АҚДИ ҚАТЪИ НИКОҲ | 1994
Моддаи 16. Асосҳои қатъи ақди никоҳ
- Ақди никоҳ дар натиҷаи вафот ё яке аз ҳамсаронро фавтида эълон намудани суд қатъ мегардад.
- Ақди никоҳ бо роҳи бекор кардани он (талоқ) дар асоси аризаи зан ё шавҳар ё ҳардуи онҳо, васии зан ё шавҳаре, ки суд ӯро ғайри қобили амал эътироф намудааст, инчунин прокурор қатъ гардиданаш мумкин аст.
Моддаи 17. Маҳдуд кардани ҳуқуқи шавҳар оид ба талаби бекор кардани ақди никоҳ
- Шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани ақди ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
- Маҳдудияти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида нисбат ба шавҳар татбиқ намегардад, агар дар муҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машғул бошад, ё зан ташаббускори бекор кардани ақди никоҳ бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Моддаи 18. Тартиби бекор кардани ақди никоҳ
Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 21-24 ҳамин Кодекс ба тартиби судӣ бекор карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
Моддаи 19. Бо ҚҶТ аз 29.04.06с., №183 хориҷ карда шуд.
Моддаи 20. Баррасии баҳсҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар байни зану шавҳар ба миён меоянд
Баҳсҳо дар хусуси тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, пардохти маблағ барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёҷманди корношоям, инчунин баҳсҳо дар хусуси фарзандон, ки байни зану шавҳар ба миён меоянд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», сарфи назар аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба тариқи судӣ баррасӣ мешаванд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
Моддаи 21. Бекор кардани ақди ақди никоҳ дар суд
- Ақди никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар, ба истиснои ҳолатҳои дар Ѕонуни Їуміурии Тоїикистон "Дар бораи баѕайдгирии давлатии асноди іолати шаірвандњ пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар, бекор карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
- Ақди никоҳ ба тартиби судӣ, инчунин дар ҳолатҳое, ки зан ё шавҳар бо вуҷуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ саркашӣ менамояд (ариза додан намехоҳад ё барои сабти бекор кардани ақди никоҳ ҳозир намешавад ва ғайра), бекор карда мешавад.
Моддаи 22. Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани никоҳ
- Зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад. (ҚҶТ аз 20.03.08с, №382).
- Агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидаааст ва тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ надоданд, ақди никоҳ бекор карда мешавад.
- Агар суд даъвои бекор кардани ақди никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани ақди никоҳ такроран бо аризаи даъво муроҷиат намоянд.
Моддаи 23. Бо тартиби судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии зану шавҳар
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
- Агар зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд. Дар ин ҳолат ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад.
- Ба зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғ, новобаста ба розигии муштараки онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани онҳо тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ муҳлат диҳад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Моддаи 24. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҳал менамояд
- Ҳангоми ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онҳо зиндагӣ кардани фарзандони ноболиғ, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблағ барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, дар хусуси ҳаҷми ин маблағ ё тақсимоти молу мулки зану шавҳар барои тасдиқи суд пешниҳод намоянд.
- Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавҳар оид ба масъалаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикрьёфта, инчунин агар муқаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавҳарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:
- муайян намояд, ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор кардани никоҳ бо кадоме аз падару модар зиндагӣ мекунанд;
- муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом падару модар ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;
- бо талаби зану шавҳар (яке аз онҳо) молу мулки дар таҳти моликияти муштараки онҳо қарордоштаро тақсим намояд;
- бо талаби зан ё шавҳаре, ки аз ҳамсари худ ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.
- Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №710)
- Дар мавриде, ки агар тақсими молу мулки ба манфиатҳои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад тақозои тақсими молу мулкиро ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо кунад.
Моддаи 25. Лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ ҳангоми талоқ
- Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд қатъ мегардад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
- Бекор кардани ақди никоҳ дар суд бояд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд, мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Бекор кардани ақди никоҳ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш барои шахсони сеюм эътибори ҳуқуқӣ дорад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
Моддаи 26. Барқарор намудани ақди никоҳ дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки фавтида эълон шуда ё бедарак ғоибшуда дониста шудааст
- Дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф кардааст ва бекор кардани ҳалномаҳои дахлдори судӣ, мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар ақди никоҳро барқарор намояд.
- Агар зан ё шавҳар бо дигаре никоҳ карда бошад, ақди никоҳ барқарор карда намешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №710)