АНДЕШИДАНИ ЧОРАҲО НИСБАТИ МОЛИ АЛОҲИДА АЗ ТАРАФИ МАҚОМОТИ ГУМРУК | 1994
Моддаи 437. Асос барои боздошти иҷозати мол
1. Мақомоти гумрук бо тартиби пешбининамудаи ҳамин боб барои боздошти иҷозати мол дар асоси аризаи шахси соҳиби ҳуқуқҳои истиснои (моликияти зеҳнӣ) ба объекти ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои ба ҳам вобастаанд ба нишони мол, ба нишони хизматрасонӣ ва соҳибии истифодабарии номи ҷои истеҳсоли мол (минбаъд - соҳибҳуқуқ) тадбирҳои дахлдор қабул менамояд. Чораҳои дар ҳамин боб пешбинишуда ҳангоми гузаронидани мол аз сарҳади гумрукӣ ё ҳангоми иҷрои амалҳои дигар бо моле, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, истифода бурда мешаванд.
2. Чораҳои мутобиқи ҳамин боб андешидаи мақомоти гумрук мутобиқи қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо ҳама гуна восита ҳимоя намудани ҳуқуқҳои худ ба дорандаи ҳуқуқ монеа намебошанд.
1. Соҳибҳуқуқи дорои асоси кофи, ки ҳуқуқҳои вай мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моликияти зеҳнӣ бар асари аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани моли ба ақидаи ӯ қалбакӣ ё ҳангоми анҷоми дигар амалҳо бо моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта вайрон карда мешаванд, ҳуқуқ дорад ба мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар бораи андешидани чораи боздошти иҷозати ин гуна мол ариза пешниҳод кунад. Аризаро метавонад аз номи соҳибҳуқуқ намояндааш пешниҳод намояд.
2. Ариза дар бораи андешидани чораҳои боздошти иҷозати мол бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
1) дар бораи соҳибҳуқуқ ва агар аризаро намояндаи вай диҳад, инчунин дар бораи намоянда;
2) дар бораи объекти моликияти зеҳнӣ;
3) дар бораи моле, ки ба ақидаи соҳибҳуқуқ қалбакӣ мебошад ва ҳаддалимкон муфассалтар, то он ки мақомоти гумрук тавонанд ин гуна молро ошкор намоянд;
4) дар бораи мӯҳлате, ки мақомоти гумрук мувофиқи ҳамин боб тадбирҳо меандешанд.
Ба аризаи соҳибҳуқуқ дар бораи андешидани чораҳои боздошти иҷозати мол ҳуҷҷатҳое илова карда мешаванд, ки ба объекти моликияти зеҳнӣ ҳуқуқ доштанашро тасдиқ мекунанд (шаҳодатнома, қарордод, аз ҷумла қарордоди литсензионӣ) дар бораи вогузоштани ҳуқуқҳои истисноӣ, дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқҳои ӯро ба объектҳои моликияти зеҳнӣ тасдиқ менамоянд) агар аризаро намоянда диҳад, ба аризаи ӯ инчунин ваколатномаи ба намояндаи худ додаи соҳибҳуқуқ замима карда мешавад.
Соҳибҳуқуқ (намояндаи вай) метавонад ба ариза намунаи молеро, ки метавонад ба сифати тасдиқ барои далели он, ки ҳуқуқҳои вай вайрон карда мешаванд, замима кунад.
3. Тартиби додани ариза ва талабот нисбати маълумоти арзшуда вобаста ба намуди объекти моликияти зеҳнӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.
4. Ба ариза ӯҳдадории хаттии соҳибҳуқуқ дар бораи товони зарари амволӣ, ки метавонад ба декларант, соҳиби мол ё шахси дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикрдашуда аз сабаби боздошти иҷозати мол расонида шавад, замима мегардад.
5. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ аризаро дар давоми як моҳи расиданаш баррасӣ менамояд ва дар бораи қабули тадбирҳо мувофиқи ҳамин боб ё наандешидани чунин тадбирҳо қарор қабул менамояд.
Бо мақсади санҷиши эътимоднокии маълумоти пешниҳоднамудаи соҳибҳуқуқ (намояндаи вай) мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлатӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти арзшавандаро дархост намояд. Ин шахсон вазифадоранд дар давоми даҳ рӯзи гирифтани дархост ҳуҷҷатҳои дархостшударо пешниҳод намоянд. Ҳамзамон мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад мӯҳлати баррасии аризаро то як моҳ дароз намояд.
Қарор дар бораи наандешидани чораҳо мувофиқи ҳамин боб ҳангоми аз тарафи соҳибҳуқуқ (намояндаи вай) пешниҳод шудани маълумоти беэътимод, инчунин аз тарафи вай риоя нашудани талаботи муайяннамудаи қисми 2 моддаи 439 ҳамин Кодекс қабул карда мешавад.
