БАРРАСИИ БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ КОЛЛЕКТИВӢ | 1994
Моддаи 317. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ
Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо Кодекси мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ танзим карда мешавад.
1. Ба пешниҳоди талабот кормандон ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд.
2. Талаботҳои кормандон дар маҷлиси (конференсияи) кормандон пешниҳод карда мешаванд. Кормандон дар баробари пешниҳоди талабот барои иштирок кардан дар баррасии баҳси меҳнатии коллективӣ намояндагони ваколатдори худро интихоб мекунанд.
3. Намояндагони кормандон талаботашонро бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ва ё қарори маҷлиси (конференсияи) кормандоне, ки мақомоти намояндагиро таъсис додааст, пешниҳод мекунанд.
4. Талаботҳо хаттӣ пешниҳод карда, ба корфармо фиристода мешаванд.
1. Мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ки мувофиқи оинномаҳояшон намояндаи ваколатдоранд, дигар намояндагони кормандон, ки маҷлиси (конференсияи) кормандон интихоб намудааст ва ваколатдор сохтааст, намояндагони кормандон мебошанд.
2. Намояндагони корфармоён роҳбарони ташкилотҳо ё дигар шахсони мувофиқи оинномаи ташкилот ваколатдор, мақомоти ваколатдори ассотсиатсияҳо ё иттиҳодияҳои корфармоён мебошанд.
1. Миёнарав бо мувофиқаи тарафҳо интихоб гардида, миёнаравиро дар гузаронидани гуфтушунид барои расидан ба созиши тарафҳо иҷро мекунад.
2. Миёнарав ҳуқуқ дорад барои иҷрои уҳдадориаш аз тарафҳо маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро талаб карда гирад.
3. Миёнарав ҳуқуқ надорад иттилооти махфиро, ки барои иҷрои уҳдадориҳояш гирифтааст, фош намояд.
4. Қоидаи миёнаравиро тарафҳо бо розигии миёнарав муайян мекунанд. Миёнарав баъд аз кушиши оштӣ кунонидани тарафҳо ба онҳо оид ба баррасии баҳс ва ҷиҳати ҳалли он тавсияҳои хаттӣ медиҳад.
5. Агар тарафҳо дар давоми даҳ рӯз тавсияи миёнаравро рад накарда бошанд ва ё агар тарафҳо қаблан оид ба иҷрои тавсия созишнома имзо карда бошанд, он барои тарафҳо ҳатмӣ мегардад.
1. Агар тарафҳои баҳси меҳнатии коллективӣ дар комиссияи оштӣ дар давоми даҳ рӯз созиш накунанд, бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ арбитражи меҳнатӣ таъсис дода мешавад.
2. Ҳайат ва шумораи арбитражи меҳнатиро аз рӯи ҳар баҳс тарафҳо муайян мекунанд. Раиси арбитражи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо аз ҷумлаи аъзои ҳамин арбитражи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.
3. Ба ҳайати арбитражи меҳнатӣ вакилони халқ, намояндагони иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мутахассисони коршинос ва шахсони дигар дохил шуда метавонанд.
4. Арбитражи меҳнатӣ баҳси меҳнатии коллективиро бо иштироки ҳатмии намояндагони тарафҳо ва дар мавриди зарурат бо намояндагони мақомоти дигари манфиатдор баррасӣ мекунад.
5. Арбитражи меҳнатӣ бояд дар давоми даҳ рӯузи таъсис ёфтанаш қарор қабул намояд.
6. Агар тарафҳо қаблан дар бораи иҷрои қарор созишнома имзо карда бошанд, қарори арбитражи меҳнатӣ ҳатмӣ мебошад.
7. Тарафҳо ва мақомоти оштӣ уҳдадоранд, ки барои рафъи сабаби ҳолатҳое, ки боиси баҳси меҳнатии коллективӣ гардидаанд, тамоми имкониятҳоро истифода намоянд.
8. Агар комиссияи оштӣ ва арбитражи меҳнатӣ ихтилофи тарафҳоро танзим карда натавонанд, сабабҳои онро ба коллективи меҳнатӣ, иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон навишта мефиристанд. Дар ин ҳолат коллективи меҳнатӣ, иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд барои иҷрои талабҳое, ки мувофиқи моддаи 318 Кодекси мазкур ба миён гузошта шудаанд, тамоми воситаҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро то ҳадди пурра ё қисман қатъ кардани кор (ба кор набаромадан, иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ) дар ташкилот, муассиса, ташкили корпартоиро истифода баранд.
1. Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ дар мавриди татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат (иҷро накардан ё вайрон намудани онҳо) бо аризаи намояндагони яке аз тарафҳо дар суд баррасӣ мегарданд.
2. Ҳангоми баррасии аризаҳо дар суд ва иҷрои қарорҳои он қоидаҳо ва муҳлатҳое, ки барои баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар Кодекси мазкур муқаррар шудаанд, истифода мегарданд.
1. Агар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо чораҳои оштӣ баррасӣ ва ҳал нашуда бошанд, ё корфармо аз чораҳои оштӣ саркашӣ намояд ва ё созишҳои дар рафти баррасии баҳс ҳосилшударо иҷро накунад, кормандон ҳуқуқ доранд тадбирҳои дигари ниҳоии баррасӣ ва ҳалли баҳс - корпартоиро истифода баранд.
2. Қарор дар бораи корпартоӣ дар маҷлиси (конференсияи) коллективи меҳнатӣ ё намояндагони кормандон бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад ва агар ба тарафдории қарор на кам аз се ду ҳиссаи аъзои коллективӣ дар маҷлис ҳузурдошта (намояндагони кормандон) ё аз се ду ҳиссаи вакилони конференсияи намояндагони коллективи меҳнатӣ, дар сурати салоҳиятнок будани маҷлис (намояндагони кормандон), қабул мегардад.
3. Корпартоиро як шахс ё гуруҳи шахсоне, ки аз тарафи коллективи меҳнатӣ ё намояндагони кормандон ваколатдор шудааанд, роҳбарӣ мекунанд.
4. Корфармо аз оғози корпартоӣ ва муҳлати имконпазири он камаш як моҳ пеш бояд хаттӣ огоҳ карда шавад.
5. Агар корпартоӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон, амният ва қобилияти мудофиавии давлат хатари ҷиддӣ ба вуҷуд орад, ҳуқуқ ба корпартоӣ метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.
6. Қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани корпартоиро суд муқаррар мекунад.
1. Ширкат дар корпартоӣ ихтиёрист. Ҳеҷ касро барои ширкат кардан ё накардан дар корпартоӣ маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.
2. Ширкати корманд дар корпартоӣ (ба истиснои ширкат дар корпартоиҳои ғайриқонунӣ) ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат ё асос барои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ баррасӣ шуда наметавонад.
3. Музди меҳнати кормандоне, ки дар корпартоӣ ширкат накардаанд, аммо бо сабаби он имконияти иҷрои кори худро надоштанд, на камтар аз маблағи барои бекористӣ, ки ба он корманд гунаҳгор нест, дода мешавад.
4. Барои давраи корпартоӣ музди меҳнати кормандони дар он ширкаткарда нигоҳ дошта намешавад, агар дар шартнома оид ба ҳалли баҳс тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
5. Кумитаи иттифоқи касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо фонди корпартоӣ, фонди махсуси суғурта таъсис диҳанд.
1. Корфармо уҳдадор аст, ки дар кори комиссияи оштӣ иштирок намояд ва қарорҳои онро бетаъхир иҷро кунад.
2. Бо талаби иттифоқи касаба ва ё намояндагони кормандон мақомоти дахлдори ташкилот уҳдадор аст, ки то аз вазифа (мансаб) озод кардани роҳбаре, ки бо гуноҳи ӯ баҳси меҳнатии коллективӣ рӯй додааст, чораҳо андешад.
1. Ташкили корпартоӣ, ки суд онро ғайриқонунӣ донистааст ё худ иштирок дар он ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат эътироф гардида, боиси татбиқи чораҳои ҷазои интизомии пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад.
2. Бо роҳи зӯрӣ ё таҳдид ба корпартоӣ маҷбур кардани корманд манъ аст.
3. Зарари ба молик аз корпартоии ғайриқонунӣ расида, ки бо қарори коллективи меҳнатӣ гузаронида шудааст, аз ҳисоби ташкилот бо тариқи судӣ ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
4. Агар корпартоии ғайриқонунӣ бо ташаббуси иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон гузаронида шуда бошад, зарар аз ҳисоби иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ҷуброн карда мешавад.
5. Шахсоне, ки манфиати тарафҳоро муаррифӣ намуда, талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.