АНБОРИ ГУМРУКӢ | 1994

Моддаи 215. Мазмуни низоми гумрукии анбори гумрукӣ
Анбори гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бе истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта шуда, вале моли барои содирот таъингардида мувофиқи шартҳои пешбининамудаи ҳамин боб таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 216. Анборҳои гумрукӣ
1. Анборҳои гумрукӣ бинои махсус ҷудокардашуда ва муҷаҳҳаз барои мақсади нигаҳдории мол ва (ё) майдончаҳои кушодае мебошанд, ки ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 225 ҳамин Кодекс мувофиқанд.
Моли таҳти низоми гумрукии анборҳои гумрукӣ ҷойгиршуда дар анборҳои гумруки нигаҳдорӣ карда мешавад, ба истиснои моле, ки дар қисми 4 моддаи 217 ҳамин Кодекс зикр шудааст.
2. Анборҳои гумрукӣ минтақаи назорати гумрукӣ мебошанд.
3. Мол метавонад дар ҳама гуна анборҳои гумрукӣ, бо назардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷойгир карда шавад.
Моддаи 217. Шартҳои таҳти низоми гумрукӣ қарор додани мол
1. Тамоми намуди мол, ба истиснои моле, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот ва содироташ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, инчунин моли дигаре, ки нисбати он маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд ва номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, инчунин моле, ки мӯҳлати истифодабарии он дар рӯзи пешниҳод таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ аз мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 218 ҳамин Кодекс камтар аст, нигоҳ дошта шавад.
2. Моле, ки метавонад ба моли дигар зарар оварад ё шароити махсуси нигаҳдориро талаб мекунад, бояд дар анборҳои гумрукӣ ё биноҳои алоҳидаи анборҳои гумрукии барои нигаҳдошти чунин мол махсус ҷиҳозонидашуда, бо риояи ҳатмии талаботи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шавад.
3. Таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ метавонад моле ҷойгир карда шавад, ки қаблан таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт. Дар анборҳои гумрукӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонад моли хориҷӣ бо мақсади боздоштани амали низоми гумрукие, ки иҷозати молро барои муомилоти озод пешбинӣ наменамояд, ҷойгир карда шавад.
4. Таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ бидуни ҷойгиркунии воқеии мол ба анбори гумрукии молҳое, ки аз сабаби ҳаҷми калон доштанашон дар анбори гумрукии дар наздики қарордошта нигаҳдори кардани онҳо имконнопазир аст, дар сурати иҷозати электронӣ ё хаттии мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. Дар чунин ҳолат шахсе, ки низоми гумрукии анбори гумрукиро арз намудааст, бояд ба мақоми гумрук таъмини супоридани пардохтҳои гумрукиро, ки метавонист ҳангоми барои муомилоти озод иҷозат додани мол супорад, пешниҳод намояд, инчунин ҳамаи дигар талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин бобро риоя кунад. Ҳамзамон бо ҳама усул ба шахси дигар барои истифода ё ихтиёрдори додани мол, аз ҷумла бегона кардани мол дар мӯҳлати нигаҳдории он таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ манъ аст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Мол таҳти низоми анбори гумрукӣ бо пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи муқаррароти боби 46 ҳамин Кодекс қарор дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 218. Мӯҳлати нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ
1. Мол метавонад дар мӯҳлати то 3 сол дар анбори гумрукӣ нигоҳ дошта шавад.
2. Моли дорои мӯҳлати маҳдуди истифода ё фурӯш бояд аз низоми гумрукии анбори гумрукӣ бароварда, таҳти низомҳои дигари гумрукӣ арз карда шавад ва аз анбори гумрукӣ дар давоми 180 рӯзи то гузаштани мӯҳлати маҳдуди зикршуда бароварда шавад, ба истиснои моли зуд вайроншаванда, ки нисбати он мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ метавонад мӯҳлати кӯтоҳтарро муқаррар намояд.
3. Мӯҳлати нигаҳдории молро шахсе, ки молро дар анбори гумрукӣ ҷойгир кардааст, дар декларатсияи гумрукӣ, дар доираи мӯҳлати пешбининамудаи ҳамин модда муайян менамояд.
4. Дар асоси дархости асосноки шахсе, ки молро дар анбори гумрукӣ ҷойгир намудааст, мақоми гумрук метавонад мӯҳлати нигаҳдории молро дар доираи мӯҳлати пешбининамудаи ҳамин модда тамдид намояд.
