ҲИСОБИ БОҶҲОИ ГУМРУКӢ ВА АНДОЗ | 1994
Моддаи 367. Объекти ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз
Объекти ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз моле мебошад, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешавад. Заминаи андоз барои ҳисоби боҷҳои гумрукӣ ва андоз арзиши гумрукии мол ва (ё) миқдори он мебошад.
1. Арзиши гумрукии молро декларант тибқи усулҳои муайян намудани арзиши гумрукӣ, ки онро ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, муайян менамояд ва ҳангоми декларатсия кардани мол ба мақоми гумрук арз мекунад.
2. Арзиши гумрукии моле, ки аз тарафи декларант арз мешавад ва маълумоте, ки ӯ барои муайян кардани он пешниҳод менамояд, бояд боэътимод ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ шуда бошад.
3. Арзиши гумрукии молро мақомоти гумрук тибқи тартибе назорат мекунад, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мутобиқи ҳамин Кодекс муайян кардааст.
Мақоми гумрук дар асоси ҳуҷҷату маълумоти пешниҳодкардаи декларант, инчунин дар асоси иттилоотӣ дар ихтиёр доштааш, ки барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода мешавад, дар бораи рози буданаш бо усули муайянкунии арзиши гумрукии мол, ки декларант интихоб кардааст ва дар бораи дурустии муайян намудани арзиши гумрукии мол, ки декларант арз кардааст, қарор қабул мекунад.
4. Агар ҳуҷҷату маълумоти пешниҳодкардаи декларант барои қабул кардани қарор нисбати арзиши гумрукии арзшудаи мол кофи набошад, мақоми гумрук дар шакли электронӣ ё хаттӣ аз декларант ҳуҷҷату маълумоти иловаги хоста, мӯҳлати пешниҳод намудани онҳоро муайян мекунад, ки он барои ин амал кифоя аст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Декларант барои тасдиқи арзиши гумрукии арзшудаи мол вазифадор аст бо дархости мақоми гумрук ҳуҷҷату маълумоти иловагии заруриро пешниҳод кунад ё ба таври хаттӣ тавзеҳ диҳад, ки ҳуҷҷату маълумоти дархосткардаи мақоми гумрук ба чи сабаб пешниҳод нашудаанд. Декларант ҳуқуқ дорад дурустии истифодаи усули интихобкардаи худро барои муайян кардани арзиши гумрукии мол ва эътимоднокии маълумоти пешниҳодкардаашро исбот намояд.
5. Дар сурати набудани маълумоти тасдиқкунандаи дурустии муайян кардани арзиши гумрукии мол, ки декларант арз кардааст, ё ҳангоми ошкор гардидани он, ки ҳуҷҷату маълумоти пешниҳодкардаи декларант эътимодбахш ва (ё) кофи нестанд, мақоми гумрук ҳуқуқ дорад дар бораи рози набудани худ бо усули интихобшуда барои муайян кардани арзиши гумрукии мол қарор қабул кунад ва ба декларант бо усули дигар муайян намудани арзиши гумрукии молро пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат мақоми гумрук ва декларант оид ба интихоби усули дахлдори арзиши гумрукии мол метавонанд байни худ машварат кунанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
6. Агар дар мӯҳлати иҷозат додани мол (моддаи 152) расмиёти муайян кардани арзиши гумрукии мол ба охир нарасида бошад, иҷозати мол ба шарти таъмин намудани супурдани пардохтҳои гумрукӣ, ки метавонанд ба таври иловагӣ ҳисоб карда шаванд, ба амал бароварда мешавад. Мақоми гумрук андозаи лозимаи таъмини супурдани боҷу андозҳои гумрукиро ба таври электронӣ ё хаттӣ ба декларант хабар медиҳад. Ҳангоми содироти моли биржавие, ки нархи он дар лаҳзаи барасмиятдарории гумрукӣ маълум нашудааст, таъмини иловагии супурдани боҷи гумрукӣ ва андозҳо пешниҳод карда намешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Агар декларант дар мӯҳлати муайяннамудаи мақоми гумрук ҳуҷҷату маълумоти иловагиро пешниҳод накарда бошад ва (ё) худ мақоми гумрук нишонаҳои онро ошкор карда бошад, ки маълумоти пешниҳодкардаи декларант боэътимод ва (ё) кофи нест ва дар баробари ин декларант муайян кардани арзиши гумрукии молро дар асоси усули дигари пешниҳодкардаи мақоми гумрук рад кардааст, мақоми гумрук бо истифодаи пайдарҳам аз усулҳои муайянкунии арзиши гумрукии мол ба таври мустақил арзиши гумрукии молро муайян мекунад. Мақоми гумрук декларантро аз қарори қабулшуда электронӣ ё хаттӣ дар рӯзи дигари қабул шудани чунин қарор хабардор мекунад. Дар ҳолате, ки мақоми гумрук арзиши гумрукии молро баъди иҷозати мол муайян мекунад, мақоми гумрук дар хусуси супурдани пардохтҳои гумрукӣ талабот пешниҳод менамояд (моддаи 394), ба шарте, ки пардохти иловагии боҷҳои гумрукӣ ва андоз зарур бошад. Маблағи иловагии боҷҳои гумрукӣ ва андоз бояд дар муддати 10 рӯзи кори аз рӯзи гирифтани дархост супурда шаванд. Фоиз барои маблағи иловагии боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои дар ин мӯҳлат супоридашуда ҳисоб карда намешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
1. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз тарафи декларант ё шахсони дигаре, ки барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъуланд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 317 ҳамин Кодекс ва қисми 2 ҳамин модда мустақилона ҳисоб карда мешаванд.
