БАКОРТАЪМИНКУНӢ | 1994

Моддаи 128. Кафолатҳои давлатии бакортаъминкунӣ
Давлат ба шаҳрвандон дар соҳаи шуғли аҳолӣ кафолатҳои зерин медиҳад:
- ҳифз намудан аз тамоми шаклҳои табъиз ва таъмини имконияти баробар барои гирифтани касб ва кор;
- тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисоси бекорон, кормандон ва шахсони камбизоат, ки ба нигоҳубини кӯдакони то 3 сола машғуланд, инчунин ташкили корҳои ҷамъиятӣ барои бекорон;
- тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, ташкили корҳои ҷамъиятӣ барои кормандоне, ки низоми нопурраи вақти кориро бо назардошти тағйир ёфтани истеҳсолот дар ташкилот доранд, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва (ё) кам шудани ҳаҷми кор аз ҷониби корфармо;
- мусоидат барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна;
- ташкили миёнаравӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғл;
- пешниҳоди хизматрасонии касбӣ ва роҳнамоӣ, маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ;
- роҳнамоии низоми таҳсилоти касбӣ барои тайёр намудани мутахассисон мувофиқи талаботи бозори меҳнат;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати ошкор ва қонунигардонии муносибатҳои меҳнатӣ;
- дар созишномаҳои сармоягузорӣ муқаррар намудани уҳдадории сармоягузор оид ба тайёркунии касбӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва нигоҳ доштани ҷойҳои кории мавҷуда;
- ташкили шароит барои рушди тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос бевосита дар ташкилот;
- ҳамкории мутақобилаи мақомоти ваколатдор бо корфармоён оид ба масъалаҳои шуғл;
- таъмини шароит барои бакортаъминкунии шахсоне, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 129. Ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар самти бакортаъминкунӣ
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба:
- интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касб тариқи муроҷиати бевосита ба корфармоён, инчунин тавассути миёнаравии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- ҷустуҷӯи мустақилонаи кор ва бакортаъминкунӣ, аз ҷумла дар хориҷа;
- гирифтани машварат ва маълумот аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ.
Моддаи 130. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ҳангоми бакортаъминкунӣ
1. Корфармо ҳуқуқ дорад:
- интихоби кадрҳоро ба роҳ монад;
- аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумоти дақиқ, пурра ва фаврӣ оид ба ҳолати бозори меҳнат ва имконияти тайёрии касбиро дастрас намояд.
2. Корфармо уҳдадор аст оид ба масъалаҳои зерин ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ чунин маълумотро пешниҳод намояд:
- дар бораи аз кор озод намудани кормандон бо сабаби барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё қатъ шудани фаъолияти шахси воқеӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди корӣ, инчунин шумора ва гурӯҳи кормандоне, ки ин ихтисоршавӣ метавонад ба фаъолияти онҳо дахолат кунад, бо нишон додани вазифа (мансаб), касб, ихтисос, дараҷа ва андозаи музди меҳнати кормандони аз кор озодшаванда ва муҳлате, ки дар давоми он кормандон озод карда мешаванд, вале на камтар аз ду моҳ пеш аз озодкунӣ;
- дар бораи тағйир ёфтани шароити меҳнат, гузариши кормандон ба низоми нопурраи вақти корӣ бо сабаби тағйир ёфтани истеҳсолот дар ташкилот, аз ҷумла дар вақти азнавташкилдиҳӣ ва (ё) кам шудани ҳаҷми кор, на камтар аз як моҳ пеш аз ба вуқӯъ омадани чунин ҳолатҳо;
- дар бораи мавҷуд будани ҷойҳои кори холӣ (мансабҳои холӣ), дар муддати се рӯзи корӣ аз рӯзи ба вуҷуд омадани онҳо;
- дар бораи қабул кардан ва қабул накардани шаҳрвандон ба кор (бо нишон додани сабабҳои он тавассути қайдҳои дахлдор дар роҳхат), дар муддати панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи фиристодани онҳо тавассути мақомоти ваколатдор.
Моддаи 131. Миёнаравӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ
Миёнаравӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- иттилоотонии шаҳрвандон дар бораи имконияти дарёфти кор ва ба корфармоён дар бораи имконияти таъмин бо қувваи корӣ;
- мусоидат ба шаҳрвандон дар интихоби кор;
- ба шаҳрвандон додани роҳхати бакортаъминкунӣ ва пешниҳоди он ба корфармо барои ҷойи кори холӣ;
- таъсиси манбаи маълумот дар бораи бозори меҳнат; - бақайдгирии муроҷиати шаҳрвандон;
- хизматрасонӣ дар муайян намудани касб;
- ҳамкории мутақобила бо корфармоён оид ба масъалаҳои бакортаъминкунӣ дар асоси шартнома.