ӮҲДАДОРИИ АЛИМЕНТДИҲИИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН | 1994

Моддаи 80. Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар  барои таъминоти фарзандони ноболиғ

 

  1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд.
  2. Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома (созишнома дар хусуси  пардохти алимент) мувофиқи боби 16 ҳамин Кодекс) банданд.
  3. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  4. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар ( яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.

 

Моддаи 81.  Андозаи  алименте, ки  барои  кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад

 

  1. Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз падару модари онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерӯёнанд барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он - нисфи музди меҳнат ва даромади дигари падару модар.
  2. Ҳаҷми ин саҳм бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷӯҳ аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.
  3. Агар кӯдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъиятӣ қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблағҳое, ки аз падару модар барои таъминоти кӯдакони дар муассисаҳои кӯдаконаи давлатӣ ҷойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 82. Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромаде, ки аз онҳо  барои кӯдакони ноболиғ алимент ситонида мешавад

 

Навъи музди меҳнат ва (ё) дигар даромаде, ки падару модар бо асъори миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ мегиранд ва аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ тибқи моддаи 81 ҳамин Кодекс бояд алимент ситонида шавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

 

Моддаи 83.  Ба маблағи устувор ситонидани  алимент барои кӯдакони ноболиғ

 

  1. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кӯдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағьирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷӣ гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс) ва бо маблағи устувор муайян намояд.
  2. Андозаи маблағи устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигоҳ доштани сатҳи ҳадди аксари дараҷаи пештараи таъминоти кӯдак бо назардошти вазъи моддию оилавии тарафҳо ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ муайян  карда мешавад.
  3. Агар дар назди ҳар кадоме аз падару модар фарзандон монда бошанд, андозаи алимент аз ҳар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблағи устувори пулӣ, ки онро суд мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда муқаррар намудааст, ҳар моҳ ситонида мешавад.

 

Моддаи 84. Ситонидан ва истифодаи алимент барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

 

  1. Барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, алимент мутобиқи моддаҳои 81-83 ҳамин Кодекс ситонида шуда, ба васии (парастори) кӯдак пардохта мешавад.
  2. Алименте, ки аз падару модар барои кӯдакони бе парастории падару модар монда ва дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарордошта ситонида мешавад, ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронида шуда, дар онҳо вобаста ба ҳар кӯдак алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.

Муассисаҳои мазкур метавонанд ин маблағро ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари кредитӣ гузаронанд. Панҷоҳ фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблағи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кӯдакон дар ин муассисаҳо истифода мешавад. Ҳангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кӯдак, маблағи алименти барои ӯ гирифташуда ва панҷоҳ фоизи даромад аз муомилоти он дар шӯъбаи бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби шахсии кӯдак гузаронида мешавад.

 

Моддаи 85. Ҳуқуқи фарзандони болиғи ғайри  қобили  меҳнат  ба алимент

 

  1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кӯмак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд.
  2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи пардохти алимент суд ҳаҷми алиментро, ки барои кӯдакони болиғи ғайри қобили меҳнат ҳар моҳ бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян менамояд.

 

Моддаи 86. Ҳуқуқи фарзандони болиғи  таҳсилкунанда  ба алимент

 

  1. Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷӯёни таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолагӣ ва бистучорсолагӣ расиданашон аз падару модар алимент ситонад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)
  2. Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 87. Иштироки падару модар дар хароҷоти  иловагӣ  барои фарзандон

 

  1. Дар сурати мавҷуд набудани созишнома ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маиб шудани кӯдакони ноболиғ ё болиғи ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, зарурати пардохти маблағ ба бегонагон барои нигоҳубин ва ғайра) ҳар яке аз падару модар аз ҷониби суд барои иштирок намудан дар хароҷоти   иловагӣ вобаста ба чунин ҳолатҳо ҷалб шуданаш мумкин аст.

Тартиби иштироки ҳар кадоме аз падару модарро дар хароҷоти иловагӣ аз тарафи суд, бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо бо маблағи устуворе, ки бояд ҳар моҳ пардохта  мешавад, муайян мегардад.

  1. Суд ҳуқуқ дорад падару модарро барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагии воқеан суратгирифта ва ҳамчунин хароҷоти иловагие, ки бояд дар оянда сурат гирад,  вазифадор созад.

 

Моддаи 88. Ӯҳдадории фарзандони болиғ барои  нигоҳубини падару модар

 

  1. Фарзандони болиғи қобили меҳнат ӯҳдадоранд, ки падару модари ғайри қобили меҳнати ба кӯмак мӯҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.
  2. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои падару модари ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷ, аз фарзандони болиғи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби судӣ алимент ситонида мешавад.
  3. Андозаи алименте, ки ҳар моҳ аз ҳар фарзанд ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо бо маблағи устувор  муайян карда  мешавад.
  4. Бо талаби ҷавобгар суд ҳангоми муайян намудани андозаи алимент ҳамаи фарзандони болиғи қобили меҳнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он, ки талабот нисбати ҳамаи фарзандон ё танҳо ба як нафар ё якчанд  нафари онҳо пешниҳод гардидааст, бояд баҳисоб гирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)
  5. Фарзандон аз ӯҳдадориҳои таъмини падару модари ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки падару модар аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ саркашӣ мекарданд.

Фарзандон аз пардохти алимент ба падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ  маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд.

 

Моддаи 89. Иштироки фарзандони болиғ дар пардохтани хароҷоти иловагӣ  барои  падару модар

 

  1. Дар ҳолатҳое, ки фарзандони болиғ нисбати падару модари ғайри қобили меҳнат ғамхорӣ накунанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маибшавии падару модар, зарурати пардохти маблағи нигоҳубин барои бегонагон ва ғайра)  суд метавонад фарзандони болиғи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароҷоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, ҷалб намояд.
  2. Андоза ва тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ аз ҷониби ҳар фарзанди болиғи қобили меҳнат аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии падару модар ва фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо, бо риояи қоидаҳои қисмҳои 4 ва 5 моддаи 88 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

3.Тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ ва андозаи ин хароҷотро бо  созишномаи тарафҳо муайян кардан мумкин аст.