АНБОРИ ОЗОД | 1994
Моддаи 273. Таъиноти низоми гумрукии анбори озод
1. Анбори озод низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он мол дар биноҳои (маҳалҳои) дахлдори ба сифати анбори озод истифодашаванда бидуни ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, татбиқи мамнӯияту маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгир ва истифода бурда мешаванд.
2. Анбори озод дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақоми давлатии ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти тиҷорати хориҷӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад (минбаъд дар ҳамин боб - пешниҳод).
3. Мол таҳти низоми гумрукии анбори озод бо шарти пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи боби 46 ҳамин Кодекс ҷойгир карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Дар низоми гумрукии анбори озод ҷойгиркунии моле иҷозат дода мешавад, ки барои коркард таъин гардидааст, инчунин моле, ки бо кӯмаки он амалиёти коркард анҷом дода мешавад, ба истиснои моли манъшудае, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
1. Дар анбори озод иҷрои амалиёти зерин иҷозат дода мешавад:
1) Барои таъмини нигаҳдории ин мол - поккорӣ, шамолдиҳӣ, хушккунӣ (аз ҷумла ташкили гармидиҳӣ), ташкили низоми ҳарорати мӯътадили нигаҳдори (хунуккунӣ, яхкунонӣ, гармкунӣ,) ҷойгиронӣ дар бастабандҳои муҳофизатӣ, молидани равғанҳои муҳофизатӣ ва консервантҳо, молидани маводи зидди занг, дохил кардани маводи пешгирикунанда;
2) оид ба омодасозии мол барои фурӯш ва интиқол - тақсим ба партияҳо, ташкили ирсол, навъбандӣ, бастабандӣ, бастабандии нав, маркировка, боркунӣ, борфарорӣ, аз нав бор кардан, амалиёти маъмулии марбут ба такмил ё омода сохтан ба ҳолати корӣ, ҷойивазкунии мол дар ҳудуди анбор бо мақсади ҷойгиронии судманд, ҷойгиронии мол барои овезаҳои намоишӣ, тест;
3) оид ба коркард - истеҳсоли (коркарди мол), аз ҷумла насб ва мутобиқгардонӣ, ки ҳангоми он моли воридшуда хусусияти асосии худро нигоҳ медорад, коркарди худи мол, ки ҳангоми он моли хориҷӣ хусусияти хоси худро аз даст дода, дар маҳсули коркард таснифоти худро нигоҳ медорад ва имкон медиҳад моли воридоти бо маҳсули коркард ҳаммонанд карда шавад ва ҳаммонандсози шарти муҳими коркард, таъмири мол, аз ҷумла барқарорсозӣ ва истифодаи баъзе молҳое мебошад, ки барои осон гардонидани истеҳсоли маҳсули коркард аз истеъмоли пурра ё қисмани онҳо дар ҷараёни коркард таъин гардидаанд;
4) барои истифодаи мол ба сифати таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, техникаҳои борбардорию борфарорӣ ва дигар воситаҳои дар анбори озод истифодашаванда.
2. Амалиёт бо моли дар анборҳои озод ҷойгиршуда, ки дар бандҳои 1 ва 2 қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, бо огоҳонидани мақомоти гумрук сурат гирифта, набояд рамзи молро мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тағйир диҳанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422).
Бо моле, ки дар анбори озод таҳти нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд, метавонад амалиёти пешбининамудаи банди 1 қисми 1 ҳамин модда анҷом дода шавад.
Ҳангоми бо моли хориҷии дар анбори озод ҷойгиршуда анҷом додани амалиёт бо мақсади истеҳсоли маҳсули коркард истифодаи моли ватани ба сифати маводи иловагӣ ва унсурҳои иловаги иҷозат дода мешавад.
3. Бо мақсади таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи назорати гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои иҷрои амалиёт бо моли дар анборҳои озод нигаҳдоришаванда мамнӯият ва маҳдудиятҳои алоҳидаро муқаррар намояд.
Мол дар анбори озод метавонад бе маҳдуд намудани мӯҳлат нигоҳ дошта шавад, ба шарте, агар анбори озод фаъолият намояд.
Моддаи 277. Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии моли таҳти низоми гумрукии анбори озод ҷойгиршаванда
Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии моли таҳти низоми гумрукии анбори озод ҷойгиршаванда, инчунин аз анборҳои озод содиршаванда тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ анҷом дода мешавад.
1. Соҳибони анборҳои озод баҳисобгирии моли дар анбори озод ҷойгиршуда, инчунин амалиёти бо ин мол иҷрошударо анҷом дода, ба мақомоти гумрук мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд.
