БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗСУПОРАНДАГОН ВА МАХЗАНИ ЯГОНАИ АВТОМАТИКОНИДАШУДАИ БАҲИСОБГИРӢ, НАЗОРАТ ВА МОНИТОРИНГИ АМАЛИЁТҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА АНДОЗСУПОРАНДА | 1994

1. Бо мақсади таъмини назорати андоз ҳамаи андозсупорандагон, агентҳои андоз, воҳидҳои алоҳидаи таъсиснамудаи онҳо (филиалҳо, намояндагиҳо, муассисаҳои доимӣ ва ғайра), инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бояд дар мақомоти андоз ба ҳисоб гирифта шаванд.
2. Баҳисобгирии андозсупорандагон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- аризаи хаттии андозсупоранда ё намояндаи ваколатдори ӯ;
- иттилооти мақоми ваколатдори давлатӣ ва (ё) мақомоти дигар;
- иттилооти ташкилоти қарзии молиявӣ;
- иттилооти мақомоти ҳудудии андоз.
3. Баҳисобгирии андозсупорандагон дар мақомоти андоз инҳоро дар бар мегирад:
- баҳисобгирии шахси воқеӣ;
- баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ;
- баҳисобгирии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
- баҳисобгирии намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
- баҳисобгирии андозсупорандагон ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда тибқи муқаррароти Кодекси мазкур;
- баҳисобгирии андозсупоранда ба сифати андозсупорандаи электронӣ;
- баҳисобгирии андозсупоранда дар маҳалли ҷойгиршавии объекти андозбандӣ.
4. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандагонро (минбаъд - Феҳрист) мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси иттилооти электронии баҳисобгирӣ анҷом медиҳад.
5. Пешбурди Феҳрист амалҳои зеринро дар бар мегирад:
- ворид намудани маълумот дар бораи андозсупорандагон;
- тағйир додан ва (ё) илова намудани маълумот дар бораи баҳисобгирии андозсупорандагон;
- хориҷ намудани маълумот дар бораи андозсупорандагон.
6. Ҳуҷҷате, ки ба ҳисоб гузоштани андозсупорандаро дар мақомоти андоз тасдиқ менамояд, шаҳодатнома дар бораи гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда мебошад.
7. Ба ҳисоб гирифтан ва аз ҳисоб баровардани андозсупоранда дар мақомоти андоз ройгон амалӣ карда мешавад.
8. Баҳисобгирии андозсупорандагон дар мақомоти андоз бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) шахси воқеӣ - дар маҳалли истиқомати (бақайдгирии) дар асоси аризаи шахси воқеӣ ё иттилооте, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод мегардад;
2) шахси ҳуқуқӣ-резидент дар маҳалли ҷойгиршавӣ, дар маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳидаи он, инчунин дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёти ба ӯ тааллуқдошта;
3) шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент, ки фаъолияташро тавассути муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал ё намояндагӣ амалӣ менамояд, дар маҳалли дар аризаи баҳисобгирӣ нишон дода, аз ҷумла:
а) дар маҳалли бақайдгирии давлатии андозсупоранда, ки ваколатҳои намояндагии доимии ин ғайрирезидентро амалӣ менамояд;
б) дар маҳалли бақайдгирии давлатии андозсупоранда, ки функсияҳои агенти андозро оид ба пардохт намудани андозҳо аз манбаи пардохти даромадҳои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
4) шахси воқеӣ-ғайрирезидент (аз ҷумла шахси бешаҳрванд) дар маҳалли муваққатии истиқомат (ё будубош) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варақаи муҳоҷирати ӯ нишон дода шудааст. Агар тибқи муқаррароти созишномаҳои байналмилалии андоз мавҷудияти варақаи муҳоҷиратӣ пешбинӣ нашуда бошад, пас маҳалли будубоши шахси воқеӣ - ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалле эътироф мешавад, ки дар аризаи ба мақомоти андоз пешниҳодшуда дарҷ гардидааст;
5) шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла ғайрирезиденте, ки фаъолияташ мутобиқи сархати чоруми қисми 3 моддаи 17 Кодекси мазкур ҳамчун муассисаи доимии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент баррасӣ карда мешавад, уҳдадор аст дар давоми 10 рӯзи корӣ аз санаи ба имзо расонидани шартномаи дахлдор бо шарики худ ё дар давоми 10 рӯзи корӣ аз санаи амалан оғоз намудани чунин фаъолият бо мақсади ба шахси ҳуқуқӣ - ғайрирезидент додани рақами мушаххаси андозсупоранда, ба мақомоти андоз дар бораи ба ҳисоб гузоштани шарикаш-шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент ариза пешниҳод намояд;
6) санаи оғози фаъолияти ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯзҳои зерин эътироф мешавад:
а) санаи бастани шартнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои харид ва фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), амалӣ намудани фаъолияти муштарак (иштирок дар рафоқати оддӣ) ва додани ваколат ба шахси дигар барои аз номи ӯ анҷом додани амалҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) санаи бастани шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи дигари дорои хусусияти граждании ҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) санаи бастани шартномаи хариду фурӯш ё иҷораи молу мулк барои кушодани идора (дафтари корӣ);
г) дар ҳолати мавҷуд будани якчанд шартнома, санаи фаъолияти ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи бастани шартномаи аввалин ба ҳисоб меравад.
7) намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар асоси ариза ва (ё) маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Ба ҳисоб гузоштани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣғайрирезидентҳо, ки фаъолияташонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсис додани филиал ва (ё) намояндагӣ амалӣ менамоянд, асос барои аз ҷониби онҳо мустақилона пардохт намудани андозҳо шуда наметавонад, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
10. Мақомоти андоз ба Феҳрист маълумоти зеринро ворид менамоянд:
- дар бораи шахси воқеӣ, аз ҷумла шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд - оид ба маҳалли истиқомат ва (ё) будубоши муваққатии ӯ;
- дар бораи шахси ҳуқуқӣ-резидент, филиал ва намояндагии он, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии ғайрирезидент - оид ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо;
- дар бораи шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал ва (ё) намояндагӣ амалӣ менамояд, - оид ба маҳалли агенти вобаста - шахсе, ки функсияҳои муассисаи доимии ғайрирезидентро амалӣ менамояд;
- дар бораи шахси воқеӣ ва ҳуқуқии ғайрирезиденте, ки коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок, молу мулки ғайриманқулро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мехарад (мефурӯшад), - оид ба маҳалли ҷойгиршавии ин молу мулк ва (ё) резиденте, ки ваколати пешбури Феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок ва (ё) ҳиссаи иштироки зикргардидаи резидентро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта, коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок ва (ё) молу мулки ғайриманқулро мехарад (мефурӯшад);
- дар бораи намояндагии дипломатӣ ва намояндагии ба он баробаркардашудаи давлати хориҷӣ, ташкилоти байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда - оид ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо;
- дар бораи ғайрирезиденте, ки фаъолияташро бе таъсис додани филиал ва намояндагӣ тавассути муассисаи доимӣ амалӣ менамоядоид ба маҳалли бақайдгирии шахсе, ки ваколатҳои муассисаи доимии ғайрирезидентро амалӣ менамояд;
- дар бораи ғайрирезиденте, ки дар ташкилотҳои қарзии молиявии резидентӣ суратҳисоб мекушояд - оид ба маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти қарзии молиявӣ-резидент (агенти андоз);
- дар бораи шахси воқеие, ки ба синни 16 нарасидааст - оид ба маҳалли истиқомат ва намояндаи қонунӣ ё ваколатдори ин шахс;
- дар бораи воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт - оид ба маҳалли ҷойгиршавии соҳибмулк;
- дар бораи молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин - оид ба маҳалли воқеии ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул, соҳибмулк, қитъаи замин ва дорандаи ҳуқуқи истифодаи замин.
11. Ба Феҳрист маълумот оид ба шахсоне, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" аз қайди давлатӣ гузаштаанд, ворид карда мешавад.
12. Баҳисобгирии шахсони ҳуқуқии дигар, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки дар қисми 9 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, дар асоси аризаи онҳо дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ анҷом дода мешавад.
13. Ариза дар бораи тағйир додани маълумот дар бораи бақайдгирии шахсоне, ки дар қисми 9 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии онҳо дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ пешниҳод карда мешавад.
14. Дар ҳолати фавт ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ, инчунин азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ ё қатъи фаъолияти шахсоне, ки дар қисми 13 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, хориҷ намудани онҳо аз Феҳрист аз ҷониби мақомоти дахлдори андоз анҷом дода мешавад.
15. Баҳисобгирии молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳои андозбандӣ дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар асоси маълумоти дар реҷаи онлайн пешниҳоднамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ва молу мулки ғайриманқул амалӣ карда мешавад.
16. Дар сурати барои андозсупоранда ба вуҷуд омадани мушкилиҳои вобаста ба муайян намудани маҳалли ба ҳисоб гузоштан, дар асоси иттилооти пешниҳоднамудаи ӯ мақомоти андози маҳалли истиқомати шахси воқеӣ ё маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ қарори дахлдор қабул менамоянд.
