БАРОВАРДАНИ МОЛ ВА ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ АЗ ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН | 1994

(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
Моддаи 119. Маҳал ва мӯҳлати баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт) дар нуқтаҳои гузаргоҳҳо аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд ва дар вақти кории мақомоти гумрук (моддаи 466) иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Муқаррароти ҳамин модда нисбати моли тавассути роҳҳои дарёӣ ва ҳавоӣ интиқолёбанда, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таваққуф дар бандарҳо ё фурудгоҳҳои воқеъ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 120. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумот
1. Мол ва воситаҳои нақлиёт бо иҷозати мақомоти гумрук бароварда мешаванд.
2. Барои гирифтани иҷозат аз мақоми гумрук ҷиҳати баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳои гумрукии тасдиқкунандаи нигаҳдории ин мол таҳти низоми гумрукӣ, ки баровардани молро аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. То баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 - 76 ҳамин Кодексро вобаста ба навъи нақлиёти интиқолдиҳандаи моли байналмилалӣ пешниҳод намояд.
Агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дорои маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 - 76 ҳамин Кодекс набошанд, интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумрук маълумоти заруриро бо усули пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳои дар ихтиёраш буда ё ҳуҷҷатҳои иловагие, ки дар шакли соддагардонидашуда таҳия намудааст, манзур дорад.
Мақоми гумрук ҳуқуқ надорад аз интиқолдиҳанда маълумоти дар моддаҳои 73 - 76 ҳамин Кодекс пешбининашударо талаб намояд.
Аз номи интиқолдиҳанда ҳуҷҷатҳо ва маълумотро метавонад ҳар шахси дигари ваколатдорнамудаи ӯ пешниҳод намояд.
Моддаи 121. Боркунии мол ба воситаи нақлиёте, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мешавад
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Боркунии мол ба воситаи нақлиёти аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷшаванда баъди аз ҷониби мақоми гумрук қабул кардани декларатсияи гумрукӣ ё огоҳсозии мақоми гумрук тибқи қисми 8 моддаи 136 ҳамин Кодекс ва дар ҳуҷҷатҳои бору нақлиёт гузоштани штампи "Ба боркуни иҷозат дода шудааст" иҷозат дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол мақоми гумрук пешниҳоди молро барои санҷиш талаб нанамояд, инчунин агар интиқоли мол тибқи расмиёти гумрукии транзити байналмилалии гумрукӣ қарор дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421аз 01.10.2025 №2186).
2. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук бо мақсади азназаргузаронии мол ҳуқуқ доранд ҳангоми боркунии он ба нақлиёти аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон убуркунанда иштирок намоянд. Дар ин ҳолат мол дар маҳале, ки ҷойгиронии он бо мақомоти гумрук мувофиқа шудааст ва дар вақти кории мақоми гумрук бор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Бо дархости шахси манфиатдор мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба боркунии берун аз вақти кории ин мақом тибқи моддаи 466 ҳамин Кодекс иҷозат диҳад.
Моддаи 122. Талабот нисбати мол ҳангоми баровардани он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Мол бояд аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан тибқи ҳамон теъдод ва ҳолате, ки ҳангоми ҷойгиронии он таҳти низоми муайяни гумрукӣ қарор дошт, бароварда шавад, ба истиснои тағйирёбии теъдод ва ҳолати мол дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ, талаф ё тағйирёбии хосияти табиии мол ҳангоми интиқоли мӯътадил, инчунин тағйирёбии теъдоди он дар натиҷаи қисмате, ки дар воситаи нақлиёти интиқолдиҳанда боқӣ мемонад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳангоми талаф ё дигар шудани ҳолати мол дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи регламент ва стандартҳои амалкунандаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳангоми тағйир ёфтани маълумот дар бораи миқдори мол аз сабаби норасоии усули андозагири шахс барои риоя накардани муқаррароти ҳамин модда ҷавобгар намебошад.
3. Ҳангоми пешниҳоди мол ба мақоми гумруки маҳали баровардани он ва дархости декларант мақоми гумрук миқдори моли воқеан баровардашударо тасдиқ менамояд.