Дар бораи қарори қабулшуда соҳибҳуқуқ (намояндаи вай) дар давоми се рӯзи қабул шудани чунин қарор хаттӣ огоҳонида мешавад.
6. Ҳангоми тағйир ёфтани маълумоти дар ариза сабтшуда ё худ ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда соҳибҳуқуқ (намояндаи вай) вазифадор аст дар ин бора ба мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ фавран хабар диҳад.
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки нисбати онҳо мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар бораи андешидани тадбирҳо мувофиқи ҳамин боб қарор қабул намудааст, ба Феҳристи гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ (минбаъд дар ҳамин боб - Феҳрист) дохил карда мешаванд. Барои дохил намудан ба Феҳрист музд ситонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ пешбурди Феҳрист ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Объекти моликияти зеҳнӣ ба Феҳрист ба шарте дохил карда мешавад, ки соҳибҳуқуқ ӯҳдадориҳои дар қисми 4 моддаи 438 ҳамин Кодекс зикршударо бо усулҳои пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд. Соҳибҳуқуқ метавонад ба ҷои иҷрои ӯҳдадориҳо қарордоди суғуртаи хавфи масъулиятро барои расонидани зарар ба манфиати шахсони дар қисми 4 моддаи 438 ҳамин Кодекс нишондадашуда пешниҳод намояд. Ҳамзамон маблағи иҷрои ӯҳдадори ё маблағи суғурта бояд аз андозаи 6000 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам набошад (Конун аз 06.10.2008с. № 437, аз 19.07.2022 № 1906).
3. Объекти моликияти зеҳнӣ аз Феҳрист дар ҳолатҳои зерин хориҷ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) бо хоҳиши соҳибҳуқуқ (намояндаи вай);
2) аз тарафи соҳибҳуқуқ иҷро накардани шартҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда;
3) ҳангоми ба анҷом расидани мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқии объекти моликияти зеҳни;
4) агар соҳибҳуқуқ дар давоми мӯҳлати боздошти иҷозати мол (моддаи 441) ба мақоми ваколатдор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи худ муроҷиат накарда бошад.
4. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ номгӯи объектҳои моликияти зеҳнии ба Феҳрист дохилшударо дар нашрияҳои расмӣ ва сомонаи расмии интернетии худ чоп мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678, аз 19.07.2022 № 1906).
Мӯҳлате, ки мақоми гумрук барои боздошти иҷозати мол чора меандешад, дар асоси аризаи соҳибҳуқуқ (намояндаи ӯ), ба муддати на зиёда аз панҷ сол аз рӯзи ворид намудани объекти моликияти зеҳнӣ ба Феҳрист муқаррар карда мешавад. Ин мӯҳлат метавонад дар асоси аризаи соҳибҳуқуқ (намояндаи ӯ) бо шарти риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 438 ва қисми 2 моддаи 439 ҳамин Кодекс дароз карда шавад. Мӯҳлате, ки дар муддати он мақомоти гумрук барои боздошти иҷозати мол чора меандешанд, наметавонад аз мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқии объекти моликияти зеҳнӣ зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
1. Агар ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ мақоми гумрук моли ҳамчун қалбаки зикркардаи соҳибҳуқуқро (намояндаи ӯро) ошкор намояд, иҷозати ин гуна мол ба муддати 10 рӯзи кори боздошта мешавад. Бо дархости асосноки хаттии соҳибҳуқуқ (намояндаи ӯ) ин мӯҳлат метавонад ба муддати на зиёда аз 10 рӯзи кори зиёд карда шавад, агар шахси мазкур ба мақоми ваколатдори муҳофизи ҳуқуқи соҳибҳуқуқ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда бошад.
Қарор дар бораи боздошти иҷозати мол ва тамдиди мӯҳлати боздошти иҷозати мол аз тарафи сардори мақоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ӯ ба шакли хаттӣ қабул карда мешавад.
2. Мақоми гумрук дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари баъди боздошти иҷозати мол ба декларант ва соҳибҳуқуқ (намояндаи ӯ) оид ба боздошти иҷозати мол, сабабҳо ва мӯҳлатҳои ин боздошт, инчунин ба декларант дар бораи ном (ном, насаб, номи падар) ва суроғаи соҳибҳуқуқ (намояндаи ӯ), ба соҳибҳуқуқ (намояндаи ӯ) бошад ном (ном, насаб, номи падар) ва суроғаи декларантро хабар медиҳад.