2. Дар сурати пешниҳоди талабнома оид ба супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи моддаи 394 ҳамин Кодекс боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохтшаванда аз тарафи мақоми гумрук ҳисоб карда мешаванд.
3. Маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохтшаванда бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347)
1. Бо мақсади ҳисоб кардани боҷҳои гумрукӣ ва андоз меъёрҳое истифода бурда мешаванд, ки дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ аз тарафи мақоми гумрук амал мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки моддаҳои 150, 334 ва қисми якуми моддаи 372 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
2. Бо мақсади ҳисоб кардани боҷҳои гумрукӣ ва андоз меъёрҳои мутобиқ ба номгӯй ва таснифи мол мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар сархати дуюми қисми мазкур, инчунин моддаи 304 ҳамин Кодекс дар бораи истифодаи меъёрҳои ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли аз сарҳади гумрукӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқолёбанда барои истифодаи шахсм пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
Ҳангоми декларатсиякунонии моли чандин номгӯй бо зикри як рамзи таснифии марбут ба Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мувофиқи моддаи 128 ҳамин Кодекс нисбати ҳамаи чунин мол меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода бурда мешаванд, ки бо ин коди таснифӣ мутобиқанд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347, аз 30.05.2017 № 1422).
Агар барои ҳисоб кардани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, аз ҷумла муайян намудани арзиши гумрукии мол мубодилаи арзи хориҷи зарур бошад, қурби арзи хориҷи нисбат ба асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳисобу китоб ва боҷҳои гумрукӣ муқаррар карда шудааст ва дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ аз тарафи мақоми гумрук амал мекунад, истифода мешавад.
Моддаи 372. Ҳисоб кардани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми интиқоли ғайриқонунии мол аз сарҳади гумрукӣ ё истифодаи мол бо вайрон кардани маҳдудиятҳои муқарраршуда
1. Нисбати моле, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайрон кардани шарту талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ворид шуда, боҷҳои гумрукӣ ва андози онҳо супурда нашудаанд, маблағи супоридашавандаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар асоси меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андозе ҳисоб карда мешаванд, ки дар рӯзи гузаштани сарҳади гумрукӣ амал мекунанд ва агар муайян кардани чунин рӯз имконнопазир бошад - рӯзи ошкор шудани чунин мол аз тарафи мақомоти гумрук ба инобат гирифта мешавад. Ҳангоми гум шудан, нарасонидан ё бе иҷозати мақомоти гумрук додани моле, ки мувофиқи расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ ва нигоҳдории муваққатӣ интиқол дода ё нигоҳдорӣ карда мешавад, маблағи пардохтшавандаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар асоси меъёрҳои дар рӯзи ҷойгиронии мол таҳти расмиёти дахлдори гумрукӣ амалкунанда ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347, аз 30.05.2017 № 1421).
Дар сурати ғайриқонунӣ баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи пардохтшавандаи боҷи гумрукӣ дар асоси меъёрҳои боҷи гумрукие, ки дар рӯзи гузаштани сарҳади гумрукӣ амал мекунанд ва агар муайян кардани чунин рӯз имконнопазир бошад, рӯзи якуми моҳ ё рӯзи якуми моҳи якуми сол, ки дар ин муддат мол бароварда шудааст, ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347, аз 30.05.2017 № 1421).
2. Барои ҳисоб кардани боҷҳои гумрукӣ ва андози моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда арзиши гумрукии мол, миқдори он ё хусусиятҳои дигаре, ки барои муайян намудани заминаи андоз дар рӯзи татбиқи меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи қисми якуми ҳамин модда истифода мешаванд, ба сифати заминаи андоз ба кор бурда мешаванд. Агар муайян кардани маблағи пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз бо сабаби ба мақоми гумрук пешниҳод нашудани маълумоти дақиқ дар бораи хусусияти мол, номгӯй, миқдор, кишвари истеҳсол ва арзиши гумрукии он имконнопазир бошад, маблағи боҷҳои гумрукӣ дар асоси болотарин андозаи меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз, миқдор ва арзиши моле муайян карда мешавад, ки барои муайян намудани онҳо маълумоти дахлдор мавҷуд аст. Дар сурати муқаррар шудани маълумоти дақиқ дар бораи мол дар давоми як сол аз рӯзи пардохт ё иҷозат маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд пардохтшуда баргардонида мешавад ё маблағи кампардохтшуда мутобиқи ҳамин фасл ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347, аз 30.05.2017 № 1421).
Аз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми муомилоти мол дар ҳаҷми бо ҳуҷҷатҳо тасдиқгардидаи барои ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда истифодашаванда мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда тарҳ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Дар сурати истифодаи моли шартан иҷозатшуда ба мақсадҳои дигар, на бо он мақсадҳое, ки мувофиқи онҳо озодкунии пурра ё қисман аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз пешниҳод шудааст, меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андозҳое ба кор бурда мешаванд, ки дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ аз тарафи мақоми гумрук амал мекунанд. Арзиши гумрукии мол, миқдор ё хусусиятҳои дигар, ки барои муайян кардани заминаи андоз истифода мегарданд, дар рӯзи ба кор бурдани меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).