АЗ НАВ САР КАРДАНИ ПЕШБУРДИ ПАРВАВДАИ ҶИНОЯТӢ БИНОБАР ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРШУДА | 1994

Моддаи 417. Асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ
1. Ҳукм, таъиноти суд ва қарори судя, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, метавонанд бекор карда шаванд ва пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав сар карда шавад.
2. Асосҳои аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби ҳолатҳои нав ошкоршуда иборатанд аз:
- дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додани ҷабрдида ё шоҳид, хулосаи коршинос, ҳамчунин қалбакӣ будани далелҳои шайъӣ, протоколҳои амалиҳои тафтишӣ ва суд ва дигар ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста бардурӯғ тарҷума кардан, ки боиси қабули ҳукм, таъинот ё қарори ғайриқонунӣ ё беасос шудаанд ва бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқаррар шудаанд;
- аъмоли ҷинояткоронаи таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор, ки боиси қабули ҳукм, таъинот ё қарори ғайриқонунӣ ва беасос шудаанд ва бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқаррар шудаанд;
- аъмоли ҷинояткоронаи судяҳо, ки ҳангоми баррасии парвандаи мазкур содир кардаанд ва бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқаррар шудаанд;
- аз ҷониби суди конститутсионӣ хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани қонуне, ки суд зимни баррасии парвандаи ҷиноятии мушаххас татбиқ намудааст (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755, аз 24.02.2017 № 1381);
- ҳолатҳои дигаре, ки ба суд ҳангоми баровардани ҳукм, таъинот, ки худ ба худ ё якҷоя бо ҳолатҳои қаблан муқарраршуда дар бораи бегуноҳии маҳкумшуда ё дар хусуси аз тарафи ӯ содир шудани ҷинояти дигари дорои дараҷаи вазнин нисбат ба ҷинояте, ки барои он маҳкум шудааст ва ё оид ба гунаҳгор будани шахси сафедшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ пешбурди парванда қатъ карда шудааст, шаҳодат медиҳанд ва онҳо дар натиҷаи санҷиш ва тафтиши бо тартиби пешбиникардаи моддаи 419 Кодекси мазкур муқаррар ва дар хулосаи прокурор баён гардидаанд.
3. Ҳолатҳои дар сархатҳои якум - сеюми қисми 2 ҳамин модда зикршуда метавонанд ба ғайр аз ҳукм, таъиноти суд бо қарори судя, прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани мӯҳлат, бинобар татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо, бо сабаби фавти айбдоршаванда ё нарасидан ба синне, ки барои ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардан мумкин аст, муқаррар карда шаванд.
Моддаи 418. Мӯҳлатҳои аз нав сар кардани пешбурд
1. Аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунанда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба нафъи маҳкумшуда бо ҳеҷ гуна мӯҳлат маҳдуд карда намешавад.
2. Фавти маҳкумшуда барои аз нав сар кардани мурофиа бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо мақсади сафедкунии ӯ монеъ намегардад.
3. Аз нав дида баромадани ҳукми сафедкунӣ, таъинот, қарор доир ба қатъи парванда, ҳамчунин аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунӣ бо сабабҳои сабукии ҷазо ё зарурати нисбат ба маҳкумшуда татбиқ намудани қонун оид ба ҷинояти нисбатан вазнинтар танҳо дар давоми мӯҳлатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ки дар моддаи 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд ва на дертар аз як сол аз рӯзи ошкор шудани ҳолатҳои нав мумкин аст.
4. Рӯзи ошкор шудани ҳолатҳои нав ҳисоб карда мешавад:
- рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани қонуне, ки суд зимни баррасии парвандаи ҷиноятии мушаххас татбиқ намудааст (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755, аз 24.02.2017 № 1381);
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум-сеюми қисми 2 моддаи 417 Кодекси мазкур рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм (таъинот, қарор) нисбат ба шахсоне, ки дар додани нишондоди бардурӯғ, пешниҳоди далелҳои бардурӯғ, тарҷумаи нодуруст ё аъмоли ҷинояткоронае, ки ҳангоми таҳқиқ ё баррасии парванда содир шудаанд, гунаҳгоранд;
- дар ҳолати пешбининамудаи сархати чоруми қисми 2 моддаи 417 Кодекси мазкур рӯзи аз тарафи прокурор имзо шудани хулосаи аз нав сар кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда.
Моддаи 419. Аз нав сар кардани пешбурд
1. Ҳуқуқи аз нав сар кардани пешбурд бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав ба прокурор тааллуқ дорад, ба истиснои ҳолати дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишуда.
2. Аризаҳои шаҳрвандон, хабарҳои шахсони мансабдори муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳо, ҳамчунин маълумоти дар ҷараёни таҳқиқ ва баррасии дигар парвандаҳои ҷиноятӣ ошкоршуда сабабҳои аз нав сар кардани пешбурд бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав мегарданд.
