ТАҒЙИРИ МӯҲЛАТИ ПАРДОХТИ БОҶИ ГУМРУКӢ ВА АНДОЗ | 1994
Моддаи 378. Шартҳои умумии тағйири мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби тағйир додани мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро ҳангоми мавҷуд будани асосҳои муқаррарнамудаи моддаи 379 ҳамин Кодекс муқаррар менамояд.
2. Мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо роҳи батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат тағйир дода мешавад.
3. Иҷозати батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат метавонад барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз танҳо ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 380 ҳамин Кодекс рад карда шавад.
4. Батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат барои пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз метавонад нисбати як ё якчанд намуди боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин барои тамоми маблағи пардохтшаванда ё қисме аз он иҷозат дода шавад.
5. Батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз ба шарти таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо тартиби пешбининамудаи боби 46 ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
6. Батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз 14 рӯз то 6 моҳ фароҳам оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
7. Қарор дар бораи додани иҷозати батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё надодани чунин иҷозат ба маълумоти аризадиҳанда ба таври электронӣ ё хаттӣ расонида мешавад. Дар қарор муддати ба таъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва дар сурати надодани чунин иҷозат сабаби чунин тасмим зикр мегардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Иҷозати батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба пардохткунандаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар сурати вуҷуд доштани ақаллан яке аз асосҳои зерин дода мешавад:
1) зарар дидани ин шахс дар натиҷаи офати табиӣ, фалокати технологӣ ё ҳодисаҳои дигари рафънопазир;
2) молрасониро дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ ба ӯҳда доштани шахс;
3) боздошти маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё пардохт аз ҷониби шахси мазкур барои иҷро намудани фармоиши давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
4) воридоти молҳои зудвайроншаванда (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
5) воридоти ниҳолҳо ё маводи тухмӣ, воситаҳои ҳифзи растанӣ, хӯрокворӣ барои ҳайвонот, ғайр аз гурбаҳо, сагҳо ва парандаҳои ороишӣ аз ҷониби ташкилотҳое, ки ба фаъолияти кишоварзӣ машғул мебошанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
6) дигар ҳолатҳои истисноии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1. Батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода намешавад, ба шарте агар нисбати шахси талабгори батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат:
1) парвандаи ҷиноятӣ ё парвандаи маъмурӣ ба сабаби вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда бошад;
2) расмиёти муфлисшавӣ оғоз шуда бошад.
2. Дар сурати мавҷуд будани сабабҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда қарори батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз наметавонад қабул карда шавад ва қарори қабулшуда бояд бекор карда шавад ва дар ин бора дар давоми 3 рӯзи корӣ ба маълумоти аризадиҳанда ба таври электронӣ ё хаттӣ расонида шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
1. Барои батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоизҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи зерфасли 2 фасли II ва моддаҳои 382, 393, 394, 396 ва 398 Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1189).
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур фоизҳо пеш аз пардохти қарз ё ҳамзамон бо пардохти маблағи қарзи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи Кодекси мазкур супорида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1189).
3. Фоизи қарз бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс нисбати пардохт, ситонидан ва баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта, ситонида ва баргардонида мешавад.