Моддаи 219. Амалиёт бо моли дар анбори гумрукӣ қарордошта
1. Шахсони ваколатдори мол ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда амалиёти муқаррарии барои эҳтиёт заруриро бо нигоҳ доштани тағйирнопазирии мол анҷом диҳанд, молро аз назар гузаронанд ва чен кунанд, дар ҳудуди анбори гумрукӣ ҷойи онро иваз кунанд, ба шарте агар ин амалиёт боиси тағйир ёфтани ҳолати мол, вайрон шудани бастабандии он ва (ё) тағйирёбии воситаҳои гузошташудаи ҳаммонандсозӣ нагардад.
2. Амалиёти дар қисми 1 ҳамин модда зикрнашуда, аз ҷумла гирифтани чошнӣ ва намунаи мол, амалиёти оддии насб, инчунин амалҳои зарурӣ ҷиҳати омодасозии мол барои фурӯш, ҳамлу нақл, аз ҷумла ба партияҳо ҷудо намудан, барои баровардан омода сохтан, навъбандӣ, борбандӣ, аз нав бастан, маркировка ва дигар амалҳои барои беҳдошти сифати мол нигаронидашуда аз ҷониби шахсони ваколатдори мол ва намояндаи онҳо бо иҷозати мақоми гумрук анҷом дода мешавад.
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад танҳо дар ҳолате, ки агар иҷрои ин амалҳо боиси талафи мол ё тағйир ёфтани хосияти мол гардад, барои гузарондани чунин амалҳо иҷозат надиҳад.
3. Нисбати гирифтани чошнӣ ва намунаҳо аз моли хориҷӣ бояд боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо пардохта шаванд, чуноне, ки агар ин мол барои муомилоти озод иҷозат дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки намунаи мол ба анбори гумруки дар давоми 1 моҳ баргардонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
4. Бегона кардани моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда, додани ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории он ба шахси дигар, ба истиснои моли дар қисми 4 моддаи 217 ҳамин Кодекс зикршуда, ба шарти қаблан ба таври хаттӣ огоҳ намудани мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. Ҳамзамон шахси ҳуқуқи амволиро бадастоварда ба мақоми гумрук дар бораи риояи минбаъдаи талабот ва шартҳои нисбати ин мол муқаррарнамудаи ҳамин боб ба таври электронӣ ё хаттӣ ӯҳдадори пешниҳод менамояд. Аз рӯзи дигари баъди аз ҷониби мақоми гумрук гирифтани ин ӯҳдадори шахси соҳиби ҳуқуқи амволи ба мол аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки ҳамин Кодекс нисбати шахси молро дар анбори гумрукӣ ҷойгиркарда муайян намудааст, истифода мебарад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Бо иҷозати электронӣ ё хаттӣ мақоми гумрук интиқоли мол аз як анбори гумрукӣ ба анбори дигари гумрукӣ то анҷоми мӯҳлати дар моддаи 218 ҳамин Кодекс муқарраршуда иҷозат дода мешавад. Ҳамзамон мӯҳлати нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ қатъ ва боздошта намешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 220. Аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод кардани моли содиротӣ ё баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохтшуда
1. Ҳангоми таҳти низоми гумрукӣ қарор додани моли хориҷие, ки қаблан таҳти низоми гумрукии дигар қарор дошт ва барои баровардан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст, аз чунин мол боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз пардохта намешавад ё маблағи супоридашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи боби 48 ҳамин Кодекс баргардонида мешаванд,  агар озод кардани мол  аз  боҷҳои   гумрукӣ ва андоз ё баргардондани маблағ ҳангоми воқеан баровандани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад. Ҳангоми содир накардани молҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз, ки аз онҳо озодкунӣ аз пардохт ё баргардонидани маблағ истифода шуда буд, инчунин фоизи онҳо бояд пардохта шавад. Ҳисоби маблағи барои боҷҳои гумрукӣ ва андоз супоридашаванда, инчунин фоизҳо дар асоси қоидаҳои анҷоми низоми гумрукии қаблӣ ва мувофиқи шартҳои ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии арзшуда, ки аз тарафи декларант барои истифодаи мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳангоми ҷойгир намудани моли ватании барои содирот аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъингардида дар анбори гумрукӣ тибқи низоми гумрукии содирот озодкуни аз пардохт, баргардондани маблағи андозҳои дохилӣ фароҳам оварда мешавад, агар чунин озодкунӣ, ҷуброн ё баргардонидани маблағ ҳангоми содироти воқеии ин мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад. Ҳангоми анҷом надодани содироти воқеии чунин мол дар давоми шаш моҳ аз рӯзи ҷойгир намудани онҳо дар анбори гумрукӣ маблағи мазкур бо ҳисоби фоизҳо, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби барои ситондани пардохтҳои гумрукӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 221. Моли корношоям, вайроншуда ё харобшуда
Моле, ки дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир дар давраи нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ корношоям, вайрон ё хароб шудааст, бояд таҳти низоми гумрукии муайян ҷойгир карда шавад, чуноне, ки агар он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми корношоями, вайроншуда ё харобшуда ворид карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 222. Муайян намудани арзиши мол ҳангоми иҷозат барои муомилоти озод
Агар барои мақсадҳои ҳисоби боҷҳои гумруки ва андоз мувофиқи ҳамин Кодекс арзиши гумрукии мол ё теъдоди он баъди нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ истифода гардад, ҳангоми иҷозати мол барои муомилоти озод арзиши гумрукии мол ва (ё) теъдоди он дар рӯзи иҷозати мол барои муомилоти озод муайян карда мешавад.