17. Мақомоти андоз дар асоси далелҳо ва маълумоти дар ихтиёрдоштаашон, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ба онҳо пешниҳод шудаанд, инчунин маълумоти ба онҳо дастрасшуда, ки барои мақсадҳои баҳисобгирӣ зарур ва кифоя мебошад, мустақилона (то лаҳзаи аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод намудани ариза) баҳисобгирии андозсупорандагонро дар мақомоти андоз таъмин менамоянд.
18. Дар мақомоти андоз баҳисобгирии шахсони воқеӣ дар давоми як рӯзи корӣ, баҳисобгирии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо ва иттиҳодияҳои динӣ дар давоми ду рӯзи корӣ амалӣ карда мешавад.
19. Фаъолият бидуни баҳисобгирӣ ба сифати андозсупоранда дар мақомоти андоз метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидан асос шавад.
20. Шахсони хориҷие, ки мустақиман ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои фосилавиро (электрониро) анҷом медиҳанд, дар асоси пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои дигари аз рӯи шакли тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гузошта (аз ҳисоб бароварда) мешаванд. Ариза дар бораи ба ҳисоб гирифтан (аз ҳисоб баровардан) аз ҷониби шахсони хориҷӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз (қатъ) намудани хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод карда мешавад.
  Моддаи 79. Рақами мушаххаси андозсупоранда
1. Ба ҳар андозсупоранда - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳангоми баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда рақами мушаххаси андозсупоранда дода мешавад. Инчунин ҳангоми бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар баробари додани рақами ягонаи мушаххаси бақайдгирии давлатӣ рақами мушаххаси андозсупоранда ва шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда низ дода мешавад. Расмиёти баҳисобгирӣ, пешниҳоди рақами ягонаи мушаххас, рақами мушаххаси андозсупоранда ва шаҳодатнома ройгон анҷом дода мешавад.
2. Рақами мушаххаси андозсупоранда, ки ба шахси воқеӣшаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, дар шиносномаи ин шахси воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори дахлдори давлатӣ сабт карда мешавад.
3. Рақами мушаххас ба андозсупоранда танҳо як маротиба дода шуда, тағйир дода намешавад ва наметавонад ба андозсупорандаи дигар (ҳама гуна шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ) ҳатто дар ҳолати барҳам дода шудани ҳамин андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ (воҳиди алоҳидаи он), қатъ гардидани фаъолияти филиали (намояндагии) шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё вафоти андозсупоранда - шахси воқеӣ дода шавад.
4. Мақомоти дахлдори андоз ба шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда медиҳад. Дар сурати мавҷуд будани воҳидҳои алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ, дигар объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои марбут ба андозбандӣ ба шахсони зикргардида инчунин рамзҳои сабабҳои баҳисоб гузоштан муқаррар карда мешаванд. Ин гуна рамзҳои сабабҳои баҳисоб гузоштан инчунин ба муассисаи доимии ғайрирезиденте, ки фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе филиал (намояндагӣ) ё агентҳои ваколатдорнамудаи худ анҷом медиҳад, муқаррар карда мешаванд.
5. Шахсони воқеӣ-резидентони то синни 16 Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ихтиёран ва шахсоне, ки ба синни 16 расидаанд, уҳдадоранд барои гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда ба мақомоти андоз муроҷиат намоянд.
6. Новобаста ба муқаррароти дигари Кодекси мазкур, шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ-ғайрирезиденте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти андозбандӣ дорад, бо пешниҳоди ариза аз лаҳзаи ба миён омадани уҳдадорӣ оид ба пардохти андозҳо дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуда, бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин карда мешавад.
7. Андозсупорандагон уҳдадоранд рақами мушаххаси худро дар ҳисоботи андозӣ, мукотибот бо мақомоти андоз, гумрук ё молия, дар муносибатҳои мутақобила бо дигар мақомоти ваколатдор, дар эъломияҳои гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, харҷномаҳо, чекҳои дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ, ҳуҷҷатҳои корӣ, шартномаҳо, бланкҳо ва муҳрҳо нишон диҳанд.
8. Анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ, аз ҷумла амалиёт бо молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, ки барои онҳо ситонидани боҷи давлатӣ пешбинӣ шудааст, инчунин додани иҷозатномаҳо, иҷозатҳо ва шаҳодатномаҳои бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ба кор қабул намудан, кушодани суратҳисоби бонкӣ ва ё воситаи дигари ҳисоботи молиявӣ, маблағгузаронӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, насия додани молҳо (бо пардохти арзиши онҳо аз рӯи муҳлатҳо), додани қарз аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ба истиснои амалиёти воридот ва хароҷот аз рӯи ҳисобҳои амонатии (пасандозии) шахсони воқеӣ ва барасмиятдарории амалиётҳои иқтисодии хориҷӣ бе пешниҳоди рақами мушаххаси андозсупоранда манъ аст.
9. Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақами мушаххаси андозсупоранда, рамзҳои сабабҳои баҳисоб гузоштан, инчунин қоидаҳои тайёр намудани муҳрҳо, гузоштани муҳрҳо ва ба расмият даровардани сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
  Моддаи 80. Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз
1. Назорат ва мониторинги амалиётҳо байни андозсупоранда ва мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз оид ба баҳисобгирӣ, назорат ва мониторинги амалиёти мақомоти давлатӣ ва андозсупоранда (минбаъд - Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз) дар реҷаи мустақим (онлайн) амалӣ карда мешавад.
2. Маълумот дар бораи амалиётҳои байни андозсупоранда ва мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо анҷомдодашуда ба таври автоматӣ дар реҷаи мустақим (онлайн) ба Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз ворид карда мешавад.
3. Маълумоти ба Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз воридшуда махфӣ буда, риояи махфӣ нигоҳ доштани он аз ҷониби мақоми ваколатдории давлатӣ таъмин карда мешавад.
4. Пешбурди Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳамгироӣ бо портали интернетии "ҳукумати электронӣ" мутобиқи қонунгузории хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад.
  Моддаи 81. Уҳдадории мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати пешниҳоди иттилоот ба Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз
1. Мақомоти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳо уҳдадоранд дар доираи шартнома ба Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз иттилооти зеринро дар реҷаи мустақим (онлайн) пешниҳод намоянд:
1) оид ба амалиётҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз ҷониби мақомоти бақайдгирии давлатӣ;
2) оид ба истифодаи имтиёзҳои андозӣ;
3) оид ба додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ҳангоми иваз намудани насаб ва номи шаҳрванд, бар ивази шиносномаҳои гумшуда, муҳлати амалашон баохиррасида ва шиносномаҳои бекоршуда аз ҷониби мақомоти дахлдор;
4) оид ба бақайдгирии (азнавбақайдгирии) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул, объектҳои андозбандӣ ва аҳдҳои ба онҳо вобаста, инчунин оид ба соҳибмулкони онҳо;
5) оид ба доштани иҷозат, иҷозатнома, шаҳодатнома ва ҳуҷҷатҳои дигари шабеҳ ва бозхонд кардан, боздоштан ё қатъи амали онҳо;
6) дар бораи аккредитатсияи (қатъи амали аккредитатсияи) намояндагиҳои шахсони хориҷӣ;
7) дар бораи намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ, аз ҷумла ворид намудани сабти дахлдор ба Феҳристи намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ;
8) дар бораи шартномаи хариду фурӯши молу мулки ғайриманқул, шартномаҳои иҷораи молу мулк ва андозаи иҷора, оид ба додани шаҳодатномаи мерос ва туҳфаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда, оид ба шартномаҳои туҳфа, ки дар онҳо дараҷаи хешутабории байни туҳфадиҳанда ва туҳфагиранда муайян шудааст;
9) дар бораи бақайдгирии (азнавбақайдгирии) воситаҳои нақлиёт ва соҳибони онҳо;
10) дар бораи бақайдгирии (азнавбақайдгирии) ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ва иттиҳодияҳои динӣ;
11) дар бораи баҳисобгирӣ ва (ё) бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин ва таъиноти замин барои истифодабарӣ;
12) дар бораи бақайдгирии муҳоҷирон, шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд;
13) дар бораи амалиёт бо саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ;
14) дар бораи амалиётҳои воридотию содиротӣ, интиқолии (транзитии) мол тавассути сарҳади гумрукӣ, инчунин дар бораи муваққатан нигоҳ доштани мол дар анборҳои гумрукӣ;
15) дар бораи нигоҳ доштани мол аз ҷониби ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анборҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
16) дар бораи аҳдҳо дар биржаи фондии коғазҳои қиматнок;
17) дар бораи хариди давлатии мол (кор ва хизматрасонӣ).
2. Маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо ба мақомоти андоз ройгон дар реҷаи мустақим (онлайн) пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати набудани заминаи техникии ирсоли маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ, дар шакли коғазӣ ва электронӣ (тавассути почтаи электронӣ) ирсол карда мешавад.
3. Маълумоти дигари дар қисми 1 ҳамин модда зикрнагардида аз ҷониби мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо дар асоси дархости мақомоти андоз то санаи 15-уми моҳи баъди моҳи ҳисоботӣ пешниҳод мегардад.
4. Барои пешниҳод намудани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда пешбинишуда, шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо масъулияти бевосита доранд.