БАРРАСИИ БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ ФАРДӢ | 1994

Моддаи 198. Баҳсҳои меҳнатии фардӣ
Баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар натиҷаи ба мувофиқа нарасидани корфармо ва корманд ҳангоми мавҷудияти ихтилофот дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва шароити меҳнат ба миён омада, тартиби ҳалли онҳо дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ мегарданд.
Моддаи 199. Мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ
1. Баҳсҳои меҳнатии фардиро комиссияҳои созиш ва ё судҳо баррасӣ мекунанд.
2. Комиссияҳои созиш баҳсҳои меҳнатии фардиро аз рӯи муроҷиати тарафҳои баҳси меҳнатӣ баррасӣ менамоянд.
3. Барои ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ тарафҳои шартномаи меҳнатӣ метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 200. Таъсиси комиссияи созиш ва ташкили кори он
1. Комиссияи созиш дар асоси баробарҳуқуқӣ аз ҳисоби намояндагони баробари корфармо ва кормандон таъсис дода мешавад.
2. Микдори ҳайати аъзо, тартиби кор ва муҳлати ваколати комиссияи созиш дар маҷлиси (конференсияи) умумии кормандон бо созиши корфармо ва кормандон муқаррар карда мешаванд.
3. Аъзои комиссияи созиш аз ҳисоби кормандон дар маҷлиси (конференсияи) умумии кормандон интихоб карда мешаванд. Аъзои комиссияи созиш аз ҳисоби корфармо бо санади корфармо таъйин карда мешаванд. Аъзои комиссияи созиш дар ҷаласаи якуми ташкилии худ бо аксарияти овозҳо аз ҳисоби аъзои худ раис ва котиби комиссияро интихоб менамоянд.
Моддаи 201. Муҳлати муроҷиат ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ менамояд
1. Корманд метавонад дар давоми се моҳ баъд аз фаҳмидани он, ки ҳуқуқҳои меҳнатии ӯ вайрон карда шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор карда шавад, ба комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ муроҷиат намояд.
2. Барои муроҷиат намудан ба суд оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ муҳлатҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- барои баҳсҳо оид ба барқарор кардан ба кор - як моҳ аз рӯзи супоридани нусхаи санади корфармо дар бораи қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ;
- барои дигар баҳсҳои меҳнатӣ - се сол аз рӯзи донистани корманд ё корфармо дар бораи вайроншавии ҳуқуқҳои худ.
Моддаи 202. Ваколатҳои комиссияи созиш оид ба баҳсҳои меҳнатӣ
1. Комиссияи созиш мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии дар ташкилотҳо бамиёномада мебошад, ба истиснои баҳсҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари баррасии онҳоро муқаррар намудаанд.
2. Агар корманд бевосита ё бо иштироки намояндаи худ зимни гуфтушунид бо корфармо, ба мувофиқа наояд, баҳси меҳнатиро комиссияи созиш баррасӣ менамояд.
Моддаи 203. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар комиссияи созиш
1. Аризаи ба комиссияи созиш воридгардида аз ҷониби комиссияи мазкур ҳатман ба қайд гирифта мешавад.
2. Комиссияи созиш уҳдадор аст, баҳсҳои меҳнатиро аз рӯзи ворид шудани ариза дар давоми 7 рӯзи тақвимӣ баррасӣ намояд.
3. Баҳс дар ҳузури аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдорнамудаи ӯ баррасӣ карда мешавад. Баррасии баҳс дар ғоибии корманд ё намояндаи ӯ танҳо дар асоси аризаи хаттии корманд иҷозат дода мешавад. Дар мавриди ҳозир нашудани корманд ё намояндаи у ба ҷаласаи комиссияи мазкур, баррасии баҳси меҳнатӣ мавқуф гузошта мешавад. Ҳангоми маротибаи дуюм бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани корманд ё намояндаи ӯ, комиссияи созиш метавонад дар бораи аз баррасӣ гирифтани масъалаи баҳсӣ қарор қабул намояд, ки он кормандро аз ҳуқуқи такроран пешниҳод намудани ариза дар бораи такроран баррасӣ намудани баҳси меҳнатӣ дар доираи муҳлати муқарраркардаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда наметавонад.
4. Комиссияи созиш ҳуқуқи ба ҷаласа даъват кардани шоҳидон ва мутахассисонро дорад. Бо талаби комиссия роҳбари ташкилот уҳдадор аст, дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
5. Ҷаласаи комиссияи созиш дар сурате салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он на кам аз нисфи намояндагони кормандон ва на кам аз нисфи намояндагони корфармо иштирок дошта бошанд.
6. Дар ҷаласаи комиссияи созиш протокол тартиб дода мешавад, ки дар он котиб, раиси комиссия ё муовини ӯ имзо мегузоранд.
Моддаи 204. Тартиби қабули қарор аз ҷониби комиссияи созиш ва мазмуни он
1. Комиссияи созиш бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласаи комиссия иштирокдошта қарор қабул мекунад. Дар сурати қабул карда нашудани қарори дахлдор, масъала такроран аз нав баррасӣ карда мешавад. Бо талаби аризадиҳанда ё як нафар аз аъзои комиссия, овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида мешавад.
2. Дар қарори комиссияи созиш дарҷ карда мешавад:
- номи ташкилот (сохтор), насаб, ном, номи падар, вазифа (мансаб), касб ва ихтисоси корманди ба комиссия муроҷиаткунанда;
- санаи муроҷиат ба комиссия ва баррасии баҳс, моҳияти баҳс;
- насаб, ном ва номи падари аъзои комиссия ва дигар шахсони дар ҷаласа иштироккунанда;
- моҳият ва асоснокии қарор (бо истинод ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- натиҷаи овоздиҳӣ.
3. Нусхаи қарори имзошудаи комиссияи созиш дар давоми се рӯзи баъд аз қабул шуданаш ба корманд ва роҳбарияти ташкилот супорида мешавад.
Моддаи 205. Иҷрои қарори комиссияи созиш
1. Қарори комиссияи созиш дар муҳлати муқарраркардаи он иҷро карда мешавад.
2. Дар мавриди иҷро накардани қарори комиссия дар муҳлати муқарраргардида, корманд ё корфармо ҳуқуқ доранд баҳси меҳнатиро бо тартиби судӣ ҳал намоянд.
Моддаи 206. Аз тарафи мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба кор барқарор кардани корманд
1. Ҳангоми бе асосҳои қонунӣ қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ ё ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан, тағйир додани ҷойи кор, иваз кардани шароити меҳнат, аз кор дур кардан мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар бораи ба кор барқарор кардани корманд қарор мебарорад, ба истиснои ҳолатҳои муқарраркардаи қисми 3 моддаи мазкур.
2. Ба корманде, ки ба кори пештара барқарор карда шудааст, музди миёнаи моҳонааш барои ҳамаи давраи ноилоҷ ба кор набаромаданаш (аз кор дур карданаш) ё фарқи музди меҳнати барои давраи иҷрои корҳои каммузд пардохт карда мешавад.
3. Қарори мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар бораи ба ҷойи кори пештара барқарор кардани корманд бояд фавран иҷро карда шавад. Ҳангоми аз ҷониби корфармо ба таъхир андохтани иҷрои қарор дар бораи ба ҷойи кор барқарор кардан, мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар бораи ба корманд пардохт кардани музди миёнаи моҳонааш ё фарқияти музди меҳнати дар давраи ба таъхир мондан, қарор мебарорад.
ФАСЛИ III ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ ГУРУҲИ АЛОҲИДАИ КОРМАНДОН