ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ БО УСУЛИ ВАХТАВӢ КОРКУНАНДА | 1994

Моддаи 243. Хусусиятҳои кори вахтавӣ
1. Коре, ки бо усули вахтавӣ анҷом дода мешавад, шакли махсуси пеш бурдани раванди меҳнат буда, берун аз ҷойи истиқомати доимии кормандон иҷро карда мешавад ва онҳо баъд аз кор барои баргаштан ба ҷойи доимии истиқоматашон имконият надоранд.
2. Корфармо уҳдадор аст, кормандонеро, ки бо усули вахтавӣ кор мекунанд, ҳангоми дар маҳалли кор қарор доштанашон бо ҷойи хоб, хӯрок, бурдан ба ҷойи кор ва овардан ба маҳалли истиқомат, инчунин шароити мувофиқи кор ва истироҳат таъмин намояд.
3. Корфармо тибқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ барои будубоши кормандон дар маҳалли истеҳсолот (кор) шароит муҳайё менамояд.
Моддаи 244. Маҳдудият дар кори усули вахтавӣ
Ба корҳои бо усули вахтавӣ иҷрошаванда, кормандоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, занони ҳомиладор, маъюбони гурӯҳи I ва II иҷозат дода намешаванд. Дигар кормандон метавонанд ба корҳои хусусияти вахтавидошта ҷалб карда шаванд, агар чунин корҳо ба онҳо дар асоси хулосаи тиббӣ манъ карда нашуда бошанд.
Моддаи 245. Давомнокии вахта
1. Давомнокии вахта аз 15 рӯзи тақвимӣ зиёд шуда наметавонад.
2. Дар объектҳо давомнокии вахта бо розигии хаттии корманд мутобиқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ метавонад то 30 рӯзи тақвимӣ зиёд карда шавад.
Моддаи 246. Ҳисоби вақти корӣ ва вақти дамгирӣ ҳангоми кор бо усули вахтавӣ
1. Ҳангоми кор бо усули вахтавӣ маҷмӯи вақти корӣ ба муддати як моҳ, се моҳ ё вақти зиёдтар, вале на зиёдтар аз як сол муқаррар карда мешавад.
2. Давраи ҳисоб вақти корӣ, вақти дамгирӣ, вақти дар роҳ то макони корфармо ва ё аз нуқтаи ҷамъшавии кормандон то ҷойи кор ва баргашта оварданро дар бар мегирад. Ҳамзамон маҷмӯи давомнокии вақти кор барои давраи ҳисоботӣ набояд аз меъёри муқаррарнамудаи Кодекси мазкур зиёд бошад.
3. Қисман додани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дар давоми истироҳати байнивахтавӣ иҷозат дода намешавад.
4. Корфармо уҳдадор аст, ки ҳисоби вақти кор ва вақти дамгирии кормандеро, ки бо усули вахтавӣ кор мекунад, ҳар моҳ, алоҳида ва дар давоми тамоми давраи ҳисоботӣ ба роҳ монад.
5. Барои иҷрои корҳои вахтавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ пардохт карда мешавад.