.ИЇРОИ ЇАЗО ДАР НАМУДИ ЇАРИМА | 1994

Моддаи 30. Тартиби иїрои їазо дар намуди їарима
1. Иїрои їазо дар намуди їарима аз їониби иїрочии маѕомоти иїро дар
маіалли истиѕомат, маіалли їойгиршавии молу мулк, їои кори маікумшуда
ё дар маіалли аз їониби маікумшуда адо кардани їазои асосњ ба амал
бароварда мешавад (Ѕонуни ЇТ аз 20.03.2008 № 371, аз 29.12.2010 № 648, аз
18.03.2022 № 1854).
2. Аз лаізаи эътибори ѕонунњ пайдо кардани іукми суд маікумшуда бояд дар
давоми шаст рўз їаримаро пардозад (Ѕонуни ЇТ аз 18.03.2022 № 1854).
3. Суд мутобиѕи хоіишномаи маікумшуда ва хулосаи иїрочии маѕомоти иїро
метавонад ваѕти пардохти їаримаро ба мўілати то шаш моі мавѕуф гузорад ё
дароз кунад, агар пардохти якваѕтинаи он барои маікумшуда имконнопазир
бошад. Мўілати мазкур аз лаізаи эътибори ѕонунњ пайдо кардани іукми суд
іисоб карда мешавад (Ѕонуни ЇТ аз 18.03.2022 № 1854).
4. Дар сурати аз їониби маікумшуда сари ваѕт напардохтани їарима иїрои ин
їазо ба тарзи маїбурњ, аз їумла бо роіи ситонидани молу мулки маікумшуда,
ки дар ѕисми 1 моддаи 199 іамин Кодекс зикр гардидааст, тибѕи тартиби
муѕаррарнамудаи ѕонунгузории мурофиаи граждании Їуміурии Тоїикистон
ба амал бароварда мешавад (Ѕонуни ЇТ аз 29.12.2010 № 648, аз 14.05.2016 №
1307).
5. Їарима аз молу мулке, ки дар Номгўи (рўйхати) молу мулке, ки бо іукми
суд мусодира карда намешавад зикр гардидааст, ситонидан мумкин нест
(Ѕонуни ЇТ аз 29.12.2010 № 648).
Моддаи 31. Ашаддњ саркашњ намудан аз пардохти їарима
1. Ашаддњ саркашњ намудан аз пардохти їарима ба іисоб меравад, агар
маікумшуда їаримаро дар мўілати муѕаррар намудаи ѕисми 2 моддаи 30
іамин Кодекс насупорида бошад ва даромаду молу мулки худро аз ситонидани
маїбурњ пиніон дошта бошад (Ѕонуни ЇТ аз 29.12.2010 № 648, аз 14.05.2016
№ 1307).
2. Дар іолате, ки маікумшуда аз пардохти їарима ашаддњ саркашњ менамояд,
ё супоридани їарима барои ў имконнопазир аст, иїрочии маѕомоти иїро оид
ба дигар намуди їазо иваз намудани їарима тибѕи ѕисміои 5) ва 9) моддаи 49
Кодекси їиноятии Їуміурии Тоїикистон ба суд пешниіод ирсол менамояд
(Ѕонуни ЇТ аз 21.07.2010 № 619, аз 14.05.2016 № 1307, аз 18.03.2022 № 1854).
Моддаи 32. Анїоми амали иїроиявњ
Вараѕаи иїроњ бо ѕайди иїрои іукм дар хусуси ситонидани їарима ба суде,
ки іукм баровардааст, фиристода мешавад.