2. Барои баҳисобгирии моли дар анбори озод ҷойгиршуда, инчунин амалиёти бо ин мол иҷрошуда, метавонанд ҳуҷҷатҳои барои пешбурди фаъолияти ҳисобдорӣ ва ҳисоботдиҳи тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда истифода гарданд, ба шарте агар дар ин ҳуҷҷатҳо номгӯ ва аломатҳои ҳаммонандсозии мол, теъдод, маълумот дар бораи ҷойгир намудани онҳо дар ҳудуди анбори озод, ҳама гуна тағйироти дар анборҳо бо онҳо суратгирифта инъикос гарданд.
Соҳиби анбори озод вазифадор аст:
1) мутобиқати анбори озодро бо талаботи муқарраршуда дар давоми мӯҳлати фаъолияти анбори озод таъмин намояд;
2) муҳофизати мол ва мувофиқати амалиёти бо онҳо гузаронидашавандаро тибқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
3) ба назорати гумрукӣ мусоидат намояд;
4) бидуни назорати гумрукӣ гирифтани моли дар анбори озод нигаҳдоришавандаро истисно намояд;
5) шартҳои таъсис ва фаъолияти анбори озодро риоя кунад, инчунин талаботи мақомоти гумрук, аз ҷумла таъмини дастрас будани молро иҷро намояд;
6) барои татбиқи назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ ба мақомоти гумрук тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бино, таҷҳизот ва воситаҳои алоқаро дар анбори озод фароҳам орад;
7) баҳисобгирии электронии моли дар анборҳои озод ҷойгиршударо тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук анҷом дода, ба мақомоти гумрук дар бораи амалиёти бо он гузаронидашуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 278 ҳамин Кодекс ҳисобот пешниҳод кунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 280. Ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андоз ва татбиқи тадбирҳои мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳангоми ҷойгир намудани моли ватанӣ ва хориҷӣ дар анборҳои озод боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд ва тадбирҳои мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои талабот оид ба амнияти мол, татбиқ намегарданд. Ҳангоми аз анборҳои озод ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани мол боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешаванд ва тадбирҳои мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартҳои арзшудаи низоми гумрукӣ, ба истиснои воридоти моли ватанӣ, татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳангоми содироти мол аз анборҳои озод берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ ва тадбирҳои ба мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати моли зайл татбиқ намегарданд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) моли хориҷӣ;
2) дар анборҳои озод истеҳсолшуда;
3) дар анборҳои озод коркардшуда.
3. Истеҳсоли мол дар анборҳои озод бо сертификати истеҳсоли мол тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани сертификати мазкур мол чунин барраси карда мешавад:
1) ҳангоми содироти мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукии содиротӣ ва қабули тадбири мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун моли ватанӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) ҳангоми воридоти мол ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ, андозҳо ва татбиқи тадбирҳои мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун моли хориҷӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Биное, ки барои таъсис ва фаъолияти анбори озод пешбинӣ шудааст, бояд ҷавобгӯи талаботи зерин бошад:
1) таҳти моликияти шахсии соҳиби анбор бошад ё ба мӯҳлати на камтар аз 3 сол аз лаҳзаи додани ариза барои гирифтани рухсатнома ба иҷора гирифта шуда бошад;
2) андозаи (периметри) он муайян ва иҳота карда шуда бошад;
3) дар ҳудуди анбори озод бино ва иншооте, ки марбути анбор нестанд, бояд вуҷуд надошта бошанд;
4) дорои ҷое бошад, ки барои азназаргузаронии мол зарур аст;
5) барои амалиёти коркарди мол обод ва муҷаҳҳаз бошад.
2. Анборҳои озод бояд дар тамоми давраи фаъолияти худ ҷавобгӯи талаботи муқарраргардида бошанд.
1. Анбори озод дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди гирифтани рухсатнома аз мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҷиҳати фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод таъсис дода мешавад.
2. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод ба шахси ҳуқуқӣ дода мешавад, ки соҳиби майдончаи барои таъсиси анбори озод таъингардида мебошад ё онро тибқи ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи фаври ихтиёрдорӣ мекунад(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, аз 01.10.2025 №2186).
3. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори гумрукӣ ба ҳар як бинои ҳудудан алоҳида, ки ба сифати анбори озод истифода мегардад, дода мешавад. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод инҳоро дар бар мегирад;
1) номи мақоми гумрук;
2) номгӯй ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
3) номгӯи навъи фаъолият;
4) маълумот дар бораи ҳуқуқи ихтиёрдории бино, ки ба сифати анбори озод истифода бурда мешавад;
5) зикри маҳали ҷойгиршавии анбори озод (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) рақам ва санаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) рақами мушаххаси андозсупоранда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
8) рақами бақайдгирӣ ва санаи додани рухсатнома (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4. Мӯҳлати амали рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод маҳдуд карда намешавад.
5. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбор ба шахси дигар дода намешавад.
1. Пешниҳод барои қабули қарор ҷиҳати иҷрои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод дар асоси аризаи шахс сурат мегирад. Ариза барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод бояд инҳоро дар бар гирад:
1) муроҷиат бо хоҳиши баррасии ҳуҷҷатҳо барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод;
2) маълумот дар бораи номгӯй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, суратҳисобҳои кушодашудаи бонкӣ, инчунин андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;
3) маълумот дар бораи биноҳо, ки дар ихтиёри аризадиҳанда қарор дошта, барои истифода ба сифати анбори озод таъин гардидаанд, маҳали ҷойгиршавӣ, ободонӣ, таҷҳизонӣ ва таъминоти моддию техникии онҳо;
4) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиданда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Ба ариза барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод ҳуҷҷатҳои зерине, ки тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда мебошанд, замима мегарданд:
1) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи соҳибии биноҳо, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин шудаанд;
3) тарҳу нақшаҳои биноҳо, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин шудаанд;
4) тасдиқномаи бонкҳо дар бораи кушодани суратҳисобҳо дар онҳо (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, аз 01.10.2025 №2186).
3. Ҳангоми тағйир ёфтани маълумоти дар ариза ва ҳуҷҷатҳо дарҷшуда соҳиби анбори озод бояд мақоми гумрукро на дертар аз 30 рӯзи тақвими аз санаи ворид намудани тағйирот огоҳ намояд.
1. Ҳангоми аз ҷониби соҳиби анбор риоя нашудани талабот ва ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс амали рухсатнома метавонад бо қарори мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо зикри сабабҳои боздоштани он, ба мӯҳлати 6 моҳ боздошта шавад.
2. Қарор дар бораи боздоштани амали рухсатнома бо фармоиши роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо зикри сабаби бозхонди он қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
3. Амали рухсатнома аз рӯзи интишори фармоиши дахлдор боздошта мешавад. Ҳангоми боздоштани амали рухсатнома ҷойгир намудани мол дар анбори озод манъ аст. Моле, ки то боздоштани амали иҷозатнома дар анбори озод ҷойгир шуда буд, бояд аз ҷониби соҳиби анбори озод бетағйир нигоҳ дошта шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
4. Амали рухсатнома баъди бартараф намудани сабабҳои боздоштани амали он ва интишори фармоиши дахлдори мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барқарор мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
1. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озодро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад бозхонад:
1) дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ;
2) аз ҷониби соҳиби анбори озод иҷро нашудани талаботи дар рухсатнома мавҷуда;
3) бартараф нанамудани сабабҳое, ки қаблан боиси боздоштани амали рухсатнома гардидаанд;
4) аз ҷониби суд ба соҳиби анбори озод манъ кардани фаъолият оид ба хизматрасонии анбори озод;
5) қатъи фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) агар соҳиби анбори озод чандин маротиба барои вайрон кардани қонунгузории маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошад;
7) азнавташкилдиҳӣ ё барҳам додани анбори озод мувофиқи санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Қарор дар бораи бозхондани рухсатнома бо фармоиши мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, бо асосноксозии чунин қарор ба расмият дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
3. Бозхондани рухсатнома аз рӯзи қабули фармоиш амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
4. Ҳангоми бозхондани рухсатнома соҳиби анбори озод вазифадор аст дар давоми 15 рӯзи тақвимии баъди гирифтани қарор дар бораи бозхондани рухсатнома онро ба мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ баргардонад.
5. Аризаи такрорӣ дар бораи додани рухсатнома ҷиҳати фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод метавонад баъди ду сол аз рӯзи интишори фармоиш дар бораи бозхондани рухсатнома, дар сурати бартараф намудани сабабҳое, ки боиси қабули қарор гардида буданд, баррасӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
6. Ҳангоми қатъи фаъолияти анбори озод моли таҳти низоми гумрукии анбори озод ҷойгиршуда метавонад таҳти дигар низоми гумрукӣ арз карда шавад ё нисбати ин мол амали низоми гумрукии анбори озод дар давоми си рӯзи тақвими аз рӯзи қабули қарор дар бораи қатъи амали рухсатнома бояд анҷом дода шавад.
Дар ҳолатҳои дар анбори озод мавҷуд будани моли таҳти амалиёти коркард қарордошта мақоми гумрук шахсеро, ки молро дар анбори гумрукӣ ҷой додааст, дар бораи барҳам хӯрдани анбори озод огоҳ менамояд. Дар ин ҳолат амали низоми гумрукии анбори озод нисбати ин мол то анҷоми охирин амали коркард нигоҳ дошта мешавад.