Моддаи 223. Анҷоми амали низоми гумрукӣ
1. Мол дар анбори гумрукӣ (моддаи 218) бояд мувофиқи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс дар муддати на дертар аз рӯзи гузаштани мӯҳлати нигаҳдории он таҳти низоми дигари гумрукӣ қарор дода шавад.
Ихтиёрдории моли мазкур баъди анҷоми ин мӯҳлат мувофиқи фасли VI ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.
2. Моли таҳти низоми анбори гумрукӣ бударо таҳти низоми дигари гумрукӣ танҳо шахсе метавонад ҷойгир намояд, ки нисбати ин мол ваколатдор аст.
3. Ҳангоми аз анбори гумрукӣ иҷозат додани моле, ки қаблан таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор дошт, бо мақсади истифодаи минбаъдаи он дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳамин низом, мӯҳлати воридоти муваққатии мол барқарор карда мешавад. Ҳангоми иҷозати чунин мол барои муомилоти озод ҳисоби пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи моддаи 214 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Нисбати моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда низоми гумрукии нобудкунӣ метавонад аз ҷониби соҳиби анбори гумрукӣ бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда арз карда шавад.
Моддаи 224. Навъҳои анбори гумрукӣ
1. Анборҳои гумрукӣ метавонанд кушода ва пӯшида бошанд.
Анборҳои гумрукӣ, агар онҳо барои нигаҳдошти ҳама гуна мол ва истифода барои ҳар шахс дастрас бошанд, анбори кушода ҳисоб мешаванд.
Агар анборҳои гумрукӣ танҳо барои нигаҳдории моли соҳиби анбори гумрукӣ таъин гардида бошанд, анбори пӯшида ҳисоб мешаванд (моддаи 226).
2. Номгӯи молҳоеро, ки наметавонанд дар анборҳои навъи пӯшида нигоҳ дошта шаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Анборҳои гумрукии пӯшида ва кушода метавонанд барои нигаҳдории моли алоҳидае, ки нигаҳдории махсусро талаб менамояд ё моле, ки метавонад ба моли дигар зарар расонад (анборҳои гумрукии махсус), истифода бурда шаванд.
Моддаи 225. Талабот нисбати ободонӣ, таҷҳизонӣ ва маҳали ҷойгиршавии анборҳои гумрукӣ
1. Бино ва (ё) майдонҳои барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ таъиншуда бо мақсади таъмини назорати гумрукӣ бояд тарзе сохта ва таҷҳизонида шаванд, ки амнияти нигаҳдории молро таъмин намуда, дастрасии шахсони бегонаро (шахсоне, ки кормандони анбор нестанд, нисбати мол ваколат надоранд ё намояндаи шахси дорои чунин ваколатҳо намебошанд) имконнопазир созад, инчунин барои назорати гумрукӣ нисбати ин мол имконият фароҳам орад. Маҳали ҷойгиршавии анбори гумрукӣ бо назардошти манфиати ташкилоти тиҷоратӣ ва шахсони манфиатдори дигар муайян карда мешавад.
2. Мувофиқи қисми 1 ҳамин модда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барои ободонии бино, таҷҳизот ва маҳали ҷойгиршавии биноҳо ва майдонҳои кушодаи барои истифодаи анбори гумрукӣ таъиншуда талаботи ҳатмиро муқаррар менамояд.
Моддаи 226. Соҳиби анбори гумрукӣ
1. Соҳиби анбори гумрукӣ метавонад шахси ҳуқуқии ватанӣ бошад, ки ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ дохил карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Соҳиби анбори гумрукӣ нигаҳдории моли таҳти назорати гумрукӣ бударо тибқи ҳолат ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс анҷом медиҳад.
