БАРГАРДОНИДАНИ БОҶҲОИ ГУМРУКӢ, АНДОЗ ВА МАБЛАUИ ДИГАР | 1994
Моддаи 396. Баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ва ё барзиёд ситонидашуда
1. Маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз маблағе мебошад, ки ба сифати маблағи боҷи гумрукӣ ва андоз воқеан супорида ё ситонида шуда, андозаи он аз маблағи мутобиқи ҳамин Кодекс ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда зиёдтар мебошад.
2. Аризаи баргардонидани маблағи барзиёд супурда ё барзиёд ситонидаи боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардохткунанда ба мақоми гумруке, ки ӯ ин маблағро ба он супурдааст ё ҳамин маблағро дар ин мақом аз ӯ ситонидаанд, дар давоми панҷ соли баъд аз супурдан ё ситонида шудани маблағ пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298).
3. Дар сурати ошкор шудани пардохти барзиёд ё ситонидани барзиёди боҷҳои гумрукӣ ва андоз мақоми гумрук вазифадор аст дар давоми на дертар аз як моҳи баъд аз ошкор шудани чунин далел дар бораи маблағи барзиёд супурдашудашуда ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба пардохткунанда хабар диҳад.
4. Баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда аз тарафи мақоми давлатии ваколатдор дар соҳаи молия бо қарори мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ анҷом дода мешавад. Шакл ва тартиби қабули қарор оид ба баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тибқи тартиби муқарраргардида муайян карда мешаванд. Мӯҳлати умумии баррасии ариза дар бораи баргардонидан, қабул кардани қарор дар бораи баргардонидан ва баргардонидани маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз набояд аз рӯзи додани ариза дар бораи баргардонидан ва пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ бештар аз як моҳ бошад. Ҳангоми вайронкунии мӯҳлати мазкур ба маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки дар мӯҳлати муқарраргардида баргардонида нашудааст, барои ҳар рӯзи вайронкунии мӯҳлати баргардонидан фоизҳо ба андозаи муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад. Агар пардохт ё ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо арзи хориҷӣ сурат гирифта бошад, фоизҳои ба маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки мутобиқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи супоридан ё ситонидани барзиёд ҳисоб шудааст, ҳисоби карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
5. Маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба суратҳисобе гузаронида мешавад, ки дар аризаи баргардонидан нишон дода шудааст.
6. Боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида мешаванд. Агар супоридан ё ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо арзи хориҷӣ сурат гирифта бошад, баргардонидани боҷи гумрукӣ ва андози барзиёд супоридашуда ё барзиёд ситонидашуда бо қурби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи супоридани барзиёд ё ситонидани барзиёд амал мекард, анҷом дода мешавад.
7. Ҳангоми баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда ҳамчунин бояд фоизҳо аз маблағи баргардонидашавандаи супорида ё ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз баргардонида шавад, ба истиснои баргардонидани маблағи боҷи гумрукӣ ва андоз мувофиқи моддаи 397 ҳамин Кодекс.
8. Баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда бо хоҳиши пардохткунанда метавонад ба шакли ҳисоби кардан ба ҳисоби иҷрои ӯҳдадориҳои пардохтҳои гумрукии дигар, фоизҳо ва ҷаримаҳо анҷом дода шавад. Баҳисобгирии пардохтҳои гумрукии барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда мутобиқи ҳамин модда вобаста ба тартиби баргардонидан, бо назардошти муқаррароти қисми 9 ҳамин модда амалӣ мегардад.
9. Боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда дар ҳолатҳои зерин баргардонида намешаванд:
1) дар сурати қарздории пардохткунанда оид ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми қарзи мазкур. Дар ин ҳолат мумкин аст боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё ситонидашуда ба ҳисоб гирифта шавад;
2) агар маблағи пардохтҳои гумрукии баргардонидашаванда камтар аз андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо бошад, ба истиснои ҳолатҳои супурдани барзиёди пардохтҳои гумрукӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ё барзиёд ситонидани чунин пардохтҳо аз шахсони мазкур (Карор аз 06.10.2008с. № 437);
3) дар сурати додани ариза дар бораи баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз баъд аз гузаштани мӯҳлати муқарраршуда.