3. Соҳибҳуқуқ мувофиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарари ба декларант, молик, гирандаи мол ё шахси дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикршуда дар натиҷаи боздошти иҷозати мол расонидааш мувофиқи талаботи ҳамин боб ҷавобгар аст, агар мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда нашавад, ки мол (баста ва этикеткаи онҳо) қалбаки мебошанд.
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845)
1. Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд иҷозати молҳои объекти моликияти зеҳнидоштаеро, ки ба феҳрист дохил нашудаанд, бе аризаи соҳибҳуқуқ оид ба боздошти онҳо ҳангоми иҷозат, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур дар ҳолатҳои ошкор шудани аломатҳои вайрон шудани ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ боздоранд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Қарор оид ба боздоштани иҷозати мол мутобиқи моддаи мазкур, инчунин оид ба бекор кардани қарор оид ба боздоштани иҷозати мол аз тарафи роҳбари мақоми гумрук ё шахси онро ивазкунанда тавассути қабули фармоиш амалӣ карда мешавад.
2. Мақомоти гумрук бо мақсади татбиқи ваколатҳои иловагиашон оид ба ҳимояи тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонии ҳифзшаванда маълумотҳои аз феҳристҳои давлатии бақайдгирии мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ дастрас кардаашонро истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
3. Агар иҷозати мол мувофиқи қисми 1 моддаи мазкур боздошта шавад, мақомоти гумрук фавран ҳамаи чораҳои заруриро барои дар ин хусус огоҳ намудани соҳибҳуқуқ ва декларант ҳангоми ошкор шудани аломатҳои вайроншавии ҳуқуқ ва тасдиқи зарурияти чораҷӯӣ ба хотири боздоштани иҷозати молҳое, ки дорои объектҳои моликияти зеҳнианд, меандешанд. Барои муайян намудани макони соҳибҳуқуқи тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонӣ ё ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, ки ҳуқуқҳояш эҳтимол вайрон шудаанд, мақоми гумрук ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ бо мақсади муайян намудани мавҷудияти бақайдгирии ҳуқуқи муаллиф, дастрас намудани маълумот доир ба тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонӣ ва соҳибҳуқуқ бо хотири огоҳонидани минбаъдаи соҳибҳуқуқ дар бораи зарурияти андешидани чораҳои марбут ба дархост муроҷиат менамояд. Дар дархост бояд дар бораи мақоми гумрук ва молҳое, ки нисбат ба онҳо чораҳои ҳимоя андешида мешаванд, маълумот дода шавад. Мақоми гумрук ва мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ оид ба муайян намудани макон ва огоҳонидани соҳибҳуқуқ дар давоми 24 соат бетаъхир ҳамаи чораҳои заруриро меандешанд. Агар дар давоми 24 соат мақоми гумрук макони соҳибҳуқуқро муайян карда натавонад, қарор дар бораи боздоштани иҷозати мол бекор гардида, барасмиятдарории гумрукӣ ва иҷозати молҳо бетаъхир бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
4. Иҷозати молҳо ҳангоми ошкор шудани аломатҳои вайронкунии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, бо мақсади огоҳонидани соҳибҳуқуқ ва қабули қарор дар хусуси бекор кардан ё тамдид намудани боздоштани иҷозати молҳо, ба мӯҳлати то 3 рӯзи корӣ боздошта мешавад.
5. Қарор оид ба боздоштани иҷозати молҳо бекор карда шуда, барасмиятдарории гумрукӣ ва иҷозати молҳо тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур бетаъхир анҷом дода мешавад, агар дар давоми мӯҳлати дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинишуда ба мақоми гумрук:
- соҳибҳуқуқ дар бораи тамдид намудани мӯҳлати боздоштани иҷозати молҳо то даҳ рӯзи корӣ ариза пешниҳод накунад;
- соҳибҳуқуқ ариза дар хусуси бекор кардани қарор дар бораи боздоштани иҷозати молҳоро пешниҳод намояд.
