ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВӢ | 1994
Моддаи 306. Қарор дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективӣ
Қарор дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективиро дар ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ва корфармо қабул менамоянд.
1. Шартномаи коллективӣ дар ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин дар воҳидҳои таркибии ташкилотҳо оид ба масъалаҳое, ки марбут ба салоҳияти ин воҳидҳои сохторӣ мебошанд, баста мешаванд.
2. Тарафҳои шартномаи коллективӣ намояндагони кормандон, корфармо (молик) ё мақомоти аз тарафи онҳо ваколатдоршуда ба ҳисоб мераванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
3. Дар сурати дар ташкилот мавҷуд будани якчанд намояндагони кормандон, бо мувофиқаи байни онҳо ба сифати тарафи шартномаи коллективӣ намояндагоне, ки аксарияти кормандони ташкилотро муттаҳид менамоянд ё онҳо ҳамаи кормандонро намояндагӣ мекунанд, тарафи шартномаи коллективӣ шуморида мешаванд.
1. Тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ, ҳайати комиссияи барои пешбурди музокирот таъйиншавандаро тарафҳо муаяйн мекунанд, ки он бо санади корфармо ба расмият дароварда мешавад.
2. Лоиҳаи шартномаи коллективӣ бояд ба таври ҳатмӣ дар коллективҳои меҳнатӣ муҳокима карда шавад. Лоиҳаи такмилдодашуда аз тарафи маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.
3. Маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатии ташкилот бо протокол (қарор) намояндаи худро уҳдадор менамояд, ки бо корфармо шартномаи коллективӣ бандад (имзо кунад).
4. Намояндаи кормандон ҳуқуқ дорад, ки бо тартиб ва шартҳои барои бастани шартномаи коллективӣ муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар бораи ба имзо расонидани замима ба шартномаи коллективӣ, ки аз номи коллективи меҳнатӣ баста шудааст, музокирот намояд. Замима ҷузъи ҷудонашавандаи шартномаи коллективӣ буда, баробари он эътибори ҳуқуқӣ дорад.
1. Мазмуни шартномаи коллективӣ муқаррароти зеринро дар бар мегирад:
- дар бораи ташкили меҳнат;
- дар бораи шаклҳо, низоми пардохти музди меҳнат, мукофотпулиҳо, кумакпулиҳо, ҷубронпулиҳо ва пардохтҳои иловагӣ;
- дар бораи андозаҳои тарифии маош ва маошҳои вазифавӣ (мансабӣ) вобаста ба касб, дараҷаи тахассуси кормандон, мушкилот ва шароити корӣ, ки онҳо иҷро менамоянд;
- дар бораи давомнокии вақти корӣ ва вақти истироҳат;
- дар бораи ташкил намудани шароити бехатарии меҳнат, беҳтар намудани ҳифзи саломатӣ, кафолатҳои суғуртаи тиббии аъзои коллективи меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, дигар намудҳои суғурта;
- дар бораи таъмини шуғл, омодасозии кадрҳо, бо кор таъминкунии кормандони аз кор озодшуда;
- дар бораи танзими тартиботи дохилии меҳнат;
- дар бораи тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияҳои созиш оид ба баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ;
- дар бораи тартиби огоҳонидани намояндагони кормандон ва гузаронидани машварат ҳангоми ба таври оммавӣ озод намудани кормандон бо сабаби такмил додани ташкили кор, барҳам додани ташкилот, пурра ва ё қисман аз кор бозмондани истеҳсолот.
2. Дар шартномаи коллективӣ бо назардошти имкониятҳои иқтисодии ташкилот метавонанд шартҳои дигар, аз ҷумла шартҳои меҳнатӣ ва иҷтимоиву иқтисодии имтиёзнок дар муқоиса бо меъёрҳо ва муқаррароти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳо муқаррарнамуда (рухсатиҳои иловагӣ, иловапулиҳо ба нафақа, ҷуброни хароҷоти нақлиёт ва сафарҳои хизматӣ, таъмини хӯроки ройгон ё қисман пардохтшавандаи кормандон дар истеҳсолот ва фарзандони онҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳои иловагии дигар) ҷой дошта бошанд.
3. Мазмуни шартномаи коллективиро тарафҳо дар доираи салоҳияти худ муайян мекунанд.
1. Муҳлати амали шартномаи коллективиро тарафҳо муайян мекунанд.
2. Шартномаи коллективӣ аз рӯзи аз ҷониби тарафҳо имзо шудан ё аз рӯзи дар шартномаи коллективӣ муқарраргардида эътибор пайдо мекунад.
3. Дар мавриди тағйир ёфтани ҳайати мақомоти идоракунии ташкилот, иваз шудани молик шартномаи коллективӣ то вақти қабули шартномаи нав амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
4. Дар ҳолати барҳам додани ташкилот бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи коллективӣ дар тамоми муҳлати раванди барҳамдиҳӣ амал менамояд.
Ба шартномаи коллективӣ дар давоми муҳлати амали он бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст тибқи тартиби муқаррарнамудаи шартнома тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
1. Агар иҷрои шартномаи коллективӣ мушкил гардад ё бо сабаби азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ташкилот ё тағйир ёфтани намуди фаъолияти он идома додани амали он ғайриимкон бошад, молик бояд ҳамаи имтиёзҳои инфиродии кормандони дар шартнома муайянгардидаро нигоҳ дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
2. Дар муддати се моҳ аз рӯзи гузаштани ҳуқуқи моликии ташкилот ба молики нав, дар байни ӯ ва намояндагони кормандон шартномаи коллективии нав баста мешавад ва то баста шудани он ҳамаи муқарраротҳои шартномаи коллективии қаблан амалкунанда риоя карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
3. Дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилот то ба охир расидани муҳлати амали шартномаи коллективӣ молик ё мақомоти ваколатдори таъсисдиҳандаи ташкилот уҳдадоранд, ки ба кормандон дар давоми муҳлати барҳамдиҳӣ маблағи барои ҳалли масъалаҳои инкишофи иҷтимоии коллектив, имтиёзҳои инфиродии дар шартномаи коллективӣ пешбинишударо пардохт намоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
1. Шахсони мансабдор уҳдадоранд дар музокироти коллективӣ иштирок намоянд.
2. Шахсони мансабдоре, ки аз иштирок дар музокироти коллективӣ ва аз даъвати комиссияи гузаронидани музокирот бо мақсади бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ саркашӣ мекунанд ё уҳдадориҳои тибқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишударо иҷро накардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.