АҲДНОМАИ НИКОҲ | 1994
Моддаи 40. Аҳдномаи никоҳ
Аҳдномаи никоҳ- созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкиӣ ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва ( ё ) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.
Моддаи 41. Бастани аҳдномаи ақди никоҳ
- Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста шавад.
Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
- Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №710)
- Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад.
Моддаи 42. Мундариҷаи аҳдномаи никоҳ
- Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи никоҳ низоми моликияти муштараки ба молу мулки умумӣ муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 Кодекси мазкур) тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми молу мулки дар давоми ақди никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё худ ҳама гуна низоми молу мулки умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд.
Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавҷуда ва ҳам нисбати молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад.
Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкиеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани ақди никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молу мулкиашонро дохил намоянд. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №382).
- Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо мӯҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.
- Аҳдномаи никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқӣ ё амалии зану шавҳар; ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон; танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии байни зану шавҳар; ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад; муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёҷмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умумӣ ва мазмуну мӯҳтавои қонунҳои оила бошанд.
- Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:
- муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;
- ӯҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
- бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
- нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд.
(ҚҶТ аз 25.03.11с., №710)
Моддаи 43. Тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи ақди никоҳ
(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)
- Аҳдномаи никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ва ё бекор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи ақди никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)
Ба якҷониба рад намудани иҷрои аҳдномаи никоҳ иҷозат дода намешавад.
- Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.
- Амали аҳдномаи никоҳ аз лаҳзаи қатъ кардани ақди никоҳ (моддаи 25 ҳамин Кодекс) ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар аҳдномаи никоҳ барои давраи баъди қатъи ақди никоҳ пешбинӣ шудааст, қатъ мегардад.
- Шартҳои аҳдномаи никоҳеро, ки дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, тағйир додан манъ аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)
Моддаи 44. Беэътибор донистани аҳдномаи ақди никоҳ
- Аҳдномаи никоҳ бо асосҳое, ки дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беэътибории аҳдҳо пешбинӣ гардидаанд, аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
- Аҳдномаи никоҳ дар сурати вайрон кардани талаботи қисми 3 моддаи 42 ҳамин Кодекс дар асоси даъвои зану шавҳар (яке аз онҳо), агар шартҳои аҳднома ин ҳамсарро дар вазъияти ниҳоят ногувор гузорад, инчунин дар асоси даъвои қарздиҳандагон ҳангоми вайрон кардани талаботи моддаи 47 Кодекси мазкур метавонад аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста шавад.
Моддаи 45. Шартномаҳои дигар доир ба молу мулки
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиғи оила ҳуқуқ доранд байни худ шартномаи ҳадя, хариду фурӯш ва ҳама гуна шартномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна шартномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила ба миён меоянд, тавассути қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)