6. Агар дар давоми мӯҳлати дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинишуда ба мақомоти гумрук аз соҳибҳуқуқ ариза дар хусуси тамдид намудани мӯҳлати боздоштани иҷозати молҳо ворид шавад, иҷозати молҳо то даҳ рӯзи корӣ аз санаи боздошти аввалаи иҷозати молҳо боздошта мешавад. Дар ин ҳолат соҳибҳуқуқ вазифадор аст дар давоми даҳ рӯзи корӣ:
1) таъиноти судро дар бораи қабули аризаи даъвогӣ оид ба вайрон шудани ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки бо интиқоли молҳо аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандӣ дошта, иҷозати молҳо боздошта шудааст, пешниҳод намояд;
2) оид ба ҷуброни зарари ба декларант ва шахсони дигар расонидашуда, инчунин хароҷоти мақомоти гумрук, ки бо сабаби боздоштани иҷозати молҳое, ки дорои объектҳои моликияти зеҳнианд, пайдо шудаанд, дар ҳолатҳои бо қарори суд муайян шудани он ки молҳо ба вайронкунии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ марбут нестанд, ӯҳдадорӣ пешниҳод намояд;
3) далелҳоеро, ки муроҷиати соҳибҳуқуқро ба мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар хусуси ворид намудани молҳо ба феҳрист тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 439 Кодекси мазкур тасдиқ месозанд, пешниҳод намояд. Агар соҳибҳуқуқ дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз санаи боздошти аввалаи иҷозати молҳо таъиноти судро дар бораи қабули аризаи даъвогӣ дар хусуси вайрон шудани ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки бо интиқоли молҳо аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандӣ дошта, иҷозати молҳо боздошта шудааст, пешниҳод намояд, ҳамчунин агар аз ҷониби соҳибҳуқуқ ӯҳдадориҳои дигар иҷро гарданд, мӯҳлатҳои боздоштани иҷозати молҳо, инчунин мӯҳлатҳои нигаҳдории муваққатии молҳо то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд аз рӯи даъвои зикршуда тамдид мегарданд. Агар дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз санаи боздошти аввалаи иҷозати молҳо соҳибҳуқуқ муқаррароти қисми мазкурро риоя накунад, мақоми гумрук қарор дар бораи боздоштани иҷозати молҳоро бекор мекунад ва барасмиятдарории гумрукии молҳоро тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом медиҳад. Дар ҳолати мазкур хароҷотҳои декларант ва мақоми гумрук, ки бо боздоштани иҷозати молҳо дар давоми даҳ рӯзи корӣ вобастаанд, ба зиммаи соҳибҳуқуқ гузошта мешаванд. Тартиби ҳамгироӣ ва робитаи иттилоотӣ байни мақомоти гумрук ва мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ тибқи санади якҷоя муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, аз 30.05.2017 № 1421, аз 19.07.2022 № 1906).
1. Бо иҷозати мақомоти гумрук соҳибҳуқуқ (намояндаи ӯ) ва декларант метавонанд таҳти назорати гумруки чошнӣ ва намунаи молро, ки нисбати онҳо қарор дар бораи боздошти иҷозати мол қабул шудааст, таҳқиқ гузаронанд, ҳамчунин онҳоро аз назар гузаронанд ва аксбародорӣ намоянд ё ба тарзи дигар ин гуна молро сабт намоянд.
2. Бо дархости соҳибҳуқуқ (намояндаи ӯ) мақомоти гумрук метавонад маълумоти иловагиеро, ки барои исботи вайрон шудани ҳуқуқҳои вай заруранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод намояд.
3. Маълумоти гирифтаи соҳибҳуқуқ (намояндаи ӯ) ё декларант мувофиқи ҳамин модда, махфи ба ҳисоб рафта, бояд ифшо нашавад, ба шахсони сеюм, инчунин ба мақомоти давлатӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дода нашавад.
1. Агар то гузаштани мӯҳлати боздошти иҷозати мол аз тарафи мақоми ваколатдор мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ситонидани мол, дар бораи ҳабси мол ё мавриди мусодира қарор додани онҳо қарор гирифта нашавад, қарор дар бораи боздошти иҷозати мол аз рӯзи дигар баъди гузаштани мӯҳлати боздошти иҷозати мол бояд бекор карда шавад.
2. Қарор дар бораи боздошти иҷозати мол то гузаштани мӯҳлати боздошти иҷозати мол бояд бекор карда шавад, агар:
1) соҳибҳуқуқ (намояндаи ӯ) ба мақомоти гумрук бо дархости бекор кардани қарор дар бораи боздошти иҷозати мол муроҷиат намуда бошад;
2) объекти моликияти зеҳнӣ аз Феҳрист хориҷ карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
3. Қарор дар бораи боздошти иҷозати мол дар рӯзи маълум гардидани асосҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда бекор карда мешавад.
4. Бекор карда шудани қарор дар бораи боздошти иҷозати мол аз тарафи сардори мақоми гумрукӣ ин қарорро қабулнамуда ё шахси ивазкунандаи ӯ ба таври хаттӣ амалӣ карда мешавад. Баъди бекор кардани чунин қарор иҷозати мол мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс амалӣ карда мешавад (боби 16).
Чораҳои вобаста ба боздошти иҷозати мол мувофиқи ҳамин боб нисбати моли дорои моликияти зеҳнӣ, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ё тавассути муросилоти байналмилалии почта ба миқдори кам ирсол мешаванд андешида намешаванд, агар ин мол барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хонаводагӣ ва дигар эҳтиёҷот, ки ба иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нестанд, таъин нагардида бошанд.