АСОСҲО ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ МОЛУ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ БА МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ | 1994
Моддаи 450. Асосҳо барои гузаронидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба моликияти давлатӣ
Мол ва воситаҳои нақлиёт ба моликияти давлатӣ дар асосҳои зерин гузаронида мешаванд:
1) қарори суд ҳангоми истифодаи мусодираи амвол тибқи қонунвайронкунии маъмурӣ ё содир намудани ҷиноят;
2) қарори суд дар бораи ба моликияти давлатӣ гузаронидани мол мувофиқи қисми 9 моддаи 418 ва қисми 5 моддаи 435 ҳамин Кодекс;
3) декларатсияи гумрукие, ки таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат ба расмият дароварда шудааст ва санади супоридан ва қабули молу воситаҳои нақлиёт.
1. Молу воситаҳои нақлиёт ба моликияти давлати вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, аз рӯзи ҳукми қонуни пайдо кардани қарори суд гузаронида мешаванд.
2. Мақоми гумрук дар асоси қарори суд бо санади супоридан ва қабули мол ё ба воситаҳои нақлиёти мусодирашударо ба мақоми ваколатдори давлатии дахлдор месупорад.
Моддаи 452. Асосҳои ба моликияти давлатӣ гузаронидани мол ва воситаҳои нақлиёт, ки таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат ба расмият дароварда шуданд
1. Шахси интиқолдиҳандаи молу воситаҳои нақлиёт ба мақомоти гумрук декларатсияи гумрукии таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат арзшударо пешниҳод менамояд.
2. Мол ва воситаҳои нақлиёт, ки таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат ба расмият дароварда шудаанд, ба моликияти давлатӣ дар асоси декларатсияи гумрукӣ ва санади қабул ва супоридан аз лаҳзаи супоридани молу воситаҳои нақлиёт ба мақоми ваколатдори давлатии дахлдор гузаронида мешаванд.