ШАРТ ВА ТАРТИБИ БАСТАНИ АҚДИ НИКОҲ | 1994

(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 10.  Ақди никоҳ

 

  1. Ақди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)
  2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд.
  3. Ақди никоҳҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то 19 декабри соли 1929 мувофиқи расму оини динӣ ба ҷо оварда шудаанд, бо ақди никоҳҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудаанд , баробар мебошанд.  (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

 

Моддаи 11. Тартиби бастани ақди никоҳ

   (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

1.Қайди бастани ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба ҷо оварда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183); ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

  1. Дар сурати аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад кардани бақайдгирии никоҳ шахсоне, ки хоҳиши никоҳ кардан доранд (яке аз онҳо), метавонанд ба суд арз намоянд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

 

Моддаи 12.  Шартҳои ақди никоҳ

 

  1. 1. Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №710)
  2. Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.

3.Агар яке аз тарафҳои  никоҳшаванда  шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:

- истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;

- бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ(ҚҶТ аз 25.03.11с. №710)

 

Моддаи 13.  Синни никоҳӣ

 

  1. Синни ақди никоҳӣ аз ҳаждасолагӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., № 613)
  2. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси  хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи  дар  ҳамин  модда барои марду зан муқарраршударо ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №710)
  3. Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад.
  4. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан ба суд аз синни 16 солагӣ фаро мерасад.

 

Моддаи 14.  Ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ  мегарданд

    (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:

- байни шахсоне, ки   яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда  қарор дошта бошад;

байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ) (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

- байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай ( ки аз як падар ё модаранд);

– байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290);

– байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290);

– байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290);

– байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290);;

- байни  фарзандхондагон  ва фарзандхондшудагон;

- байни шахсоне, ки суд  яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф  кардааст;

- байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 15. Муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда

 

  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд.
  2. Машваратдиҳӣ оид ба тарзи солими ҳаёт, банақшагирии оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)