10. Дар сурати мавҷуд будани қарз оид ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва фоизҳо мақоми гумрук метавонад мустақилона онро аз ҳисоби маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи пардохтҳои гумрукӣ пӯшонад. Мақоми гумрук вазифадор аст, пардохткунандаро дар бораи ҳисоби кардани қарзаш дар давоми 3 рӯзи пӯшонидани он хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298).
11. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда дар сурати баргардонидани пардохтҳои гумрукӣ фоизи он пардохта намешавад, маблағҳо индексатсия карда намешаванд.
1. Баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз инчунин дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад:
1) агар декларатсияи гумрукии ба мақоми гумрук пешниҳодшуда мутобиқи ҳамин Кодекс пешниҳоднашуда ҳисоб карда шавад;
2) бозхонди декларатсияи гумрукӣ;
3) додани имтиёзоти тарифи дар шакли баргардонидани маблағи супоридашудаи боҷи гумрукӣ;
4) барқарор кардани низоми бештари мусоидаткунандаи миллӣ ё имтиёзҳои тарифӣ;
5) агар ҳамин Кодекс баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохтшударо ҳангоми баровардани моли хориҷӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикнстон ё ҳангоми нобудкунии онҳо ё даст кашидан ба манфиати давлат ва ё ҳангоми реимпорти мол пешбинӣ карда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
6) бо иҷозати мақоми гумрук тағйир ёфтани низоми гумрукии қаблан арзшуда, агар маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози ҳангоми қарор додани мол таҳти низоми гумрукии аз нав интихобшуда пардохтшаванда камтар аз маблағи боҷи гумрукӣ ва андозе бошад, ки дар низоми гумрукии аввал супорида шудаанд, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи қисми 6 моддаи 212 ҳамин Кодекс;
7) дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни амали намудани тиҷорати хориҷии мол нисбати боҷҳои махсуси муваққатӣ, зиддидемпингӣ ё ҷубронӣ.
2. Ариза дар мавриди баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда дар давоми на дертар аз як соли баъди рӯзи фароарсии ҳолате, ки боиси баргардонидани маблағи пардохтшудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи муқаррароти моддаи 396 ҳамин Кодекс гардидааст, пешниҳод карда мешавад. Дар ин ҳолат муқарарроти қисми 7 моддаи 396 ҳамин Кодекс истифода бурда намешавад.
1. Гарави пулӣ ба шарти иҷрои ӯҳдадориҳои таъминшуда бо гарави пули баргардонида мешавад, агар аризаи баргардонидани он ба мақоми гумрук дар ҷараёни се сол аз рӯзи дигаре, ки баъди иҷрои ӯҳдадориҳо фаро мерасад, дода шуда бошад. Баъди гузаштани мӯҳлати мазкур маблағи гарави пулии талабнашуда ба буҷети давлат гузаронида шуда, баргардонида намешавад.
2. Гарави пули ба мақоми гумруке, ки ба ҳисобномаи он маблағи гарави пули супорида шуда буд ё ба мақоми гумруке, ки дар он расмиёти гумрукӣ ё низоми гумрукие анҷом дода мешавад, ки ӯҳдадории иҷрои онҳо бо гарави пули таъмин гардидааст, баргардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001).
3. Гарави пулӣ дар сурати пешниҳод кардани забонхати гумрукӣ (қисми 5 моддаи 390) бо асъори пардохт баргардонида мешавад. Дар сурати пардохти маблағи гарави пулӣ бо арзи хориҷи мақоми гумрук ҳангоми надоштани маблағи пулӣ бо ин арз, метавонад чунин гаравро бо арзи хориҷии дигар, ки қурби онро Бонки миллии Тоҷикистон муайян мекунад ё бо хоҳиши пардохткунанда бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонад. Барои баргардонидани арзи хориҷӣ ба асъори Тоҷикистон қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи баргардонидани маблағи гарави пулӣ истифода бурда мешавад.
4. Гарави пулӣ тариқи ғайринақдӣ баргардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001).
5. Дар сурати қарздории пардохткунанда вобаста ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ фоизҳо дар ҳаҷми чунин қарзи гарави пулӣ баргардонида намешаванд. Мақоми гумрук метавонад гарави пулиро мутобиқи моддаи 394 ҳамин Кодекс ситонад.
6. Ҳангоми баргардонидани маблағи гарави пулӣ фоизи он пардохт намешавад, маблағ индексатсия намегардад ва подоши комиссиони тибқи амалиёти бонкӣ аз ҳисоби маблағҳои интиқолшаванда пардохта мешавад.