
1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд:
- дар асоси мактуби иттилоотии мақомоти андоз суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро кушоянд, ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ, ва дар муҳлати 5 рӯз тавассути шабакаҳои алоқаи электронӣ ба мақомоти андоз иттилооти мазкурро ирсол намоянд;
- ҳама гуна амалиётҳои бонкиро бо нишон додани рақами мушаххаси андозсупоранда анҷом диҳанд;
- бо дархости хаттии мақомоти андоз дар муҳлати 5 рӯз иттилоотро дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ, бақия ва гардиши маблағҳо дар суратҳисобҳои андозсупорандаи санҷишшаванда пешниҳод намоянд;
- ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо оид ба пардохти андозҳо дарҷ намудани рақами мушаххаси андозсупоранда ва намудҳои андозҳои пардохтшавандаро (рамзҳои андозҳоро) талаб намоянд, инчунин дуруст дарҷ намудани реквизитҳои бонкии гирандаи пардохтро назорат кунанд;
- дар асоси дархости хаттии мақомоти андоз дар муҳлати 5 рӯз дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ, бақия ва гардиши маблағҳои андозсупорандагоне, ки нисбати онҳо қарор дар бораи ба таври ғайрисудӣ рӯёнидани қарзҳои эътирофшудаи андоз қабул гардидааст ва (ё) андозсупорандагони бемасъулият эътироф шудаанд, маълумот пешниҳод намоянд.
2. Тартиб, шакл ва муҳлати пешниҳоди маълумот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Барои мақсадҳои ҳамин модда суратҳисобҳои ташкилотҳои (муассисаҳои) давлатӣ, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, ба суратҳисобҳои бонкӣ баробар ҳисобида мешаванд.