. ТАНЗИМГАРИ ВАКОЛАТДОРИ ИҚТИСОДӢ | 1994
Моддаи 68(1). Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678)
1. Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ - шахси ҳуқуқии ватание мебошад, ки ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дохил карда шуда, ба шартҳои моддаи 68(2) Кодекси мазкур ҷавобгӯ буда, ҳуқуқи истифодаи содагардонии махсуси пешбининамудаи моддаи 684 Кодекси мазкурро дорад.
2. Мақоми танзимгари ваколатдори иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти гумрук ба шахси ҳуқуқии ватанӣ бо роҳи додани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дода мешавад. Шакл ва тартиби додан, бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678)
Шартҳои аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ гирифтани мақоми танзимгари ваколатдори иқтисодӣ аз инҳо иборатанд:
1) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 4000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) иҷрои фаъолияти савдои хориҷӣ на камтар аз се сол то рӯзи муроҷиат ба мақоми гумрук;
3) дар рӯзи муроҷиат ба мақоми гумрук мавҷуд набудани уҳдадориҳои иҷронашудаи пардохтҳои гумрукӣ, фоизҳо, ҷаримаҳо аз рӯи қарорҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд;
4) мавҷуд набудани ҳолатҳои дар давоми 1 (як) сол пеш аз муроҷиат ба мақоми гумрук ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
5) мавҷуд будани низоми баҳисобгирии молҳо, ки имконият медиҳад маълумоти ба мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол пешниҳодшударо бо маълумот оид ба гузаронидани амалиёти хоҷагидорӣ мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқоиса намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678)
1. Дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дар асоси муроҷиати шахсе, ки ба талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 681 ва 682 Кодекси мазкур ҷавобгӯ мебошад, амалӣ карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодиро пеш мебарад ва таъмини нашри онро дар сомонаи расмии интернетии худ анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678)
1. Ба танзимгари ваколатдори иқтисодӣ содагардонии махсуси зерин пешниҳод карда мешавад:
1) анҷом додани амалиёти гумрукӣ вобаста ба ворид шудани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барасмиятдарории гумрукӣ ва иҷозати мол дар навбати аввал;
2) дар навбати аввал гузаронидани назорати гумрукӣ, дар сурати таъини он дар шакли азназаргузаронии гумрукӣ ё муоинаи гумрукӣ;
3) нигаҳдории муваққатии мол дар бино, майдончаҳои кушода ва ҳудуди дигари танзимгари ваколатдори иқтисодӣ;
4) иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ мутобиқи моддаи 150 Кодекси мазкур;
5) анҷом додани амалиёти гумрукӣ вобаста ба иҷозати мол дар бино, майдончаҳои кушода ва ҳудудҳои дигари танзимгари ваколатдори иқтисодӣ;
6) пешниҳод накардани таъмини иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ аз ҷониби танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, ки ҳамчун декларант нисбати ин мол баромад мекунад, дар ҳолатҳое, ки пешниҳоди чунин таъминот тибқи моддаи 86 Кодекси мазкур муқаррар карда шудааст;
7) пешниҳод накардани таъмини иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми иҷозати мол, аз ҷониби танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, ки ҳамчун декларант нисбати ин мол баромад мекунад, бо хусусиятҳои пешбининамудаи моддаҳои 151 ва 160 Кодекси мазкур.
2. Содагардониҳои махсусе, ки моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, танҳо дар ҳолатҳое татбиқ мегарданд, агар танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ҳамчун декларанти моле, ки нисбати он истифодаи чунин содагардониҳои махсус пешбинӣ шудааст, ҳуқуқи баромад карданро дошта бошад.
3. Номгӯйи молҳое, ки нисбати онҳо содагардониҳои махсуси моддаи мазкур пешбинӣ намегарданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).