3. Муносибати соҳиби анбори гумрукӣ бо шахсоне, ки молро дар анборҳои гумрукӣ барои нигаҳдори ҷойгир намудаанд, дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад. Набастани шартнома аз ҷониби соҳиби анбори гумрукии кушода ҳангоми мавҷудияти шароити муносиби бастани он иҷозат дода намешавад.
4. Соҳибони анборҳои гумрукӣ метавонанд мақомоти гумрукие бошанд, ки ба сифати соҳиби анбори гумрукӣ, бе дохил намудани онҳо ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ фаъолият намоянд. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вазифадор аст на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ мунтазам нашри номгӯи анборҳои гумрукиро, ки соҳиби он мақоми гумрук ҳисоб мешавад, инчунин тағйиру иловаҳо ба онҳоро дар нашрияҳои расмӣ ва сомонаи расмии интернетии худ таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678, аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 227. Шарти дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шартҳои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) соҳибии (таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё таҳти иҷора) бино ва (ё) майдончаҳои кушодаи барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ коршоям ва ҷавобгӯи талаботи муқарраргардида (моддаи 225);
2) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як метри мураббаи масоҳати муфид, ба шарте ки ба сифати анбори гумрукӣ майдончаи кушода истифода шавад ё 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои 1 метри мукааби ҳаҷми муфиди бино, ба шарте ки ба сифати анбори гумрукӣ бино истифода шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) барои анбори шакли кушодаи гумрукӣ шартнома дар бораи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии худ, ки метавонад дар натиҷаи расонидани зарар ба моли дигар шахсон, ки таҳти нигаҳдорӣ қарор гирифтааст ё вайрон кардани шартҳои дигари нигаҳдорӣ бо шахсонн дигар фаро расад. Маблағи суғурта, ки дар доираи он суғуртакунанда ӯҳдадор мешавад ҳангоми фарорасии ҳар як ҳолати суғурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо ҷуброн намояд, тибқи масоҳати муфид ё ҳаҷми муфид ҳисоб карда мешавад ва агар ба сифати анбори гумрукӣ майдончаи кушода истифода шуда бошад - дар ҳаҷми 5 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метри мураббаи масоҳати муфид ё агар ба сифати анбори гумрукӣ бино истифода шуда бошад - дар ҳаҷми 2 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метри мукааби масоҳати муфид истифода бурда шавад, вале наметавонад аз ҳаҷми 8000 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад (Конун аз 06.10.2008с. № 437аз 01.10.2025 №2186);
2. Агар соҳибии бино ва (ё) майдончаи кушода дар асоси шартномаи иҷора анҷом дода шавад, дар ин сурат шартнома бояд ба мӯҳлати на камтар аз се сол аз рӯзи пешниҳоди ариза ҷиҳати дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ баста шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 228. Ариза барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шахс ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ дар асоси аризаи ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 226 ҳамин Кодекс дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Ариза барои дохилшавӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ бояд инҳоро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) муроҷиат ба мақоми гумрук бо ариза барои дохилшавӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) маълумот дар бораи номгӯй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;
3) маълумот дар бораи навъи анбори гумрукӣ (барои анбори пӯшида, инчунин асоснокии зарурат ва ба мақсад мувофиқ будани интихоби ин анбор);
4) маълумот дар бораи биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушодае, ки дар ихтиёри аризадиҳанда қарор дошта, барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ таъин гардидааст, маҳали ҷойгиршавӣ, ободонӣ, таҷҳизонӣ ва таъминоти моддию техникии онҳо;
5) маълумот дар бораи таъмини пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи банди 2) қисми 1 моддаи 227 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда барои анбори шакли кушодаи гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Ба аризаи барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегарданд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии шахси ҳуқуқӣ;
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи соҳибии биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;
3) тарҳҳо ва нақшаҳои биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;
4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супурдани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи банди 2) қисми 1 моддаи 227 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи кушодани суратҳисобҳо;
6) шартномаи (полиси) суғурта барои анбори шакли кушодаи гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Барои ҳар бинои ҳудудан алоҳида ва (ё) ҳар майдончаи кушодаи ҳудудан алоҳида, ки барои истифода ба сифати анбори гумруки таъин гардидааст, аризаи алоҳида пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 229. Шаҳодатнома дар барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Дохил намудани соҳиби анбори гумрукӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ нисбати ҳар як бинои ҳудудан алоҳида ва (ё) ҳар як майдончаи кушодаи ҳудудан алоҳида, ки ба сифати анбори гумрукӣ истифода мегардад, анҷом дода мешавад. Ба ҳар як бинои ҳудудан алоҳида ва (ё) ҳар як майдончаи кушодаи ҳудудан алоҳида дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ шаҳодатнома дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) номи соҳиби анбори гумрукӣ ва нишон додани номгӯи шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ;
2) маълумот дар бораи ҳуқуқи соҳибии бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори гумрукӣ истифода мешавад;
3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи талаботи пешбининамудаи банди 2) қисми 1 моддаи 227 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) нишон додани навъи анбори гумрукӣ;
5) нишон додани маҳали ҷойгиршавии анбори гумрукӣ.
3. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ дар давоми панҷ сол эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 230. Вазифаҳо ва масъулияти соҳиби анбори гумрукӣ
1. Соҳиби анбори гумрукӣ вазифадор аст:
1) шарт ва талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро нисбати нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукӣ риоя намояд;
2) баҳисобгирии электронии моли нигаҳдоришавандаро тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук анҷом дода, ба мақомоти гумрук дар бораи нигаҳдории ин мол ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405) (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) амнияти моли дар анборҳои гумрукӣ нигаҳдоришавандаро таъмин намояд;
4) дастрасии шахсони бегонаро ба моли нигаҳдоришаванда бе иҷозати мақомоти гумрук имконнопазир созад;
5) боҷҳои гумрукӣ ва андозро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 90 ҳамин Кодекс пардозад, агар соҳиби анбори гумрукӣ дорои иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ бошад.
2. Соҳиби анбори гумрукӣ нисбати моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда, ҳангоми гум кардан ё бе иҷозати мақоми гумрук додани мол барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад. Соҳиби анбори гумрукӣ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо танҳо ҳангоме масъул намебошад, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё талафи табиӣ ҳангоми нигаҳдории муқаррарӣ нобуд ё тамоман талаф шуда бошад.
Моддаи 231. Бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ метавонад аз ҷониби мақоми гумрук дар ҳолатҳои зерин бозхонда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) аз ҷониби соҳиби анбори гумрукӣ риоя нашудани ҳатто яке аз шартҳои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ, ки тибқи моддаи 227 ҳамин Кодекс муқаррар шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) аз ҷониби соҳиби анбори гумрукӣ риоя нашудани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи банди 5 қисми 1 моддаи 230 ҳамин Кодекс;
3) агар соҳиби анбори гумрукӣ чандин маротиба барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошад.
Моддаи 232. Амалиёт бо мол ҳангоми хориҷ намудани соҳиби анбори гумрукӣ аз Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Ҳангоми бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ ё хориҷ намудани соҳиби анбори гумрукӣ аз Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ бо дигар асосҳо моли дар анборҳои гумрукӣ нигаҳдоришаванда бояд аз ҳисоби вай дар мӯҳлати ду моҳ аз рӯзи хориҷшавӣ дар анбори дигари гумрукӣ ҷойгир карда шаванд. Соҳиби анбори гумрукӣ вазифадор аст шахсонеро, ки моли худро дар анборҳои гумрукӣ қарор додаанд, дар давоми 3 рӯзи хориҷ намудани вай аз Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ огоҳ намояд. Аз рӯзи дигари хориҷ намудани соҳиби анбори гумрукӣ аз Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ ҷойгиркунии мол дар ин анборҳои гумрукӣ манъ мебошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 233. Нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукии мақомоти гумрук
1. Анборҳои гумрукии мақомоти гумрук анборҳои кушода ҳисоб мешаванд ва бояд ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 225 ҳамин Кодекс бошанд.
2. Ҳангоми нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукӣ муносибати муттақобилаи мақомоти гумрук бо шахсоне, ки моли худро дар анборҳои гумрукӣ ҷой медиҳанд, мутобиқи ҳамин Кодекс ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Нисбати шартномаи мақоми гумрук бо шахсе, ки моли худро дар анборҳои гумрукӣ ҷойгир менамояд, талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои шартномаи оммавӣ пешбинӣ шудааст, татбиқ мегардад. Аз ҷониби мақоми гумрук набастани шартномаи нигаҳдории мол ҳангоми мавҷудияти имконияти бастани он иҷозат дода намешавад.
Қабули мол барои нигаҳдорӣ аз ҷониби мақоми гумрук дар анборҳои гумрукӣ бо додани квитантсияи дорои намунаи муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба шахси соҳиби бор тасдиқ карда мешавад.
3. Ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти мақоми гумрук марбут ба нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукӣ аз моҳияти масъулияти мувофиқи муқаррароти умумии нигаҳдори пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти муқаррароти ҳамин Кодекс бармеояд.
Мақоми гумрук дар сурати гум шудани моли дар анборҳои гумрукӣ нигаҳдоришаванда барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҷавобгар мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё талафи табиӣ ҳангоми нигаҳдории муқаррари нобуд ё тамоман талаф шуда бошад.