3. Агар дар ариза ё хабари воридгардида ба мавҷуд будани ҳукми суд, ки он вобаста ба ҳолатҳои дар сархатҳои якум-сеюми қисми 2 моддаи 417 Кодекси мазкур зикрёфта бароварда шуда аст, ишорае бошад прокурор бо қарори худ пешбурдро бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав сар мекунад, санҷиши дахлдор гузаронида, нусхаи ҳукм ва маълумотномаи судро оид ба эътибори қонунӣ пайдо кардани он талаб карда мегирад.
4. Агар дар ариза ё хабар ҳолатҳои дигари дар сархати чоруми қисми 2 моддаи 417 Кодекси мазкур зикр шуда бошанд, прокурор дар ҳадди салоҳияти худ дар бораи аз нав сар кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда қарор мебарорад ва ин ҳолатҳоро таҳқиқ мекунад ё дар ин бобат ба муфаттиш супориш медиҳад. Ҳангоми чунин таҳқиқи ҳолатҳои нав ошкоршуда бо риояи қоидаҳои Кодекси мазкур метавонанд пурсишҳо, муоинаҳо, экспертизаҳо, ёфта гирифтани ашё ва дигар амалҳои тафтишӣ анҷом дода шаванд.
5. Аз нав дида баромадани ҳукм, таъинот ё қарори суд бинобар ҳолатҳои ошкор гардидаи сархати чоруми қисми 1 моддаи 421 Кодекси мазкур бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон аз ҷониби Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз лаҳзаи ворид шудани пешниҳод баррасӣ мегардад.
Моддаи 420. Амали прокурор баъди анҷоми таҳқиқ ё тафтиш
1. Баъди анҷом ёфтани таҳқиқ ё тафтиши ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар сурати мавҷуд будани асосҳо барои аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда, прокурор парвандаро бо хулосаи худ, нусхаи ҳукм дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум-сеюми қисми 2 моддаи 417 Кодекси мазкур ва маводи таҳқиқ ба суди дахлдор мефиристад ва зимнан қисми 1 моддаи 417 Кодекси мазкурро ба асос мегирад.
2. Дар сурати мавҷуд набудани асосҳо барои аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда прокурор бо қарори далелноки худ пешбурди аз ҷониби ӯ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда оғозгардидаро қатъ мегардонад.
3. Қарор дар бораи қатъ гардидани пешбурд ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида, фаҳмонда мешавад, ки онҳо ҳуқуқ доранд нисбат ба қарор ба суд шикоят кунанд ва суд мутобиқи моддаи 413 Кодекси мазкур салоҳият дорад масъалаи аз нав сар кардани пешбурдро аз рӯи парвандаи мазкур бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ҳал намояд.
Моддаи 421. Аз ҷониби суд ҳал намудани масъалаи аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда
1. Пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо тартиби зайл баррасӣ мегардад:
- дар бораи ҳукм, таъинот ва қарори суди ноҳия (шаҳр) аз ҷониби раёсати суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе;
- дар бораи ҳукм, таъинот ва қарори суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1067);
- дар бораи ҳукм, таъинот ва қарори Судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар бораи ҳукм, таъиноти дар марҳилаи аввал баровардашуда ва қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Баррасии қаблии парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ ба баррасии он дар ҳамон марҳилаи судӣ ҷиҳати аз нав сар кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда монеъ намегардад.
3. Пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор дар бораи аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда дар маҷлиси суд мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи 410 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 422. Таъиноти (қарори) суде, ки пешниҳоди раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро баррасӣ мекунад
Суд пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро дар бораи аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ карда, яке аз таъиноти зеринро мебарорад:
- доир ба бекор кардани ҳукм, таъиноти суд ё қарори судя ва равон кардани парванда барои гузаронидани таҳқиқ ва тафтиши иловагӣ ё мурофиаи нави судӣ;
- дар бораи бекор кардани ҳукм, таъинот ё қарори суд ва оид ба қатъи парванда, вақте ки таҳқиқ ва тафтиши иловагӣ ё мурофиаи нави судӣ барои қабули қарори ниҳоӣ аз рӯи парванда талаб карда намешавад;
- дар хусуси рад кардани пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор.
Моддаи 423. Пешбурди парванда баъди бекор кардани қарорҳои суд
Пешбурди тафтиш ва мурофиаи судӣ аз рӯи парванда баъди бекор кардани қарорҳои суд оид ба он бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда, ҳамчунин шикоят кардан аз қарорҳои нав баровардаи суд ё эътироз намудан ба онҳо бо тартиби умумӣ анҷом дода мешавад.
ФАСЛИ XI. ХУСУСИЯТҲОИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТИИ КАТЕГОРИЯҲОИ АЛОҲИДА